Ҳомид Хусравов

  homidxsravҲомид Хусравов устоди варзиши ИҶШС оид ба гӯштии самбо, устоди варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон оиди гӯштии миллӣ аст. Соли 1960 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ таваллуд ёфтааст.
  Ҳангоми мактабхонӣ дар зери роҳбарии устоди варзиш Ҳукуматшо Ғайратов ба машқи гӯштӣ оғоз намуд. Иштирокчии фаъоли мусобиқаҳои байнимактабии вилоят ва ҷумҳурӣ аст. Маҳорати варзишии ӯ бахусус дар солҳои донишҷӯияш дар Донишкадаи давлатии омӯзгории пойтахт сайқал ёфт. Пайваста дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву умумииттифоқӣ оиди гӯштии тарзи самбо ширкат дошту дар зинаҳои баланди онҳо меистод. Дар мусобиқаи расмии Федератсияи Русия соҳиби медали тилло гаштааст. Бо яке аз қаҳрамонони варзиши ҷаҳонӣ Ростиашвилии гурҷӣ қувваозмой намуда дастболо шудааст. 
  Ҳомид Хусравов ба дигар намудҳои варзиши анъанавӣ низ шуғл дорад. Чанд соле ба тарбияи варзишии ҷавонони ноҳия машғул шуда, ҳоло ба сифати корманди корхонаи “Таъмир” дар шаҳри Душанбе хизмат мекунад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.