Ага бзанам, зану аспмаш мебахшму мерам

  Да Лӯлаи Техарв гӯштин шияст. Палвонои нумии Ванҷу Язглум да гӯштин иштирок доштан. Иматпалвон – палвони нумӣ ҳзур доштаст. Пушти палвон кам змина дияст. Паловонои га ай йӯ мекебиян. Касе бай палвонора шбр меда, ки Иматпалвон ай тайи шалворш ичӣ надора, шалворша да вахти гардуногардун бкаше, то йӯ анаманаи вучкниша караст, ки мезанеш ва пушт.
  Нӯбати гӯштини Иматпалвону Мҳмадшоҳи Жовуд мегара. Баъди чанд вахти зуру зарбу гардуногардун Мҳмадшо фрсате миёваву шалвори палвона поюн мекна. Иматпалвон да ҳолати ногвор саросемаву члпчанг мегараву бай шимш ҳай мекна, ки Мҳмадшо да зминш мезана. Доварнӣ ғрамбарии Мҳмадшора ба назар нагрфта, ҳалол ҳисоб мекна. Иматпалвон ҳарчанд, ки давову тақал мекна Мҳмадшо дюмбора намегира. Палвон сахт хафаву хҷил мегара.
  Амин ҳалам да длшу як вахт Иматпалвон аспа зин мекнаву мерава, занша ай Бовуд, ки хунаи бобаш хабаргирӣ рафта бидаст, бор мекнаву сни боло ҳаракат мекна. Да Жовуд мераса занш да рӯи асп свору да як драхт мебандашу ай варишои Жовуд илтимос мекна, ки гӯштини йӯву Мҳмадшора ташкил кнан. Элон мекна: – “Мн да ҳаётм ай амин ду чиз: зану аспм қиматта надорм, ага Мҳмадшо бзанам, амин ду чзмаш мебахшму мерам бай Ғҷоваса”. Мардми Жовуднӣ Мҳмадшора маҷбур мекнану гӯштиншн медозан, чанд талош мегиран, Иматпалвон ва тахтаи пушт мезанашу лаҷми аспша мегираву раша сни хунаш давом меда. Ба лаҳҷа баргардонидаи ривояти Ҳоким Муҳаббатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.