Зарифбек Субадоров

  Субадоров Зарифбек соли 1940 дар деҳаи Убари Даргов таваллуд шудааст. Айёми мактабхонӣ ва ҷавониаш ба даврае рост омад, ки оилаи онҳоро ба вилояти Кокчеткави Қазоқистони шимолӣ иҷборан муҳоҷир намуданд. Баъди бозгашт аз муҳоҷират соли 1966 омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо хатм намуда, 45 сол дар беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ ба сифати духтури дандон кор кардааст. Ӯ ба мардум ҳамчун табиби дараҷаи олӣ то охири умраш соли 2014 хизмати софдилона намудааст.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.