Бачабек Шобеков

  Яке аз зиндадорандагони санъати мусиқии Ванҷзамин бешакку шубҳа метавон гуфт, ки устод Бачабек Шобеков буданд. Ин шахсияти нотакрор дар ҳама тӯю сури мардуми Ванҷ ҳамеша шодишарик буданд. Солҳои 50 – 90-и асри гузаштаи фарҳанги Ванҷ бо номи Бачабек Шобеков сахт пайваст мебошад. Худораҳматӣ аз зодани тифл то хатнасуру тӯи домодӣ хизмат мекард.
  Ӯ зодаи деҳаи хушбоду ҳаво ва зебоманзари Баравн, ҷамоати Водхуд, ноҳияи Ванҷ мебошад. Айёми кӯдакияш дар ин деҳа паси сар шуд. Меҳри санъати мусиқӣ ва хунёгариро аз падараш бобои Шобек ба мерос гирифта буд, ки яке аз ҳофизони мардумии Ванҷ буд. Маълумоти мактабиро дар деҳа ва маркази ноҳия гирифтааст. Баъдан, Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғармро хатм намудааст.
  Чанде дар театри вилоятии Ғарм кор кардааст. Баъдан мактаби олии ҳизбиро ҳамроҳи раиси онвақтаи Президуми Совети Олии Тоҷикистон Маҳмадулло Холов хатм карда, як муддат дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Чанд соле сарварии Театри халқии ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда доштааст.
  Иштирокчии даҳҳаҳои санъати тоҷик дар шаҳри Москва, ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявии “Дастаҳои оилавӣ” ва “Сурудҳои мардумӣ”, иштрокчии озмуни ҷумҳуриявии Бӯстон ва чандин озмунҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ. Баъд ба кори омӯзгорӣ гузашта, дар мактаби деҳаи Баравни Водхуд ва деҳаи Вравз кор кардааст.
  Вале аз ҳунари волои ҳофизиаш ҳеҷ гоҳ дур набуд. Хуб дар ёд дорам, ба мо дарси забони русӣ медоданд. Дар хотирам ҳаст, чи хел дар тӯю сури мардум моҳирона ғижжаку тор, рубобу сеторро менавохт, овози басо ширин ва дилкаше доштанд. Устод Бачабек Шобеков соли 1996 ин олами фониро падруд гуфт. Вале санъати воло ва номи некаш дар дили мардум доимист.

Ту рафтию бимонд овози торат,
Ба гӯшам мерасад савту навоят.
Ҳанӯз ҳам маст аз овозат булбул,
Ба ҳар маҳфил бинмоем суроғат.
Куҷо шуд он гули ҳар маҳфили мо?
Ки мо пазмон шудем бар ӯ ниҳоят.
Куҷо савту навои тору ғижжакаш?
Ки аз дил захми заҳматро зудояд.
Бидонед номи устодмон Бачабек,
Ба қалби мардумон ҷовид бимонад.
Ёдат ба хайр устод!.
Муаллифи матн ва шеър Давлатмир Юнусзода.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.