Андаке аз лаҳҷаи мардумӣ

Андаке дар бораи лаҳҷаи мардуми Ванҷи пурганҷ

  Вожаҳои қадимаи мардуми мо аз кабили “вҷск”, “писк”, “члвиск”, “врск”, “ғанк”, “сӯфчк”, “ғравсиян”, “кравсиян”, “ваг-ваг”, “мрғов”, “даргов”, “коспул” ва ҳазорҳо вожаҳои нодиру қадимаи дигар, ки дар гӯиши мардуми то ба ҳол боқӣ мондаанд, бешубҳа намунае аз хазинаи тилоии таъриху фарҳанги мо мебошанд, ки ҳанӯз ҳам ниёз ба пажӯҳиши дурусту саҳеҳ доранд.
  Аммо дар лаҳҷаи мардуми мо гӯишҳои форсии ҳозира ҳам бисёр ширину форам садо медиҳанд, хусусан, дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ, ғаҳру ғазаб, изҳори ҳамдардӣ кардан. Масалан, вақте ки дар мавриди бемории касе, ё фоҷиаи ба сари касе омада,шунаванд, ба қавли худи мардуми водӣ “ҷигарсӯзона” афсӯс хӯрда мегуянд: – “Оҳ аз мнее…”, ё ки: – “Э ко хап кн-та бзийем…”.
  Дар дар ҳолати зиқӣ, ба фикри чуқур фурӯ рафтан мегуянд: – “Ва овози блбл хш надорм”. Дар мавриди шахси мағруру такаббуркунанда мегӯянд: – “Хдгуми хдгриста”. Дар ҳолати баҳра бурдан аз чақ-чақи одами шӯхтабъ ё тамошои ягон ҳолати аҷиб мегуянд: – “Ай хандара ссту тамк шим”. Дар аснои қаҳру ғазаб бар сари касе мегуянд: – “Ҳозир мерам, хунша дар белки ов медозм”. Дар мавриди шахси лоғарандоме, ки иштиҳои беҳудуд дорад, ибораи “Пӯстки прбар”-ро истифода мебаранд. Дар бораи шахси бахилу ҳосид “Бахили азрақи кафянӣ” мегӯянд.
  Ёд дорам, солҳои пеш, аксаран, мӯйсафеду кампирҳо дастфишориро, “Маҳрабозанӣ” мегуфтанд. Риштаи хешутаборӣ хусусан силсилазанҷири пушт ба пушти авлодиро “зрягӣ” (аз зурёт), дашномро “хорӣ” мегуфтанд. Дар мавриде шахсе, ки чор фасли сол машаққат кашида, меҳнати зиёд мекард, масали “Фарҳод мекана ҷуни барбод”-ро истифода мебурданд. Зарбулмасали “Маракаки паст камалӣ мебаст, барзгови маст камалӣ мешкаст”-ро, ки ҷанбаи фалсафии чуқур низ дорад, зиёд истифода мебурданд.
  Аслан, лаҳчаи мардуми водӣ бою ғанӣ аст ва мо метавонем ин ҷо садҳо мисол рӯи саҳифа бикорем. Қобили зикр аст, ки гӯиши лаҳҷавии ванчӣ дар гуфтори мардуми водӣ ҳамчун ширу шакар бисёр бо як лаҳни фораму гуворо садо медиҳад, вале имрӯзҳо, мутаассифона, бисёре аз вожаҳои ҷойдорӣ аз байн рафта ва бисёре низ рӯ ба нестшавӣ доранд. Азиз Қадамов. 03.03. 2020.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.