Ҷаъфар Қосимов

  qosimjafҶаъфар Қосимов 15 июни соли 1910 дар миразории Водхуди амлокдории Ванҷ, бекигарии Дарвоз чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳангоми тифлӣ аз падару модар ятим монда, дар тарбияи амакаш буд. Саводи нахустинро дар назди муллою китобхонони деҳаи Баравн омӯхта, дар синни 15-солагӣ ӯ ҳамроҳи Одинабек (падари ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Шумкор Одинабеков) бо мақсади мардикори озими Фарғона шуданд. Дар он ҷо аллакай мактабҳои Шӯравӣ амал мекарданд. Дар баробари шимосоӣ пайдо кардан, то рафт бештар орзуи хондану саводи кофӣ гирифтан дар дили Ҷаъфари ҷавон аланга мегирифт. Ҳамин шавқи донишандӯзӣ Ҷаъфарро ба даргоҳи Дорулмуаллимини Тошкент бурд. Вақт тез мегузашт. Инак соли 1935 мӯҳлати таҳсил ҳам поён ёфт. Мутахассиси ҷавон бо роҳхати ин муассисаи таълимӣ, ки дар асоси дархости Вазорати маориф мувофиқа мекард, ба вилояти Ғарм фиристода шуд. Дар деҳаи Қалъанаки Ғарм фаъолияти омӯзгории Ҷаъфар Қосимов оғоз ёфт.Соли 1937 Ҷаъфар Қосимов ба деҳаи дурдасти Работаки Дарвоз, ки муаллим надошт, фиристода шуд. То соли 1939 ӯ дар инҷо саводу нури маърифат мекишт.
  Соли 1939 Ҷ.Қосимов имконият пайдо кард, ки ба диёри азизаш – Ванҷ баргардад. Ӯро ба деҳаи калонтарини ноҳия – ба Техарв ба вазифаи мудирии мактаб фиристоданд. Соли 1942 дар давраи мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба зиммаи ӯ вазифаи масъули мудирии Шӯъбаи маориф гузошта шуд. Дар ин солҳо табиист, ки сафи омӯзгорон хеле коста гашт. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҷараёну сифати таълим на суст, нашуд, балки фаъолтар гардид.
  Солҳои баъдиҷангӣ ӯ мудири мактаби 7-солаи ба номи Шоҳини деҳаи Вравзи деҳшӯрои Водхуд таъин гардид. Аз сифати кор ва ташаббуси сарвари мактаб ҳамин далел шаҳодат медиҳад, ки беҳтарин шогирдони ӯ Шокарим Каримов, Абдулкарим Каримов, Маҳмадамир Давлатов (шодравон), Ф.Давлатов, Юнус Давлатов (шодравон) ва чанде дигарон маҳз бо тарғиби ӯ касби омӯзгориро интихоб намуда, даҳсолаҳо ба ин касб содиқу садҳо шогирдон тарбия намудаанд, ки худ соҳибмаълумоту соҳибравияанд.
  Ҷ.Қосимов солҳои 60-ум дар мактаби 7-солаи ба номи Пушкин (феълан мактаби асосии рақами 41) ба ҳайси муаллими мактаби ибтидои кору фаъолият мебурд. Имрӯз дар деҳаи Баравни деҳшӯрои Водхуд насли сеюму чоруми омӯзгорон Муборакшо Нилобеков, Шоиста Шокаримова, Сомиҳа Абдураҳимова, Зикриё Икромов. Олимшо Худойдодов, Кишвар Идибеков, Рустамбек Маҳмадбеков тарбияи фарзандони ҳамдеҳагонро ба ӯҳда доранд. Дар ниҳоди онҳо низ масъулиятшиносии Ҷ.Қосимов равшан эҳсос мешавад. Ӯро пир хондаанду ба ӯ пайравй доранд. Устод Ҷаъфар Қосимов умри дарозу бобаракат дид. Ӯ соли 1995 дар синни 85-солаги аз дунё даргузашт, вале аз худ нақши пойдоре боқӣ гузошт. Меҳнаташ аз тарафи Ҳукумат қадр шудааст. Дорандаи чандин ифтихорномаю унвонҳои фахрист.
  Боз аз як тарафи фаъолияти ин марди даврон сарфи назар кардан нобахшиданист. Ӯ ҳамчунин санъаткори варзидаю мумтоз буд. Дар базмҳои диёр болонишинӣ дошт. Бо як овози ниҳоят маҳину ширадор сурудҳои халқиро чунон моҳирона мехонд, ки шахси ноогоҳ ба санъаткори касбӣ набуданаш ҳаргиз бовар намекард. Хотираи ин марди ҳунар дар таърихи диёр пойдор хоҳад монд.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Омӯзгори асил

  Яке аз баобурӯмандтарин шахсиятҳои маъруфи Ванҷу Дарвоз, омӯзгори асил, ки тамоми умри пурбаракати хешро ба ин касб пурифтихори муаллимӣ бахшид ва то лаҳзаи охири умр бо касби хеш меболид, Ҷаъфар Қосимов буд. Ҷаъфар Қосимов 15-уми июли соли 1910 дар деҳаи хушмназари Баравн, миразории Водхуд, амлокдории Ванҷ по ба арзаи ҳастӣ гузошт. Ӯ дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум монда, дар тарбияи амакаш мемонад. Саводи аввалинро аз муллоҳои деха гирифтааст.
  Дар 15-солаги бо нияти мардикори озими Фаргона мешавад.Ҷаъфари ҷавон ташнаи илму дониш буд. Ҳамин майли беандоза ба дониш ӯро соли 1932 ба даргохи Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд овард. Ӯ соли 1935 таҳсилро хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон аввал ба Ғарм, баъди як сол ба ноҳияи Дарвоз барои таълиму тарбия ва сипас ба чамоати Техарв фиристонида шуд.
  Дар солҳои вазнини Ҷанги бузурги ватанӣ 1942 ба вай вазифаи мудирии шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷро бовар мекунанд. Баъдтар ба вазифаи директори мактаби 7-солаи ба номи Шоҳини деҳаи Вравз таъин мешавад. Маҳз меҳри касби омузгориро дар дили шогирдонаш Каримов Шокарим, Каримов Абдулкарим, Давлатов Фамбулло, Давлатов Юнус Ҷаъфар Қосимов бедор кард. Баъдтар боз директори мактаби 7-солаи деҳаи Баравн (ҳоло МТМУ №41) таъин шуду то нафақа баромадан, яъне соли 1960 кор кард.
  Насли сеюми омӯзгорони деҳа Идибеков Кишвар, Маҳмадбеков Рустам, Икромов Зикиё, Нилобеков Муборакшо, Худойдодов Олим, Абдураҳимова Сомиҳа, Шокаримова Шоиста, шогирдони устод Ҷаъфар Қосимов мебошанд. Муаллим ҳақиқатан симои омӯзгорро таҷассум мекарданд. Ӯ умри бобаракат дида, дар синни 85 солагӣ соли 1995 вафот кард. Едатон бахайр устод! Давлатмир Юнусзода.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.