Ванҷ дар арафаи инқилоби шӯравӣ

  Моҳи апрели соли 1929 дар қатори дигар дастаҳои зиддишӯравӣ аз Афғонистон ба қаламрави Дарвоз дар деҳаи Ҷорф дастаҳои серодами Фузайл Махсум ва Кӯри Шермат гузаштанд. Онҳо тавонистанд, ки Қалъаихумбро ба даст дароранд ва дар муддати 4 рӯз аҳолиро дар зери шиканҷа гирифта, мағозаву дороии биноҳои маъмурӣ ва молу амволи сокинони ин маркази тумонро ба ғорат баранд.
  Кӯри Шермат 15 апрел бо дастаи худ ба сӯи Ванҷ роҳ гирифт. Дар деҳаи Зулмобод (феълан Паҷшанбеобод) бо аҳолии маҳаллӣ задухӯрди сахте сурат гирифт. Ба дастаи Кӯри Шермат давлатмандону рӯҳониёни матаассиби собиқ бекигарии Дарвоз ҳамроҳ шуда буданд. Ин дастаи ғоратгар чандин фаъолони сохти шӯравиро ба қатл расонд. Муқобилияти сахти сокинони Ванҷ бо роҳбарии фаъолон, ки ба он коммунистон У. Мирзоев, С.Муҳаббатов, Ю. Қудратов, Д. Азизов ва дигарон то андозае вусъат гирифт, ки дастаи Кӯри Шермат шикасти қатъӣ хӯрда, босмачиён беяроқ карда шуданд2.
 Дар рафти ин ҳодисаи хунин яке аз муборизони фаъоли роҳи озодӣ ва зидди душманони сохти Шӯравӣ, котиби Кумитаи комсомолии во- лости Ванҷи Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ Панҷшанбе Саидаҳмадов ба ҳалокат расид.
  Бюрои ҳизби коммунисти (б) Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ҳанӯз қабл аз сар задани ин воқеаҳо «вазъияти Ванҷ»-ро муҳокима намуда, бо қарори худ аз 10 январи соли 1929 қайд карда буд, ки дар дастгоҳи идораи волости Ванҷ таъсири намояндагони иртиҷопарасти муттаассиб ва амалдорони тоинқилобӣ зиёд ба назар мерасад. Барои беҳтар намудани фаъолияти ин сохтор дар ҳайати Нурмамад Ғуломшоев, Гришко аз иҷроияи вилоятӣ, Готфрид ва Наврӯзбеков аз ташкилоти ҳизбии Отряди Помир гурӯҳи корӣ фиристода шуд. 28 май пленуми Кумитаи иҷроияи вилоят махсус маърӯзаи ҳисоботи оид ба кори Кумитаи иҷроияи Ванҷро муҳокима намуда, маърӯзачиён Боймамадов ва Настасиенко қайд намуданд, ки бо омадани комиссия аз бюрои ҳизбӣ, шӯбаи махсус, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва корҳои анҷомдодаи онҳо, аз ҷумла баъди аз вазифа озод намудани котиби иҷроияи Ванҷ Зиёратуллоев ва муовини ӯ вазъият дар Ванҷ беҳтар шуд. Ҳамчунин кори шӯроҳо дуруст ба роҳ монда шудаанд.
  Дар деҳшӯроҳои Техарв ва Водхуд барои вайрон кардани сиёсати ҳизб ва фаъолияти шӯроҳо интихоботи нав гузаронида шуд. Комиссияи замин иваз ва ҳайати (шумораи) аҳолӣ аниқ гардид.
  Пленум фаъолияти Кумитаи иҷроияи волости Ванҷро таҳлил намуда, қайд кард, ки бо иваз кардани кормандони Кумитаи иҷроияи Ванҷ, кори кумита «беҳтар гардид». Дар қарори пленум оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ванҷ (аз январи соли 1929 то якуми июни соли 1930) қайд шудааст, ки чорабиниҳои комиссияи ба Ванҷ фиристода, натиҷаи хуб додаанд. Фаъолияти одамони содиқи ҳизб ва Ҳокимияти шӯравӣ хеле беҳтар гардид. Дар соҳаи иқтисодӣ ва мадании ин волост пешравӣ ба назар мерасид. Кӯшиши босмачиён пурра бартараф карда шуд. Ба корҳои роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравӣ деҳқонони заҳматкаши маҳаллӣ ҷалб карда шуданд3.
  Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон заминаҳои лозимии сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию маданӣ барои гузариш ба зинаи дигари тақдирсози эҳёи давлатдори тоҷик торафт пурратар фароҳам меомад. Албатта, ҳамаи ин дигаргунсозиҳои муҳим барои Ванҷ бетаъсир намонданд. Ин гӯшаи Тоҷикистон чун узви ҳудудии аз ҳамаи кору фаъолияти созандагии кишвар бархӯрдор буд. Сокинони дар тӯли асрҳо аз шоҳроҳи дастовардҳои бузурги тамаддуни таърихӣ то андозае дар канормонда бо туфайли инқилоб тақдири худро ба он мустақиман пайвастанд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.