Ҷавлон Наҷмиддинова

  Ҷавлон Наҷмиддинова номзади илмҳои филология, ходими пешбари илмӣ, 20-ми октябри соли 1939 дар деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ соли 1957 мактаб-интернати рақами 10-и ба номи С.Айнӣ ш.Душанбе (собиқ Сталинобод)-ро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ба факултаи таъриху филология барои қабул ҳуҷҷат супоридааст. Аммо аз рӯи меъёрҳои он давра ӯ ба 18 хол (яъне ду баҳои 5 ва дуто 4) аз конкурс намегузарад. Ҷавлон аз ин ноумед нашуда, ба Комбинати меваҷоти ш.Душанбе ба кор медарояд ва соли 1958 боз аз сари пав ба шӯъбаи навтаъсиси забону адабиёти форсии факултаи таърих ва филология ҳуҷҷат супорида, комёб мегардад ва ин шӯъбаро соли 1963 бо муваффақият хатм менамояд. Ҷавлон дар баробари таҳсил дар Донишгоҳ инчунин дар радиои хориҷии Тоҷикистон дар бахши форсӣ ба ҳайси гӯяндаи таҷрибаомӯз кор мекард.
  Пас аз хатми Донишгоҳ соли 1963 ӯ бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба мактаб-интернати рақами 2-и ба номи А. Деҳотии ш.Кӯлоб ба вазифаи муаллими забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ фиристода мешавад. Моҳи марти соли 1966 ӯро ба Комитети Марказии Созмони ҷавонони (комсомол) Тоҷикистон ба Шӯъбаи мактабҳо ба кор даъват намуданд. Пас аз таҳсили мактаби олии 4-моҳаи ВЛКСМ, аз моҳи июни соли 1967 то 1969 Ҷ.Наҷмидинова ба ҳайси мудири Шӯъбаи (сектори) кор дар байни ҷавонзанони КМ ЛКСМ Тоҷикистон кор мекунад. Чун дили ӯ ба илм моил буд, соли 1969 ба аспирантураи АИ Тоҷикистон дохил шуда, баъдан барои таҳсил ба Донишгоҳи Санкт-Петербург (собиқ Ленинград) фиристода мешавад.
  Пас аз хатми аспирантура аз соли 1972 то имрӯз Ҷ.Наҷмиддинова дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон машғули кор ва фаъолият мебошад. Вай дар ин муддат дар вазифаҳои гуногун – лаборант, сарлаборант, ходими хурди илмӣ, калон ва ходими пешбари илмь ифои вазифа намудааст.
  Дар таи ин солҳо ӯ доир ба масъалаҳои мухталифи соҳаи забоншиносӣ як силсила тадқиқот, мақолаҳои илмӣ ба табъ расонда, дар конфронсҳою ҷамъомадҳои бонуфуз илмии бо маърӯзаю гузоришҳои ҷиддӣ ширкат намудааст.
  Ҷ. Наҷмиддинова аввалин шуда дар таърихи забоншиносии форс-тоҷик роҷеъ ба лексикаи ҳарбии забони форсӣ-тоҷикӣ дар асоси дастхати “Одоб-ул-ҳарб ваш-шуҷоати”-и Муборакшоҳ (қарни XIII) таҳқиқоти пурарзиши илмӣ таълиф намуда, дар соли 1997 ҳамин ёдгории муҳими таърихи тамаддунро (бо ҳамроҳии  Шохуморов) ба забони русӣ тарҷума ва ба табъ мерасонад. Ӯ инчунин яке аз муаллифони маҷмӯаи осори насрии форсу тоҷик “Дурдонаҳои наср”, “Фарҳанги ҳарбию техникии русӣ-тоҷикӣ” буда, доир ба масоили гуногуни забони осори гузаштагон бештар аз 60 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ чоп кардааст.
  Ҷ. Наҷмиддинова роҷеъ ба лексикаи “Одоб-ул-ҳарб…”, “Самаки айёр” таҳқиқотҳои махсуси муфассал ва мукаммал бурда, Фарҳанги мухтасари тиббии дарӣ-русӣ” – ва рисолаи “Равияҳои асосии рушди лексикаи забони форсӣ баъд аз инқилоби исломӣ дар Эрон”-ро барои нашр омода сохтааст.
  Ӯ дар баробари ба кори таҳқиқ шуғл варзидан, инчунии ба масъалаи ба тартиб даровардани Ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ низ ширкат дошта, дар ин кори хайр ва муҳим худро ҳамчун мутахассиси, масъулиятшинос ва пухтакор нишон медиҳад. Барои фаъолияти намунавӣ бо Ифтихорномаҳои КМ ВЛКСМ, КМ ЛКСМ, Сафорати Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва медали “Ветерани меҳнат” қадр шудааст.
  Ҷ. Наҷмиддинова аз 24-ми феврали соли 1982 то 23 августи соли 1984 дар Ҷумҳурии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор карда, дар ин самт низ худро соҳибтаҷрибаву болаёқат нишон додааст.
  Ҷ. Наҷмидиннова ҳоло чун узви Президиуми Ассотсиатсияи ғайридавлатии занони маълумоти олидор, узви Ассотсиатсияи “Олимаҳои Тоҷикистон” ва раиси “Иттиҳодияи бонувони Академияи илмҳои Тоҷикистон”, узви Шӯрои илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар иҷрои ин вазифаҳои ифтихорӣ бо камоли садоқатмандӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

  Наҷмиддинова Ҷавлон Урфоновна  дар тарихи 19 апрели соли 2021 аз олам даргузашт.

Китобҳо

– Феҳристи нусахи хаттии форсии Институти осори хаттии Тоҷикистон (ҷилди якум), (Теҳрон, 1376), 368 саҳ.
– Дурдонаҳои насри адабии форсу тоҷик (X-XIII) (ҷилди якум). Душанбе: «Ирфон», 1987. (дар ҳамкорӣ бо мураттибони дигар ), 436 саҳ.
– Правила ведения войны и мужество. Душанбе, 1997, 300 саҳ. (дар ҳамкорӣ бо мураттибони дигар ).
– Краткий дари-русский военный словарь. Душанбе: «Маориф», 2003. 400 саҳ. (дар ҳамкорӣ бо мураттибони дигар ).
– Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе. Душанбе: «Авесто», 2004. 184 саҳ.
– Военная лексика сочинения «Адаб-ал-харб ва шуджоат». Душанбе, 2012. 236 саҳ.
 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.