Ванҷ дар сохтори маъмурии Дарвоз (охири асри XIX ва аввали XX)

Сохтори маъмурӣ ва сиёсӣ

  То замони ба аморати Бухоро ҳамроҳ намудан, шоҳигарии Дарвоз, чӣ хеле ки дар боло ишора шуд, агар лаҳзаҳои тобеъияти зоҳирӣ ва муваққатии онро ба давлатҳои муқтадири ҳамсоя сарфи назар намоем, қариб дар ҳама ҳолат мустақилияти сиёсии худро нигоҳ медошт. Ин шоҳигариро монанди дигар шоҳигариҳои Қаротегин, Ванҷ (то миёнаи солҳои 40-ми асри XIX), Рӯшон, Шуғнон ва Вахон шоҳон (ё ша) идора мекарданд, ки аз намояндагони хонадонҳои маҳаллӣ буда, (онҳо ва ҳокимони Бадахшон худро аз авлоди Искандари Зулқарнайн ё Искандари Румӣ медонистанд), ҳокимияти мутлақ доштанд. Сохтори давлатии ин кишварҳо асосан феодалӣ буда, дар низоми онҳо муносибатҳои авлодию патриархалӣ низ равшан ба назар мерасиданд. Қариб ҳамаи мансабҳои давлатӣ дар дасти хешу ақрабои шоҳ ва заминдорони калон нигоҳ дошта мешуданд.
  Баъди шоҳ ё ша(ҳ) дар зинаи дуюми давлатдорӣ мансаби вазир қарор дошт. Воҳидҳои маъмурии маҳаллиро мирон ва миразорҳо (мири ҳазор) идора мекарданд, ки дар ихтиёри худ мансабдорони дигарро нигоҳ медоштанд. Баъди ин маъмурони соҳиби мансаб дар зинаҳои муҳими сиёсӣ намояндагони дин ҷой доштанд. Дар мақоми баландтарини динӣ шайхулислом қарор дошт ва аз мушовирони аввалиндараҷаи шоҳ ҳисоб меёфт (дар шоҳигариҳои Помири Ғарбӣ, албатта, бо истиснои Дарвозу Ванҷ, ба ин дараҷа намояндагони олимартабаи тариқати исмоилия – пирон ё халифаҳо соҳиб буданд). Таъйини мансабдорони динӣ, албатта, ба маслиҳати онҳо вобаста буд. Дар ҳар воҳиди маъмурӣ ва деҳаҳои калони сераҳолӣ қозӣ, раис, муфтӣ бо мулозимонашон таъйин мешуданд, ки коргузорон ва таъминкунандагони адлу адолатгустарии ҳуқуқи шариатӣ ба шумор мерафтанд. Гурӯҳи коргузорони бонуфузи муссисаҳои диниро уламо меномиданд. Ин тарзи идора барои нигаҳ доштану истифодаи бемамониати аҳли заҳмат аз тарафи феодалону мансабдорони динӣ мусоидат мекард. Табақоти иҷтимоӣ низ ба ин талабу сохтори давлатдорӣ мувофиқат доштанд. Дар шароити нисбатан побарҷо мондани муносибатҳои патриархалӣ судхӯрону савдогарон ҳанӯз аз доираи табақоти феодалон чун тоифаи иҷтимоӣ ҷудо нашуда буданд. Асосан, заминдорону чорводорони калон ба амалиёти савдоӣ даст мезаданд.
  Ҳамроҳ намудану чун воҳиди маъмурӣ ба қаламрави аморати Бухоро пайвастани мулкҳои Бухорои Шарқӣ, сохтори идоракунии маъмурии онҳоро куллан тағйир надод. Ин тағйирот фақат аз иваз намудани ҳокимони пештара ба бекҳо иборат буд. Шоҳигарии собиқ Дарвоз, ки чӣ тавре дар боло ишора рафт, баъди ихтиёран ҳамроҳ шудани Ванҷ солҳои 40-ми асри XIX тағйири ном накарда буд, акнун ба бекигарӣ табдил до- да шуда, дар он ба ҷои шоҳ ё ша(ҳ) намояндаи бевоситаи амир – бек ҳукмронӣ мекард. Яъне амир дар ин ҷо монанди дигар мулкҳои Бухорои Шарқӣ, ки ба қаламрави давлати худ иҷборан пайваста буд, сохтори маъмурии барояш мувофиқро пиёда сохт. Барои дарки пурраи ин тарзи ҳокимият дар дараҷаи сатҳӣ ҳам бошад, низоми сиёсӣ ва маъмурии амо- рати Бухорои давраи охири феодалиро шарҳ додан лозим меояд.
  Дар сари давлати Бухоро амир қарор дошт. Ӯ ҳукмрони мутлақ буда, дар назди худ амалдорони соҳиби рутбаҳои баланди давлатиро чун мушовир нигоҳ медошт. Амир, аслан, ба корҳои идора кардани давлат хеле кам машғул шуда, қариб тамоми масъулияти идораи иҷроияи давлатии аморатро ба ихтиёри қӯшбегӣ вогузошта буд. Ин вазифаи ниҳоят масъулиятнок дар зинаи идораи давлатӣ дар ҷои дуюм (баъди амир) қарор дошт. Амир аз табадулот хавф бурда, агар баъзе ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ сарфи назар кунем, ҳеҷ гоҳ ба намояндагони сулолаи ҳоким, аҳли хонавода ва ҳатто ба фарзандонаш ин амали олиро раво намедид. Чун анъана аксаран ба ин вазифа ё тоҷик ва ё ғуломи озодшудаи форсро таъйин менамуд. Ин амали амир барои бехавф нигоҳ доштани ҳокимият лозим буд ва аз диди ӯ асос ҳам дошт. Дар солҳои тӯлонии ҳокимиятро дар даст нигоҳ доштани намояндагони сулолаҳои кӯчии турку муғул ва парокандагии сиёсии бисёрасра тоҷиконро аз ҳавасмандӣ ва ҷуръати бо роҳи табадуллот ба даст овардани ҳокимият то андозае дур карда буд. Ба ҳар сурат кӯшиши табаддулот аз ҷониби онҳо қариб ба назар намерасид. Ғуломи озодшудаи форс бошад, нафақат имконияти табадуллот карданро надошт, инчунин тафовути мазҳабӣ намегузошт, ки халқ ӯро дастгирӣ намояд. Сабаби дигари чунин интихоби амир боз аз он бар меомад, ки ин тоифа (тоҷикону форсҳо) ғолибан саводи мукаммали динию дуниявиро соҳиб буданд ва ба нозукиҳои давлату давлатдорӣ пурра сарфаҳм рафта, ин амалро моҳирона ба ҷо овард метавонистанд.
  Дастгоҳи идораи маъмурӣ,ки мустақиман дар ихтиёри қӯшбегӣ қарор дошт, аз 125 амалдори масъули баландрутба иборат буд. Дар дасгоҳи ӯ, аз ҷумла чунин соҳибмансабон бо коргузорони дар ихтиёрдоштаашон фаъолият мекарданд: ҳисобчӣ, ки воридоту содироти хазинаро ба ҳисоб мегирифт, хазиначӣ (нигаҳдорандаи бойгарии амир), мирохӯрбошӣ (сардори саисхонаи амир), муншӣ – котиб сардори шуъбаи коргузорӣ ва ғайра. Ҳамчунин қӯшбегӣ идораи шаҳри Бухоро ва 9 тумони атрофи онро ба зимма дошт. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, аз давраи ба ҳайати Бухоро ҳамроҳ кардани шоҳигарии Дарвозу миригарии Ванҷ дар аморат вазифаи қӯшбегиро шахсони зерин ба ӯҳда доштаанд: Соли 1882 мулло Муҳаммад баъди Муҳаммадшо қӯшбегӣ, ба ин вазифа таъйин гардида, то соли 1885 хизматгузорӣ намудааст. Сипас ин амали олиро Ҷонмирзо (1885-1901), Остонақул (1901-1911), мирзо Насрулло (1911-1918), мирзои Урганҷӣ (ҳамагӣ се моҳ – 1918) ва Усмонбек (1918-1920) ба зимма доштаанд.
  Ба ҳайси сарвари олирутбаи сохтори иҷроияи давлатӣ – қӯшбегӣ чу- нин амалдорони идораҳои марказии аморатро зери итоати бевоситаи худ нигоҳ медошт:
1) Тӯпчибошӣ бо дастгоҳи худ иборат аз 50 амалдор, бехатарии арк ва истиқоматгоҳи амирро таъмин мекард;
2) Лашкарбошӣ – бо 20 амалдор. То давраи ба Русия ҳамроҳ намудани Осиёи Миёна ин вазифа аз бонуфузтарин амалҳои давлатдории аморат ҳисоб меёфт. Ба ин ҷангу ҷидолҳои беисти давраи парокандагии феодалӣ мусоидат мекард. Акнун, ки ҳамаи ин муноқишаҳо аз байн рафта буданд, фақат ягона майдони корнамоии қушунҳои амир аз пахши шӯришҳои халқии зидди феодалӣ ва режими амирӣ иборат буд;
3) Миршаб – бо 70 амалдораш муборизаи зидди ҳаннотон, дуздону ғоратгарон, риояи бечунучарои қоидаҳои шабгардӣ, нигаҳдошти маҳбасҳо ва дигар иншоотҳои шаҳри Бухороро таъмин мекард;
4) Қӯшбегии поён (закотчӣ) ё девонбегӣ – бо 100 амалдори дар их- тиёраш буда, ҷамъ овардани андозу ба хазина ворид намудани маблағи лозимаро ба ӯҳда дошт;
5) Мироб – бо 20 амалдораш аз болои таъминоти об дар шаҳри Бухоро ва атрофи он назорат мебурд. Сохтмони иншоотҳои обёрӣ ва истифо- даи оқилонаю одилонаи онҳо ба фаъолияти ин амалдори соҳибнуфуз вобастагӣ дошт;
6) Қозикалон – бо 150 мансабдори динии дар ихтиёрашбуда, бояд риояи бечунучарои талаботи шариатро дар системаи додрасӣ ва судӣ таъмин мекард. Аз рӯи фаҳмиши кунунӣ ин амали диниву давлатӣ беш- тар ба вазири адлия шабоҳат дорад. Ба ин вазифа соҳибони унвонҳои баланди динӣ, монанди «аълам» ё «садр» таъйин мешуданд;
7) Раис – бо 100 амалдори шариатшиносаш вазифаи политсия, аз бо- лои талаботи шариатии корҳои савдо дар бозор, нигаҳдошту фаъолияти мазору масҷид ва мадрасаю мактабҳоро назорат мекард. Дар ин вазифа амир мувофиқи анъана бояд беҳтарин донандаи нозукиҳои шариат, монанди садр, файз, муҳтасиб ё дигар соҳибони унвони эътирофу эътибори расмидоштаро таъйин мекард.
  Ин вазифаҳои баланди маъмурӣ ва ҳуқуқии марказиро, ки аз мавҷудияти ҳамбастагии дуниявию динӣ дар сохтори идоракунии Бухо- ро (мисли дигар давлатҳои феодалии теократӣ равшан дарак медиҳанд), қайд карда, набояд боз аз чунин вазифаҳои ғайримаъмурӣ, вале расмӣ-динии ба анъанаҳои давлатдории аморат хос сарфи назар кард:
а)  Дар дарбор маслиҳатчии махсуси амир доир ба масъалаҳои шариат аз ҷумлаи беҳтарин уламои шариатшинос – «охунд» ё «аълам» нигоҳ дошта мешуд, ки ҳангоми гузаронидани маъракаҳои расмӣ назди амир нишаста, қабули ин ё он масъалаи заруриро аз рӯи талаботи шариат қиёс мекард;
б) Шайхулислом – намояндаи олии судии исломӣ, ки ҳангоми гузаш- тани маъракаҳои расмӣ дар тарафи чапи амир ҷой гирифта доир ба ин ё он масъалаи рӯзмарра дар асоси талаби шариат маслиҳат медод. Шайхулисломро вазири дасти чапи амир низ ном мебурданд. Ба ин амали ғайримаъмурӣ ва ифтихории баланду бонуфузи динӣ асосан соҳибони унвонҳои расмии динӣ, ба монанди «садри аъзам» ва «хоҷаи саодат» таъйин мешуданд;
в)  Муфтии аълам – вазифаи баландтарини маслиҳатӣ дар назди қозикалон доир ба талаботи шариат, тавофуқи масъалаҳои баррасӣ ва кабулшаванда дошт. Алалхусус ёрии муфтии аълам ҳангоми тартиб до- дану пешниҳод намудани низомномаҳои ҳуқуқӣ барои қозикалон мушоҳида мешуд[1].
  Гарчи бо талаби қоидаҳои давлатдорӣ дар сари ин мансабҳо бояд одамони донишманду дар сиёсату раъиятпарварӣ хирадманд менишастанд, вале дар замони ҳокимияти манғитиён, ки появу аркони қавоид ба давлатдорӣ ба андозае рӯ ба таназзул ниҳода буд шахсони ба мансаби давлатӣ мувофиқ маъмулан сарфи назар шуда, ришваю чоплусӣ, фасодпешагию авомфиребӣ воситаи воқеии ба ин зинаҳои мансабу амалдорӣ расидан буд. Алалхусус, замоне, ки аморат дар зери султаи Русия қарор гирифта, зарурати пешбурди мустақили сиёсати хориҷӣ ва ҳифзи бехатарии кишвар аз байн рафта буд, ташвиши ягонаи давлатдорӣ барои аҳли дарбор ва қабл аз ҳама худи амир аз ҷамъ овардани андоз, пешги- рии норизоии раъият ва таъмини пурраи талаби нафсонию шаҳвонӣ иборат буд.
  Шахсияти саршинос, донишманди баркамол, аллома Аҳмад Махдуми Дониш, ки табиати аҳли дарбор ва давлатдории «Бухорои шариф»-ро на аз шунидаҳо, балки аз дидаву мушоҳидаҳои худ мешинохт, воқеияти онро ба риштаи таҳқиқу таҳлил кашида менависад: «Ва завоиду бидъ дар асри ин амир (Музаффар – Ҳ.П.) зиёда аз ҳадд шоеъ шуда. Аввалан, дар сипоҳ танхоҳе, ки ба як ясавул кифоя намекард, онро ба чаҳор нафар қисм намуданд ва ҳамчунин дар маносиби тадрисию имоматӣ аз чаҳор нафар то чиҳил нафар шарик шуданд, ки боз дарсҳо ногуфта буд ва масҷидҳо бенамоз монда ва ҳамчунин дар соири идорот ихтилоти фоҳиш роҳ ёфта, ки дар баъзе мавоқеъ одамон, ки ҳеҷ ба мактаб нарасида буданд, ба мансаби қузот ва раёсат расиданд ва ба даҳяки темурӣ бисёрии атфоли абҷадхон дохил шуданд, бо он ки дар сари ҳар кадом мумаййизу муваккале насб буд, аз фарти бенизомию издиҳом боз одамони ғайр тадохул меёфтанд ва баъзе бо овози баланд мумаййизро тарсонида ба маъхазе мерасиданд.
  Ва билҷумла турфа фитрате дар миллати ислом зоҳир шуд, ки дар ҳеҷ асру замон касе нишон намедиҳад ва дар таворих (ҳам) нанавиштаанд. Амиру вазир ва уламою умаро ҳама қадам ба қадами ҳам буданд ва олиму мутааллим ҳамшакли якдигар ва ҳамаи ҳимматҳо мақсуру махсур бар касби нон буд, то замоне, ки кафоф ба ҷӯъ кунад таҳсил намешад, магар ба мазаллату хорӣ, ки онро аҳли он айни обраву давлат медонистанд. Ва ҳама вазеъу шариф ҷомаҳои барҷаста пӯшида ва бар аммома (ҳо) таро- вату заҳомат дода, ҳеҷ касе дар назари дигаре дар намеомад ва ҳар касе ғайри худ дар ҷаҳон касеро намедид ва ҳама саргарм (дар) тараддуди ин ки султон ӯро бишносад ва қозӣ дар паҳлӯи хеш нишонад ва бо раис ҳамкоса (ва ассас ҳамсоя) бошад.
  Пас агар ҳолати султонро тафтиш кунӣ, фосиқе, золиме, саффоке ва қозӣ марди муртаде, ҳаромхӯре ва ғосибе ва раис касе к…фурӯши бе- диёнате (ва ассас) мухмири муқаммире (қиморбоз) саркардаи роҳзанон ва саркардаи соруқон (дуздон) мебуд.»[2].
  Чунин мисолҳо дар навиштаҳои Мирзо Абдулазим Сомӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат ва ғайра мушоҳидони воқеъияти ҳол, аз ҷумлаи олимону фозилони Бухорои тоинқилобӣ хеле зиёданд[3]. Сохтори идоракунии маъмурии бекигариҳо низ ба ҳамин сохтори марказии ҳокимияти давлатӣ ва маъмурии аморат мувофиқат мекард. Дар охири асри XIX – ибтидои асри XX аз ҷиҳати тақсимоти ҳудудӣ-маъмурӣ аморати Бухоро 28 бекигарӣ ва 9 туманро дар бар мегирифт. Бояд қайд кард, ки баъзан ҳудуди бекигарӣ, вобаста ба нуфузи беку хоҳиши амир, тағъйир меёфт. Бекигариҳоро бекҳо, ки бевосита бо фармони амир таъйин мешуданд, идора менамуданд. Бек дар қаламрави зери итоаташ ҳокими қариб мутлақ буд. Бо ҳамроҳ намудани мулкҳои Бухорои Шарқӣ ва таъсиси низоми бекигарӣ дар ин минтақа амир вазифаи ноибро ҷорӣ намуда, вобаста ба дараҷаи хизмату эътибори шахсияти бекҳо дар давраҳои гуногун ин мансабро ба беки Ҳисор Яъқуббек (1868-1878), сипас ба беки Қаротегин Худойназар оталиқ (1878-1886) ва ахиран ба беки Ҳисор Остонақул қӯшбегӣ (1886- 1906) раво дид.
  Бекро амир бо салоҳдиди худ таъйин мекард. Мувофиқи қоидаи таб- дили бекҳо, ки дар аморат ба ҳукми анъана даромада буд, беки собиқро бидуни ҳисобот ё расман супоридани ҳуҷҷатҳои (ба ҷуз «китоби закот») ба дафтари кориаш муносибат дошта, амир сабукдӯш карда, ба ҷояш бе- ки навро таъйин менамуд. Чун қоида бек бо аҳли оилаву наздикони сершумораш ба ҷои таъйиноти нав – маркази бекигарӣ кӯчида, оғозу идомаи фаъолият мекард. Дар итоати бек амалдорону хизматгузорони зиёде карор доштанд. Шумораи шогирдпешагон (амалдорони супоришҳои бекро иҷрокунанда) аз 50 то ба 200 нафар мерасид, ки мар- табаи мирохӯрӣ (рутбаи миёна – пеш аз тӯқсабо) доштанд. Ба замми ин аз 200 то 300 ва аз ин ҳам ба маротиб зиёд навкар дар наздашон омодаи хизмат буданд. Ба нишондоди Г.А. Арандаренко шумораи навкарон дар бекигарии Дарвоз солҳои 80-уми асри XIX то ба 600 нафар мерасид . Шумораи навкарон махсусан дар солҳои охири режими амирӣ зиёд шуда буд. Ин анъанаро мушоҳида намуда, А.А. Семёнов чунин қайд кардааст: «Ба ҳар шаҳре, ки губернатори (бек – Ҳ.П.) нав таъйин шуда равад, дар хизматаш чун коргузори расмӣ наздикони зиёд ва дар итоаташ чокарони сершумор фаъолият мекунанд»[4]. Ҳамчунин дар назди бек аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ аз 5 то 15 оқсақоли бо фармони амир таъйин- шуда фаъолият мекарданд, ки рутбаҳои аз қаравулбегӣ то бийро соҳиб буданд. Бек, ба ҷуз ин намояндагони маҳаллии аз тарафи амир таъйиншуда, тамоми амалдорони дигари зери итоаташ бударо бо ихтиёри худ иваз карда метавонист[5].
  Барои идоракунии бекигариро таъмин намудан, дар назди бек чунин амалдорони расмӣ фаъолият доштанд: 

     1.Девонбегӣ ё закотчӣ, ки ҷамъоварии андоз ва дигар маҷбуриятҳои феодалиро ба ӯҳда дошта, иҷрои онҳоро бо ёрии зердастонаш, яъне ар- бобу ясавулҳо таъмин мекард.

  1. Мирзои муншӣ – коргузори саводноку хаттоте, ки ба навиштани мактубу дигар ҳуҷҷатҳои хусусию расмии бек машғул буд.

  2. Миршаб ё қӯрбошӣ – бо чанд ясавулу навкари дар ихтиёраш буда бехатарии қалъаву истикоматгоҳи бек, маҳбасу анбори яроқ ва умуман низоми пойтахтро шабу рӯз бояд таъмин мекард.

  3. Мироб – масъулини таъминоту тақсимоти об, нигаҳдошти иншооти обёрӣ ва таъмиру сохтмони онҳо. Зери итоаташ тақсимотчии об, чанд арбобу оқсақол ва мирзо хизматгузорӣ доштанд.

  4. Амин (сардор) – корҳои сохтмон, хоҷагии қалъаву шаҳр, сафарбар намудани аҳолӣ барои иҷрои маҷбуриятҳои меҳнатие, ки аз тарафи бек муайян карда мешуданд, ба ҷо меовард. Дар итоаташ чанд арбоб фаъо- лият мекарданд.

  5. Пойгирчӣ – амалдори ҷамъоварии закоти савдо ва чорвои барои фурӯш ба бозор воридшударо ба ӯҳда дошт.

  Дар системаи идораи маъмурии бекигариҳо мавқеи намояндагони дин низ хеле қавӣ буд. Қозӣ, муфтӣ ва раис бо коргузорони дар итоаташон буда бояд корҳои ҳуқуқию судӣ, нормаҳои ахлоқӣ ва ақоиду итоаткории ба талаботи муносибатҳои феодалӣ созгорро таъмин менамуданд[6].
  Капитан Кузнетсов мушоҳидаҳои худро роҷеъ ба сохтори маъмурии Дарвоз чунин иброз доштааст: «Дар назди бек ва итоати он издиҳоми амалдорони Бухоро, аз ҷумла 5 бий, 5 пагосӣ (ишикоқобошӣ), 3 тӯқсабо, шумораи номаҳдуди мирохӯрон, қаровулбегӣ, ҷебачӣ, мирзобошӣ, чи- рикости (сардори қӯшун) ва навкарон қарор доштанд»[7]. Мансаби ба- ландтарин дар хизмати беки Дарвоз додхоҳ ҳисоб меёфт. Амалдорони хурди ҷебачӣ, қаравулбегӣ ва мирохурро худи бек таъйин мекард. Рутбаҳои аз ин баландтари амалдорон бо фармони амир дода мешуданд. Ҳар яке аз ин амалдорон дар хизмати худ, вобаста ба рутбаю мансаба- шон, шумораи муайяни навкаронро нигоҳ медоштанд.
  Аз рӯи маълумоти ба мо дастрас, ки метавонад нопурра бошад, ами- рон вазифаи бекии Дарвозро, аз замони ба тобеъияти пурраи аморат гу- заштан то замони шӯравӣ (1878-1920) ба чунин амалдорон раво дидаанд: баъди ба даст овардани ғалаба дар Дарвоз амир Музаффар ғосиби ин мулк Худойназар атолиқро, ки беки Қаротегин буд, чун мукофот барои хизматаш ҳамзамон беки Дарвоз низ таъйин кард. Баъди он ки писари ин беки ду бекигарӣ андози солонаи (1878) аз кӯчиёни қирғизи назди Амударё ҷамъ намударо аз худ карда ба Кобул гурехт, амир ба тариқи ҷазо барои Худойназар фақат бекии Қаротегинро раво дида, Абдураҳмонхоҷаро беки Дарвоз таъйин кард[8]. Соли 1880 бекии Дарвозро Раҳмонқулбек ба ӯҳда дошт. Солҳои 1881-1886 дар сари ин вазифа Муҳаммад Муродбек ҷой дошт. Соли 1899 беки собиқи Қӯрғонтеппа Мирзо Юлдош тӯқсаборо амир ба ин вазифа тайин намуд[9]. Тибқи маълумоти барон Черкасов аз соли 1906 «Абдусаттор бий 5 сол боз дар вазифаи беки Дарвоз фаъолият дорад»[10]. Соли 1917 ин вазифаро Тӯробқулбек ба зимма доштааст[11].
  Бояд қайд кард, ки дар Дарвоз калимаи бекро қариб батамом истифо- да намекарданд. Ба ҷои он калимаи «мир» маъмул гашта буду бекро мири Дарвоз мегуфтанд. Вобаста ба ин бояд боз аз он ёдовар шуд, ки амлокдори Ванҷро низ бо ҳамин унвони «мир» ном мебурданд, яъне мири Ванҷ. Ҳол он ки амлокдорӣ чун ҷузъи маъмурӣ дар тобеъияти мири (беки) Дарвоз қарор дошт. Боз як хусусияти ин вазифаи маъмурӣ дар Ванҷ дар он зоҳир мегашт, ки мирро аз ҳисоби шасиятҳои бонуфузи маҳал бо роҳи интихобот (раъйпурсӣ) пешбарӣ мекарданд. Баъди тасдиқи ин ном- зад аз ҷониби мири (беки) Дарвоз, ки онро албатта бо амир мувофиқа мекард, фаъолияти маъмурии мири Ванҷ оғоз меёфт. Албатта, пеш аз гузаштани маъракаи интихоби мир номзадии он мавриди маслиҳату ро- зигии беки Дарвозу шахсиятҳои бонуфузи ин водӣ қарор мегирифт. Аз тарафи дигар ин амал то андозае аз муросокории маъмурони аморат ба мардуми соҳибэътибори ин диёр шаҳодат медиҳад. Ин ҳам як роҳи нис- батан муносиб ва мусолиҳатомези нигоҳ доштани мардум дар шинохти низоми амирии сокинони маҳал ҳисоб меёфт.
  Дар бораи хусусиятҳои сохтори идораи маҳаллӣ сухан ронда бояд боз аз он ёдовар шуд, ки дар мавзеъҳои Порёби боло, Порёби поён ва соҳилҳои Хингоб бо истилоҳ вазифаи «мирони халқӣ» ё «мири дари хо- на» фаъолият доштанд. Ин амалҳо вазифаи расмии маъмурӣ набуда, чун рамзи нигаҳдории анъанаҳои маҳаллии аз давраҳои мустақилияти мулк боқимонда нигоҳ дошта мешуданд. Ин вазифаҳо то андозае хусусияти кори ҷамъиятӣ дошта, шахсиятҳои ба обурӯю нуфузи баланд ба он соҳиб гардида ба тариқи пурсупос интихоб мешуданд ва чун «намоян- даи мири қурғон» (беки Дарвоз) фаъолият мебурданд. Бек дар мавриди зарурӣ барои салоҳи корҳо бо онҳо маслиҳат мекард. Ба ибораи дигар, ин шахсиятҳо чун органи маслиҳатии маҳал дар сохтори маъмурии бекигарии Дарвоз фаъолият доштанд. Ин ҳам як роҳи таъмини маҷрои нисбатан ороми идоракунии ин диёр барои ҳокимияти манғитиён лозим буд. Вале ин тавофуқ бо анъаҳои халқӣ, мардуми диёрро дар итоати ғуломона нигоҳ дошта наметавонист ва дар ин бора хонандаи гиромӣ дар бобҳои ояндаи китоб огоҳӣ хоҳад ёфт. Чунин номгузорию номгирии ба анъанаҳои маъмурии замони истиқлолият (то давраи ба тобеъияти амир гузаштан) мувофиқро дар мисоли «миразор», «арбоб» ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст.
  Баъди бек дар зинаи дуюм қозӣ қарор дошт. Ҳамаи қозиён ва раисони бекигариро амир бо фармони худ таъйин мекард. Мавқеи қозиро дар сохтори маъмурию динии бекигарӣ А. В. Нечаев бо мушоҳидаи бевоситаи худ такя карда, чунин муқаррар намудааст: «Дар бекигариҳо бек ягона хӯҷаин нест. Дар ҳар як бекигарӣ қозӣ фаъолият мекунад, ки дар итоати бек қарор надорад. Қозӣ вазифаи сарварии муассисаи судиро дар ихтиёр дорад: ӯ судя, як навъ нотариус, дар айни замон ӯ чун жандарм – гумоштаи шӯъбаи хуфия вазифадор буд, ки аз фаъолияти ноҷои беку маъмури- ни он ба амир хабар диҳад[12].
ииҲамин хел ё бо ҳамин монанд мавқеи қозиро боз чанде аз мушоҳидони рус аз ҷумлаи тадқиқотчиён ва сайёҳон муайян намуда- анд[13]. Чи хеле дар боло ишора рафт, қозӣ дар ихтиёри худ чанд хизматгузори расмӣ дошт, аз ҷумла муллозимон ва мирзо (котиб). Дар тафтишу муайян намудани ҷазо ӯ бояд бечуну чаро ба талаби шариат итоат мекард. Дар Бухоро муассисаи қабули аризаи норизоӣ (апеллятсионӣ) ва бекоркунандаи ҳукм ба ҷуз амиру қозикалон набуд. Вале онҳо аз болои фаъолияти беку қозиёни бекигарӣ ва одилонаву шариатӣ будани ҳукми онҳо қариб тамоман назорат намебурданд. Дар мавриди фавқулъода, агар ба ин кор даст мезаданд, онгоҳ ҳукми онҳо охирин ва котеъона ҳисоб меёфт[14]. Фаъолияти қозиёнро мушоҳида намуда, капитан Василев чунин қайд кардааст: «Онҳо (қозиҳо) аз руи зарурат ба маҳалҳои бекигарӣ рафта, аз рӯи салоҳдиди худ корҳои ҷиноиро бо ҳукми қотеъона ҳал мекунанд»[15].
  Гарчи аксари муаллифон аз боби мустақилияти қозиён сухан меро- нанд, вале дар бораи ба корҳои судӣ бевосита дахолат намудану онҳоро ба дасти худ гирифтани бек низ далелҳо кам нестанд. Баъзе муҳаққиқон дар ин ақидаанд, ки қозӣ то андозае дар итоати бек қарор дошт. Аз ҷумла А. Снесарев навиштааст: «Ҳокимияти судӣ дар дасти қозӣ қарор дорад, ки он ҳам мисли бек дар маркази бекигарӣ зиндагӣ мекунад ва ба ин ҷо ҳамроҳи бек аз Бухоро фиристода мешавад ва ҳамчунин дар ҳар амлокдорӣ 1 ё 2 қозӣ таъйин мешавад, ки онҳо мустақилият надоранд. Дар ҳама корҳои судие, ки ягон даромади назаргир оварда метавонанд, ҳатман беку амлокдор шарик мешаванд. Аз ҳар мурофиаи судӣ ҳаққи маъмурият ҷудо карда мешавад»[16]. Дар ин бора капитан Кузнетсов навиштааст: «Қозӣ мустақилона фақат ҷиноятҳои сабук ва муноқишаҳоро ҳал мекунад. Агар касе аз тарафҳо ба ҳукми қозӣ розӣ набошад, метавонад ба бек муроҷиат намояд. Бек бошад, дар навбати худ метавонад, ҳалли ин масъаларо ба қозии дигар супорад»[17]. Баъзан бек аз шикояти қозӣ ба амир хавф бурда, роҳи муросоро пеша мекард. «Аз ин ҷо, – менависад А. В. Нечаев, – зарурате бармеояд, ки бек даромади худро бо қозӣ тақсим кунад»[18].
  Дар бисёр мавридҳо бек ва қозӣ «дӯстӣ»-и худро намоишкорона нишон медоданд. Ин гургошноии онҳоро П. Гаевский чунин қаламдод намудаст: «Байни қозию бек дӯстии самимона вуҷуд надорад, ҳар ду гӯё нисбати ҳамдигар муомилаи хуб зоҳир намудаву эҳтиёткорона амал мекунанд, вале фаъолияти якдигарро зери назорати сахт қарор дода, ҳар ду таёранд, ки дар вақти вохӯрии хосса бо амир дигарашро сахт пешпо диҳад»[19].
  Дар асарҳои тадқиқотчиёни рус мисолҳои зиёде ёфтан мумкин аст, ки аз сӯйистифодаи вазифа ҳангоми тафтишоту муайян намудани ҳукми суд гувоҳӣ медиҳанд. «Масъалаҳои ҳуқуқӣ ва судӣ, – навиштааст Д.Н. Логофет, – барои тамоми раъияти мамлакат аз сухани хушку холӣ беш нест»[20].
  Мурофиаи судӣ бе ришва намегузашт. Чун қоида кори судиро касе ме- бурид, ки ба бек ё қозӣ бештар пул ё дигар навъи пора дода метавонист. А.А. Семёнов, ки худ ғаразнокиву беадолатиҳои судиро на аз рӯи шунид, балки аз мушоҳидаи тӯлонӣ медонист, чунин навиштааст: «На бо роҳи судӣ, на бо чорабинии дигар пеши беадолатиҳои ҳукуматдоронро гирифтан мумкин нест. Аз ҳар амалдори хурд ҳамеша хешу шиносони зиёде пайдо мешуд, ки бо хоҳиш ё бо тӯҳфае дар пеши губернатор (бек – Ҳ.П.) ӯро сафед кунанд. Губернатор (бек) бошад дар дарбор шиносу наздикони худро дорад, ки бо ёрии онҳо ё ришваи хуби ба қӯшбегию дигар шахсияти бонфузи назди дарбор пешниҳодкардааш ба осонӣ метавонад масъларо ҳал намояд ва гунаҳгор ҳамеша беайб мебарояд»[21].
  Масалан, Д.Н. Логофет борҳо шоҳиди бо роҳи зӯрию истинтоқ ба гардани айбдоршавандагон бор кардани гуноҳ гаштаааст. Ин гуна усули ваҳшиёнаро нисбати шоҳидон низ раво медиданд[22]. Аз рӯи мушоҳидаи капитан Кузнетсов барои гуноҳи ночизе гунаҳкоршаванда аз 20 то 100 тозиёна мехӯрд ва боз аз ӯ 2 тилло (3 сӯму 80 тини русӣ) ҷарима меситонданд, ки аз он як тилло ба фоидаи бек ва як тилло барои қозӣ мерафт[23].
  Ҳамчунин барои камтарин гуноҳ зиндони шудан барои касе ғайри чашмдошт набуд. Зиндони заҳу торик, ки аз оддитарин қоидаҳои санитарию гигиенӣ тамоман дар канор буду ҳатто муддати кӯтоҳе дар он мондан ба маъюбию маслуқӣ оварда мерасонд, яке аз манбаъҳои даромади беку қозӣ ҳисоб меёфт. Азбаски қоидаи муайяни гуноҳу мӯҳлати маҳбусӣ вуҷуд надошт, каси ба зиндон афтида, фақат баъди пардохти музди гароне аз он ҷо раҳо ёфта метавонист[24].
  Чӣ тавре дар боло ишора рафт, дар сохтори маъмурии бекигарӣ мавқеи раис низ хеле барҷаста ба назар мерасид. Ӯ ба ҳуқуқи баланди динӣ-политсиягӣ соҳиб буда, бо кормандони дар ихтиёрдоштааш (ёрдамчӣ-дуррадастон ва мулозимон – гумоштагон, ҷосусу хабаркашон) бояд оромии шаҳру бекигарӣ, низоми савдо дар бозор, иҷрои фарзу суннатҳои динӣ ва ғайраро таъмин менамуд, ҳамчунин аз болои фаъолияти мактабу мадрасаҳо, таъмиру сохтмони роҳу кӯпрукҳо ва дигар бинову иншоотҳои маъмурӣ-ҷамъиятӣ назорат мекард. Дар сурати вай- рон намудани қоидаҳои шариатии савдо ва ба ҷо наовардани кавоиду талаботи динии хоси аҳли ислом раис ба ҷазои ҷисмонӣ додан ва то 100 танга ҷарима ситондан ва зиндонӣ кардан ҳуқуқ дошт. Раис бо роҳи ҳарчӣ бештар раводиди ҷазо ва таҳдид ришва меситонд. Дигар манбаи даромади ӯ аз ҳисоби маъмурон буд. Онҳо хабари фаъолияташонро ба беку амир хабар додан хавф бурда, ба ӯ чун ҳадя ришва медоданд.
  Дар кори ғорат кардану бо роҳҳои гуногун аз аҳли заҳмат ришва ситондан муфтӣ низ ширкат дошт. Барои рафтори ношояму ғайришариатии сарватдорону амалдоронро ҳақ баровардан, ривояти мувофиқ ёфтану вобаста ба ҷиддияти масъала аз онҳо музд ситонданро муфтӣ вазифаи марказии фаъолияти расмии худ ҳисоб мекард. Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони ислом мақоми муфтӣ хеле баланд аст. Дар аморати Бухоро, гарчи нисбат ба беку қозӣ ва ҳатто раис эътибори ӯ поинтар бошад ҳам, аз рӯи талаботи расмӣ бояд қозӣ ягон кори судиро бе фатвои муфтӣ анҷом намедод. Корафтодагон бояд аввал назди муфтӣ рафта дар шакли хаттӣ фатво мегирифтанд, сипас барои муайян намуда ни ҷазои муносиб ба назди қозӣ ҳозир мешуданд (ҷинояти калон содиркардагонро, албатта, ба зурӣ дасгир карда, ба назди қозӣ меоварданд ва ба маҳбас партофта, барои муайян намудани гуноҳашон кор мебурданд). Дар ҳуҷҷат муфтӣ дараҷаи ба талаботи шариат (талаботи Қуръон ва Ҳадисҳо) мувофиқат накардани амали содиршударо муайян менамуд ва ин санад дар рафти тафтишоту ҳукм баровардани қозӣ чун ҳуҷҷати муҳимми расмӣ ба инобат гирифта мешуд. Вале, чи тавре дар боло ишора рафт, ба пешбурди корҳои судӣ натанҳо қозӣ, балки бек ҳам, ки аз ин амал манфиат меҷуст, бевосита шарик мешуд ва ҳатто тамоми ташаббусро ба дасти худ мегирифт. Ин далели он аст, ки муфтӣ пурра дар то- беъияти бек қарор дошт. Ба ин анъанаҳои хоси сохтори маъмурии аморати бухоро мусоидат мекарданд. Дар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ муфтиро бек таъйин мекард[25], аз ин лиҳоз ӯ чун сарвари идора ё воҳиди динӣ-маъмурӣ мустақилона амал кардан наметавонист.
  Ҳамин сохтори маъмурии хоси бекигарӣ дар шакли барои идоракунии маҳал мувофиқу нисбатан пасттар дар низоми амлокдориҳо низ ҷорӣ мешуд. Дар зинаи болоии идораи амлокдорӣ амлокдор қарор дошт. Таъйиноту аз вазифа сабукдӯш намудани амлокдор пурра ба бек вобаста буд. Амлокдор дар воҳиди маъмурии зери итоаташ ҳукм меронд. Ӯ бевосита ба бек итоат мекард. Гарчи тамоми самтҳои идора ва хоҷагидориро дар даст дошт, вале вазифаи муҳимтаринаш таъмини саривақтӣ ва пурраи ҷамъоварии андоз ҳисоб меёфт. Аз рӯи маълумоти капитан Кузнетсов солҳои 1892-1893, яъне дар арафаи муторакаи сарҳади Помир, мувофиқи шартномаи байни Англияю Русия (соли 1995) дар бекигарии Дарвоз аз 7 амлокдории Ванҷ, Қалъаихумб (ҳарду тарафи соҳили Панҷ), Шикай (ҳарду тарафи соҳили Панҷ), Жумарч, Моймай, Куф ва Хоҳон (ҳар чори ин амлокдориҳо дар соҳили чапи Панҷ ҷогир буданд, ки баъди муторакаи мазкур ба Афғонистон дода шуданд. Аз соҳили рост фақат ба ҳайати амлокдории Куф деҳаҳои Роғ ва Зиғар до- хил мешуданд). Ба ғайр аз ин 7 амлокдорӣ дар ҳайати бекигарии Дарвоз боз ду шӯъбаи маъмурӣ – Язгулом ва Тангшив (дар поёноби дарёчаи Тангшив, соҳили чапи Панҷ ҷойгир буда, ба амлокдории Қалъаихумб тааллуқ дошт)[26]. Бояд қайд кард, ки бо кадом сабабе капитан Кузнетсов 4 амлокдории водии Хингоб, яъне Чилдара (ё Хулоз), Тавилдара, Вахиёи Боло (ё Лоҷург) ва Сағирдаштро дар ин радиф номбар накардааст. Язгуломро чун ҷамоаи Язгулом ном мебурданд. Бояд қайд кард, ки шӯъба ё ҷамоаи Язгулом дар доираии маъмурии миригарии Ванҷ ҷой дошт.
  Н. Латифов, ки роҷеъ ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии Дарвози арафаи инқилоби шӯравӣ тадқиқот бурдааст, ба маълумоти дастраси муҳаққиқони тоинқилобию шӯравӣ ва далелҳои шифоҳии аз сӯҳбати бузургсолони аз воқеъияти он замон огоҳии хуб дошта, монанди Р. Маҳмадуллоев, Саидаброр Ҳусейнов (аз ноҳияи Қалъаихумб, феълан Дарвоз), Муллодавлат Абдуллоев, Давлатмир Гулов, Авсалом Раззоқов (аз ноҳияи Ванҷ) такя карда, ба 11 амлокдорӣ ва 2 шӯъбаи маъмурӣ ҷудо шудани бекигарии Дарвозро тасдиқ кардааст. «Ҳамаи қаламрави Дарвоз, – менависад ӯ, – ба 13 воҳиди маъмурӣ – 11 амлокдорӣ ва ду шӯъба ҷудо мешуд. Амлокдориҳо дар ҳудуди Дарвоз ин тавр ҷойгир буданд: дар соҳилҳои дарёи Хингоб 4 амлокдорӣ – Чилдара, Вахиёи Боло, Сағирдашт (аз чӣ бошад, ки муаллиф Тавилдараро аз ёд баровардааст – Ҳ.П.). Дар соҳилҳои дарёҳои Ванҷу Панҷ 7 амлокдорӣ: Ванҷ, Жумарч, Моймай, Қалъаихумб, Шикай, Куф, Хоҳон ва ду шӯъба: Язгулом ва Тангшев»[27].
  Чӣ тавре ки дар боло қайд гардид, ҳарчанд, ки Ванҷ ба доираи беки- гарии Қалъаихумб ба аморати Бухоро чун амлокдорӣ қабул гардида бошад ҳам, яке аз хусусиятҳои ин ҷузъиёти маъмурӣ дар он зоҳир мегашт, ки ба Ванҷ то андозае мустақилияти маъмурӣ дода шуда буд. Ин воҳиди маъмуриро на амлокдор, ки онро бек бо розигии амир таъйин мекард, балки мир иҷро мекард. Мирро чун анъана аз ҳисоби шахсиятҳои бонуфузи ин миригарӣ интихоб намуда, аз тарафи бек пешниҳод ва аз тарафи амир тасдиқ мешуд.
  Чӣ тавре зикри он рафт, ҳатто дар вақти тобеъ намудани шоҳигарии Дарвоз аз тарафи аморат ванҷиён боз ду сол тобеияти аморатро напазируфта мустақилияти худро нигоҳ доштанд. Фақат баъди талабҳои асосии онҳоро қабул намудани намоянагони расмии Бухоро (аз ҷумла чанд сол озод будан аз андоз ва ба мирони маҳаллӣ додани ҳуқуқи идоракунии анъанавӣ), барои чун амлокдории воҳид ба бекигарии Дарвоз ҳамроҳ гаштан розигӣ доданд.
  То андозае ба мустақилият соҳиб будани мирони Ванҷ, боз дар ин қиссачаи кӯтоҳи гӯё назарногир низ эҳсос мешавад: Баъди ба таври расмӣ ба ихтиёри отряди ҳарбӣ-сарҳадии дар Помир будаи Русия гузаш- тани идоракунии маъмурии Рӯшон, Шуғнон, Вахон ва Помири Шарқӣ ин мулкҳои мустақили пештара воҳиди маъмурии аморати Бухоро низ ҳисоб меёфтанд. Ҳарчанд идораҳои расмӣ-маъмурии аморатӣ дар ин минтақаи бо номи Помир маъмул буда, нигоҳ дошта мешуданд, вале амалан идоракунии воқеӣ дар ихтиёри Отряди сарҳадии Русия буд. То ба охир муайян намудани ин расмиятчигӣ, аҳолии ноҳияҳои номбурда (акнун волостҳои Рӯшон, Шуғнон, Вахон) ҳатто ба аморат андоз медо- данд. Баъди зиёд шудани норозигии аҳолӣ нисбати ҳаҷми андоз онрохеле кам карда, ҳатто бо пешниҳоди сардорони Отряди сарҳадии Помир аз тарафи генерал-губернатори Туркистон аҳолии ин минтақа чанд сол аз андоз озод гардид. То қабули ин қарор, боре ҳангоми ба амир фири- стодани тортуқ (як навъ тӯҳфаи ғайриандоз барои амир, ки аз тарафи бекҳои аморат фиристода мешуд ё барои супорише ба назди амир даъват шудан худи бекҳо мебурданд. Одатан ҳаҷми тортуқ аз 9 бӯғчаи калон, ки дар ҳар кадом нӯҳ либоси пурраи сару тан аз матоҳои қимматбаҳо, 9 асп, бо зину афзол, 9 гов, боз чанд нӯҳададӣ аз чизҳои барои амир маъқул, пул иборат буд. Чун анъана ба ин тортуқ боз чанд духтарони ноболиғ ё аксаран ноболиғи барои ҳарами амир «муносиб»-ро ҳамроҳ мекарданд) аз ин минтақа, дар қатори молу ашёи қимматбаҳо чанд дух- тар барои ҳарамаш муносиб ҳамроҳ намуданд. Тортуқбарон, азбаски дар ин роҳи дур хеле монда шуда буданд, қарор доданд, то як-ду рӯз дар Ванҷ нафас рост карда дам бигиранд ва баъд боз ба роҳ дароянд. Бо ин мақсад ба хонаи мири Ванҷ омаданд. Мир Шайх (бо лаҳҷаи маҳаллӣ ӯро мири Шех мегуфтанд), ки як марди миё- насоли қавипайкар, зоҳиран ва на он қадар хушнамуд бошад ҳам, вале маъракаорою хушсӯҳбату ғайюр буд, меҳмононро нағз қабул намуд.
  Вале ҳангоми хайру хӯш кардан ва ба роҳ баромадани онҳо яке аз духтаронро бидуни розигии амалдори тортуқбар нигоҳ дошта, ба занӣ гирифт.
  Ин духтар бо исми Коғаз (аслаш аз Қалъаи Барпанҷа), дар ҳақиқат соҳибҷамол ва зани дӯстдоштаи мир шуд. Баъди вафоти Мири Шех бародараш Гулподшоҳ (Гулпочо), ки мири Ванҷ интихоб гардид, Коғазро ба никоҳи худ даровард. Аз ин ду мир момои Коғаз чанд фар- занд дошта, онҳоро ба мушкилиҳои давраи аввали ҳокимияти Шӯравӣ нигоҳ накарда, тарбия намуда ба воя расонд. Момои Коғаз беш аз 90 сол умр дида, солҳои 50-уми асри ХХ вафот кардааст.
  Аз мазмуни ин гуфтаҳо бармеояд, ки мири Ванҷ аз дараҷаи эҳсоси мустақилияти худ нисбати амир беэътиноӣ зоҳир намудааст. Касе аз воқеияти тарзи ҳукмронии даврони амирӣ андаке хабардор аст, хуб медонад, ки дар он давра ҳатто шахсоне, ки духтарони ба ҳарами амир муносибро пинҳон медоштанд, дар ҳолати ошкор гардидан ба ҷазои сахт, ҳатто ба қатл маҳкум мешуданд.
  Ба ин гуфтаҳо боз як ҳақиқатро илова кардан лозим меояд. Таърихи Ванҷ муносибати ғуломдориро (ғулом кардан, ғулом харидан, ғулом фурӯхтан) намедонад. Ба замми ин мисоле ёфта наметавонем, ки ванҷие барои амир ва дарбориёнаш духтар дода бошад. Сабаби ин фохириро дар тарзи муносибати истеҳсолию авлодии ҳамон давра бояд ҷуст. Дар ин ҷо нисбат ба дигар ноҳияҳои атроф, муносибатҳои ҳамхуниву қавмӣ қавитар зоҳир мегаштанд. Ба ин падида академик Б. Искандаров, гарчи махсус таҳлил накарда бошад ҳам, ишора намудааст. «Дар ин ҷо (Ванҷ – Ҳ.П.), – менависад олим, – то гузаштаи наздик муносибатҳои авлодӣ, ки нишонаи равшани он нигаҳдошти русуми қавмиёт мебошад, вуҷуд дошт.[28]
  Наслҳои имрӯзаи Ванҷ пайвандии қавмиро, ки аз бобою падарҳои худ мерос гирифтаанд, ба хубӣ эҳсос мекунанд. То кунун дар деҳоти Ванҷ мегӯянд, ки кадоме аз ҳамдеҳагон аз кадом қавм аст. Масалан, қавми Устовун (устоён), Раҷабиюн (Раҷабиён), Мадёрун (Муҳаммадёриён), Шарифиюн (Шарифиён) ва ғайра.
  Институти қавмӣ як намуди обшинаест, ки аъзоёни қавмро муттаҳид нигоҳ медорад. Онҳо гуруснагию серӣ, дороию нодорӣ, гармию сардиро бо ҳам медиданд. Қавм бо як мағрурӣ, ҳатто ҳолати тангдастиашро аз дигар қавмҳо пинҳон медошт, то ки таънаю маломат нашунавад.
  Албатта, бо мурури замон ин қавмҳо омехта шуда (никоҳҳои байниқавмӣ) як ё якчанд деҳаро бо ҳамдигар мепайваст ва муносибату кӯмакҳои қавмӣ боз васеътару қавитар мегашт. (Аз рӯи анъана, ки то алҳол ба назар мерасад, сокинони Ванҷ нисбат ба бисёр ноҳияҳои наздику дур, то метавонанд аз никоҳи байни хешони наздик канорагирӣ мекунанд).
  Муносибати қавмӣ гарчи ҷиддан тағйир ёфта бошад ҳам, то кунун ба мушоҳида мерасад. Масалан, ягон тӯю маъракаи мотамӣ бе дастгирии бевоситаи қавм ё қавмҳо намегузарад. Касе, ки фарзандашро хонадор карданӣ мешавад, аз қавмзодагон як намуд кӯмакандоз (дар шакли пулӣ ё молӣ) мегирад. Онро бо забони маҳаллӣ «осол» меноманд. Осолдиҳӣ ҳарчанд ихтиёрист, вале маҷбуриятеро мемонад, ки иҷрои онро ҳар оилаи ба қавм мансубиятдошта, ҳатмӣ меҳисобад. Аз тарафи дигар, ин тӯҳфаи тӯёна ҳам нест, чунки дар рӯзи тӯй низ ҳар кас вобаста ба имко- ният бо дастовезе ба тӯйхона ворид мешавад.
  Рӯзи азо низ намояндагони қавм (ҳоло сокинон ё зодагони тамоми деҳаҳои ба ҳам наздик ва баъзан дур) пул ҷамъ оварда, ба хонаи азодор медиҳанд. Ин намуди кӯмак дар ҳар ҳолат то андозае шахси тӯйдор ё мусибатдорро аз хароҷоти миёншикан раҳо месозад.
  Дар фаҳмиши ванҷиён сарватмандии кас бо он эътироф мешавад, ки аз сарваташ қавм истифода карда тавонад.
  Маҳз ҳамин анъана имрӯз соҳибкорони диёрро (дар кадом минтақае набошанд) водор месозад, ки дар мавриди зарурӣ ба аъзоёни қавм ва ҳамдеҳаю ҳамдиёрони худ кӯмаки беминнат расонанд (ҳарчанд ин мухолифи талаботи сармояғункунӣ ва сармоядор аст).
  Шояд ғурури инсонӣ ва ҷавонмардии сокинони ин диёр аз ҳамин нерӯи ҳамбастагии қавм маншаъ гирифта бошад.
  Дар Ванҷ ҷамъ намудани андоз ва маҷбуриятҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд. Дар дигар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ ба ин кор асосан намояндагони бевоситаи худи амир ё бек – амин ва доруға машғул буданд. Дар бисёр мавридҳо бек ҳам дар ин амал бевосита шарик мешуд.
  Аз ин ҷост, ки анъанаҳои озодипарастию мустақилият то дараҷае дар ниҳоди сокинони Ванҷ, ҳатто дар давраи ба зери ҳукми манғитиён ка- шидани ин сарзамин, нигоҳ дошта мешуд.
  Доир ба ғурури озодипарастии мардуми ин сарзамин нақлу ривоятҳои зиёде дар байни халқ мавҷуд аст. Шояд ба ташаккули ин ғурур чунин омилҳо мусоидат намудаанд:
  а)  Ванҷ ба ҷуз намаки ошӣ, ки аз водии Хингоби Вахё ва қисман Кӯлоб мегирифт, дигар қариб ҳама маҳсулоти ғизоиро худаш истеҳсол мекард ва ниёзи ҷиддие ба воридоти он надошт;
  б)  Яке аз муҳимтарин маҳсулоте, ки аз ин мавзеъ ба савдо мебаромад, оҳан ба ҳисоб мерафт. Захираи он дар Ванҷ зиёду сифаташ баланд буд. Ин моли ниёзи ҳамсояҳои дуру наздикро ванҷиён худ ба савдо намебароварданд. Савдогарони бурунмарзӣ омада ба ивази он молу маводи ба- рои сокинони ин диёр зарурбударо ворид месохтанд;
  в)  Рағбати меҳнати ҷисмонӣ, ки шояд аз зарурияти ҳаётии шароити кӯҳистон бармеомад ва вобаста ба он ба қувваи худ боварӣ доштанро дар ниҳоди мардум тарбия мекард;
  г)  Самимияти том ба анъанаҳои ҳаёти авлодӣ ва ҳифзи онҳо аз мудо- хилаи беруна;
  д)  Муҳити ҷуғрофӣ, роҳи мушкилгузари хеле дур аз маркази воқеаҳои муҳими сиёсӣ. Ин имкон медод, ки бо қувваи камтарин соки- нон муҳофизати мулкро таъмин намоянд;
  е) Тоқатоварии фавқулодда ба ҳамаи мушкилиҳои зиндагӣ, ки аз та- биати камталабию шикастанафсии кӯҳистониён бармеомад;
  ё) Мавҷудияти институти қавмӣ, ки аъзоёни онро на фақат муттаҳид месохт, инчунин аз тангдастии иқтисодӣ ва хавфи асорати беруна эмин медошт.
  Саёҳатчӣ ва табиатшиноси шинохтаи рус Д.И.Мушкетов, ки дар ибтидои асри XX қадқади водиҳои дарёҳои Ванҷу Язгулом саёҳат намуда тадқиқоти илмӣ гузарондааст, Ванҷро беҳтарину соҳибсарваттарин ноҳияи қаламрави Дарвоз шумурда, қайд намудааст: «Камбудии асосии мавзеи Ванҷ дар он аст, ки ин гӯшаи кӯҳистон ниҳоят мушкилгузар буда, ягона роҳе, ки ба воситаи соҳили рости дарёи Панҷ мегузарад, махсусан, пештар (то таъмир кардани баъзе ҷойҳои мушкилгузари роҳи Помир аз тарафи роҳсозони ҳарбии Русия дар ибтидои асри XX-Ҳ.П.) онро бо сабуктарин қувваи табиӣ ва камтарин қувваи одамӣ вайрону касногузар намудан мушкилие надорад. Аз тарафи дигар ин роҳи мушкилгузар бурди сокинони ин водист. Бо туфайли ин падидаи ҳифзии боэътимоди табиӣ, аҳолии Ванҷ ҳама вақт аз гардишҳои сиёсӣ ва гирудорҳои хунин, ки қисми таркибии ҳаёти Бухоро ҳисоб меёфтанд, дар канор мемонд».[29]
  Инро олимони Шӯравӣ низ тасдиқ намудаанд. «Сокинони Ванҷ, – навиштааст Б.Искандаров, – то асри XIX қариб тамоман аз атроф дар канор буданд, ки сабаби асосии он бероҳагӣ буд».[30]
  Ин ақидаро қувват дода М.А.Бубнова менависад: «Мушкилгузарӣ ва боигарии табиӣ ба сокинони Ванҷ бартарияти зиёде мебахшид. Ванҷ аз ҳар гуна кашмакашҳои сиёсӣ, ки дар Бухоро тез-тез ба амал меомаданд, дар канор буд. Ҳангоми аз тарафи Бухоро забт карда шудани Дарвоз, Ванҷу Язгулом дар зери итоати ҳокими охирини Дарвоз аз ҳама тӯлонитар мустақилияти хешро нигоҳ дошта тавонистанд».[31]
  Дигар чизе, ки мустақилияти Ванҷро дар давраҳои тӯлонии асримиёнагӣ нигоҳ медошт, ин аз диди муаллифон, эҳтиёҷи бевоситаи сокинони мулкҳои ҳамсоя ба оҳани ин мавзеъ будааст. Ҳатто баъди ба зери тасарруфи Бухоро афтодани Дарвоз, ин мулк мустақилияти худро боз чанд сол нигоҳ дошта тавонистааст. Чӣ хеле, ки аз далелҳои дар боло овардашуда бармеояд, ҳарчанд омилҳои дар тӯли асрҳо мустақилияти худро нигоҳ доштани Ванҷ хеле зиёданд, вале чунин ба назар мерасад, ки дар мадди аввал ва муҳимтарин шуҷоату мардонагии сокинонаш будааст.
  Шуҷоату диловарӣ дар ин мулк ҳама вақт чун сифати беҳтарини мард қадр карда мешуд. Шояд аз ҳамин бошад, ки дар байни мардуми ин диёр дар ҳама давраҳо ду чиз аз ҳама баландтар барои мардон қадр карда мешуд: а) донишмандй, дасткушодиву саховатпешагй, б) шуҷоату қувваи ҷисмонй. Аз ин ҷост, ки ҳар кадоме аз сокинони муқимии Ванҷ ба таври худ аз гузаштагонаш, ки дар байнашон албатта донишманде ё паҳлавоне гузаштааст, бо ифтихор ёдовар мешавад. Ҳатто агар дар байни ду касе муноқишае пайдо шавад, албатта бемубоҳиса аз хусуси чунин «бартариҳои» аҷдодй намегузарад.
  Ҳамин тариқ, ҳатто назаре ба лаҳзаҳои хеле кӯтоҳи таърихи бисёрасраи тоинқилобии Ванҷ гувоҳи равшанест, ки халқи ин диёр гарчи аз шоҳроҳи пайвандгари мулкҳои мустақилу ним- мустақили минтақа дар тамоми давраҳои асримиёнагй то андоза дар канор бошад ҳам, бо тамоми тоҷикони минтақа ҳамтақдир будааст. Он мавҷҳои фоҷиаборе, ки аз болои бародарони ҳамхуни дар водиҳо ва ҷойҳои бо роҳҳои корвону лашкаргузар наздик маскан дошта мегузаштанд, барояшон бетаъсир намемонд. Агар ҳатто аз ҳуҷумҳои пай дар паи шоҳигариҳои ҳамсоя (аз ҷумла ду ҳамлаи лашкари хонигарии Қӯқанд солҳои 30-40-уми асри XIX ба воситаи ағбаи Поймазор) сарфи назар кунем ҳам, мавҷи зуд-зуд такрорёбандаи бародарони ҳамхуни водинишини қаламрави хонигариҳои Бухорою Қӯқанд. Кошғар ва ғайра, ки аз ҷангҳои беисти ҷоҳталабони дохилӣ ва ҳуҷумҳои харобиовари байниҳамдигарии ин хонигариҳо ғорат шудаву ҷон ба саломат бурдан буданд, ба ин диёр фирорӣ мешуданд. Сокинони маҳаллӣ онҳоро дар паноҳи худ гирифта, бародарвор муносибат мекарданд. Ин мардонагию фарохдастӣ барои тамоми ванҷиён анъанаи таърихӣ гаштааст.
  Дар амлокдориҳо низ натанҳо чунин вазифаҳои маъмурӣ ва соҳибмансабӣ монанди: девонбегӣ, муншӣ, мироб, қозӣ, муфтӣ ва раисҳо фаъолият мебурданд, боз вазифаю амалҳои зерини ба ин воҳиди маъмурии истеҳсолкунанда мувофиқ низ мавҷуд буданд:
  Доруға – намояндаи расмии давлатӣ, ки миқдори замини дар дасти деҳкон буда ва ҳосили онро пешаки муайян мекард. Ӯ инчунин аз болои ҷамъоварию нигаҳдошт ва ғундоштани ҳосилу пардохти саривақтии ан- доз назорат мекард, аз баровардани ғалладона аз хирман, то қабули андоз онро мӯҳр монда, нигаҳдошти пурраю беосебашро таъмин мекард;
  Мушриф – назоратчӣ, амалдори дастгоҳи андозғундорӣ, намояндаи амлокдор, ки ҳангоми аз бод баровардани ғалла то иҷрои андозҳои муайяншуда назорати пурраи ҳосилро таъмин мекард;
  Миразор (мири ҳазор) – амалдори маҳаллӣ;
  Арбоб – вазифадори хурди маъмурӣ, сардори деҳа, дар шаҳр ташкилотчӣ ва нозири маҷбуриятҳои ҳашарӣ барои сохтмону таъмири ҷӯйборҳои обёрикунандаи зироат. Бояд қайд кард, ки дар бекигарии Дарвоз ин ду амали маъмурии маҳаллӣ – миразору арбоб ба ҷои амалҳои амину оқсоқолони дигар бекигариҳо фаъолият доштанд.
 Дар амлокдорӣ (барои Ванҷ миригарӣ), ба ғайр аз қозӣ, ки бо фармони амир таъйин мешуд, дигар ҳамаи вазифадорони маъмурӣ аз тарафи бек ва бо салоҳдиди пурраи ӯ таъйин мегардиданд. Ҳарчанд миразорону арбобон бояд ба тариқи раъйпурсӣ интихоб мешуданд, вале амалан ва маъмулан онҳоро худи бек пешниҳод намуда, риокорона натиҷаи барояш дилхоҳи интихоби берақобатро таъмин мекард. Аз хусуси таъйиноти марказии қозиёни амлокдориҳо ёдовар шуда, қайд намудан ҷоиз аст, ки доири қозиҳои қаламрави Дарвоз аз давраи ба зери тасарруфи манғитиён гузаштани ин мулк то ғалабаи инқилоби Бухоро маълумоти пурра ва мушаххасе дар даст надорем. Он чизе ки то имрӯз дастраси олимон гаштааст, хеле сатҳиву пароканда мебошад. Устод Одил Маҷлисов дар ки- тоби хеш «Муносибатҳои аграрӣ» ба маъхази дар ихтиёр дошта такя карда, чунин қозиёни амлокдориҳои Дарвозро, ки соли 1910 дар давраи фаъолияти қозии бекигарии Дарвоз мулло Ғиёсиддин ва раисии мулло Муҳамад Азим сари ин амал будаанд, нишон додаст:

1)  Мулло Абдураҳмон – қозии Тавилдара ва Вахиёи Поён.
2)  Мулло Мирхоҷа – қозии Вахиёи боло.
3) Мулло Мирзо – қозии Ванҷ.
4) Мулло Рӯзӣ – қозии Чилдара.
5)  Мулло Муҳаммад Шариф – қозии Сағирдашт.
6)  Мулло Муҳаммад Тоҳир – қозии Қалъаихумб[32].
  Ҳамаи ин маъмурони маҳаллии номбаршуда, дар итоаташон, вобаста ба зинаи вазифадорӣ, чандин кормандони зердастро нигоҳ дошта, фаъолияташонро пиёда месохтанд.
 Дар амлокдориҳо низ монанди бекигариҳо амлокдор ва арбоб фаъолияти озод дошта, дар чаҳорчӯбаи қонуни муайяне маҳдуд намешуданд. Ба ғайр аз бек дигар амалдоре дар бекигарӣ ба кори амлокдор мудохила карда наметавонист.
  Аз боби сохтори маъмурии марказӣ ва маҳаллии аморати Бухоро сухан ронда, бояд махсусан аз он ёдовар шуд, ки ҳамаи намояндагони сершумори амалдорону хизматгузорони онҳо аз давлат расман маош нагирифта, аз ҳисоби вазифа ва амали тамаъҷӯёна зиндагии камташвиши худро дар сатҳи талаби замон пурра таъмин менамуданд.
  Дар муқобили ин соҳибмансабон ва хизматгоронашон табақаи дигари иҷтимоӣ – истеҳсокунандагони неъматҳои моддӣ, таъминкунандагони дастаи сершумори амалдорони маъмурию динӣ ва ҳарбӣ аҳли фуқаро қарор дошт. Ин табақаи заҳматкаш, дар бекигарии Дарвоз ва табиист, ки дар миригарии Ванҷ низ ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешуд:
  1) Фақирои (фақирони ё фақирҳои) мирӣ – кишоварзони безамине, ки коркарди бевоситаи заминҳои мир (бек)-ро ба сифати чоряккор ба ӯҳда доштанд. Ба ғайр аз қисми асосии маҳсулоти ба даст овардаашон, ки ба фоидаи бек мерафт, аз ҳисоби он қисми даромади ночизи худ боз андозу маҷбуриятҳои дигари ба давлатдории феодалӣ хосбударо иҷро мекарданд.
  2) Фақирҳои танхо – бунаҳое (оила, хонавода), ки якҷоя бо замини дар ихтиёрдошта, ба амалдорон ва ё ашхоси «хизматнишондода» аз тарафи амир ё бек чун тӯҳфа ба сифати танхоҳ дода мешуданд. Ин гурӯҳи кишоварзон аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсол намуда, андозу маҷбуриятҳоро ба давлат нею ба танҳохдор (танхоҳхӯр) пардохт менамуданд.
  3)  Фақирои холис – деҳқононе, ки аз ҳисоби замини давлатӣ (шоҳӣ, баъдан амирӣ) ба пораи замине соҳиб буда, тамоми андозҳои давлатию маҳаллиро пардохт мекарданд. Онҳо дар мавриди зарурӣ аз меҳнати ҳамдеҳагон ба тариқи ҳашар истифода мебурданд. Агар деҳқони ба ёрӣ даъватшуда бо олоти кории худ (гови ҷуфт, юғу омоч, белу каланд ва ғайра) меомад, аз рӯи анъана ҳуқуқи баробаршарикӣ дошт. Деҳқони ба-робаршарик, вобаста ба андозаи хизматаш маҳсулот гирифта, андозу маҷбуриятҳоро мепардохт. Замини фақирони холис аз ҷиҳати андоза гуногун буда, аз як пораи хурд (чакал) то майдони кишти ба 15 ман (ботмани бухороӣ, ки дар Дарвозу Ванҷ бо мафҳуми «ман» маъмул буд, ба андозаи вазни 6-8 пуд мерасид) сарфи тухмӣ дошта баробар меомад. Ин гурӯҳи кишоварзон ҳақ доштанд, ки аз ҳисоби замини нокорами аз деҳа дур пораи замини лалмиро азхуд кунанд. Бояд қайд кард, ки шумораи фақирони холис дар солҳои аввали ба аморат ҳамроҳ кардани Дарвоз хеле зиёд буда, дар натиҷаи ба дигар гурӯҳҳои фуқаро гузаронданашон муттасилан кам мешуданд.
  4) Фақирои кадиқӣ – деҳқононе, ки ба ғайр аз кулбаи (кад) истиқоматӣ моликияти дигаре надошта, аз ҳисоби дар замини мулкии ҳамдеҳаашон кор кардан рӯз мегузарониданд. Сафи ин гурӯҳ аз ҳисоби безамину муфлисшавии хоҷагиҳои камзамин зиёд мешуд. Соҳиби замин ё чӣ тавре дар Дарвоз мегуфтанд, хокдор баъзан дар пораи замини аз деҳа дури худ фақири кадиқиро шинонда кор мефармуд. Мӯҳлати нигоҳ доштани деҳқони кадиқӣ ба соҳиби замин (хокдор) вобаста буд. Агар кораш ба дараҷаи барои заминдор мувофиқ пеш мерафт, феодал хонаво- даи деҳқони кадиқиро дар ин замин солҳои дароз нигоҳ медошт.
  5) Фақирои обхӯр – гурӯҳи фуқарое, ки ба ғайр аз истифодаи оби нӯшокӣ дар деҳа ва кулбаи вайрона чизи дигаре дар ихтиёр надоштанд. Онҳо аксаран он бунаҳое буданд, ки бо сабабе (гунаҳкор кардан, қарздор шудан ва ғайра) пораи заминашонро аз даст дода, барои рӯзгузаронии оила муваққатан ба корҳои «шарики», «шарикҳашарӣ» ба ҳамдеҳагони нисбатан дастрас, чӯпонӣ, даравгарӣ, хирманкӯбӣ, ҳезумкашӣ, ва дигар навъҳои мардикорӣ даст зада, қути лоямут пайдо мекарданд[33]. Аз китоби «Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.            

  1. Ҳамон ҷо. – Л. 3

  2. Ҳамон ҷо. – Л. 5.

  3. Арандаренко Г.А. В горах Дарваза и Каратегина // Досуги в Туркестане 1874-1889. – СПб., 1889. – С.448; Боз ниг.: Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протек- торатом. – Т. 1. – СПб., 1911. – С.242.

[1]  Доир ба сохтори давлатдорӣ ва маъмурии аморати Бухоро пурратар ниг.: Семёнов А.А. Очерк устройства центрального административного управления Бухарского ханства позднейшего времени // Труды АН Таджикской ССР. Институт истории, ар- хеологии и этнографии. – Т. XXV. Вып. 2. – Сталинабад, 1954; Маджлисов А. Аграр- ные отношения в Восточной Бухаре в XIX – начале XX века. – Душанбе – Алма-Ата, 1967. – С.20-46
[2]    Дониш Аҳмад Махдум. Рисола ё муҳтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития. – Душанбе: «Сарват», 1992. – С.49-50.
[3]          Ниг.: Мирзо Абдулазими Сомӣ. Таърихи салотини манғития. Изд. Текста, предисловие, перевод и примечания Л.И.Епифановой. – М, 1962; Мирзо Сироҷиддини Ҳаким. Туҳафи ахли Бухоро. – Душанбе, 1992; Айнӣ С. Ёддоштҳо // Куллиёт. – Ҷ. 6-7. – Душанбе, 1962; Аз ҳамон муаллиф: Таърихи амирони манғитияи Бухор // Куллиёт. – Ҷ. 10. – Душанбе, 1966; Таърихи инқилоби Бухоро. – Душанбе, 1987; Фитрат А. Давраи ҳукмронии амир Олимхон. – Душанбе, 1991; Садри Зиё. Наводири Зиёия. Душанбе, 1991; Тавзеҳоти А. Мухторов ба «Хотираҳои Амир Олимхон». – Душанбе, 1992 ва ғайра.
[4]  Семёнов А.А. По границам Бухары и Афганистана (путевые очерки) // Исторический вестник. – Т. 87. – 1902. – С.9^4.
[5]  Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. – С.243.
[6]  Ниг.: Маҷлисов А. Аграрные отношения. – С.51-53.
[7]  Кузнецов. Дарвоз. – Новый Маргелан. – 1893. – С.69.
[8]  Бойгонии давлатии Ҷумхурии Ӯзб. Ф. 1. – Оп. 29. – Д. 266. – В. 26.
[9]  Липский В.И. Горная Бухара. – СПб., 1905. – С.603.
[10]         Архив внешней политики Российской империи (минбаъд: АВПРИ). – Ф. Среднеази- атский стол. – Д. 895. – В. 135.
[11]         Центральный государственный исторический архив Республики Узбекистан (Архи- ви марказии давлатии таърихии Ҷумхурии Ӯзбекистон) – Минбаъд: ЦГИА РУзб. – Ф. $1-     3. – Оп. 2. – Д. 517. – В. 142.
[12]           Нечаев А. В. По горной Бухаре. – СПб., 1914. – С.74-75.
[13] Ниг.: Снесарев А.Е. Восточная Бухара. Военно-географический очерк // Сборник географических, топографических, статистических материалов по Азии (минбаъд: Сборник материалов по Азии). – Вып. Х. – С.72; Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. – Том 1. – СПб., 1911. – С.245 ва диг.
[14]         Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Труды АН Тадж. ССР. – Душанбе, 1963. – С.24.
[15]         Васильев. Краткое статистическое описание Каратегина // Сборник материалов по Азии. – Вып. 33. – СПб., 1888. – С.23.
[16]           Снесарев А.Е. Восточная Бухара. – С.72.
[17]           Кап. Кузнецов. Дарвоз. – Новый Маргелан, 1893. – С.70-71.
[18]           Нечаев А. В. По горной Бухаре. – С.75.
[19] Гаевский П. Курган-Тюбинское бекство. – Изв. РГО. 1919 – 1923 гг. – Т. 55. – Вып.
$12.- М. – Л., 1924. – С.60.
[20]           Логофет Д.Н. Страна бесправия. – СПб., 1909. – С.58.
[21]           Семёнов А.А. По границам Бухары и Афганистана. – С.977.
[22]           Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. – Т. 1. – С.333.
[23]           Кап. Кузнецов. Дарвоз. – С.71.
[24]         Доир ба вазъи тоқатфарсои зиндониён ниг.: Семенов А.А. По границам Бухары и Афганистана. – С.980-981; Варыгин М.А. Опыт описания Кулябского бекства. – С.797; Логофет Д.Н. В горах и на равнинах Бухары. – СПб., 1913. – С.252-253.
[25]         Маджлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в XIX – начале XX века. – Душанбе – Алма-Ата, 1967. – С.61.
[26]           Кап. Кузнецов. Дарвоз. – С.73-74.
[27] Латыпов Н. К вопросу о социальных отношениях в Дарвазском бекстве накануне установления Советской власти // Учёные записки (Кулябский государственный пе- дагогический институт). – Вып. 3. – Куляб, 1957. – С.100.
[28]         Искандаров Б.И. Социально-экономические и политические аспекты истории Па- мирских княжеств. – Душанбе: Дониш, 1983. – С.63.
[29]         Мушкетов Д.И. Рохар (Кал’а-и-Ванч) // Известия Русского географического общест- ва. – Т. 52. – Пг., 1916. – Вып. III. – С. 240.
[30]         Искандаров Б.И. Социально-экономические и политические аспекты истории памир- ских княжеств. – С.63.
[31]         Бубнова М.А. Добыча полезных ископаемых в Средней Азии в XVI-XIX вв. – М.: Наука, 1975. – С.59.
[32] Маджлисов А. Аграрные отношения. – С.55. 104
[33] Дар чунин гурӯҳбандии фуқароёни Дарвоз, далелҳои бо роҳи шифоҳӣ (ҳангоми сӯҳбат бо солхӯрдагони маҳаллӣ, ки худ шоҳиди воқеъияти замон ва ҳатто ба ин ё он гурӯҳи фуқароён дохил мешуданд) ибтидои солҳои 50-уми ҷамъ овардаи Н. Латифов мавриди истифода қарор ёфтаанд. Ниг.: К вопросу о социальных отношениях в Дар- вазском бекстве накануне установления Советской власти // Учёные записки Куляб- ского госпединститута. – Вып. III. – Куляб, 1957. – С.106-110.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.