Ҳодисаи аҷиб ҳангоми бахоксупории академик Раҳим Масов

  QabrmasovРаҳим Масов, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, донишманди соҳаи таърихшиносӣ, ки тамоми умри бобаракати худро сарфи омӯзиши таърихи тоҷикон намудааст, рӯзи 21.06.2018 бар иллати сактаи мағзӣ даргузашт ва 22.06.2018 дар оромгоҳи давлатии Лучоб ба хок супорида шуд. Тамоми умри пуршарафи ин олим ва таърихшиноси маъруф ба омӯзишу таҳқиқи саҳифаҳои норавшани миллаташ бахшида шуда, ҳатто ҷои корӣ ва макони зисташро ба ҳам омехта намуда, дар бинои Музеи таърихи Институти таърихи АИ ҶТ ҳам зиндагӣ ва ҳам кори илмӣ мекард.
  Яке аз паҳлӯҳои омӯзиши ин олими шинохта ба бозёфтҳо ва экспонатҳои таърихӣ ва дар асоси онхо омӯхтани марҳилаҳои таърихи миллати точик буд. Тамоми умр пушти ҷустуҷӯи чунин экспонату бозмондаҳои нодири таърихӣ гаштааст. Тасодуфи ҳаёту зиндагиро бубинед, ки ҳангоми кандани қабри Раҳим Масов дар оромгоҳи Лучоб қабрканон аз зери чуқурии хок ду кӯзаи қадимаи асри биринҷӣ ва як мӯҳраи нодири он даврро пайдо намуданд.
  Худи Масов орзуи доимии пайдо намудани чунин экспонатҳоро дошт. Ин ду падида (Мастов воқеан, феномен буд) имрӯз ба истиқболи ҳамдигар рафтанд. Акнун, филфавр ин экспонатҳои таърихӣ хамон рӯз ба бинои Музеи таърихи Институти таърих, ба утоқи кории академик Масов кӯчонида шуданд ва худи Масов бошад, ба ҷои ин бозёфтҳо ба зери хоктӯдаҳои Лучоб рафт. Бозёфтҳо ҳоло дар болои мизи кории академик гузошта шуда, мунтазири муҳаққиқи навбатии худ истодаанд.
  Барои шахсияти таърихие, ки тамоми умри пурбаракати худро сарфи хизмати миллаташ намудааст, шояд ин тасодуф ва фоли нек бошад. Аз даргоҳи Офаридгор барои академик хонаи охирати обод ва шогирдони арзанда, то кору фаъолияташро идома диҳанд, хоҳонем. Ёдат ба Хайр ва манзили охиратат пурнур бод, олими вокеӣ, донишманди асил, шахси якрӯ, яксухан, якманиш ва якравиш – Раҳим Масов. Ғаффор Мирзоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.