Савлатшо Шукронаев

  shkronaevСавлатшо Шукронаев номзади илмҳои биология, дотсент, соли 1943 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1968 шӯъбаи биология ва кимиёи факултаи ҷуғрофия ва табиатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро (феълан ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев) хатм намуда, аз ҳамин сол фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиаш ба ҳайси ассистенти кафедраи зоологияи Донишгоҳ оғоз ёфт. Солҳои 1971- I 973 дар аспирантураи назди кафедраи зоологияи донишгоҳ таҳсилу таҳқиқи илмӣ бурдааст. Натиҷаи он дар рисолаи номзадии ( Савлатшо Шукронаев оиди мавзӯи “Гамбускҳои лавҳамӯйлабдори Тоҷикистон” (таҳти роҳбарии профессор А.И.Протеенко) ҷамъбаст гардидаву соли 1981 дар Шӯрои ҳимояи рисолаҳои Институти зоологияи Академияи илмҳои ҶШС Украина бомуваффақият дифоъ шудааст.
  Бояд қайд кард, ки раванди корҳои илмӣ-тадқиқотии Савлатшо Шукронаев ба 6 намуди гамбускҳои лавҳамӯйлабдори Тоҷикистон бахшида шудааст. Натиҷаи тадқиқоти тӯлонии олим дар 2 асар, беш аз 25 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ инъикос ёфтааст. Ӯ яке аз муаллифони китобҳои таълимии “Зоологияи бесутунмӯҳра” (1998), “Ҳашаротшиносии умумӣ” (1999), ки аз ҷониби чанде мутахассисон барои донишҷӯёни макотиби олӣ таълиф шудаанд, ба шумор меравад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.