Ҳунармандони Пшихарв

  Дар деҳаи Пшихарв маҳсулоти рӯзгордории аз чӯбу сафедору ар-ар тайёр шуда, нисбати талаботи худи деҳа ба маротиб зиёд истеҳсол карда мешуд ва онро дар шакли оддии савдо мубодилаи маҳсулот истифода мебурданд. Дар ин деҳа аскаран аз тахтачӯбҳои сафедорӣ гаҳвора, саллатабақҳо (певна) барои чен карда гирифтан ва нигоҳ доштани ғалла, саллансандуқҳо ё сандӯқҳои мудаввар сепоядор (таванг) барои нигоҳ доштани ашёи пӯшокӣ ва ё дигар амволи қимматнок, белтахта (кӯрчак ё фияк), белтахтаи дастадори нӯктез барои обмонии замин, чоршохаю панҷшохаҳои чӯбин барои бод кардани ғалладона аз коҳ ва ғайра тайёр мекарданд. Махсусан сохтани салласандуқҳои сепоядору сарпӯшдор ва гаҳвораҳоро, ки хеле бозоргир буданд (ба маънои мубодила ё иваз намуданд бо дигар намуди маҳсулот, аскаран маводи ғизоӣ ё оҳан ), бо нақшу нигори анъанавӣ (кандакорию рангдиҳӣ) оро медоданд.
  Устоҳои Пшихарв қариб тамоми Водхуду дигар деҳаҳои наздик ва қисман дури амлокдории Ванҷу Дарвозро аз ин намудҳои маҳсулот таъмин мекарданд. Албатта, чунин намуди маҳсулотро дар Водхуду Язғулом ва Қалъаи Рохарв низ месохтанд, вале на ба он сифати баланди  устоҳо ё ҳунармандони пшихарвӣ. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳарфчин Бежан Ашрафӣ.

1 Назар

  1. рости бсер хуб чи тарихи бобием,хикояхо ва албата хушгапихошун мо шо Аллох

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.