Ҷиноят ва ҷазо

Қиссаи таърихӣ

  Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ бахусус миёнаҳои солҳои 30-юм ва 40-уми асрии Х1Х басо мураккаб гардида буд ва ин мурраккабиҳо натиҷаҳои кашмакашиҳои хонигарии Қӯқанд ва амири Бухоро буданд, ки баҳри бузургманишӣ дар минтақа борҳо бо ҳам задухӯрд намуда, иқтисодиёти чи хонигариии Қӯқанд ва чи Аморати Бухороро то андозае коста ва беқувват намуда, боиси марказгурезии бисёр вилоятҳои минтақа гардида буданд.
  Яке азчунин вилоятҳое, ки худро то андозае озод ҳис намуда, ба Аморати Бухоро ва Хонигарии Қӯқанд итоат накарда, худро ҳокимияти мустаъқил эълом намуда буд, ин шоҳигарӣ ё худ вилояти Дарвози онвақта буд.
  Шоҳони Дарвоз аслан аз замонҳои қадим мустаъқилияти худро нигоҳ дошта,чун кишвари мустаъқил баромад мекарданд ва кашмакашиҳои 200 соли охири минтақа байни хонигариҳои Хоразм, аморати Бухоро ва охирон хони Қӯқанд ин мустаъқилии онҳоро бар асари бесарусомониҳои ин давлатҳои нисбатан калонтари Осиёи Вусто хело ва хело ҳам дароз мекард. Дар ибтидои асри Х1Х шоҳигарии Дарвоз чун давлати мустақил бо ҳамсоякишварҳои гирду атроф аллакай доду гирифти хуби дипломатӣ дошт. Дар қаламрави худ бошад шоҳони Дарвоз барои мустаҳкамии давлат чораҳои аввалиндараҷаро аз истифодаи қонунҳои нонавиштаи қадима то анъанаҳои зиёди бобоӣ ҷорӣ  намуда, онҳоро бо қонунҳои шариати исломӣ пайваст месохтанд. Шоҳи Дарвоз баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар қаламрави хеш, ҷорӣ намудани мароми осудагии мардум чораҳои мушаххас меандешид. Яке аз ҷиноятҳои вазнин ин дуздиии молу амволи мардум маҳсуб меёфт ва ҳукуматдорони Дарвоз ба он диққати хоса медоданд.Зеро ҷамъ овардани молу амвол дар шароити онвақтаи сангину вазнини  кӯҳистони камзамин, ки техника вуҷуд надошту таҷрибаи аграрӣ паст буд, бо меҳнати зиёд ба даст оварда мешуд.
  Даст задану тороҷи молу мулки мардум боиси норозигии сахти оммаи халқ шуда метавонист. Аз ин рӯ шоҳони Дарвоз ба ин масъала доиман диққати махсус медоданд. Зимистони соли 1838 аз дигар зимистонхо сербарфтар омад. Сармои қаҳратун водиро аллакай дар охири тирамоҳ фаро гирифт.Дар бархе аз мавзеъҳои амлокдориҳои баландкӯҳ одатан барф зиёд борида, сардӣ ва сармои қаҳратун бо тамоми ҷузъиёташ барвақтар фаро мерасид.
  Мардуми деҳаи баландкӯҳи Чорсӯ ин зимистонро эҳтиёткорона пушти сар мекарданд, зеро, ки ин деҳа дар як дараи тангу чуқури сербарф ва дур аз дигар деҳаҳо ҷойгир буд. Боре қарибиҳои зимистон волии амлокдории Вахиёи боло, аниқтараш Сангвор Қори Намози Себакӣ улав (корвони андозро иборат аз 60 аспу хачири пурбор) бо ҳадяҳои ҳарсола ба маркази шоҳигарии Дарвоз, шаҳраки Қалъаи Хумб равона намуд.
  Корвонро андозчини амлокдори Юсуфи Зард роҳбаладӣ карда, ғайр аз ноибаш, ҳайати корвониён бештар аз 15 нафар хизматгору ёрдамчӣ дошт. Аз ҷумла Хурсаншоҳи Зуваӣ ва Ҷумъа Човандоз, ки дар амлокдорӣ бекор гашта, корашон мардумозорӣ буд ба ҳайси ёрдамчӣ таъин гашта буданд. Гарчанде, ки онҳо саркашӣ намоянд ҳам, ин ду ҷавони 25 солаи чорпаҳлӯ ҷуз розӣ шудан чорае надоштанд, зеро хислати тунди волии амлокдори Қорӣ Намози Себакиро хуб медонистанд. Нағз дар хотир доштанд, ки 4 сол муқаддам онҳо аз пиряхи калони сарҳади амлокдорӣ (бешак ин пирях фикр мекунам, ки ҳамон пиряхе аст, ки баъдтар номи Федченкро гирифтааст – муаллиф)  ӯболотар гузашта, ба мавзеъи Ванҷи Боло дохил гашта, аз онҷо сад сар бузу гӯсфанди мардуми ин маконро дуздида, ба бозори Тавилдара барои фурӯш бурда буданд. Танҳо номаи доди мардуми Ванҷи Боло ба шоҳи Дарвоз имконият дод, ки сари вақт дар бозори амлокдории Тавилдара бузу гӯсфанди дузидаро ҷамъ оварда, ба мардум баргардонанд. Ҳамон вақт шоҳ ҳукми эъдоми онҳоро бароварда, барои ба дор кашидани онҳо иҷозат дода буд ва чӯбҳои махсуси доркаширо низ аз мавзеъи Дорчӯби болои деҳаи Қалъаи Ҳусайни амлокдории Сағирдашт оварда буданд (ин мавзеъ то ҳол бо номи «Дорчӯб» машҳур аст – муаллиф). Танҳо дархосту хоҳиши зиёди мардуми Ванҷ ба номи шоҳи Дарвоз, ки гӯштингирии ин ду ҷавони паҳлавонҷусса онҳоро дар базми наврӯзие ба ҳайрат оварда буд (маълум мешавад, ки замонҳои пеш на танҳо паҳлавонони қалъаихумбӣ, балки паҳлавонони вахёчӣ низ дар базму тарабу гӯштингирӣ дар водии Ванҷ иштирок мекардаанд – муаллиф), аз тарафи шоҳ бо нишони эҳтиром ба назар гирифта шуда, онҳо бо задании сад чӯб халос хӯрда буданд. Чун мардуми оринажду поки мавзеъи Ванҷ аз қадим ба паҳлавонию доди майдондорӣ одати аҷдодӣ доштанд фикр мекунам, ки ин одат ва ҳамчунин нигоҳи гарму меҳрубононаи тоҷикию фалсафаи  баланди ҷавонмардии айёрони хуросонӣ  онҳоро бефарқ гузошта наметавонист, ки ду тоҷикписаре, бигузор ҷиноят ҳам карда бошанд ҷоми шаҳодатро ба вақти ҷавонӣ нӯш кунанд. Ҳамон вақт буд,ки баъди ин бахшиши шоҳ шеъргунае байни мардуми шоҳигарӣ машҳур гашта буд: «Мӯҳри шоҳи Дарвозам, сад ҷавонро нигаҳбон шав!»
  Чун онҳо ҷавон ва ҷавонпаҳлавон буданд, баъди ду-се моҳ пурра сиҳат ёфта ,боз дар водии Вахё дур аз чашми шоҳи Дарвоз ба бедодгарӣ ва мардумозорӣ машғул гаштанд. Баъди чанде дар наздикии ағбаи баланде корвониён хаста шуда, дам гирифтанд. Хурсаншоҳи Зуваӣ ва Ҷумъаи Човандоз дуру дароз истода, банг кашиданд ва дар хусуси бори корвон ва тозиёнаи аз шоҳи Дарвоз 4 сол пеш бар асари дуздии чорпоёни мардуми Ванҷи Боло хӯрдаашон ёдоварӣ карданд ва қарор доданд, ки аспҳои ба онҳо вобастакардашударо бо борҳояшон дуздида мебаранд .
  Баъди чанде дар танаи роҳи морпечи кӯҳӣ онҳо чашми Юсуфи Зарди корвонбоширо хато карда, бо чорпоёни пурбор ба қафо гаштанд , чанде пас торикии шаб ҳама ҷоро фаро гирифт. Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезӣ намудаашон онҳо ба айлоқи болои деҳаи Зувай ,ки дар болои кӯҳ, байни ҷангалзори дарахтони анбӯҳ ҷой гирифта буд, омада  қарор гирифтанд. Шабро дар яке аз хоначаҳои айлоқ рӯз карданд, рӯзона хостанд ба маркази амлокдорӣ раҳсипор шаванд, лекин аз кирдори содирнамудаашон тарсиданд. Чор халатаи пурбори хӯрока то баҳор ба онхо мерасид. Маслиҳат намуданд ки зимистонро дар ин айлоқ гузаронида, баҳорон бо об шудани барфҳо ба тарафи хонигарии Қӯқанд ва ё тарафҳои Аморати Бухоро ва ё ҳеҷ набошад ба Бадахшони Чин гурехта мераванд. Баъди чанде корвони андозсупорандагони амлокдории Вахиёи Боло ба маркази шохигарӣ, шахраки Калъаи Хумб омада расид.
  Шоҳи Дарвоз корвонбошӣ Юсуфи Зардро дар лаби ҳавзи Гулзори Ирами қасри худ кабул намуд. Шоҳ, ки дар тахти булӯрини чортарктарошидашудаи зебои сангини қадима ва ба гуфте, тахти искандарӣ бо кару фар нишаста, ба ҳаракати ширмоҳӣ ва гулмоҳиҳои ҳавз ва гулҳои зебои обӣ ва себи зимистона, ки донаҳои суп-сурху калони он ягон-ягон ба даруни ин ҳавзи нилобӣ меафтиданд бо мароқ дар ин тангнои тирамоҳӣ назар меафканд, номаи волии амлокдории Сангвор Қорӣ Намозро қабул намуда, ба он чашм давонд. Бо амри шоҳ андозчини вилоят Кӯри Файз ба шуморидани андози оварда сар кард. Ду асп бо бораш намерасид!
  Юсуфи Зарди аз гурехтани  Хурсаншоҳи Зуваи ва Ҷумъаи Човандоз бехабар рангаш сап-сафед канд. Ба зудӣ санҷиш гузаронида фаҳмид, ки онҳо нестанд. Дашному ҳакоратҳои болохонадораш ба сари ноибу хизматгоронаш, ки ин ду шахси авбошпешаро аз чашмҳо дур нигоҳ дошта буданд, андоза надошт. Айби худро, ки аз хастагӣ дар роҳи дуру дарозу мушкилгузар ғанаб карда буд, ҳис мекард. Ӯ зону зада пеши шоҳ имдод талиб ва узр пурсид, ки ду корвонии саркаш ду сар аспро бо борашон дуздӣ бурдаанд ва онхо ғофил мондаанд.
  Шоҳ хомӯшона ба қозикалон ва муфтӣ нигоҳ намуда, ба онҳо амр дод, ки ба Юсуфи Зард ва волии Вахёи Боло гувоҳнома дар хусусии камбудии андоз ва ӯҳдадоринома барои соли оянда овардани 4 аспи пурбор ба ҷои 2 аспи пурбори гумшуда диҳанд. Ҳамчунон ба волии амлокдори амр ирсол кард, ки чинояткорони саркаш дастгир ва ба зиндони шоҳӣ ба Калъаи Хумб оварда шаванд. Баъди чанде корвон пас гашта ,ба амлокдори рафта расид. Юсуфи Зард оиди ҳодисаи рухдода, дуздии аспу борҳо аз ҷониби Хурсанду Ҷумъа, хира гаштани табъи шоҳи «олам» аз ин аъмол ва дастури ӯро оиди дошта ба пойтахт бурдани ин ду шахси шаттоҳи ҷиноятпеша расонид. Қори Намози Себакӣ, ки нав ба вазифаи волии амлокдорӣ таъин гашта буд ва ва ба қавле вазифаашро аз ҷонаш низ зиёдтар дӯст медошт, аз чунин ранг гирифтани кор ва ноҷавонмардии ин ду шахси хиёнатпеша сахт ба хашм омад. Ба зуди миршаб, қозӣ ва дигар вазифадорони амлокдориро ҷамъ намуда , фармони кофтуков ва дастгиркунии Хурсанду Ҷумъаро дод. Кофтуковҳо натиҷае набахшиданд. Чун зимистон фаро расида буду ҳам ҷоро барф пахш карда буд, ёфтани онхо дар ин дараи танги кӯҳистони сарбаланд амри маҳоле буд.Ҷумъа ва Хурсанд бошанд дар ин айлоқи кӯҳӣ   аллакай зиндагиро сар карданд. Чун зимистон ниҳоят сахт омад, онҳо ба танг омада боре шабона пинҳонӣ ба деҳаи Чорсӯ рафтанд. Аз хонаи Маҳмуди Қодир, ҷавони серфарзанд ягона намад, аз хонаи бевазан Сафина обҷӯшу чойнаку пиёла, кӯрпаю кӯрпачаашро дуздида бурданд. Бори дигар бузи момои Садаф ва халтаи орди деҳқони ниҳоят қашшоқ Гадои Яқинро дуздида бурданд. Ба қавле то баҳор бе меҳнат роҳат карда, дар хоначаи айлоқӣ истироҳат карда гаштанд. Натиҷаи амали дуздии онхо буд, ки Маҳмуди Қодирро, ки аз ягона намади хонааш маҳрум монда буд, се писари кӯчакаш дар болои пахол хоб рафта , аз хунукӣ то баҳор нарасида фавтиданд. Ба хонаи бевазан Сафина низ бадбахтӣ оварданд ва ягона писари бемораш, ки аз кӯрпаю кӯрпача бенасиб монда буд, аз хунукии зиёд ба шаҳодат расид.
  Кӯдакони деҳқони камбағал Гадои Яқин то баҳор аз бехӯрокӣ дар азоб буданд ва  набераҳои момои Садаф то баҳор аз нарасидани ягона сарчашмаи шир , набудани буз хело азоб кашиданд. Мардум аз нохост руй додани чунин дуздиҳои пайдарпай ба таҳлука омада, ба амлокдорӣ хабар расониданд. Қори Намоз ба миршаб амр дод, ки таъҷилан ба кор сар кунад. Баъди чанде нишонаҳои пайи дар барфи сапеди кӯҳистон боқимонда миршаб Шамсиддини Арғанкӯлӣ  ва ёваронаш Минҳоҷи Пунарвоғӣ ва Шашаи Лоҷургиро рост ба айлоки кӯҳии болои деҳаи Зувай овард. Аввалҳои расидани баҳор буд, лекин айлоқ пурбарф буд. Аз мўрии хонаи айлоқ дуд мебаромад Ҷумъа ва Хурсанд роҳат карда, болои кӯрпачаҳо дароз  кашида, сӯҳбат доштанд ва нақшаи убури сарҳади қаламрави Дарвоз ва ба Бухоро ва ё Қуқанд рафтанро муҳокима мекарданд ва чи тавр ба хона зада даромадани миршаби амлокдори Шамсидину ёронашро нафаҳмида монданд. Ҳамин қадарро донистанд, ки онхоро бандпеч карда тозиёна занонда , ба назди волии амлдокдорӣ Қори Намози Себакӣ ҳозир  намуданд. Қори Намоз, ки чанд моҳи охир аз ёфт нашудани онҳо ва иҷро нашудани супоришӣ алоҳазрат, шоҳи Дарвоз сахт мушаввашхотир буд, аз’ин бозёфтҳои ногаҳонӣ сахт хурсанд шуд.
  Онҳоро баъди чанде ба шаҳраки Қалъаи Хумб ба назди шоҳи Дарвоз фиристод. Ҳардуро зуд ба зиндон андохтанд. Бо амри шоҳ қозӣ, муфтӣ ва миршабҳо ба таҳқиқи кори онҳо пардохтанд. Мардуми азияткашида ва ҷабрдидаи дехаи Чорсӯро еғ зада, арзу доди онҳоро оиди  дуздиҳою натиҷаи аъмоли онҳо бо пуррагӣ шунида, навишта гирифтанд. Шоҳро на дуздии амволи андоз, балки натиҷаи дуздии амволи халқи камбағал дар шароити вазнини зимистон, боиси ҳалокати се тифли маъсум, ҳалокати писари бевазан ва ранҷу азоби зиёди халқи ҷафокаш гашта буд сахт ба ҳаяҷону риққат оварда буд.
  Рӯзи дигар дар Регистон (регзори соҳили Панҷ) маросими иҷрои ҳукм, ҷазои таъиншудаи амали ҷинояткоронаи Хурсандшоҳ ва Ҷумъа доир гардид. Ҷорчиён аз субҳи барвақт мардуми деҳаҳои гирду пешро ба ин маърака даъават мекарданд. Баъди чанде мардумии зиёде ҷамъ гашт. Қозикалон дар хусуси ҳаққи мардум нахӯрдан, риояи одобу ахлоқ, шариат баромад намуда, ҳодисаи аъмоли Хурсанд ва Ҷумъаро хонда дод. Ҳукмро шоҳ баровард: ҷазо якто- ҳукми қатл!
  Мардуми ҳангоматалаб ҳамоно интизор буданд, ки ҳукми қатл бо кадом роҳ иҷро мешавад, роҳи осонаш, ин тариқи ба доровезӣ ва шамшерзанӣ буд. Шоҳ ба муфтӣ чашм дӯхта, фатвои ӯро дар хусуси вазнинии ҷиноят ва тарзи иҷроиши он  пурсон шуд.
  Муфтӣ эълом дошт, танҳо доғ кардан! Шоҳ ва қозӣ ба ин фатво қаноатмандона розӣ шуданд. Баъди чанде Хурсанд ва Ҷумъаро кашон-кашон ба Регистон оварданд. Устои қавиҳайкали сартарош даррав сари онхоро покиза тарошида маҳс карда, обгардон намуд.
  Баъдан гирдогирди сари онҳоро бо хамир гирд печониданд то рaвған пош нахӯрад. Ҷавонони қавихайкали зиндонбон дасту пойи онҳоро маҳкам баста, зону зада, шинонда ҳардуро паҳлӯи ҳам шинониданд. Ҷаллод саросема нашуда, равғанро дар деги қӯқандӣ то ҷӯшиданаш гарм намуд. Баъдан бо косаи дастадарози махсуси мисин равғани ҷӯшидаистодаро аз дег гирифта, ба онҳо наздик шуда, бо навбат гоҳ ба сари ину гоҳ ба сари он равғани ҷӯшонро мерехт. Равған дар сарҳои тоза тарошидащуда ва маҳсгашта зуд пош хӯрда, ҷаззасткунон месӯхт. Аз зарбаи сӯзишу дард, ки таъсири он то ба мағзи сар рафта мерасид  Ҷумъа ва Хурсанд чун мор дар худ печида, худро ба замин заданӣ мешуданд. Доду валвалаи онҳо гӯё то камари кӯҳи Зартеғ рафта мерасид. Дили одамон аз ин манзараи дахшатбор меларзид ва хоҳ нохоҳ, дар худ ҳиссиёти ҷиноят накардану ҳаққи мардумро нахўрдан пайдо мегашт. Ҳиссиёти тарс аз қонун худ аз худ дар рӯҳияи халқи аввом пайдо мешуд.
  Меҳмони шоҳи Дарвоз, капитани қушунҳои пиёданизоми инглис Ҷон Франк, ки тариқи Кобул аз Ҳинд бо роҳбаладии чанд кобулӣ ба аёдати шоҳи Дарвоз омада буд, дар ин мурофиаи ҷиноии шоҳи Дарвоз ширкат дошт. Ӯ аввалан сахт ҳайратзада буд, лекин чун ба ӯ оиди аъмоли ин ҷавонон ва як бор бахшидани онҳо аз ҷониби шоҳ дар асоси муроҷиати мардуми Ванҷи Боло ва аз натиҷаи аъмоли дуюми дуздияшон ба ҳалокат расидани се тифли масъум ва як ҷавони номурод тарҷумон қисса кард, ором гашт, гӯё чизе рух надода бошад чеҳраи ин ин капитани аҷнабӣ кушода гашта, онро мантиқан тибқи қонунҳои шоҳи Дарвоз дар ин тангнои кӯҳистон дуруст шуморид!
  Амалиёти мазкур чандин даққикаҳо давом  намуда, баъди бардору зану ҷонканиҳои зиёд ҳарду ҷинояткор ҷонро ба ҷонофарин таслим намуданд. Баъди хомӯш шудани доду фарёди онҳо дарёи Панҷ гӯё чизе нашуда бошад, боз бо ҳамон навои садсолаҳои хондаи худ ба пеш, фақат ба пеш ҳаракат мекард.
Варқаи Зайниддин (узви Иттифоқи Журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоту фарҳанги ҶТ. Шаҳри Бохтар.14.04.2018.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.