Қабалашкор

  Дар деҳаи Ванван мардм ай қадим шкори нахчир мекаран. Ғайр ай шкори камингирӣ бо як намуд шкори га ва саго “қабалашкор” мекаран. Қабалашкор асосан змстун дар сербарфӣ мекаран. Барфи пр, ки борӣ нахчиро поюн мехамбиян, шкоракиё дар ягон ҷои васл “овган” мегрфтан. Вахте сайд пайдо мешияст, ай чор тараф раша мегрфтану ва сагову шкорчӯв да қапш медохтан.
 Ай шкорчиёи моҳири қабалашкор Бобии Ризвон, Бобии Шариф ва Бобии Соҳат бидан, ки да вахти амалиёт нақшии асосира бозӣ мекаран. Сайда  Бобии Ниҳмон тақсим мекараст. Шкорчиё ҳақи хдшна мегфтану боқимундаша сағератақсим мекараст. (Шоҳин Абдуллоев).
  Дар пушти маҳаллаи Ванвани Тор лӯлае бо номи “Қулайга” (қулайгоҳ – ҷои қулай) мавҷуд аст, ки аз баландии ин теппа ду тарафи чапу рости деҳа чун кафи даст намоён аст. Дар поёни ин теппа тарҳи бинои кӯҳнаи фурӯрафтае бо номи “Қаъла” аз замонҳои қадим то ҳол арзи ҳастӣ дорад, ки хело масоҳати калонеро дар бар гирифта, ниёз ба пажӯҳиши ҷиддитаре дорад. (Азиз Қадам).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.