Ҳунармандони Чихох

  То имрӯз дар байни халқ ҳунармандони Чихох маълуманд. Ин деҳа, ки тобеи деҳшӯрои Техарв маҳсуб мешавад, дар тарафи чапи дарёи Панҷ воъқеъ гардида, деҳаи нисбатан серобу сердолу дарахт аст. Аз рӯи шунидаҳои халқӣ саравлоди сокинони ин деҳаи Насрулло гуфтани шахс будааст, ки худаш ба тиллошӯёни Вахё пайвандӣ доштаву ин ҷоро ҳамроҳи писаронаш Муҳаммадрасул ва Муҳаммадризо обод карда, ба сулолаи оҳангарони номӣ ибтидо гузаштааст. Ин деҳа бо оҳангарӣ, заргарӣ, табақтарошӣ то солҳои 60-уми асри гузашта дар мавзеи Ванҷи Боло мавқеи пешсафӣ дошт.
  Оҳангарони номии деҳа Шофайзулло, Хушқадам, Рустам, ки беҳтарин устоди касби худ ҳисоб меёфтанд, нозукиҳои ин ҳунарро аз падарашон омӯхта буданд. Ин ҳунармандон умри худро ба оҳангарӣ сарф намуда, онро ба фарзандан ба мерос додаанд. Давлатбек писари Шофайзулло, Ҷавқал писари Хушқадам, Сабзалӣ писари Рустам машғули ин касб буда, дар байни халқ эътибори баланд доштанд. Табиист, ки замони Шӯравӣ боиси нузули ин касб дар деҳа гардид, чунки барои сохтани белу каланд, новаку табар ва ғайра зарурате намонда, молҳои хушсифати саноатӣ, техникаи кишоварзӣ онҳоро нолозим гардонд.
 Устоҳои чӯбчарошӣ Қадам ( писараш Халифа то имрӯз касби ӯро идома медиҳад), Кунҷум ва писараш Ширинҷон наберааш Муҳаммадҷон даҳсолаҳо дар хизмати халқанд.
  Намояндаи касби заргарӣ Усто Ҳодӣ (бо лақаби Лолӣ) будааст. Писараш Лолиев Боқӣ, яке аз аввалин зиёиёни замони шӯравӣ, барои сохтан ва ороиши зину афзори асп, асбобҳои мусиқӣ ба хизмати беки Дарвоз даъват шуда буд. Ба тӯфайли хизмати ҳамин ҳунармандони номбурда, Чихохро чун деҳаи устоҳо мешинохтанд. Аз китоби “Ванҷи”-и Ҳ.Пирумшоев. Ҳарфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.