Ғофил – паҳлавони беҳамтои давр

  Гӯштингирӣ яке ай машғулиято ва варзиши беҳтарини мардми Ванҷ ай қадим то ҳол ба ҳисоб мерава. Ванҷ ай кадим дар ҳар давра палвонои нумӣ доштаасту дора. То чанде, ки мн медунму мешносм, палвонои нумии давраи хдшн Иматпалвон – устоди паҳлавонои баъдӣ, ай деҳаи Ғҷоваст; Одина ай Техарв, баъд Глаҳмадпаҳлавон, Хдогӯпаҳлавон, Муҳиддину Раҳмиддинпаҳлавон, Диловарпаҳлавон, Акбарпаҳлавон, Содиқпаҳлавон, Саламшои Муҳаббат ва ай ҷавонои ҳозира Олиму Хизр, Беҳрузу Баҳман, Хушқадаму Ёқуб ва дигаро бин. Мо барои чӣ ай ино ёдоварӣ карем, ки ин намуди варзиш ай қадим нумбардори Ванҷ бидаст.
  Ғофилпаҳлавон яке ай гӯштингирои нумиии Ванҷ пеш ай инқилоб бидаст, ки ҳамто надоштаст. Овозаи паҳлавонии йӯ то мири Дарвозу Бухоро рафтгӣ бидаст. Дар гӯштинои асосӣ доимо дасболо бидаст. Дар бораи гӯштини йӯ дар жрнали “Илм ва ҳаёт” да мақолаи наврӯзӣ ба қалами Валӣ Сайёрабек соли 1989 ё 90 мақола чоп шияст.
  Ғофил марди миёнқади фрохсинаву тануманду бӯзбала бидаст. Дар Першери Поймазор змин доштаст, пештар товстуно пул набидаст. Ғофил амин ова ҳар рӯз дар дарёиш мегзаштаст. Барои чапару чигинаш дар товистун ай ҷангали Клайгаи Ванван бори чӯва пушт мекараст да Ванҷов дар у тараф. Ғофил деқони мехнаткаш бидаст.
  Як вахт дар наврӯзӣ гӯштини мирӣ мегара. Палвони дарвозӣ ҳамара да Ванҷ мезана, ягон рақибш намёван. Мири Ванҷ мега, ки тамом шие палвонои Ванҷ? Меган, ки не, Ғофил мунтаст.  Аспа медаву мега тез биёреш, ки кор чатоқ шияст. Мераван Ғофилпалвон да ҷфтай. Меган, ки биё, мир гӯштинт лӯв караст. Мега векор нестм, ҷфт дорм. Тақалш каран, говора ҷондаш сов карасту ӯй хуран.
  Рафтасту чангалмангал шиян, бланд бардоштасту зааст палвони дарвозира паркош сдрн. Ғофил заастшу болои ӯй хӯраст, гфтаст говом дар сари змин сов каргин, брам, ки ҷар нагаран. Мири Дарвоз зиқ шияст, қар караст брафтаст. Кавшои Ғофил ай бедармниша бмунтан, пойлич рафта бидаст. Мир мега бгире барешн.
  Ҳар баҳор вахте бнгора мерӯфтан, грдшн бафтӯдаи бланд мешияст, дар бнго гӯштингирӣ ташкил мекаран. Ғофилпалвон хела ҳмрафта шиясту палвонои нав брмаан дар Ванҷ: Ниҷотпалвон ай Рав, Амонатпалвон ай Рован. Барои чемпионии Ванҷ мусобиқа каран, Амонатпалвон Ниҷотпалвона засту Ғофил мунтаст. Ҳар мусобиқа Ғофила дават мекараст. Ғофил, ки гӯштина бас кара бидаст, намерафтаст.
  Як рӯз дар бнг афтов мекашиян, ки диян Амонатпалвон қатии шарикош умааст. Хшомадшн карану мақсади уманшна прсиян. Бай Ғофилпалвона гфтаст, бояд мову ту барои чемпионии бгирем. Дар амн ҷову дига гӯштин сар шияст, хела гардногардн карану индафа Ғофилпалвон ай тагш дрмааст, бардоштастш бланд берун ай бнго дар барфтӯда застш, Амонатпалвон дар барфтӯда гум. Палвонии Ванҷа спорияст бай мӯсфедаву чойнӣ нахӯраст, брафтаст.
  Ай авлодои Ғофилпалвон нвасоош астан, дар Убари Даргови Рохарв Наҳиму Срхи раҳматӣ, дар Ванван ҳамакбачоош ай Ғафирбек, соҳиби корга Усто Монӣ ва писарш Усто Ҳаким, ай нвасоои дхтариш Бобии Амрулло, бачоош Нуруллову Абдураҳиму Саъдон. Раҳматии Срх мегфт, вахте Бобии Ғофил мур, сарш дар замин хов набӣ. Ай бӯзбалагии ктфошу кӯфнша сарш ай змин як ваҷаб боло бӣ, дар змин намерасӣ. Шоҳин Абдуллоев.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.