Ванҷ дар замонҳои қадим

  Тақдири таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ ҷудо набуд. Фоҷиаҳои дар ин ё он гардишҳои таърихӣ, аз ҷумла ҳуҷуми юнону мақдуниҳо, арабҳо, тотору муғулҳо, Темуру темуриён ва дигар қабилаҳои кӯчии туркнажоду хунрезиҳои шадиди давраи парокандагии феодалӣ барои ин сарзамин бетаъсир нагузаштаанд.
  Ҳарчанд маъхази дақиқе дар даст надорем, вале аз рӯи раванди ҳаводиси таърихӣ ва ривоятҳои аҷдодӣ тахмин меравад, ки ҳамбастагии тақдири тоҷикони кӯҳистону водинишин ҳама вақт пурра эҳсос мешудааст. Тоҷикони аз тарафи аҷнабиён зери таъқибу фишор монда ба тангнои ин дараҳо, ба соҳилҳои рӯдҳои кӯҳӣ, ба он ҷойҳое, ки сокинони маҳаллӣ солҳои дароз бо заҳмати сангин пора ё қитъаҳои хурди заминро киштбоб намуда буданд, рафта ҷон ба саломат мебурданд. Сокинони меҳмоннавоз пораи нони худро бо бародарони гурезаю овораи худ ҳамеша бо ҳам медиданд. Баъзан захираи ғизо намерасид, гуруснагию қаҳтӣ сар мешуд. Ба замми ин касалиҳои гуногун аз қабили вабо аҳолии як қатор деҳаҳоро саросар нобуд мекард. Имконияти дафн кардан наме- монд, бинобар ин ҷасадҳоро дар қабристони умумӣ, ки хона-заминкани калону болопӯшидаеро мемонд, гузошта дарашро бо санг девор карда меандовиданд. Ин қабристони умумиро сағона мегуфтанд, ки дар баъзе ҷойҳо ҳоло ҳам тамоман фурӯ нарафта, чун шоҳиди давраҳои фоҷиабори таърихи зиндагӣ ба чашм мерасанд.
  Аз рӯи маълумоти мавҷуда, Ванҷ, чи тавре дар боло ишора гардид, то солҳои 40-уми асри XIX мустақилияти худро нигоҳ дошта, онро ша (шоҳ) идора мекард, вале азбаски маҳз дар ҳамин давра ихтиёран ба Дарвоз ҳамроҳ шудааст ва омӯзиши илмии минтақа низ асосан аз миё- наи асри XIX оғоз ёфтааст, ашхоси маълумот диҳанда аз давраи мустақилияти он ниҳоят кам ёдовар шуда, таърихашро пурра дар ҳамбастагӣ бо шоҳигарии Дарвоз нишон додаанд. Аз ин лиҳоз, ҷудо кардани таърихи он аз таърихи Дарвоз, мантиқи таҳқиқотро ҷиддан халалдор намуда, ба он то дараҷае маҳдудияти маҳаллӣ мебахшад. Бо ибо- раи дигар, таърихи ин ду ноҳияи ба як вилояти ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМКБ) мансубият ва алоқамандии авлодию анъаноти тавъамдоштаро ҷудо кардан, ниҳоят душвор буда, дар амал маънии ба таърихи минтақа, бахусус ин ду ноҳия, сарфаҳм нарафтанро дорад. Дар ин ҷода бояд аз ду зарурати воқеии барои фаҳмиши таърихи миллат зарурӣ, аз ҳамбастагии таърихию фарҳангии Бухорои Шарқӣ, Помиру Бадахшон аз як тараф ва фтамоми тоҷикони Осиёи Марказӣ аз тарафи дигар, набояд сарфи назар кард. Чунин муносибатро худи принсипи ҳақиқатнигории таърихӣ (ис- торизм) тақозо дорад.
  Таърихи қадимаи Ванҷу Дарвоз ба сабаби дастрас набудани маъхазҳои дақиқу мӯътамад аз доираи назари тадқиқотчиёни касбӣ берун ва то кунун қариб норавшан мондааст. Аз ин рӯ, лозим медонем, ки ба баъзе ривояту тахминҳо ва хулосаҳои тақиқгарону сайёҳони рус, ки то андозае заминаи воқеъӣ доранд, такя карда, дар ин хусус ибрози назар намоем. Онҳо роҷеъ ба ин замони таърихии диёри бостонӣ ба ривоятҳои аз калонсолону донандагони таърихи гузаштаи ин ошён, ки аз падару бобоёни хеш шунидаанд (яқинан ин шунидаҳо аз чандин авлоди гузаштаи дур расидаанд) такя карда, хулосабарорӣ намудаанд.
  Албатта, маҳдудияти ҷамъоварии далелу асноди маъхазҳо барои баё- ни мутассилу пайдарҳами раванди ҳаводиси таърих ва рӯйдодҳои ба ин диёри кӯҳистони тоҷик мутааллиқ имкон намедод. «Боиси таассуф аст, – мегӯяд олими низомии рус Д.Н. Логофет, – ки маълумот дар бораи ин давлатҳо (мулкҳои дар гузашта мустақилу ниммустақили кӯҳистони Бухорои шарқӣ ва Помирро дар назар дорад – Ҳ.П.), ниҳоят пароканда буда, имкон намедиҳад то қисмати таърихии онҳоро равшан созем»[1]. Ӯ бо таваҷҷӯҳи хосса изҳор доштааст, ки омӯзиши нисбатан пурраи таърихи гузаштаи дури ин диёр то андозае пардаи ғуборро аз рӯи таърихи пай- доиши славянҳо низ хоҳад бардошт. «Барои мо русҳо, – навиштааст Д.Н.Логофет, – ин ҷойҳо аз он лиҳоз диққатовару ҷолибанд, ки дар гу- заштаи дур гузаштагони мо, гуннҳои сафед, скифҳо ва сарматҳо дар ҳамин мавзеъҳо сукунат доштанд… Тадқиқоти антропологӣ ва лингвистии Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон метавонад то андозае ғубори атрофи масъалаи пайдоиши славянҳоро аз миён бардорад»[2]. Албатта, дар ин ра- диф наметавон аз Ванҷ, ки дар маркази ин минтақа ҷой гирифта, барои зиндагӣ шароити мусоидтаре низ дошт, сарфи назар кард.
  Аз ин боб сухан ронда, ба чунин далели мантиқӣ низ такя карданро лозим медонем: Дар шароити вуҷуд доштани чанде аз мулкҳои қадимаи Помиру Бадахшон, ки аз рӯи шароити ҷуғрофӣ-иқлимӣ, обу замини киштбоб нисбат ба Ванҷ дар сатҳи номусоидтаре қарор доштанд, таби- ист пештар аз он қароргоҳи сукунати аҷдодон ва мулкдориашон шуда наметавонистанд. Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Помиру Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансубият дорад. Агар ҳатто нобаробарии даврагие ҳам бошад, ҷиддан тӯлонӣ буда наметавонист. Ба гуфтаҳои боло бояд боз илова намуд, ки аз ёдгориҳои манзилӣ, меъморию мудофиавии асримиёнагии Помири Ғарбӣ, қалъаҳои сангини Рӯшону Шуғнон ва Вахон бештар омӯхта шудаанд. Истеҳкомҳои дар ҳудуди Ванҷ буда, то кунун мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд.
  Капитан П.А.Кузнетсов чунин ривояти шунидаашро овардааст, ки шоҳони Дарвоз Искандари Румӣ (Византия)-ро саравлоди худ медонистанд ва шаҷараи онҳо дар навбати худ гӯё то ба Искандари Мақдунӣ мерасид. Ҳарчанд қисми зиёди муаллифони навиштаҳои тоинқилобии рус ба дурустии ин ривоят бо чашми шубҳа менигаристанд, вале ба ривояти дар замони ба тасарруфи Искандари Мақдунӣ афтидани Осиёи Миёна вуҷуд доштани мулки мустақили Дарвоз эътимоди қавӣ доштанд. Дар ин замина аз Ванҷ сарфи назар кардан ба мантиқ баробар намеояд. Масалан, Б.Н. Литвинов самти ҳаракати Александри Мақдуниро аз рӯи маълумоти барояш дастрасбуда, ки ҳарчанд то андозае асоси ривоятӣ дорад, муайян намуда, бо қатъият баён медорад, ки ин лашкаркаши бузурги даврон, худ дар Дарвоз набудааст, вале як отряди ҷудогонаи ӯ зери фармондеҳии Кратер, ки роҳи Ҳиндустонро ба воситаи ин минтақа кушоданӣ буд, аз ин ҷо гузаштааст. «Бешак, – менависад муаллиф, – Дарвоз дар чунин ҳолат чун дарвозае хизмат карда метавонист, ки аз роҳи он сафи лашкари ғосиби бузург мегузашт»[3]. Муаллиф шубҳаи худро дар нисбати аз ин диёр гузаштани Искандари Мақдунӣ чунин изҳор доштааст: «Маълум нест, ки чиро ба асос гирифта, хонҳои (ҳокимон – Ҳ.П.) ин ҷо худро авлоди ӯ (Искандар – Ҳ.П.) донистаанд. Ё хаёлест, хоҳишест барои Осиёи Миёна хос, ҳамаро бо номи қаҳрамони афсонавӣ нисбат додан, ё шояд баъди суқути шоҳигарии Юнону Бохтар боқимондаи аз таъқибот раҳоёфтаи давлатдорон ба ин ҷои хилвати душворгузар омада, сабаби ақидаи ба авлоди Зулқарнайн мансубият пайдо кардани хонадони маҳаллӣ гаштаанд»[4]. Дар ин масъала навиштаҳои Д. Н. Логофет гарчи ҳақиқати мутлақ буда наметавонанд, вале эҳсоси барои хонандаи борик- бин ҷолиб буданашон водор месозад, ки аз он гуфтаҳо сарфи назар на- кунем. Тибқи ақидаи ӯ Искандари Мақдунӣ Қалъаихумбро бо ҷанг ишғол намуда, муддати мадиде дар ин ҷо қарор дошт. Баъди хуруҷи худ воҳиди мустаҳками ҳарбӣ (гарнизон) боқӣ гузоштааст[5]. Барои тақвияти назари худ ба он далел такя дорад, ки ҳангоми дар Қалъаихумб буданаш дар дасти сокинони маҳалӣ сиккаҳои қадимаи зиёд ва ашёи дигареро дидааст. Дар сиккаҳои дидаи ӯ «номҳои шоҳони Бохтар» сабт шуда, дар хиште, ки аз даруни чоҳ берун овардаанд, ӯ номи Базелеус Деметрийи якум – асосгузори давлати Ҳинду-Парфиягиро хондааст[6].
  Бояд қайд кард, ки шаҷараи шоҳони Дарвоз ва дигар мулкҳои мустақили Қаротегину Помиру Бадахшонро то ба Искандари Мақдунӣ расондан, на танҳо ба муаллифони русу аврупоӣ, инчунин ба таърихна- висони минтақаи Осиёи Марказӣ низ мансубият дорад. Масалан, Маҳмуд ибни Валӣ (асри XVII) дар китобаш «Баҳр-ул-асрор» тобеъияти Дара ва Дарвозро ба Балх нишон дода, қайд кардааст, ки ин мулкҳоро дар замонҳои қадим ҳокимоне (шоҳоне) зери итоат дароварда, худро аз авлоди Искандари Зулқарнайн муаррифӣ кардаанд. Дар ин мулкҳо конҳои зиёди тиллое ҳаст, ки коркарди онҳо дар ихтиёри ҳокиму пеш- вои ҳар ду вилоят – шоҳ Бобур мебошад[7]. Бояд қайд кард, ки силсилаи шаҷараи шоҳони Дарвозро ба Искандари Мақдунӣ (356-323 пеш аз милод) расондан ба ривояте асос ёфтааст, ки Марко Поло низ ба он ишора намудааст. Мувофиқи он ривоят гӯё насли шоҳони тамоми минтақа (Помиру Бадахшон, минҷумла Дарвозу Ванҷро дар назар дорад) аз издивоҷи Искандар бо духтари Дорои III оғоз ёфтааст[8].
  Ин ақидаро ҷуғрофиядону таърихнависи охири асри XIX – ибтидои ХХ Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ низ ҷонибдорӣ намудааст. Бо на- зардошти ӯ мулки Дарвоз дар замони қадим мутааллиқи Искандари Мақдунӣ буда, зерпояи мавҷудияташ низ ба он замон мансубият дорад. Гулшанӣ, инчунин, ишора намудааст, ки то замони ба аморати Бухоро ҳамроҳ кардан ин сарзамин мустақилияти худро нигоҳ дошта тавониста- аст. «Шаҳри Дарвоз, – нигоштааст муаллиф, – шаҳрест қадим ва биноест азим аз ҷумлаи осор ва абнияи мулки искандари Зулқарнайн аст. Ин ви- лоят дар авоили қарни ҳозир (асри XIX – Ҳ.П.) як ҳукумати худсарӣ буд, ки ба ҳиммати волои ҳазрати амирулмӯъминин ҷаноби олӣ марҳум (амири Бухоро – Музаффарро, ки солҳои 1860-1885 ҳукмронӣ кардааст дар назар дорад – Ҳ.П.) замимаи давлати Бухорои Шариф гардид»[9].
  Маълум аст, ки баъди вафоти Искандари Мақдунӣ (соли 323 то ми- лод), империяи ӯ ба зудӣ завол ёфта, дар байни сарлашкаронаш тақсим шуд. Аз ҷумла соли 306 то милод Селевк Бохтарро забт карда, ба ҳайати давлати бузурги Селевкиён дохил кард. Соли 250 то милод волии Бохтар Диодот аз заъфи империяи Селевкиён истифода бурда, аз ҳайати он ба- ромад ва ба подшоҳии Юнону Бохтар асос гузошт. Ин давлат дар нимаи дуюми асри II то милод дар натиҷаи тохту този қабилаҳои бодиянишини Тахориён (Юҷиҳо) барҳам хӯрд. Аз он давра сиккаҳои (танга) тиллоии зиёде дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон дастраси бостоншиносон гаштааст, ки дар як тарафи онҳо силсилаи шоҳони Деодот, Деметрий, Евтимид, Евкрадит насб шуда бошанд, дар тарафи дигарашон симои худоҳову каҳрамонони асотирии Юнон: Аполлон, Артемид, Афина, Деметра, Геката, Гелиос, Геракл, Зевс, Ника, Псейдон оварда шудаанд. Пайдо шудани чунин сиккахо дар Дарвоз эҳтимолан аз ҳақиқат дур нест. Вале дар ин ҷо шояд чунин саволе мантиқан ба миён ояд: оё сиккаву навиштаҳое, ки Д.Н. Логофет мушоҳида намудааст (ба ҳар ҳол дигар муаллифон дар ин бора маълумоте надодаанд), сохтакорие аз тақлидкорони шоҳони Юнону-Бохтар нестанд? Дар ин ҷо боз як чиз дурустии хулосаҳои Д.Н. Логофетро зери шубҳа мегузорад. Худи Қалъаихумб чун пойтахти шоҳигарии Дарвоз бо зарурати замон аз иб- тидои асри XVII арзи вуҷуд намудааст (пойтахти қадимаи Дарвоз дар 6 км шарқтари он ҷойгир буд). Пас чаро мақдуниҳо пойтахти кӯҳнаи Дарвоз (Каррон)-ро қароргоҳи худ интихоб накардаанд? Умуман, суолҳо нисбат ба ҷавобҳо, дар ин масъала зиёдтаранд. Вале аз ин гуфтаҳо эҳтимоли қавие бармеояд, ки мулкҳои Дарвозу Ванҷ анъанаҳои давлат- дории хеле қадимаро доштаанд. Гарчи далели мӯътамаде то кунун боқӣ намондааст, вале ривояту тахминҳои мавҷуда аз эҳтимолияти қавии дар замони Искандари Мақдуни вуҷуд доштани воҳиди давлатдории Дарвоз дарак медиҳанд. Абатта, ақидаи қавие доир ба мавҷуд будани мустақилияти мулки Ванҷ дар он замон вуҷуд надорад. Вале хулосаеро, доир ба мавҷудияти ин мулк, фарқ надорад, ки мустақил буд ё не, қавӣ месозад.
  Суннатҳои давлатдориро дар Дарвоз П.А. Кузнетсов бо оғози давраи насронӣ баробар донистааст[10]. Муаллифи номбурда ривояти маъруфи сокинони Дарвозро овардааст, ки мувофиқи он тахминан 1300 сол қабл ду бародар Қаҳқаҳа ва Шаҳшаҳа аз Бадахшон баромада, кӯшиши соҳибмулк шудан карданд. Қаҳқаҳа шоҳигарии Дарвоз ва мулку музофотҳои он замон дар тобеъият ӯ қарордоштаи Вахш, Кӯлоб (Хатлон), Хоҳон, Роғ, Ҳисор, Қаротегин ва Рӯшонро мутеи худ кард. Албат- та, модоме аз хусуси ин қадар васеъ шудани қаламрави Дарвоз сухан меравад, Ванҷ низ наметавонист аз ин доира берун бошад. Шаҳшаҳа бошад, ҳокими Бадахшону Вахон, Шуғнон, Сариқол, Қундуз ва Читрол гардид. То замони ин маълумотро рӯи коғаз овардани муаллиф, гӯё дар Читрол ҳукмронии намояндагони авлодии хонадони Шаҳшаҳа идома доштааст. Шоҳони собиқи Дарвоз бошанд, аз рӯи баъзе маълумотҳои шифоҳии ба ӯ расида, аз авлоди Қаҳқаҳа будаанд[11].
  Шарқшиноси рус И. Минаев ба таърихи қадими мулкҳои ҳавзаи Амударё таваҷҷӯҳ намуда, шоҳигарии дар навиштаҳои саёҳи Чин Сюан-Сзан зикр шударо чун диёри Кумедҳое, ки Птолемей ба он ишора кардааст, медонад. Аз ин водиҳо корвонҳои тоҷирон аз Бохтар ба Серика мераф- танд, ки ин масирро ба Дарвозу Рӯшон нисбат додан ба ҳақиқат наздик аст[12].
  Бояд ёдовар шуд, ки сайёҳи асри VII Чин Сюан Сзан (тахминан солҳои 639-645) дар бораи мулкҳои Тахористон ва кишварҳои тобеъу ҳамҷавори ӯ маълумот дода, мулки Сзюймитои Кумодро ном мебарад. Бино ба ақидаи академик Б.Ғ.Ғафуров он «дар ким куҷои ҳудуди ноҳияҳои Қаротегину Дарвозу Ванҷ воқеъ будааст»[13]. Ҳарчанд ин далел амиқу раднопазир нест, вале аз рӯи нишондоди ин сайёҳ, ки мулкҳои Помиру Бадахшон – Ши-си-ни (Шуғнон), Бодоизана (Бадахшон), Домоситедиро (Вахон) номбар кардааст[14]. Дар ин номовард аз Рӯшон, Каррону Ванҷ ишора нарафта бошад ҳам, эҳтимолияти дар он замон вуҷуд дош- тани он мулкҳои ободро (Ванҷ шояд дигар ном дошта бошад), қавитар гардондааст.
  Аз ин боб сухан ронда, ба чунин далели мантиқӣ низ такя карданро лозим медонем: Дар шароити вуҷуд доштани чанде аз мулкҳои қадимаи Помиру Бадахшон, ки аз рӯи шароити ҷуғрофӣ-иқлимӣ, обу замини киштбоб нисбат ба Ванҷ дар ҳолати номусоидтаре қарор доштанд, таби- ист, ки пештар аз он қароргоҳи сукунати аҷдодон ва мулкдориашон шу- да наметавонистанд. Гумони ғолиб меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Помиру Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Дарвоз, сукунати одамон ба як дав- раи таърихӣ мансубият дорад. Агар ҳатто нобаробарии даврагие бошад ҳам, ҷиддан тӯлонӣ буда наметавонист. Ба гуфтаҳои боло бояд боз илова намуд, ки аз ёдгориҳои манзилӣ, меъморию мудофиавии асримиёнагии Помири Ғарбӣ, қалъаҳои сангини Рӯшону Шуғнон ва Вахон бештар омӯхта шудаанд. Истеҳкомҳои дар ҳудуди Ванҷ буда, то кунун мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Аз ҷумла, харобаҳои қалъаи соҳили рости дарёи Панҷ дар деҳаи Баравни деҳаи Водхуд, ки дар ҷои аз ҷиҳати ҳифзи ҳарбӣ (стратегӣ) хеле мувофиқу побарҷост, то кунун мавриди таҳқиқ қарор нафтааст. Бо итминони комил метавон қайд намуд, ки дар ҳолати дурусттар ба роҳ мондани ковишҳои бостоншиносӣ ва омӯхтани дигар сарчашмаҳои хаттӣ, то андозае таърихи давраҳои бостонӣ ва баъдинаи Ванҷ равшан хоҳад шуд.
  Алҳол дараҷаи огоҳӣ нисбат ба таърихи қадиму асримиёнагии Ванҷ доштаамон ба хулосае меорад, ки ин диёр аз қадимулайём ҷои зисти аҷдоди мост. Ба ин нақшҳои рӯи харсангҳои (петроглифҳо) водии Язгулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбаг ва Мотравн ёфт шудаанд, низ асос шуда метавонанд: Дар онҳо нақши одам ва манзараи шикоргоҳ бо ҳайвоноти шикорӣ тасвир ёфтааст. Ҳарчанд ин нигораҳои то андозае рамзӣ ба давраҳои гуногун, аз ҷумла, замони на он қадар дур тааллуқ дошта бошанд ҳам, дар байнашон тасвирҳои нисбатан қадим кам нестнд[15].
 Аз давраҳои хеле қадим дар ин ҷо сукунат доштани одамонро мавҷудияи нишонаҳои аз тарафи бостоншиносон бамушоҳидарасида, собит месозад. Яке аз бостоншиносони варзидаи муосир М.А.Бубнова тамоми нуқтаҳои ҷолиберо, ки аз тарафи саёҳатчиёну шарқшиносони тоинқилобӣ ва олимони Шӯравӣ доир ба мавҷуд будани нақши фаъоли сокинони қадимаю асримиёнагии ин диёр муайян шудаанд, омӯхта ба китоби «Горно-Бадахшанская автономная область»[16] ворид намудааст. Ин маълумотҳо бешак аз мавҷуд будани даҳҳо нуқтаҳои зиндагӣ, фаъо- лияти меҳнатӣ ва осори мадании Ванҷи бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд[17] (ни- гаред ба замимаи китоб). Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшоев.

[1] Ниг.: Логофет Д.Н. В горах и на равнинах Бухары. (Очерки Средней Азии). – СПб., 1913. – С.364-366.
[2] Ҳамон ҷо.
[3] Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памиры // Исторический вестник. – Т. 98. – СПб., 1904. – С.716.
[4] Ҳамон ҷо.
[5] Логофет Д.Н. В горах и на равнинах Бухары. – С.386.
[6] Логофет Д.Н. В горах и на равнинах Бухары. – С.397.
[7]  Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей блогородных (География). Введение перевод, примечания, указатели Б.А.Ахмедова. – Ташкент: «Фан», 1977, – С. 45-46.
$13.Ҳамон ҷо.
[9] Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. Бачоптайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷ.Назриев. – Душанбе, 2006. – С.156 (Дар қисмати факсимил). – С. 247-248.
[10] Кузнецов П.А. Дарвоз. – С.1.
[11] Ҳамон ҷо.
[12] Ниг.: Минаев И. Сведения о странах по верховьям Аму-дарьи. – СПб., 1879. – С.59.
[13] Ғафуров Б.Г. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагӣ. – Китоби якум.
$1-   Душанбе: Ирфон, 1998. – С.301.
[14]        Дар ҳамон ҷо.
[15]       Ниг.: Агаханянц О.Е. Наскальные рисунки в Язгуляме // Известие отд. общ. наук.АН ТаджССР. – Вып.14. – Душанбе 1957. – С.71-78.
[16]       Бубнова Н.А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир. (памятни- ки II тыс. до н.Э. – XIX в.). – Душанбе: Дониш, 1997.
[17]        Ниг.: Бубнова Н.А. Асари номбурда. – С. 63-73.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.