Ёриро табъу забони оташ аст

   Дар қаламрави Бадахшон, алалхусус Ванҷу Вахё ва Дарвоз эҳтирому маҳбубияти шоири оташзабон Ёрӣ то ба ҳаддест, ки бе ном бурдани вай, гӯё дар ин тобеот шеъру шоирӣ вуҷуд надошта бошад. 
  Ин аз як тараф баҳои сатҳӣ менамояд, вале чун ба ҷараёни воқеоти замон ва мундариҷоти эҷодиёти дастрасбудаи шоирони ҳамзамони Ёрӣ амиқтар шинос шавем, ба осонӣ дарк хоҳем кард, ки ин баҳогузории мардум ба шоири дӯстдоштаашон заминаи қавӣ ва бурҳони қотеъ дорад. Саволе ба миён меояд, ки сабаби ҳама ин шӯҳрати Ёрӣ дар чист? Баҳри чӣ шоироне, ки шеърашон дар маҷмӯъ нисбат ба Ёрӣ бештар асту аз нуқтаи назари нафосати калом аз ӯ камӣ надо­ранд, ба ин шӯҳрат соҳиб нашуда, шоире ки аксар бо як забони тезутунд ва баъзан бо лаҳҷаи маҳаллӣ шеър месуруд, ин қадар мақбули доираи васеи мардум гаштааст. Дар мақоле омадааст, ки аз бисёр истеъмол кардан шаҳд ҳам ба дил мезанад! Ин «шаҳд» аз «сари зулфу кокул» хондани шои­рони ҳамзамони Ёрӣ буд, ки мардум онро дар сари ҳар қадам мешуниданд.
  Ба қавли муҳаққиқи маъруфи Эрон доктор Парвиз Нотили Хонларӣ: «Ҳама ҷо гутугӯ аз себи занахдону холу хату гесуву зулфу қади сарви маъшуқ ва ғами фироқу орзуи васласт», на нидое аз дарду алами рӯзгори номусоиди мардуми бе пушту паноҳ ва бехонумонгашта.
  Дар давроне ки Амир Му­заффар бо дастгирии генерал-губернатори Турки­стон Кауфман бо хунрезиҳову харобиҳои зиёде Дарвозу Ванҷу Вахёро мутеи аморати худ гар­донида, ба дӯши халқи мазлум боз як андози гарон­таре зам мекард ва билохира, шӯриши мардум ба муқобили ҳокимони аз худрафтаи аморат дар солҳои ҳафтодуми асри XIX мардуми бехонумонгашта бо кадом гӯш «аз сари зулфу кокул» суру­дани шоиронро гӯш мекарданд? Ин услуби шеъргӯӣ ҳамон шаҳди бадилзада буд. Халқи ситам­дида муштоқи овози нав, овозе буд, ки аз номи онҳо ва табъи дили омма садо диҳад. Ин овоз аз водии Ванҷ дар шахсияти шоири бузурги асри XIX ва ав­вали асри XX – и тоҷик Ёрӣ дар кӯҳистони Бадах­шон ва берун аз ин ҳудуд танинандоз шуд.
  Ёрӣ байни мардум азиз ва шуҳратманд аст. Далели ҳама ин он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ҳангоми вохурӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ номи зодаи ин диёр – Ёриро бо эҳтиром ёдовар шуда, шеърашро қироат карданд. Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки аз дастовардҳои адабӣ ва фарҳангии аҷдодонамон дар гузашта фақат ифтихор намудан кам аст, онро ҳифз ва инкишоф бояд дод. Мо аз худ ба ворисонамон чи дастоварде ба мерос мегузорем? Ва иброз намуданд: «Мусаллам аст, ки гузаштагони мо – тоҷикон аз азал фарҳангдӯсту тамаддунсоз буданд. Мо имрӯз бо адабиёти оламгири миллати худ, ки ганҷинаи илму адаби оламшумул аст, ифтихор менамоем. Ба ҳама маълум аст, ки сокинони Ванҷу Дарвоз низ ба монанди аҷдодони хирадмандамон ба адабиёт, фарҳанг ва санъати мусиқиву овозхонӣ, ки намунаҳои барҷастаи он шашмақому фалакхонӣ мебошанд, меҳру муҳаббат ва дилабастагии зиёд доранд.
  Ҳамаи мо ашъори пурҳикмати Мулло Ёри Ванҷӣ ва маҳорати овозхонии ҳунармандони бузурги халқ – Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назриевро, ки бо сабки хоси мардуми куҳистон месароиданд хуб дар хотир дорем ва онҳоро дӯст медорем.
  Гузаштагони мо дар тамоми давраҳои таърихӣ анъанаву суннатҳои миллии фарҳангиро нигоҳ доштаанд ва онҳоро бо такмилу сайқали тоза аз насл ба насл ба мерос гузошта, рисолати инсониву миллии худро адо кардаанд. Аз ин рӯ, мо низ дар назди наслҳои ояндаи миллати худ вазифадор ва қарздорем, ки дастовардҳои фарҳангиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ба мерос гузорем».
  То давраи инқилоб (1917) дар Бадахшону Дарвоз доираҳои калони адабӣ вуҷуд доштанд. Аз ҷумла дар доираи адабии Дарвоз шоирону орифони зиёде аз қабили Ҳабои Дарвозӣ, Баҳрини Дарвозӣ, Фитрати Дарвозӣ, Мулло Ёри Ванҷӣ, Розӣ, Мирзо Лиқо, Ноҷӣ, Ғофил, Иззат, Орӣ, Шафеъ ва чанде дигар ба камол расидаанд, ки Ёрӣ дар ин миён мавқеи хосе дошт. Вале афсӯс эҷодиёти аксари онҳо дастраси мардум нагаштааст. Аз ҷумла, шоири тозагӯ Мулло Ёри Ванҷӣ, ки тундгӯ буд, ба камбудию нуқсонҳои замонааш тоб наоварда тамасхур мекард. Нимаи дуюми асри 19 баъд аз ҳаҷви шоҳони Дарвоз ӯ дид, ки дар ин қаламрав зиндагӣ кардан нашояд, ноилоҷ ба Бухоро ҳиҷрат кард. Аммо дар Бухоро низ беадолатиҳои зиёдеро дида, ҷасурона ба танқиду сарзаниши амалдорони аморати манғития гузашт.
  Ёрӣ шоири муборизу ҳақбин ва ҳақгӯ буд. Ба сохтакориҳои замона бо чашми дил менигаристу фош мекард. Мисли дигарон ҳоли табоҳи халқро дида, аз сари зулф намехонд. Шоир ин ҳама хунрезӣ ва бедодиҳои манғитро бо нигоҳи ибратбинаш дида, бо сӯзу гудозе иброз медорад, ки ба доди халқи бенаво касе намерасад ва ҳолу аҳволи халқи бечораву ситамкашида ба ҷое расида аст, ки мурдааш навҳагар намеёбад:

Агар бо чашми ибратбин ту ин дунёи дун бинӣ,
Зи бедоди шаҳони фитна толеъ сарнагун бинӣ.
Худоё, навҳагар набвад халоиқро дар ин даврон,
Ба ҳар ҷое назар афтад, фиғону ҷӯи хун бинӣ.
 

Ана ҳамин ҷиҳат, яъне аз номи халқ ва табъи дили он бо шеваи халқиву ибораҳои нишонраси шоирона ма­заммат ва фош сохтани табақаи золим Ёриро аз ди­гар шоирони ҳамзамонаш як сару гардан боло бар­дошт.
  Ҳангоме ки Амир Музаффар бо ёрии Русияи подшоҳӣ бо хунрезиҳои зиёде қисми ғарбии Ба­дахшонро тобеи аморати Бухоро намуд, шоире ба ҷуз Ёрӣ бар зидди ин хунрезиҳо овози эътироз ба­ланд накардааст. Ҷураъте, ки дар ниҳоди Ёрӣ мас­кун буд, дар он айём дар ягон шоири ҳамзабону ҳамзамонаш зоҳир нагаштааст. Шоҳиди ҳама ин бедодиҳо ва харобиҳои мулку бенавоии мардум – Ёрӣ бе парда ҷасурона хитоб мекунад:

Олам аз шӯру шари манғитиён лабрез аст,
Ханҷари наҳси замон аз ду бараш хунрез аст…
Ёрӣ осоише аз умр ба Дарвоз маҷӯ,
Ки дар ин ҷо дами селоваи даврон тез аст.

  Ёрӣ дар қитъаи дигаре бераҳмӣ, хирасарӣ ва ғурури фиръавнии сарбозони манғитияро фош карда, рӯирост мегӯяд, ки оҳу нолаи мардуми бечора, ба қавли шоир «мардуми бенавҳагар», ба дили манғит таъсире надорад. Табиати гург хунрезист ва бо ҳар роҳу тадбир ин амалро ба ҷо меорад.

Ғуруру нилаи ин хираманғит,
Зи оҳу сӯзи мардум хам намеша.

  Ёрӣ дар даҳаи аввали асри ХХ аз олам чашм пӯшидааст, аммо дар байни мардуми кӯҳистон як ақидае ҳукмфармост, ки гӯё шоир ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст ва омодаи тамасхури нуқсу иллати зиндагӣ! Ҳарчанд ин ибораи мо нав набошад ҳам, боз як бори дигар ҷоиз аст такрор кунем, ки ҳар шоир чун аз номи халқ ва табъи дили он сухан гуфт ва ба шодиву андӯҳи он шарик гашт, бо халқаш ҷовид хоҳад монд.
  Ёрӣ тахаллуси адабии Ёрмуҳаммад – фарзанди Дод аст, ки соли 1829 дар деҳаи Ғӯмаяки қаламрави Ванҷ чашм ба олами равшан кушодааст. Дод марди бомаърифат ва саводнок будааст ва ҷуз касби деҳқонӣ чун падараш Рустамбек ҳунари дуредгарӣ, деворгарӣ ва дар зарурат оҳангарӣ ҳам доштааст. Дар боби хо­надони Дороб ва фарзандаш Рустамбек баъдтар сухан хоҳад рафт.
  Ёрӣ маълумоти ибтидоӣ – хондан ва машқи на­виштанро аз падараш Дод омӯхтааст. Падар шавқу завқ ва рағбати писарро нисбати илму фарҳанг дарк намуда, ӯро назди марди донишманд – Мулло Тоҳири Гишхунӣ ба шогирдӣ мегузорад. Ёрӣ девони Хоҷа Ҳофиз ва Мирзо Бедилро дар ҳузури ӯ хатм карда, баъди фавти Мулло Тоҳир таҳсилро идома дода, панҷ сол аз Мулло Гул ва Мулло Бои Рохарвӣ сабақ гирифтааст. Мулло Бой ва Мулло Гул аз уламои пешқадам ва равшанфикри замони худ будаанд ва шогирдонашон дар рӯҳи садоқат ба илму дин тарбият меёфтаанд.
  Аз ҷараёни зиндагӣ ва каломи Ёрӣ возеҳ аст, ки ҳангоми таҳсил бо дигар муллобачаҳо созгор набудааст ва ҳар замон ба ину он амалдоре, ки фарзандонашон ҳамсабақи ӯ будаанд ва доир ба воқеоти дар маҳал рух­дода шеъри тамасхуромезе мебахшид. Аҳли тамаъ ва амалдорон ба ҳамсабақҳои Ёрӣ ҳаргуна сафсата ва суханони пучро ёд медоданд, ки дар онҳо Ёрӣ сарзаниш мешуд. Ниҳоят, ҳасаду рашки онҳо ба он оварда расонд, ки Ёрӣ қалам ба даст гирифта, ҷавоб гардонад:

Худовандо, зи ман бошӣ ту розӣ,
Нигаҳ дор аз хурӯши қавми қозӣ…
На тарс аз қозиву на аз раисам,
Малул аз муфтии мазҳарнависам.
Ки шон гаштанд бо эшон мушавваш,
Асо дар дасту бар кӯрон асокаш…
Агар хоҳед, ки ёбед ин тариқа,
Зи ман расму нишони ин фариқа,
Нигини табъ дар ангушт созед,
Пас он гаҳ … Ёрӣ мушт созед.
Занед бар … худ ҳар як ду-се бор,
Ки то огаҳ шавед аз назму ашъор.

Дар ашъори Ёрӣ на танҳо аҳволи сангину тоқатфарсои ӯ, балки вазъи ноҳамвору ногувори диёраш низ инъикос меёбад.
  Ёрӣ баъди вафоти устодаш Мулло Бой ба ҳоли ноҳинҷоре гирифтор шуда, ниҳоят ба зодгоҳаш – Ғӯмаяк бармегардад ва ба деҳқонӣ машғул мешавад.
  Дар ашъораш баробари мазаммати зулму ситами амалдорон, шикоят аз бедодиҳои замона, харобии мулку қашшоқии мардум, аз таҳсили чандинсолааш низ гила кардааст, ки илмаш самаре надода, ҳолаш хароб аст.

Мани дармунда ҳарчанде, ки кардм потлк янда,
Нагардид ҳосилум як пилтаи тоқишлиқ янда.
Ҳама дар ин замуна соҳиби нунанду ҳам ҷума,
Мани фалҳос бод кабме ва ранги бодхрк янда…
Накан ҷоне дар ин дунё, ғами амдо махур Ёрӣ,
К-аз аввал то ба охир кас наёфта ризқи худ янда.

  Солҳои ҳафтодуми асри XIX шоҳи Дарвоз Саид Муҳаммади Сироҷхон шӯҳрати Ёриро шунида, ӯро ба хизмати дарбор ба сифати дабир даъват мекунад. Соли 1878 Сироҷхон аз ҷониби аморат аз тахт фароварда мешавад ва хизмати Ёрӣ низ дар дарбор хотима меёбад. Баъди чанде иқомат дар зодгоҳаш Ғӯмаяк ба хулосае меояд, ки аз ин мулк фирор бояд кард.

Дилм мега, бхез, чу кн бра бай млки обода,
Чи естмӣ баҳри як қошқ ҳапукови тунк янда.

  Шоири озурдадил тарки диёр карда, азми сафари Бухоро мекунад. Муҳоҷират ба ин нияту орзуе буд, ки дар Бухоро ҳам таҳсил мекунад ва ҳам аз шӯру шари замона раҳо ёфта, каме дами беғам мезанад. Вале ин тавр нашуд.
  Дар адабиёти классикии форсу тоҷик анвоъ ва ашколи гуногуни шеърӣ ривоҷ доштанд, ки яке аз онҳо мадҳия буд. Ёрӣ, ки аз адабиёти ғании миллати худ ва аз осори мадҳиясароёни форсу тоҷик ба хубӣ огоҳ буд, қалами худро дар ин навъи шеър боре озмудааст. Дар ин шеъри ӯ ҳамон ташбеҳу истиороти анъанавӣ истифода шудаанд. Ва Ёрӣ аз рӯи анъана чун дигар шоирон ба амири Бухоро дастовезе дар шакли мадҳия пешкаш намудааст. Инак, намунае аз он қасида:

… Қасри иқболат ба таъйиди зафар маъмур бод,
Дидаи бахт аз ғубори мақдамат пурнур бод,
Номи некат чун садо дар шаш ҷиҳат машҳур бод,
Дар саховат Ҳотами Тай бар дарат муздур бод,
Дар шуҷоат дастбӯсат Рустаму Исфандиёр…

  Ба ақидае, гӯё ин мадҳия ба амир хеле хуш омада, ба Ёрӣ ҷомаи зарбафт тӯҳфа мекунад. Аҳли дарбор, хусусан шоирони тамаллуқкор аз рашку ҳасад бо ҳар роҳ дили Ёриро ранҷонида, охир маҷбур месозанд тарки Бухоро карда, ба Афғонистон муҳоҷират кунад.
  Ёрӣ аз кори кардааш, яъне мадҳиягӯӣ пушаймон шуда, ин ҳолати ноумедиро чунин тасвир намудааст:

Ноумедам ҳама аз мулки Бухор,
Нимараҳ мондаам ба дидаи чор…
По куҷое кашему сар ба куҷо,
Набувад пеши чашм ғайри ғубор.
Мо ғариби диёри хештанем,
Бар ғарибон куҷост сабру қарор …
Содалавҳӣ бас аст, эй Ёрӣ,
Лутф з-ин мардумон умед мадор.
Бори реҳлат ба мулки дигар банд,
Бу ки гардӣ зи бахт бархурдор.

  Ин гуна ҳодисот дар таърихи адабиёт ва дар ҳаёти шоирони форсу тоҷик зиёд ба назар мерасанд, ки ба мушкили «шоир-шоҳ» иртибот дорад. Ин қасида, ки як лаҳзае аз зиндагии Ёрӣ аст, ҳамин мушкилро ба хотир меорад ва ба достони Фирдавсӣ ва Маҳмуди Ғазнавӣ, мутаассибони Кунияву Шамси Табрез ва чанди дигар шабоҳат дорад.
  Шоир «содалавҳӣ бас аст, эй Ёрӣ» мегӯяду вале боз аз содалавҳӣ гӯшаи мулке меҷӯяд, ки бахт ёраш гардад. Ва билохира, Ёрии овораву ноумед аз зиндагӣ дилсард шуда, мегӯяд: «Ҳосили умр ба ҳар марҳилае нокомист» Ҳамин нокомиву ноумедӣ буд, ки баъди ситоиши шоҳи Дарвоз ва дар тарозуи адлу инсоф баркашидани амали ҳокимон ва дастгирашон – шоҳ, Ёрӣ ҳолу аҳволи мардуми бехонумонро мушоҳида карда, қотеона овози эътироз баланд намуда, аз ситоиши шоҳ пушаймон шуданашро эълом медорад:

Аз ҳаводис аҷабо хаставу нолон шудаам,
Хотирозурдаву бо ҳоли парешон шудаам.
Ёрӣ бо ин ҳама ошуфтагӣ дар охири кор,
Аз санои шаҳи Дарвоз пушаймон шудаам.

  Дар таърих чунин ҳолат кам ба вуқуъ пайвастааст, ки шоире баъди сурудани мадҳия, яъне ба арши аъло бардоштани ин ё он шахси мушаххас аз қавлаш гашта, дар охир мамдуҳашро ҳиҷо гуфта бошад. Ин амалро ҳаким Фирдавсӣ, Хоқонии Шервонӣ ва Ёрӣ ба ҷо овардаанд. Шоир аз иншои мадҳия дар васфи амири манғит ва шоҳи Дарвоз пушаймон шуданашро рӯирост изҳор намуда, ҳама бадбахтии мулку мардумро аз бефитратии шоҳон мебинад. Кишваркушоии шоҳон, ки ба сари мардум балои азиме меорад, фитнаи навбатии онҳост.
  Ёрӣ дар шеъри дигар илова бар ин хитоб, ки:

Агар бо чашми ибратбин ту ин дунёи дун бинӣ,
Зи бедоди шаҳони фитна толеъ сарнагун бинӣ.

Ба зури мардум ва қудраташон, ки метавонад ба ҳама бедодигарӣ хотима бахшад, такя намуда, мегӯяд:

Қатра гар якҷо шавад Ёрӣ, занад селоб ҷӯш,
Худ ба зӯри мардуми Дарвоз мебошам гуво.

  Ин сатрҳо ба шӯриши мардуми Дарвоз дар солҳои 70-уми асри Х1Х бахшида шудаанд, ки бо пирӯзии халқи заҳматкаш анҷом ёфта буд. Дар воқеъ, ин шӯриш амирро маҷбур сохт, ки гумоштааш – Давлатдодхоро ба Бухоро даъват карда, зиндонӣ кунад.
  Чунон ки таъкид шуд, Ёрӣ баъди ҳама ноумедиҳо аз дарбор ва дарбориёни аморати Бухоро озурдахотир шуда, тарки таҳсил дар мадрасаи Кӯкалтош намуда, ба умеди дарёфти гӯшаи оромтару мусоиде барои зиндагӣ ба Афғонистон кӯч мебандад. Аз рӯи ривоятҳо Ёрӣ чанде дар шаҳрҳои Қундузу Кобул ва баъдтар дар мавзеи Зебоки вилояти Файзободи Афғонистон зиндагӣ кардааст. Баъзе ашъори солҳои баъдинаи Ёрӣ бо лутфу марҳамати ҷавони зебокӣ Аҳмадшоҳ, ки толибилми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд, ба даст омадааст. Аҳмадшоҳ мегуфт, ки гузаштагонаш аз водии Ванҷ будаанд ва дар Зебок чунин хонаводаҳо кам нестанд.
  Сабаби фирори Ёрӣ аз зодгоҳаш ва билохира аз ватани аҷдодиаш бисёранд. Ба қавли Мирзо Абдулқодири Бедил:

Зиндагӣ нақди ҳазор озор аст,
Ҳар қадар кам шумарӣ, бисёр аст.

  Гуфтем, ки Ёрӣ аз дасти дасисабозону ҳасудони дарбори аморат тарки Бухоро намуд, вале чаро ба зодгоҳаш барнагашта ба Афғонистон кӯч баст? Аз ашъори Ёрӣ возеҳ аст, ки дар ватани аҷдодӣ аз забони тезу тундаш қариб ҳама дарҳо ба рӯяш баста буданд. Дар зодгоҳаш низ ҳама миру қозиву муфтиву муллоҳои ҷоҳилу нодонро бо ҳаҷви тезу тундаш фош карда, қадру эътиборашонро назди мардум ба хоки сиёҳ яксон карда буд. Ба ақидаи муаллифи ин сатрҳо, аз ин ваҷҳ, шоир дубора ба зодгоҳаш барнагашт, зеро:

Дар забони Ёрӣ аз баски ҷунуноҳанг буд,
Мадҳи миру қозиву муллову муфтӣ нанг буд,
Ҳокимони давр андар ишрату кайфу сафо,
Зиндагии мардуми бечора бо ҳар ранг буд,
Воизон аз минбару меҳроб буданд ваъзхон,
Дар амал аъмолу хӯшон ҳилаву найранг буд.
Баҳри ҷавлони саманди Ёрии оташзабон,
Осмону домани бурҷу бари Ванҷ танг буд.

Дар дигар гӯшаҳои қаламрави аморат низ зистан барои Ёрӣ душвор ва монеаҳо бе ҳадду ҳисоб буданд, зеро дар ҳама ҷо ҳукм дар дасти мирону қозиву муфтиҳо буд ва илоҷи ягонаи раҳоӣ аз шиканҷа ба мулки бегона бори реҳлат бастан буд ва шоир ҳамчунон кард.
  Табъи равону ҳозирҷавобӣ Ёриро дар андак муддат овозадор сохт ва шоҳи афғон Абдураҳмонхон (1880 – 1901) ба суроғаш одам мефиристад. Баъди чанде қосидон ба шоҳ хабар мерасонанд, ки шоири гуреза аз Афғонистон ба кишвари Ҳинд паноҳ бурдааст. Дар Ҳиндустон чанд муддат зистани Ёрӣ маълум нест, вале инаш дақиқ аст, ки аз он ҷо бо роҳи баҳр ба Арабистони Саудӣ рафтааст.
  Мураттиби «Маҷмӯаи адабиёти Дарвоз» Ғулом Муҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ дар шарҳи ҳол ва ҳиҷрати Ёрӣ дар тазкирааш, ки ҳоло дар бойгонии шарқшиноси маъруф Савлатшои Мерган маҳфуз аст, чунин нигошта аст: «Мулло Ёрмуҳаммад … аз аҳолии алоқаи Ванҷи Дарвози Бадахшон мебошад, ки ин қария ба ҳудуди Шуғнон иттисол мепазирад. Мулло Ёрмуҳаммади марҳум дар ашъор барои худ Ёрӣ тахаллус гузошта ва аз рӯи ҳақиқат метавон ашъори ӯро қобили зикр ва таъриф шумурд. Ёрӣ дар мадориси ватания таҳсили улум намудааст ва ба Бухоро мусофират намуда, бар ҳасби исрори дӯстон қасидае тақдими ҳузури Амир Музаффархон менамояд. Тавъам ба мавқеъе, ки қасидаи Ёрӣ аз назари Амир гузориш меёбад, ҳукми эъдоми ду нафар аз аҳолии Бухоро дар асари кадом ҷурмашон аз назди Амир содир мешавад.
  Мавқеъе, ки маҳкумини эъдом ба Ёрӣ муаррифӣ мешаванд, бечора аз боисе, ки тамоми давраи ҳаёти худро дар завоёи водиҳои шоиронаи Дарвоз бо камоли роҳат ба сар бурда ва дар муддат-ул-умр номи қатл ва эъдомро нашунида, фавқулодда мукаддар шуда, муроҷиъат (фирор) мекунад.
  Агарчи мутолиъаи қасидаи ӯ фавқулодда тарафи таваҷҷуҳи Амир Музаффархон воқеъ шуда, ӯро ба ҳузури худ мехоҳад, то мавриди илтифот қарор диҳад, вале Ёрӣ бидуни он ки худро ба подшоҳ муъаррифӣ карда бошад, таври махфӣ аз Бухоро ҳаракат намуда, озими Байтуллоҳи Шариф мегардад ва то охири зиндагонии худ дар он диёр ҳаёт ба сар бурда, ба Дарвоз авдат накардааст. Ва ахиран дар он буқъаи мутабаррика – зодаллоҳу шарафуҳо ва таъзимуҳо вафот намуда аст.
  Ашъори Ёрӣ, агарчи мутаассифона, ба қисми китоб мудавван нашуда, вале агар саъй шавад, мумкин аз ашъори мавҷудаи ӯ, ки дар баёзҳо масбут аст, китобе ташкил шавад. Ала айю ҳол ашъори ӯро ба ду ҳисса тақсим метавон кард, ки қисмати аъзами он иборат аз нашоиди адибонаи ӯ ба сабки шеъри форсизабонони Осиё ва қисмати дигари он ба лаҳҷаи махсуси дарвозӣ мебошад».
  Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, аз ҷумла тазкира ва баёзҳо дар боби эҷодиёт ва шарҳи ҳоли Ёрӣ бештар дар кишвари Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Ин табиист, зеро шоир дар айни камолоти эҷодиаш аз зодгоҳаш ба Афғонистон кӯч баста, муддате дар ин қаламрав зиндагӣ ва эҷод намуда аст. Аз ин рӯ рағбат зоҳир намудани шоҳи Афғонистон Абдураҳмонхон ба шахсияти шоири овозадор Ёрӣ бе сабаб набуд.
  Муаллифони таърихи адабиёти Афғонистон Ёриро аз шоирони бузурги форсизабони асри XIX муаррифӣ намуда, шеърҳоеашро ба тариқи намуна дарҷ намудаанд, ки дар дигар сарчашмаҳои чопӣ дида намешаванд. Ин баҳогузорӣ ба табъу санъати шоирии Ёрӣ аз ҷониби муҳаққиқини бурунмарзӣ ба пояи баланду қавии шеъри ин шоири исёнгари тоҷик такя мекунад.
  Адабиётшинос ва адиби маъруфи афғон Шоҳабдуллои Бадахшӣ Ёриро чун шоири баркамол ва овозадори тоҷик ба қалам дода аст. Муаллиф дар тазкирааш «Армуғони Бадахшон», ки дар Кобул ба табъ расида аст, оиди адибони Бадахшон маълумоти шарҳиҳолӣ дода, аз ҳар шоир чандтоӣ шеър ба тариқи намуна оварда аст. Шоҳабдуллои Бадахшӣ Ёриро аз ҷумлаи шоирони забардасти аср номбар намуда, ба Ҳиҷрати Дарвозӣ ҳамақида аст. Азбаски муаллиф дар даст маводу санади кофӣ надоштааст, дар тазкирааш дар боби Ёрӣ ва шахсияту шоирияш бештар ҳамон маълумотеро дарҷ намудааст, ки Ҳиҷрати Дарвозӣ дар « Маҷмӯаи адабиёти Дарвоз» оварда аст. Инашро низ бояд қайд намуд, ки шеърҳои ҳамчун намуна аз эҷоди Ёрӣ интишордодаи Шоҳабдуллои Бадахшӣ низ аксар ҳамон шеърҳоеанд, ки Ҳиҷрати Дарвозӣ дар асараш зикр намуда аст.
  Охири солҳои 90-уми асри XIX яке аз рӯҳониёни бонуфузи Дарвоз Хоҷа Обид ба тавофи Маккаи мукаррама рафта, иттифоқан бо Ёрӣ, ки пеш аз ин бо ҳам шинос будаанд, вомехӯрад ва меҳмони шоир ҳам шудааст. Ёрӣ баъди солҳои зиёди ғарибӣ аз дидани ҷамоли ҳамдиёр ва дӯсти даврони ҷавонӣ ба ваҷд омада, гуфта аст:

Дидани дӯст бари дидаву дил ид бувад,
Хоса он дӯст агар Хоҷаи Обид бувад.

Хоҷа Обид баъди ҳаҷ ба зодгоҳаш Дарвоз баргашта, бо нияти расонидани хушхабар, ки Ёрӣ сиҳату саломат аст, ба деҳаи Ғӯмаяк ташриф меорад ва ба фарзандонаш Ғиёс ва Мирзо ва хешу ҳамдиёронаш мужда мерасонад, ки Мулло Ёрӣ иқоматгоҳашро дар шаҳри муқаддаси ислом – Мадина қарор додааст. Хоҷа Обид маҷмуаи шеърҳои Ёриро бо ҳусни хати худаш дар шакли девони саҳҳофишуда ба фарзанди калони шоир Ғиёс, ки табъи шоирӣ дошта аст, туҳфа намуда аст.
  Мавлавӣ Хоҷа Обид соли 1927 дар сӯҳбат ба Қуввати Хол иброз дошта аст, ки ҳангоми тавофи дубораи Каъба дар соли 1915 аз Шамсиддин ном марди дарвозии муқими Мадина фаҳмида аст, ки Ёрӣ баъди ду соли зилзилаи харобиовари Тоҷикистон дар соли 1913 аз олам чашм пӯшидааст.
  Ба қавли шоир ва муҳаққиқ Муъмин Қаноат – воқифи розу рӯзгори Мавлавӣ Хоҷа Обид, ки аз хешони наздики ӯст, алъон мазори ин бузургвор дар соҳили чапи руди Панҷ – рӯ ба рӯи деҳаи Курговад зиёратгоҳи мардуми Дарвози Афғонистон гашта аст.
  Дар эҷодиёти Ёрӣ мавзӯи ватанхоҳӣ, яъне меҳри диёр ва муҳаббат ба мардумонаш ба дараҷаест, ки дигар шоирони ҳамзамонаш ба зинаву андешаҳои ӯ намерасанд.
  Баъзе зотҳои кӯтоҳбину бадандеши зоҳирпараст мардуми мавзеи Рохарвро, бе хабар аз олами ботинии ин мардум, ба гӯлӣ (ба маънии бефаҳмӣ) сарзаниш мекардаанд. Ёрӣ бо як ғазабе таънагаронро мазаммат карда, бо ҳиссиёту ифтихоре хитоб мекунад:

Чун мазраи Рохарви мо,
Як гӯшае обод нест.
Аз гӯли мо донотаре,
Дар Мисру дар Бағдод нест.

Аз ҳунару чобукии мардуми Рохарв ба ваҷд омада мегӯяд:

Зинҳор бо ӯ барвабар,
Бо қрчиаш пӯлод нест,
Шасти таши устоияш,
Дар тешаи Фарҳод нест.

  Ёрӣ баъди чашидани шарбати ғурбат, ба ин хулоса меояд, ки кайфияти дар диёр будан аз ҳама сарвати олам волотар аст ва орзуи дар ватан буданро таманно мекунад:

Мевом, ки дар Ванвани боло бошум,
Бо сандали рт ай дми моло бошум.
Безорум ай ин мӯзаи глгуни хиром,
Дар хуна грснашини доро бошум.

  Ёрӣ дар шеъри «Нома аз ғурбат» дар орзуи он аст, ки бори дигар баҳори зодгоҳаш Ғӯмаякро бинад, аз ин дунёи пурозор бе армон мегузарад ва бар мурғи рамзии номабар тавалло мекунад, ки номаи сарбастаи ғарибиашро ба диёраш – ба хешу ақрабояш расонад. Шоири аз дидори фарзанду хешу табору диёр дурафтодаву ғурбатзада бо сӯзу алами зиёде дарди дил мекунад:

Бар дидаи аз ғам пуроб,
Онро, ки андар ғурбат аст,
Бошад ба ҷои тӯтиё,
Хоку ғубори Ғӯмаяк.

  Мероси адабии Ёрӣ ҳарҷониба омӯхта нашудааст. Он чӣ дастрас аст ва китобат шудааст, танҳо миқдори ками он намунаҳои шеъриеанд, ки дар тазкира ва баёзҳои чопӣ ва дастхат сабт шудаанд. Ин намунаҳо бештар он шеърҳоеанд, ки аз ҷиҳати баён ба ҳама хонандаи тоҷик мафҳуманд. Миқдори ғазалҳои тазкира ва баёзҳои чопӣ кам ва овози эътирози худи Ёрӣ ҳам заиф аст. Ин табиист, зеро китобаткунанда ва ношири он замона ҳеҷ гоҳ аз ҳудуди манфиати табақаи ҳоким берун баромада наметавонист ва зинҳор роҳ намедод, ки шеърҳои пур аз эътирози Ёрӣ, ки бепарда ба мазаммати ҳокимон равона шудаанд, интишор ёбанд. Аз эҷодиёти Ёрӣ, ки аз рӯи тазкираву баёзҳо ва аз даҳони мардум сабт шудаанд, яъне он чи то имрӯз дастрас аст, дар ин маҷмӯа гирд оварда шудаанд. Хушбахтона ҳусни хати Ёрӣ, ба қавли худаш, шеваи нигоришаш, дар баёзи «Шарҳи Бедил» бо каме шарҳи ҳолу аҳволаш ва авроқи парешоне дар ҷузгираш, ки дар дасти набераи бародараш Малик – сокини мавзеи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб – марҳум Додихудо маҳфуз аст, ба мо ба ёдгор мондааст. Донандагони ашъори Ёрӣ Қуввати Хол, Давлат Абдуллозода, Муҳаммадхоҷаи Хоҷа, Абдуллои Аскарда, Одили Фозил, Ирфони Беназир мегуфтанд, ки девони шоир, ки гӯё худаш мураттаб сохта будаасту онро Хоҷа Обид аз Арабистон оварда ба фарзандонаш тақдим намуда буд, то соли 1923 вуҷуд дошт. Дар ин сол дастаи роҳзани Фатҳалишоҳ ба водии Ванҷ ҳуҷум оварда, девони Ёриро аз дасти додарзодааш, фарзанди Малик – Мулло Назрӣ кашида мегирад. Оқибат худи Фатҳалишоҳ ба зарбаи аскарони инқилобӣ тоб наоварда, ба Афғонистон мегурезад. Бо ҳамин девони Ёрӣ даст ба даст шуда, то ба имрӯз бе ному нишон аст.
  Доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ёрӣ дар матбуоти даврӣ бори нахуст шарқшиноси рус С.И. Климчитский мақолае навишта, дар қисмати «Фаҳлавиёти Дарвоз» («Осори базаи Тоҷикистонии АУ СССР») ворид намудааст. Ҳарчанд мақола сатҳист ва эҷодиёти Ёрӣ таҳлил нашуда бошад ҳам, бо ҳама норасоиҳо танҳо зикри он ки шоире бо номи Ёрӣ дар қаламрави Ванҷ будаасту бо лаҳҷаи маҳаллӣ шеър мегуфтааст, хизмати арзанда аст.
  Шахси дуввуме, ки оид ба Ёрӣ каму беш маълумот додааст, олими фолклоршинос А.З.Розенфелд аст, ки дар китоби «Намунаҳои фолклори Дарвоз» (Сталинобод, соли 1955) аз ашъори шоир чанд намуна овардааст. Шеърҳои ҳамчун намуна оварда аз назари имлоӣ, маъноӣ ва лаҳҷавӣ хатои зиёде доранд. Шарҳи ҳолу номи падари Ёрӣ дар навиштаҷоти ҳар ду олим ба хато рафтааст.
  Муаллифи ин сатрҳо оиди ҳарду навиштаҷоти олимони рус дар бораи Ёрӣ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (12 октябри соли 1956) ва рӯзномаи «Маориф ва маданият» (27 август соли 1959) фикру андешаамро баён намуда, навишта будам, ки падари шоир Мулло Ёр – мутахаллис ба Ёрӣ – Дод ном дорад ва ӯ фарзанди Рустамбек аст. Инчунин намунаҳои саҳеҳи шеъри Ёриро бо лаҳҷаи ванҷӣ ба ҳаводорони ашъори шоир пешкаш намуда будам.
  Бояд бо таассуф қайд намуд, ки минбаъд ҳам тадқиқотчиёни адабиёти асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ тоҷик ба сарсарикорӣ роҳ дода, боз ҳамон саҳву хатои пешинро такрор намудаанд. Аз ҷумла олими адабиётшинос А.Ҳабибов дар ҳама навиштаҷоташ соли таваллуд ва вафоти Ёриро ғалат нишон дода, номи падари Ёриро Мулло Малик ба қалам додааст, ки он боиси такрори ин хато дар навиштаҳои муҳаққиқони баъдина гаштааст. Малик бародари калонии Ёрист, на падараш. Ин хато, ки гӯё Ёрӣ писари Мулло Малик аст, дар «Тазкираи адибони Бадахшон» (Душанбе, соли 2005, мураттибон – Лаълҷубаи Мирзоҳасан ва Алидоди Чароғабдол) низ такрор ёфта, ду намунаи шеъри Ёрӣ пур аз хатои имлоӣ ва маънавии лаҳҷавӣ ба табъ расидаанд.
  Солҳои охир дар тарғибу ташвиқ ва шахсияти Ёрӣ дар заминаи ашъори дастрасбудаи шоир олимони тоҷик Г. Галимова, Н.Одилов, К.Бекзода, Н.Баравнӣ, Ё.Назар, С.Мерган ва дигарон мақолаҳо навишта, баъзе ҷиҳатҳои пардапечи ҳаёту фаъолияти эҷодии Ёриро кушоданӣ шудаанд. Рӯзноманигор Б.Назурдинов соли 1992 аз шеърҳои пароканда ва нопурраи дар матбуоти давр интишорёфта дар ҳаҷми 233 байт дар матбааи «Помир» маҷмӯаи ашъори Ёриро ба табъ расонида аст, ки шоистаи зикр аст.
  Ашъори Ёрӣ дар услуби баён ва истеъмоли калимаву ибороти хоси гӯишҳои ванҷӣ, ба ибораи дигар, лаҳҷаи Ванҷӣ ба сурудаҳои Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ-мутахаллис ба Урён (1002-1060), Пиндори Розӣ (ваф. 1011), Муҳаммади Мағрибӣ, Сафиаддини Ардабилӣ, Муҳаммад Сӯфии Мозандаронӣ, Бадри Шервонӣ (1387-1450) аз ҳама ҷиҳат ҳамоҳанганд. Саволе ба миён меояд, ки ин чи гӯиш ва лаҳҷаест, ки Ёрӣ аз Бадахшон, Бобо Тоҳир аз Ҳамадон, Сӯфӣ аз Мозандарон ва Бадр аз Шервон, ки дар масофа мавзеву шаҳрҳои аз ҳам басе дуранд, бо як шева шеър сурудаанд? Мураттиби «Мунтахаби ашъор»-и Бобо Тоҳир (соли 1963, ш. Душанбе) шоири тоҷик М.Раҳимӣ дар пешгуфтори маҷмуа овардаанд, ки «Рубоиҳои Бобо Тоҳир дар шеваи кӯҳии Лурӣ гуфта шуда, ба шеваҳои шарқӣ – ҷануби Тоҷикистон низ нисбате доранд». Барои тасдиқи ин андешаи М.Раҳимӣ сурудаҳои Ёрӣ ва рубоиҳои халқии ҷануби Тоҷикистон бурҳони қотеъанд. Акнун ба худи Бобо Тоҳир муроҷиат мекунем, ки оиди услуби баён ва забони шеъраш чи мегӯяд.   Шоир шеваи гӯишҳои худро, ки дар мо расм шуда аст онро лаҳҷаи маҳаллии Лурӣ хонем, забони паҳлавӣ номидааст.

Ало, то зори чун ту дилбарастум,
Саропо ҳамчу сӯта миҷмарастум.
Забони паҳлавиро устодам,
Китоби ошиқонро мистарастум.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ забони «Шоҳнома»-и безаволашро забони паҳлавӣ эълон намудааст:

Зи ман гашт дасти фасоҳат қавӣ,
Бипардохтам дафтари паҳлавӣ.
Набиштанд бар номаи Хусравӣ,
Набуд он замон хат магар паҳлавӣ.
«Калила» ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,
Бад-ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.

Боз аз забони Мавлоно Ҷомӣ омада аст, ки:

Маснавии Маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

  Ингуна мисолҳо, ки бузургони мо забони асарҳояшонро забони паҳлавӣ хондаанд, бисёранд. Забони паҳлавӣ, ки ба қавли Хоҷаи бузургвор – Ҳофиз гулбонги паҳлавист, ҳамон забони форсии замони салтанати Ашкониён ва Сосониён аст, ки онро то асрҳои VIII-IХ чунин мегуфтанд. Яъне паҳлавӣ ҳамон забони форсии дарист, ки бо мурури замон гӯишу лаҳҷаҳои он интихобан такмил ёфта, имрӯз чун забони адабӣ дар муомилот аст ва ба ҳама форсизабонон фаҳмо.
  Ба ин далел, ки Бобо Тоҳир шеваи шеърашро паҳлавӣ хондааст, инак чанд намуна аз ин шоири Ҳамадонӣ, ки зодгоҳаш дар масофа аз мо басо дур аст, вале маъно ва шеваи баёнаш ба сокинони ҷануби Тоҷикистон ошно:

Ду чашмунт пиёлай пур зи май бӣ,
Ду зулфунт хироҷи мулки Рай бӣ.
Ҳаме ваъда карӣ имрӯзу фардо,
Назунум му, ки фардои ту кай бӣ.
Кашим оҳе, ки гардун бохабар шӣ,
Дили девонаам девонатар шӣ.
Битарс аз сӯзи оҳи сӯтадилҳо,
Ки оҳи сӯтадилҳо коргар шӣ.
Зи ҳоли хештан му бехабар бим,
Назунум дар сафар ё дар ҳазар бим.
Фиғон ай дасти ту, эй бе муриват,
Ҳамезунум, ки умре дарвадар бим.

  Пиндори Розӣ (Х-Х1) зодаи мулки Эрон-кӯҳистони Рай аст ва аксар бо шеваи дайламӣ шеър мегуфтааст. Бештари эҷодаш шеърҳои ҳаҷвианд.

Май фаро овар, ки баҳра мебарӣ,
Май нишотафзои шодиоварӣ.
Ҳар киро, ки май набу, шодӣ набу,
Ин ҷаҳонро хуррамӣ бо май дарӣ.
Аблаҳон гӯянд, к-ин май бӣ ҳаром,
Менадунум, к-ин ҳаром аз чӣ барӣ.

  Намуна аз намояндаи ҷануби Тоҷикистон – зодаи кӯҳистони Ванҷ – Ёрӣ:

Мусулмоно, аҷаб ҳолм батар шӣ,
Ки бахту толеам дар кӯҳ ҷар шӣ.
Надим дар умри хд як рӯзи бе ғам,
Ба ҳар млке ки рафтм, шӯру шар шӣ.

Аз суҳбати фачи ҳар марди дағал навомем,
Дар оврингу кӯтал ёбуи шал навомем,
Дар як канора Ёрӣ, мевом, ки тоқа бошум,
Ҷамъияти харону мобузи кал навомем.

Наҷӯ, эй бехебар, як майдаи ному нишун янда,
Набимӣ ай саҳар бозе ки гуман одамун янда.
Таъин дониста бим ки ин клетӣ ҷои хирсунай,
Надуме ай қадим бахши чи уман одамун янда …

  Ибороти «бӣ», «шӣ», «карӣ», «навомем», «мевом», «мобуз», «бим», «надуме», «уман», дар лаҳҷаи маҳалҳои ҷануби Тоҷикистон, Ҳамадон, Рай канори оби Шервон мафҳуми «буд, бошад», «бошад, шуд», «кардӣ», «намефорадам», «мефорадам», «модабуз», «будам»-ро доранд.
Нигорандаи тазкираи «Сарояндагони шеъри порсӣ дар Қафқоз» муҳаққиқи тавонои Эрон Азизи Давлатободӣ дар боби Бадри Шервонӣ ва тавзеҳоташ ба девони шоир чунин овардааст: «Дар девони Бадри Шервонӣ (1387-1450) ду ғазал ва як муламмаъ ба гӯиши махсусе мавҷуд аст, ки дар матни девон онро «забони канори об» ёд карда аст.
  Ба назари нигоранда ду ғазал ва як муламмаъи мундариҷ дар девони Бадр ба забони озарӣ ё забони қадими озарӣ, ки яке аз шохаҳои забонҳои эронӣ аст, суруда шудааст. Ин забон бо лаҳҷаҳои он пеш аз тағйири забони мардуми Озарбойҷон ба туркӣ то ҳудуди садаи ёздаҳуми ҳиҷрӣ дар ин сомон ривоҷ доштааст.»
  Акнун ба сурудаҳои Бадри Шервонӣ муроҷиат мекунем то бифаҳмем, ки «забони канори об» чи забон ва лаҳҷаест, ки асрҳо боз дар Қафқоз ба он гуфтугӯ ва шеър месурудаанд:

Чу ман дилбар хушу соҳибҷамола,
Ба рух бадра ба абрувон ҳилола.
Ҳазорон дил барӣ бо нозу шева,
Ба нозу дилбарӣ соҳибкамола.
Аж удам к-у шаванда ружа пӯша,
Рухонам зарду хунин арсум ола.
Ба кӯрий душманон бусе ба ман де,
Бижан ку душманум аж дур нола.
Ман аж меҳрар чу зарра веқарорум,
Напурсӣ Бадри саргардун чи ҳола.

ХХХ

Аж ту ве сабру қарорум, чи карум,
Аж ғамар хаставу зорум, чи карум.
Бикашум ҷавру ҷафову ситамар,
Нея ғайр ай ту нигорум, чи карум.
Душманум ҳар чи бивожа, гӯ бивож,
Аж туе дуст надорум, чи карум.
Эй дилором, чу ман ку башареж,
Дар дил ором надорум, чи карум.
Дил ба меҳрар чу бибастум чун Бадр,
Нея як зарра қарорум, чи карум.

  Дар зодгоҳи Ёрӣ ва бисёр маҳалҳои ҷануби Тоҷикистон вожаҳои «ве» ба маънои «бе» (ве қарор – беқарор), «карум» ба маънои «кардам, бикунам», «нея» ба маънои «не, нест», «удам» ба маънои «он дам, он лаҳза», «угам» ба мафҳуми «он гоҳ, баъд», «пӯша» ба маънои «пӯшад» ва амсоли инҳо ба мардум шиносанд.
  Дар китоби муқаддаси Зардуштӣ «Авесто» вожаҳое амсоли «ява» ва «яфре» сабт шудаанд, ки дар лаҳҷаи Ванҷӣ то кунун дар истеъмоланд. Ванҷӣ бо лаҳҷаи худаш «боло будам» гуфтанӣ бошад, «амява бим» мегӯяд, ё «амяфре бим» ба маънои «поён будам».
  Аз мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки гӯишу лаҳҷаҳои забони қадимаи форсӣ-паҳлавӣ бештар дар мавзеоти кӯҳистон боқӣ мондаанд, ки нисбатан аз водиҳо дар канораанд ва бо дигар лаҳҷаву забонҳо кам омезиш ёфтаанд. Барои мисол бисёр вожаҳои лаҳҷаи мардуми кӯҳистон аз қабили: агане – вагарна, амтарӣ – ҳамин тавр, анда -ин ҷо, бима -биомад, бу-бошад ки, бган – бигӯянд, шт – бех, думӣ – медонӣ, жовян -хоидан, ита -ин хел, нӯл- минқор, кос – шифт, лӯв – фарёд, сорян – поидан, набӣ – набуд, нашӣ – нашуд, нажғар – наафт, навомем – намефорадам, амғал -ҳозир, худи ҳозир, му – ман, шава – шавад, тор – боло, карам –кардам ва амсоли инҳо бо мурури замон ба сокинони водиҳои Тоҷикистон бегона ва нофаҳмо метобанд.
  Ин ибораҳо дар гӯишу лаҳҷаҳои ванҷӣ, лурӣ, дайламӣ, бахтиёрӣ ва канори об то имрӯз дар истеъмоланд ва аз лаҳҷаҳои забони паҳлавӣ – форсии қадим дониста шудаанд.
  Ба назари нигорандаи ин сатрҳо захираи луғавии мардуми маҳалҳои кӯҳистон, ки шеваи гуфтори худашонро доранд, нисбат ба сокинони водиҳо ғанитар аст, зеро онҳо ҳам бо шеваи худашон фикрашонро баён мекунанду ҳам бо забони адабии имрӯзаи ба ҳама фаҳмо.
  Дар водиҳо, алалхусус дар шаҳрҳо ва марказҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ забон бештар такомул ёфта, ба дараҷаи забони умумӣ, яъне забони адабӣ расидааст, ки барои ҳамаи тоҷикзабонон фаҳмост. Аз ин ваҷҳ, ки дар Ҳамадон лаҳҷаи лурӣ, дар Рай дайламӣ, дар кӯҳистони Тоҷикистон лаҳҷаи ванҷӣ, язгуломӣ, вахонӣ, яғнобӣ, дар Қафқоз забони канори об ҳазорсолаҳоро пушти сар карда, то рӯзҳои мо боқӣ мондаанду мардум бо ин лаҳҷаҳо гуфтугӯ доранд ва ҳатто шеър месароянд, ҷои таассуф ва сарзаниши ин мардум ба қафомондагӣ нест. Ин лаҳҷаҳо аз забони қадимаи мардуми эронинажод – забони паҳлавӣ, яъне форсии дарӣ маншаъ мегиранд ва саҳифаи пур аз нигориши тамаддуни оламшумули халқҳои эронинажоданд.
  Масъалаи омӯзиш ва тадқиқи ҳамаҷонибаи лаҳҷаҳо аз миён бардошта нашудааст. Бо вуҷуди он ки дар ин ҷода бисёр корҳо анҷом ёфта, рисолаҳо интишор ёфтаанд, вале ин дар амали тадқиқу таҳлили гӯишу лаҳҷаҳо ҳанӯз кофӣ нест. Рафту ин кор ҷомаи амал пӯшад, ба ин васила эҷодиёти шоири соҳиби табъи оташбор – Ёрӣ, ки аксари шеъраш ба лаҳҷаи Ванҷӣ суруда шудаанд, дастраси доираи васеи хонанда хоҳад шуд.
  Чунон ки зикр шуд, дар таърихи адабиёти нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои асри ХХ тоҷик бидуни Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва устод Садриддини Айнӣ чун Ёрӣ кам шоире ҷуръат карда фисқу фасоди дарбор ва зулму тааддии гумоштагони аморатро дар маҳалҳо ҷасурона мазаммату фош кардааст. Ёрӣ шоири исёнгару мубориз аст.
  Бо шеваи ванҷӣ, мардуми диёр Ёриро ҳамчун шоири берӯ, яъне ҷасуру нотарс ном бурдаанд ва сурудаҳои шоир далели ин баҳогузории мардум нисбат ба шоири овозадори диёрашон мебошад. Дар воқеъ, ба ҷуз Ёрӣ каси дигаре аз шоирони ҳамзамону ҳамзабонаш ҷуръат карда нагуфтааст.

Олам аз шӯру шари манғитиён лабрез аст,
Ханҷари наҳси замон аз ду бараш хунрез аст,

 Ёрӣ шоири воқеъбин ва ҳақиқатгӯ пеши назар меояд. Бисёр шеърҳояш ба ҳодисаву воқеоте бахшида шудаанд, ки дар зиндагӣ ба вуқуъ пайвастаанд ва ӯ ин ҳолатро бо забони тезу тунд ва қалами буррояш баён намуда аст.
 Қувват Хол мегуфт: аксар вақт Ёриро воқеаву ҳолате ба ҷӯш меоварду чизе мегуфт: масалан рафтори махсумони Одешт, ки «Худовандо зи ман бошӣ ту розӣ …» гуфта аст. Мисоли дигар: шавҳари хоҳараш Гулхуним кӯҳнадӯз будааст ва бо дӯхтани сандалу чоруқ рӯз мегузаронида аст. Рӯзе ҳангоми тановули таъом Ёрӣ медарояду дастархони харобро дида, дафъатан ба домод хитоб мекунад:

Ба мулки Ванҷ то кай мекашӣ дарди сар ай кӯкт,
Ва зангирёт бхӯраймун, илоҳо бшканад чӯкт.

  Ёрӣ дар ҷавонӣ лоғарандом буда аст. Рӯзе китоб дар бағал дар кӯчаҳои Рохарв мегашт, ки деҳқони тануманде ӯро дида, эрод мегирад: «Анна ин мазаи муллобачагиву хондан, рагупай мондаӣ» мегӯяд. Ёрӣ ҷавоб мегӯяд: «Биё, бо ин андоми лоғару рагупай гӯштин мегирем» ва деҳқонро дар гӯштин зада, чун шоҳин болои синааш савор, хитоб мекунад:

Ҳар кӣ ва муло лоф зо,
Худо фархи сарндаш зо.
Ва ин дасту ва ин бозу,
Сари ҳавзи тарндаш зо.

  Ёрӣ шоири маҳбуби мардум аст ва маҳбубияташ бо ин далел маълум мешавад, ки шеъраш вирди забонҳост. Кам шоир аст, ки ашъорашро мардум ба андозаи сурудаҳои Ёрӣ аз бар донанд, алалхусус дар қаламрави Ванҷу Дарвоз. Донандагони ашъори Ёрӣ аз насли калонсол Муминшо Сӯфӣ, Бачабеги Шобег, Нуруллобеги Маҳрам, Ёрмуҳаммади Шер, Абдулло Назар, Дарғӣ Муҳаммадӣ, Давлат Вазир, Толибеги Тошзода, Иқболи Нағзибег, Қосими Техарвӣ, Шозамони Скадӣ, Шаҳдори Жамагӣ, Хизматшои Дарвозӣ, Олимшо Гулоб, Саидшарифи Мирзошариф бо фарзандонаш Аҳмаду Самад, Рӯзӣ Розизода, Диловари Қаноат буданд. Ин анъанаи наҷибро ҷавонон идома дода, руҳи шоирро шод ва номашро зинда медоранд. Аз зумраи ҷавонон шоир ва муҳаққиқ Мӯъмин Қаноат, Ғафлат Мирзо, Идибек Насрин, Аҳмадҷони Муҳаммадхоҷа, Ҳайдаршо Пирумшо, Нарзулло Ҷонов, Тоза Ёр, Зур Ёр, Фармон ва Қозӣ Самадовҳо, Саймирбеги Юсуф бо писараш Назрибег, Назрибеги Неъматулло, Султон Замир, Нусрат Тавалло, Маҳмадулло Абдулло, Муборакшо Иронзода, Давлатшоҳи Ғайратшо, Ғайрат Шамсуддин, Саидшои Лашкар, Назришо Қудрат, Ғаффори Мирзо, Назарӣ Вазир, Зоҳиршо Шарифзода, Муҳаммадрозиқи Назар, Розиқ Назрибек ва дигарон ба ашъори Ёрӣ рағбати зиёде доранд ва шеърашро бисёр медонанд.

Ёриро табъу забони оташ аст,
Сатри мавзуну каломи дилкаш аст.

  Оре, Ёриро забон оташ асту калом дилкаш ва ба ин васила рӯҳи сухансарои оташтабъу оташзабон, устоди каломи мавзуну баландпарвоз – Ёрӣ бо халқаш ҷовид аст. Ва имрӯз ҳамдиёронаш чун подоши хизмат дар рушду камоли каломи бадеъ миёни ду силсила кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи водӣ дар дили Ванҷ – мавзеи Рохарв қуллаи саввум – ҳайкали шоирро бунёд кардаанд. Дар пойтахти давлати тоҷик шаҳри Душанбе низ яке аз кӯчаҳои ободи шаҳр ба ифтихори шоири маҳбуб Мулло Ёри Ванҷӣ номгузорӣ шуда аст.

Басир Расо.

 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.