Абдусатор Паҳлавонов

  Ба ёдам ҳаст, соли 2003 буд. Фавти падари бузургворамро як сол мешуд ва барои додани сари сол апаам Махфират ва амакам Абдусаттор (дар гӯиши мардуми Ванҷ Ҳавсаттор) ба Ванҷ омада буданд. Он солҳо вазъияти бинои мактаби асосии деҳа ташвишовар буд. Роҳбарияти мактабу фаъолони деҳа дар фикри бунёди мактаби нав дари чандин муассиса ва мақомотро кӯфта буданд. Нисфирӯзӣ ҳайати омӯзгорони мактаб дар хона бо амаки Абдусаттор Паҳлавонов сари дастурхон сӯҳбат оростанд ва оиди мушкилот ва вазъи мактаб сухан карданд.
  Амакам баъди чанде сукут гуфт: – “Бародарон, агар мақсади мактаб сохтанатон чиддӣ бошад, ба умеди касе нанишаста худатон корро оғоз кунед, баъд ҳукумат кӯмак хоҳад кард”. Ӯ аз саргузашташ ба ёд оварда гуфт, ки аз соли 1955 то имрӯз дар ноҳияи Куйбишев (ҳоло А,Ҷомӣ) муаллим кор мекунам. Чун солҳои 1970 ба мактаби №7 директор таъин шудам, даррав дар бораи сохтмони мактаби нав дари чандин идораҳоро кӯфта, ахиран муваффақ шудам ва мактаби нав сохта шуд.
  Баъдтар боз сарвари мактаби №12-и ноҳия шудам, боз такудав сар шуд, боз аризанависӣ, даъво ва билохира ба мақсад расида, бинои нави мактаб қомат афрохт. Хулоса, баъди ин маро ба мактаби №40 директор монданд. Мактаб, ки худ аз похсадевор иборат ва намнок буд, аввал талаб карда, соҳиби синф-вагонҳо шудем. Ариза ва дархостнависиро идома додам. Билохира, рӯзе ба мактаб котиби аввали ҳизби комунисти ноҳия омада, ба идорааш гирифта бурд. Сару садояш баланд шуд : – “Ту кай даъвоҳоятро бас мекунӣ?”. Ҷавоб додам, ки то вақте ба максад нарасам. Гуфт: – “Дар суханат меистӣ?”. Гуфтам: -“Бале!”.
  Гуфт рафтем, баромада, ба мошин шиштем ва рост ба шаҳри Душанбе ба Вазорати маориф даромадем. Вазир Додобоев буданд. Вазир як даста даъво ва дархостҳоро пешам гузошта пурсид:м – “Ин кори кӣ?, Кӣ инҳоро навиштааст?”. Ҷавоб додам, ки мардум талаб кардан ва ман онро навиштам. Боз пурсид: – “Дар гапат меистӣ, ки ту навиштаӣ?”. Гуфтам: – “Бале, дар куҷое бошам!”. Пас вазир ба пешам омада, маро сахт оғӯш карда, гуфт: – “Офарин писарам, даъвогарон бисёранд, аммо чун каме сахттар пурсидӣ, ҳама аз даъвояшон зуд мегузаранд. Ту бошӣ не, азмат қавӣ!”.
  Ҳамин тавр, ин дафъа низ муваффақ шудем. Ҳамин маслиҳати амаки Абдусаттор кор доду мардум ва омӯзгорони деҳаи мо низ бо азми қавӣ истодагарӣ карда, бинои мактаби навро бо дастгирии Мақомоти маҳалии ноҳияи Ванҷ ва Шӯъбаи маорифи ноҳия бунёд намуданд.
  Абдусаттор Паҳлавонов зодаи Баравни Водхуди Ванҷзамин буд. Дар хурдсолӣ аз падар маҳрум шуд. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳ ва маркази ноҳияи Рӯшон гирифтааст. Сипас Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хоруғро хатм кардааст. Баъд ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таъриху филологияи ДДО Душанбе ба номи Шевченко (ҳоло С.Айнӣ) супурда, онро солҳои 1953 хатм намуда, бо ҳидояти яке аз маорифчиёни маъруфи диёр Раҳимбек Юсупов, ки он вақт мудири шӯъбаи маорифи ноҳия будаанд, барои кор ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло Ҷомӣ) даъват мешавад.
  Ӯ тамоми умри пурбаракати хешро сарфи соҳаи маорифи ин гӯшаи кишвар намуда, дар инҷо то кунун номаш вирди забони хосу ом аст ва аз амаки Абдусаттор чун “фидоии касби худ” ба некӣ ёд мекунанд. Хизматҳояшро бо унвони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, ифтихорномаҳои ҳукумати ноҳия ва вилояти Қурғонтеппа, шӯъбаи маорифу вазорати маориф қадршиносӣ кардаанд. Аммо аз ҳама қадршиносии баланд эҳтирому муҳаббату самимияти мардуми ноҳияи Ҷомӣ нисбаташ мебошад.
  Ҳамсафараш дар зиндагӣ янгаи Гулнисо Паҳлавонова бригадир, собиқ депутати Шӯрои олии ҷумҳурӣ, вакили съеди 27-и ҲКИШ дар Маскав, зани ҳалиму меҳрубон будааст. Онҳо соҳиби 7 фарзанд: 5 писар ва 2 духтар буда, ҳамаашон соҳибмаълумот мебошанд. Маҳз чунин мардон бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва бунёдкорӣ обрӯи мардуми Ванҷро берун аз он бардоштаанд. Ёдат бахайру хонаи охиратат обод амаки Абдусаттор!. Давлатмир Юнусзода.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.