Ҳайдар Қуқандов

  kukanhaydҲайдар Қуқандов зодаи деҳшӯрои Язгулом. Таваллудаш соли 1936. Соли 1957 Донишгоҳи муаллимтайёркунии Самарқанд ва соли 1964 Донишкадаи давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро (ғоибона) хатм намудааст. Солҳои тӯлони дар ноҳияи Куйбишев ва зодгоҳаш деҳаи Жамаги деҳшӯрои Язгуломи ноҳияи Ванҷ муаллими забону адабиёт ва чун директори мактаби миёнаи рақами 23 адои вазифа намудааст. Дар тӯли фаъолияти хеш дар қатори омӯзгорони беҳтарини ВМКБ ҷой дошта, меҳнаташ бо чандин ифтихорномаҳои сатҳи баланди ҷумҳурӣ ва эътиборномаи «Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» қадр шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.