Абдулкарим Каримов

  karimabdlАбдулкарим Каримов соли 1927 дар деҳаи Баравни деҳшӯрои Водхуди волости Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъди гирифтани маълумоти умумии ҳамагонӣ дар мактаб-интернати ш.Хоруғ, дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории пойтахт ба номи Т.Г.Шевченко (шӯъбаи забону адабиёти тоҷик), таҳсил намуд. Фаъолияти касбии омузгориаш чунин ҷараён гирифтааст: солҳои 1951-1954 муаллими мактаби миёнаи ба номи Ленини ноҳияи Ванҷ, 1954-1955 директори мактаби миёнаи ба номи Станиславский, 1955-1956 ҷонишини директори мактаби миёнаи ба номи Ленин, 1956-1959 муаллими мактаби номбурда, 1959-1968 директори мактаи миёнаи ба номи Стаханов, 1968-1993 муаллими мактаби номбурда ва солҳои 1993-1994 директории совхози ба номи Ёр Шомаҳмадовро ба ӯҳда дошт. А.Каримов яке аз аввалин соҳибмаълумотони дараҷаи баланди касби омӯзгории ноҳияи Ванҷ ҳисоб меёбад. Хизмати фаъолу намунавии эшонро ба назар гирифта, бо ордени “Нишони фахрӣ” ва чандин ифтихорномаҳои сатҳи иттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ қадр шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

1 Назар

  1. ОЗОДАМАРД.
    Аз солҳои 60 то 90-уми асри 20-ро давраи пешравии босуръати соҳаи маориф дар Ванҷ метавон ном бурд ва бо он ифтихор кард.Чаро,ки дар ин солҳо қариб тамоми макотиби ноҳия бо кадрҳои дорои маълумоти олии омӯзгорӣ ва педагогҳои асилу сарсупурдаи касби хеш таъмин шуда буданд.Ва яке аз чунин мактабҳое,ки бо мутахассисони варзида ва ҷонфидои касби омӯзгорӣ таъмин шуда,мактаби миёнаи рақами 6 деҳаи Вравзи ҷамоати Водхуд ва ягона муассисаи миёна дар ҳудуди ҷамоат буд,мансуб меёфт.Падарам .ки зиёда аз даҳ сол ба ин мактаб сарварӣ карда буду қариб понздаҳ соли дигар ҷонишини қисми таълимӣ буданд,бисёр дар бораи омӯзгорон нақлҳои ҷолибе мекарданд.Ӯ нақл намуд,ки озими идораи муаллимон шудам ва садои хандаи устод Абдулкарим Каримовро шунидам,ки дафтарҳои иншои хонандагонро тафтиш мекарданд.Чун чашмаш ба ман афтод гуфт:-Юнус инҷо биёю гӯш кун ва муаллим шеъри навиштаи талабаи синфи 8-ум,ки дар мавзӯи: “Қадри нон” иншои озод навиштааст,Саратон Маҳмудова ҳамсинфи моро қироат кардааст:
    Нон бувад чун ҷони одамеее,
    Қуввату дармони одамеее,
    Зеби дастурхони одамеее ,
    Ҳурмати меҳмони одамеее.
    Мепарастам нони гандумеее,
    Хӯшаҳои дони гандум!
    Бубин талаба чӣ хел бо шавқ, тавре,ки ҳофиз замзама кардааст,навиштааст. Рӯзи дигар устод иншоҳоро таҳлил намуда бо эҳсоси баланд навиштани иншоро аз ҷонибии ҳамсинфамон Саратон махсусан зикр карданд.Ҳамин таъкидҳо ва дилбардориҳои устод буд,ки Саратонро дар дилаш меҳри омӯзгорӣ бедор гашт ва донишгоҳи омӯзгориро хатм карда яке аз омӯзгорони пешқадам ва шогирди сазовор шуд.Устод Абдулкарим Каримов яке аз аввалин омӯзгорони соҳибмаълумот,яъне дорои маълумоти олии соҳаи омӯзгории ноҳия мансуб меёфтанд.Банда то он,ки ҳастам аз он ифтихормандам,ки дарси забону адабиёти тоҷикро аз ин шахсияти бо маънои томаш “Омӯзгор” гирифтаам.Устод шахсияте буданд,ки манфиати умумӣ ва манфиати ҷомеаро аз манфиати шахсияш доимо боло мегузоштанд ва дар ин кор намунаи ибрати ҳамкорон ва шогирдон буданд.Ёдам меояд чун дар деҳа маркази саломатӣ набуд.Хоҳарам Рафоқат омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда ба деҳа омаду масъалаи кадри тиббӣ ҳал шуд.Масъалаи сохтмони бино пеш омад.Сардухтури ноҳия Раҳмон Раҷабов ба падарам гуфтанд, мо метавонем бинои маркази тиббиро дар боғи сари роҳ ,ки дар пеши хонаат аст созем.Падарам дар ҷавоб гуфтанд,ки не ин боғи ман нест,балки аз акаи Абдулкарим аст, аз ӯ пурсед.Рафта аз устод пурсиданд ва ӯ гуфтааст,ки марказ барои аҳли деҳа аст, дар куҷои боғ,ки хоҳед созед.Чунин ҳам шуд.Хушбахтам,ки бо устод ҳамкор ҳам будаам,чун омӯзгорони забону адабиёти мактаб ба курс ё кори дигар мерафтанд,ӯро даъват мекарданд то ба кӯдакон дарс гӯяд.Кӯдакон ба ӯ тез унс гирифта дарсҳояшро бо завқ мехонданд.Устод зодаи деҳаи Баравн буда,маълумоти ибтидоиро дар мактаби деҳа гирифта,маълумоти 7-соларо дар деҳаи Вравз соҳиб гашта мактаби миёнаро дар маркази ноҳияи Рӯшон гирифтааст.Баъди хатми мактаб ба факултаи таъриху филологияи Институти педагогии Душанбе ба номи Шевченко(ҳоло ДДОД ба номи С.Айнӣ)дохил шула ӯро бо ихтисоси омӯзгори забону адабиёти тоҷик хатм карда,яке аз нахустин зодагони Ванҷ аст,ки соҳиби маълумоти олии омӯзгориро гирифтааст.Пас ба Ванҷ омада солҳо дар яке аз мактабҳои калони ноҳия ,мактаби деҳаи Техарв директор таъин мешавад.Сипас омӯзгор дар мактаби маркази ноҳия кор мекунад.Солҳои 1964-1970 директори мактаби миёнаи рақами 6-и деҳаи Вравз будааст.Аз соли 1970 то ба нафақа баромадан,яъне соли 1988 ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи рақами 6 ифои вазифа намудааст.Муаллим дар коллективи омӯзгорон аз эҳтироми хосае бархурдор буд.Доимо дар иҳотаи ҳамкорон ва шогирдон қарор дошт.Устод яке аз беҳтарин омӯзгорони фанни забону адабиёти тоҷики вилояту ҷумҳурӣ буданд.Хизматҳояшдар ин соҳа бо ордену медалҳои Нишони фахрӣ ,Ветерани меҳнат,унвони Аълочии маорифи халқ,ду бор роҳхат ба сайри Маскав,ба Анҷумани омӯзгорони Шӯравӣ,ифтихорномаҳои шӯъбаи маориф,райёсати маорифи ВМКБ ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудааст.Солҳои1 993-1994 дар вазифаи раиси колзози ба номи “Ёр Шомаҳмад” кор кардааст.Дар акс(1) устод Абдулкарим бо ҳамкорон Шодмон Ширинбеков ва Шариф Баҳромов,2)Устод дар сафи коллективи омӯзгорони мактаб.Ёдат бахайр ва хонаи охиратат обод устод!
    Муаллиф:Давлатмир Давлатов.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.