Гуландом Азорабекова

  Гуландом Азорабекова 7 феврали соли 1959 дар деҳаи Бовуди деҳшӯрои Ванҷ дар оилаи кишоварз таваллуд шудааст. Баъди гирифтани маълумоти миёна, бевосита оғози шуғли меҳнатӣ кардааст. Ҳарчанд дар дигар соҳаҳои кишоварзӣ пешқадам буд, вале ҳунару истеъдодаш дар тамокукорӣ ӯро машҳур гардонд.
  Дар давоми кор Г.Азорабекова яке аз беҳтарин тамокукорони ҷумҳурӣ шинохта шуд. Ӯ пайваста ҳаҷми маҳсулотро зиёд мекард. Таҷрибаи худро ба ҳамкорон меомӯзонд. Ба туфайли ин меҳнати ҳалолаш обрӯю эътибори хоса пайдо кард. Ҳамин эътибору боварӣ буд, ки соли 1984 Г.Азорабековаро ҳамдиёрон ба депутатии Шӯрои Олии ИҶШС интихоб намуданд. Хизмати намунавии Г. Азорабекова бо ордени Байрақи Сурхи меҳнат, чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳарфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.