Дастовардҳои Умед

  UmedshogrdoТайи бистушаш соли ахир дар Русия насли аввали тоҷикони муҳоҷир ба сокинони муқимии он сарзамин табдил ёфтанд. Дар ин роҳ (мутобиқшавӣ) мушкилоту душвориҳо зиёданд, аммо ҳамватанони мо аз ин ҳарос надоранд. Саъй мекунанд, ки дар ин кишвар ҷои по пайдо намоянд, соҳибэҳтиром бошанд ва аз паҳлӯи мусбат аз миллат муаррифӣ мекунанд.
  Жоғараков Умед Абдуллобекович тоҷики ҳамватану ҳамдиёри мо, варзишгар, паҳлавон ва мураббии варзида ҷавон аст, аммо аллакай дар ноҳияи Рамешкии вилояти Твери Русия соҳиби обрӯ ва эътибори баланд гардидааст. Чанд сол қабл толори варзишӣ дар риштаи ҷудо (дзюдо)-ро таъсис дода, наврасону ҷавонони минтақаро машқу тамрин медиҳад, ба онҳо нозукиҳои ҷудоро меомӯзонад.
  Дастовардҳои шогирдонаш низ қобили тавсифу таърифанд. Миёни шогирдонаш намояндагони миллатҳои гуногун – русу тоҷик, арманиву озарбойҷонӣ, куриёиву туркман, чечену тотор, бошқирду қирғизҳо ва ғайра ҳастанд. Ӯ бовар дорад, ки пас аз 3-4 сол аз ин толор қаҳрамонҳои ояндаи варзиш дар Русия ва ҷаҳон аз худ дарак хоҳанд дод! Худо ба ин орзуву омолат бирасонад, ай ҳаммилати азиз ва бародари арҷманду боғурур! Хилватшоҳи Маҳмуд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.