Ҳунармандӣ дар Ванҷ

  Сокинони Ванҷ мисли дигар тоҷикони кӯҳистон дар ҷодаи ҳунармандӣ аз ҳамзабонону ҳамқавмони водинишини худ бо он фарқ мекарданд, ки аз марказу мактабҳои ҳунарӣ дур буда, имконияти пурра қонеъ намудани талаботи худро бо амволу маҳсулоти бозор ё савдоӣ надоштанд. Ҳамин тангии бозору қариб вуҷуд надоштани муносибатҳои воқеан савдоӣ, ҳатто дар охири қарнҳои асримиёнагӣ ва давраи нави тоинқилобӣ хоҷагии натуралиро пойдор нигоҳ медошт. Ин дар навбати худ садди роҳи муносибатҳои молию пулӣ гардида буд.
  Аз ин ҷост, ки худистеҳсолкунию худтаъминкунии талабот оиди маҳсулоти ҳунармандӣ дар ин диёри кӯҳистон ҳамоно идома дошт. Раванди (протсес) ҷудошавии ҳунармандӣ аз кишоварзӣ, ки дар шаҳрҳои бекигариҳои марказӣ кайҳо равшан ба мушоҳида мерасид, дар ин ҷо эҳсос намешуд. Дар бисёр мавридҳо ба худи деҳқон лозим меомад, ки ҳам ба кишоварзиву ҳам ба чорводорию боғдорӣ ва ҳунармандӣ машғул шавад. Характери молӣ пайдо накардани истеҳсоли маҳсулот табиист, ки сифати онро дар ҳолати пасти карахтӣ нигоҳ медошт.
  Вале гуфтаҳои боло маънои онро надорад, ки ҳунармандони касбӣ вуҷуд надоштанд. Албатта буданд он ашхоре, ки ҳунари волою маҳорати касбиашон то имрӯз вирди забонҳост. Буданд онҳое, ки касбашон аз рӯи аҳамияту маҳорат ба қатори ҳунарҳои шаҳрҳои марказӣ мерасид. Масалан яке аз намудҳои бисёр мураккаби ҳунармандӣ коғазистеҳсолкунӣ буд. Ҳатто дар пешқадамтарин марказҳои ҳунармандӣ ба истеҳсоли он ҷуръат намекарданд. Ҳол он ки ба миқдори хеле каму истеҳсолаш оддӣ ба назар расад ҳам, дар Ванҷ ин намуди истеҳсол вуҷуд дошт.
  Олими бузург М.С.Андреев ҳангоми тадқиқотҳои этнографии худ дар Баррӯшон бо яке шахсиятҳое, ки аз таърихи Язғулом хуб огаҳӣ дошт – Маҳмадулло Қирғизов вохӯрда, аз сӯҳбати ӯ дармеёбад, ки дар Язғулом як ҳунарманди қариб ҳамакора Абдусамади Андарбагӣ, ки охири асри XIX вафот кардааст, коғаз истеҳсол мекардааст. Ҳунарро аз як устои Ванҷӣ бо номи Шералӣ, ки дар мавриди ба ин кор машғул мешуд, омӯхтааст. Абдусамад, – менависад М.С.Андреев, – як дастгоҳчаи хурди оддӣ сохта, сари чанд вақт ба коғазтайёркунӣ мепардохт. Азбаски боса- водони ба коғаз эҳтиёҷманд кам буданд, ӯ бисёр тайёр намекард. Бо пайдо шудани эътиёҷ дар як рӯз то 10 дона коғаз гирифта метавонист. Аз рӯи навиштаҳои ин олим Абдусамад ба сифати ашёи хом пахта, кӯҳнабӯрёи пахтагӣ ё латтапораҳои карбосиро истифода мебурд. Ӯ пахтаи наву кӯҳнаро дар об тар карда, дар болои тахтасанг ё ҷувоз то тамо- ман майда шудан мекӯфт ва он чизи ба шираи ордоб монандашударо бо об омехта карда, ба ягон зарфи чуқур андохта, бо чарх тобонда, онро ба як моеъи тунуки ранги ширчой дошта, мубаддал мекард. Сипас бо қошуқ аз он моеъ ба чорчӯбае, ки дар дарунаш матои тунук кашида шуда буд, мерехт. Баъди хушк шудан, он моеъ шакли коғазро мегирифт ва ӯро ҷудо намуда, оҳор (крахмал) дода суфта мекард. Ҳамин тариқ коғази нисбатан хушсифати бадошт тайёр мешуда. Ин коғазро бештар муллоҳо бо ивази ягон чиз мегирифтанд. Аз рӯи шунидаҳо дар Язғулом китобҳо танҳо аз ин коғаз китобат шуда буданд. Баъди вафоти ин усто ҳунари коғазбарорӣ низ қатъ шуд[1]. Албатта сабаби қатъ шудани истеҳсоли коғазро дар фавти ҳунарманд ҷустан хатост. Сабабашро дар вуҷуд на- доштани бозор ва мавҷуд набудани талабот нисбати ин маҳсулоти ҳунармандӣ дидан лозим аст.
  Чунин мисолҳо нисбати дигар намудҳои маҳсулоти ҳунармандӣ ва ривоҷ наёфтани онҳо кам нестанд. Ҳунари табиии сокинони заковатманду меҳнатқарини диёрро мавҷудияти хоҷагии натуралӣ, муносибатҳои патриархалӣ, тангии бозори савдо (аслан набудани он) маҳдуду карахт мегардонд.
  Баъди ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна ба Русия ва тобеъ намудани Аморати Бухоро ба талаботи мустамликавии он империяи абарқудрат, молҳои саноатӣ ҳарчи бештар ба ин минтақа ворид шуда, косибчигиро танг мекарданд. Ҳарчанд аз ин молҳо мардикорони амлокдории Ванҷ аз Бухорою Фарғона ба диёри худ каму беш ворид месохатанд, вале ин воридот на ба он дараҷае буда, метавонист, ки истеҳсоли маҳсулоти таҳҷоиро халалдор намояд. Он то чанд соли баъди ғалабаи инқилоб низ мароми пешинаи худро нигоҳ медошт.
  Азбаски намудҳои маҳсулоти ҳунармандӣ хеле зиёданду тадқиқу таҳлили онҳо низ тӯлонӣ буда метавонад, аз диди мо фақат ба баъзе тарафу намуд ва намояндагони ин самти муҳими фаъолияти гузаштаи наздику имрӯзаи Ванҷ рӯшанӣ андохтан кофист, ки хонанда маълумоти умумие оид ба вазъи нигоҳдошти анъаноти аҷдодӣ пайдо намояд.
  Ҳарчанд доираи истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар миригарии Ванҷ ниҳоят васеъ бошад ҳам, фақат аз баъзе намудҳои барои зиндагию рӯзғордории мардум зарурӣ ёдовар мешавем. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

[1]   Ниг.: Андреев М.С. Таджики долины Хуфа. – Вып. 2. – Сталинабад: Изд-воАН ТаджССР, 1958. – С. 211-213

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.