Ӯлавкашӣ

  UlavkashiМуносибатҳои тиҷоратӣ дар Ванҷ асосан пас аз пошхӯрии Ҳокимияти Шӯравӣ ташаккул ёфтанд. Дар замони шӯравӣ ҳамаи ашколи моликият давлатӣ буд ва мардум дар кори давлатӣ касби маош менамуд. Мубодилаи молу фурӯшу харид дар миёни мардум ҳам роиҷ набуд.
  Муносибатҳои тиҷоратӣ умуман дар асоси истеҳсолот ташкил меёбанд. Дар замони пеш аз шӯравӣ дар Ванҷ истеҳсолоти кишоварзӣ ва ба андозае саноатӣ вуҷуду тараққӣ дошт. Хонаводаҳо анвои ғаладона монанди ҷаву гандуму нахӯду боқило кошта, зида аз ниёз ҳосил мегирифтанд ва онро бо дигар маводи зарурӣ иваз мекарданд.
  Истеҳсол ва коркарди оҳан дар заминаи конҳои он дар Ванҷ аз қадим вуҷуд дошта, маснуоти оҳании мавриди ниёз сохта мешуданд. Сифати оҳан ва маснуоти сохтаи устоҳои ванҷӣ аз дигар манотиқ беҳтар буд. Ба навиштаи академик Пирумшоев “Ванҷ мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ ва Помирро қариб дар тамоми давраҳои асримиёнагӣ, то чоряки якуми асри XX аз оҳан таъмин мекард. Оҳани Ванҷро то қаламрави Қӯқанду Қошғар мебурданд”. Пажӯҳишгари рус Б. Громбчевкий навиштааст, ки оҳани Ванҷ дар Осиёи Миёна ва берун аз он шӯҳат дорад.
  Дар Ванҷ бар зами номбурдаҳои фавқ истеҳсол ва коркарди чарм, карбосбофӣ, бандбофӣ, сохтани маснуоти гуногуни чӯбӣ ривоҷ дошт. Устоҳои чармгар худ чармро истеҳсол карда, аз он ағлабан пояфзол ва дигар маснуоти чармӣ медӯхтанд. Дар сохтани маснуоти чӯбӣ мисли табақу қошуқ, гаҳвора ва соири ашёи ороишию маводи сохтмонӣ устоҳои ванҷӣ маҳорат ва дар минтақа шӯҳрат доштанд.
  Дар Ванҷ истеҳсолот барои ниёзи худӣ ва аз он беш барои бадал кардан бо дигар ашёи зарурӣ ба роҳ монда шуда буд. Хариду фурӯш ва мубодилаи пулӣ набуд. Мардуми мулкҳои ҳамсоя низ маҳсулоти хешро ба Ванҷ оварда, бо маснуоти маҳаллӣ бадал мекарданд. Истеҳсоли матоъ (асосан карбосӣ), ҷӯраб, чоруқ дар Ванҷ мавҷуд буд, вале дар мулкҳои ҳамсоя Язгулому Шуғнону Дарвоз сифати он беҳтару истеҳсолаш бештар буд. Ванҷиё ин намуди маснуотро бештар дар ивази маҳсулот аз онон ва намакро аз Вахё ба даст меоварданд.
  Маҳсулотро ба Ванҷ ба қадре барои бадал меоварданд, аммо барои овардани захираи бештару маҳсулоту маснуоти беҳтар аҳли деҳот ба мулкҳои дуртар Дарвозу Қаротегин ва ҳатто ба Қӯқанду Фарғона бор мебурдаанд. Маҳсулотро ҷамъ оварда, марду ҷавонмардони солиму тануманд дар аспу харон бор карда, ба он ҷоҳо мебурдаанд, ки онро “ӯлавкашӣ” меномиданд. Ба Дарвозу баъзан ба Қаротегин асосан ғалладона ва маснуоти оҳанӣ монанди табару теша, досу аррадос, каланду каноҷ, ошбуру миқрозро бурда, ба газвору намаку ҷомаю тоқӣ бадал менамуданд. Дарвозиҳо худ намакро аз Вахё дастрас мекарданд. Намакро дар мавсими тобистон тавассути ағбаҳо аз Вахё ба Ванҷ низ ба миқдоре меоварданд.
  Ба Қӯқанду Фарғона асосан масуноти оҳанӣ ва ағлабан оҳани холисро мебурданд, ки оҳани Ванҷ дар он ҷо маъруф ва серхаридор буд. Аз он устоҳои шаҳрӣ маснуоти муҳиму зарурӣ, мисли шамшеру ханҷар месохтанд. Дар бадали оҳан аз он шаҳрҳо либосу пояфзол, маснуоти саноатӣ, китоб ва қанд меоварданд. Ӯлавкашӣ ба масофаҳои дур душвору хатарнок буд.
  Бобои Давлат (писари Одина аз деҳаи Мдехарв, Худованд эшонро биёмурзад) дар чанд ӯлавкашӣ иштирок намуда буд ва нақл мекард, ки хару аспонро бор карда, тӯшаву пӯша гирифта, ба роҳ меборомаданд, аз пайраҳаҳои кӯҳию оврингҳои хатарнок бо душворӣ мегузаштанд. Баъзан, хар ё аспе бо бораш ба ҷар сарозер шуда, ба қаъри дара ё ба дарё меафтоданд. Ҳатто талафоти инсонӣ рух медод. Ба ҷуз ин дар роҳ роҳазнон ба эшон ҳамла оварда, ғораташон мекарданд.
  Ба заҳмате борро бурда, ба манзил мерасонданд ва ранҷу хавфе дар роҳи баргашт доштанд. Ба корвонашон дар роҳ роҳзану ғоратгарон ҳамла оварда, молу ҳайвонашонро мерабуданд ва ҳангоми даргирӣ яке ё чандеро захм задаву ҳатто касеро ҳам мекуштанд. Бобои Давлат нақл мекард, ки ба корвони онҳо низ чанд бор ҳамлавар шуда буданд. Ӯлавкашиҳо ба Қӯқанду Фарғона хеле хатранок буданд ва аз убур аз Қаротегин хавф мебурданд. Роҳзанон дар ин минтақа зиёду бераҳм буданд. Дар охирҳои умраш поҳояш аз кор монда буд ва ӯ сабаби онро ағбагардиҳо бо пояфзоли тунук медонист ва қисса мекард, ки боре бо корвони бор аз Қӯқанд бармегаштанд. Аз камингирӣ ва интизории роҳзанон дар мавзее аз Қаротегин огаҳ шуда, онҳо корвонро бероҳа тавассути ағбае гардонида, як шабонарӯз дар барфу сардӣ мемонанд ва пойҳояшро сармо зада буд ва иллати фалаҷи пойҳояшро дар пирӣ ҳамон сармозанӣ медонист.
  Хешу ақрабо дар интизорӣ ғам мехӯрданд ва ҳангоми бозгашт мардуми деҳаҳои роҳ ба пешвозашон мебаромаданд, чизеашон ҳамчун табаррукӣ медоданд. Аҳли деҳу пайвандон суруру шодӣ мекарданд, зиёфату маърака меоростанд ва ҳамдеҳагону ҳамсоядеҳагон барои қандчоёнӯшию савғогирӣ меомаданд… Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.