Ёде аз марди накӯном

  Рӯзи 11.02.2016 дар маҷлисгоҳи Институти фалсафаи АИ ҶТ маҳфили илмӣ ба рӯзи ёдбуд ва 75-умин рӯзи зодрӯзи олим ва донишманди тоҷик Аҳмадчон Муҳаммадхочаев зери унвони “Саҳми Муҳаммадхоҷаев дар омӯзиши тариқаи нақшбандияи тасаввуф” баргузор гардид. Дар маҳфил олимони шинохта Г.Ашуров, К.Олимов, А.Маҳмадов, Ф.Маҳмадҷонова, Ғ.Мирзоев ва дигарон суханрони намуда, аз хизматҳо ва саҳми ин донишманди шинохтаи тоҷик ёдоварӣ намуданд. Ёдаш ба хайр ва хонаи охираташ обод бод!
  Рӯзи 10-уми ферали соли равон олим ва донишманди тоҷик Аҳмадчон Муҳаммадхоҷаев бояд 75-умин солгарди худро дар ҳалқаи шогирдону ҳамкорон ҷашн мегирифт. Маҳфил бояд ба як ҷамъомади илмиву адабӣ табдил меёфт. Бале, ин ваъдаи соҳибҷашн барои онҳо буд, зеро дигар дар хама солгардҳои шастсолагиву ҳафтодсолагии пешин ӯ худаш аз гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ қотеъона рӯ тофта, ваъдаро барои онхо ба зодрӯзи 75-солагияш вогузор карда буд. Чун ҳамеша хоксориву фурӯтаниро ихтиёр дошт, ваъда дода буд, ки акнун ин маврид бо майли шогирдонаш гӯш хоҳад дод. Намедонам, ин ваъдаро ӯ дониста карда буд ё не, вале тақдири рӯзгораш ин маврид ҳам ба хости шогирдон нагашт ва дунболаи хости устодашон рафт. Марги нобахангом, риштаи умри ин марди фозилу донишманд ва олиму хирадмандро ҳамаги чанд моҳе пеш аз ин саннаи ҷашнӣ канда кард. Акнун ӯ дигар дар байни шогирдону ҳамкорон нест ва онҳо ин саннаи солгарди устодашонро дар ғайби ӯ қайд мекунанд, вале бо хостаҳо ва розҳои худашон.  Дар устураи шифоҳии мардуми тоҷик ривояте ҳаст, ки барои ҳар як инсон дар осмон ситорае вуҷуд дорад. Ситораҳои осмон ин муодили инсонҳои рӯи Заминанд, ки ҳар кадом ношӣ аз хулқу атвор ва кирдори инсоне ба шаклу услуби ба ӯ монанд аз худ ҷилва ва нурафшонӣ мекунанд. Дар якҷоягӣ ин нур ва чашмакзании ситораҳо осмонро зебоиву зиё мебахшад.Чун ҳаёти инсоне дар Замин гусаста мешавад, ситорае низ аз ситоразори бекарони осмон канда шуда, ба замин меафтад ва нуру равшании ин фазои беҳудуд як ҳадде кам мешавад. Фаҳмиши устуравӣ ва рамзии ин қисса ба ҳамагон маълум аст. Марги ҳар инсон талафот ва фоҷеа аст, аммо вақте ки як олим, донишманд, муҳақиқ, мураббӣ, устоди садҳо нафар толибилму донишҷӯю унвонҷӯ ва ниҳоят як шахси комилу соҳибдил ин оламро тарк мекунад ва дигар набуданашро дар паҳлӯи онҳо аз худ дарак медиҳад, ин шабоҳат ба канда шудани нуреро дорад, ки ҳамагонро равшаниву зиё ва гармӣ мебахшид. Марги сохибдил чохонеро далели кулфат аст, Шамъ агар хомӯш гардад, доги Маҳфил мешавад. Марги нобахангоми олими тавоно ва муҳаққиқи нуктасанҷ, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ахмадҷон Муҳаммадхоҷаев, ки ба таърихи 27-уми– июли соли гузашта иттифоқ афтод, аз зумраи ҳамин хисороти маънавиву фарҳангӣ барои ҳама ҳамкорон, барои ҷомеа ва барои илми тоҷик ба шумор меравафт. Воқеан, Муҳаммадхоҷаев шахсияте буд, ки шурӯъ аз солҳои 80- уми қарни гузашта то ба имрӯз дар маркази таҳавваулотҳои андешаи илмӣ ва фалсафии тоҷик қарор дошта, дар самтгирӣ ва дастоварду пешравиҳои он нақши муайян дошт. Даргузашти чунин шахсият кори саҳлу сода ва талафоти оддӣ нест. Чун асрори марг худ барои инсоният ҳамеша як муаммост, вале пайомадаш аз он ҳам сангину ҷигарсӯзтар аст. Ба таъбири Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки нисбати вафоти шахсияти фарҳангӣ ва ҷамъиятии он замон, дӯсташ Абулҳасани Муродӣ дар марсияи машҳураш иброз дошта буд, ин талафоти хурде нест, ки баъди андаке боз онро пурра ва ҷой ба ҷой бикунӣ: 

Мурд Муродӣ на ҳамоно, ки мурд, 
Марги чунон хоҷа на корест хурд!
Ҷони гироми ба падар боз дод,
Колбади тира ба модар супурд.
Ҷони дувумро, ки надонанд халқ,
Мисқалае карду ба ҷонон супурд….
Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Дона набуд ӯ, ки заминаш фисурд.
Ганчи заре буд дар ин хокдон,
К-ӯ ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд…

  Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев на танҳо олим ва муҳаққиқи бахши фалсафа, балки боз ходими ҷамъиятӣ, аъзои Президиуми Академияи илмҳо, ташкилотчии соҳаи илм, педагог ва устоде, ки садҳо нафар шогирдонро тарбияву ба камол расонида ба шоҳроҳи ҳаёт ба аъолияти амалӣ гусел намудааст, ба шумор мерафт. Муддатҳои тӯлонӣ ва лаҳзаҳои охири умраш мудирии Шӯъбаи таърихи фалсафаи тоҷик дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳоро бар дӯш дошт. ӯ 10 -уми феврали соли 1941 дар Ҷумҳури Тоҷикистон дар оилаи хизматчии давлатӣ, шахси зиёӣ ва фарҳангпарвар Хоҷаев Муҳаммадхоҷа, ки худ донандаи хуби адабиёти классикии форсу тоҷик буд, ба дунё омадааст. Устоди аввалин ва роҳнамо дар соҳаи омӯзиш ва пажӯҳиши илмӣ барояш падараш буд. Баъди хатми мактаби миёна дар зодгоҳаш -шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ соли 1959 ба бахши шарқшиносии факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи Милли Тоҷикистон) дохил мешавад. Донишгоҳро соли 1964 бо муваффақият ба итмом расонида, солҳои 1965-1966 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати Модар – Ватанро адо меномояд. Баъди ин ба аспирантураи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳо дохил шуда, таҳсил худро дар он идома медихад. Рисолаи номзадияшро соли 1971 дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии Фаридуддини Аттор» дар ҳамин ҷо ҳимоя мекунад. Солҳои 1981- 1984 дар Ҷумхурии Афғонистон хамчун тарчумон ифои вазифа намудааст. Тамоми фаъолияти илмиву амалӣ ва педагоги ин шахси наҷиб ва меҳнатдӯст шурӯъ аз соли 1966 то охири умраш дар Иститути алсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ҷараён гирифтааст. Дар ин даргоҳи илм ӯ дар вазифаҳои гуногун аз қабили ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, мудири шӯъба, котиби шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва ғайраҳо ифои вазифа намудааст.
  Соли 1993 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳури Қазоқистон рисолаи докторияшро дар мавзӯи «Идеологияи Нақшбандия» бо муваффақият ҳимоя мекунад. Дар давоми фаъолияти илмиву таҳқиқотияш Муҳаммадхоҷаев мавзӯъҳои мубрам ва паҳлуҳои ноомухтаи таърихи афкори фалсафиву ирфонии халқи тоҷикро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.Барояш ҳамеша услуби объективияти илмӣ ва таърихиву муқоисавӣ хос ва аҳмият доштааст . ӯ муаллифи зиёда аз 300 мақола ва асарҳои гаронарзиши илмӣ ба шумор меравад. Муҳимтарини онҳо «Ҷаҳонбинии Фаридуддини Аттор», «Гносеологияи тасаввуф», «Таълимоти зебоишиносии аҳли суфия: таҷрибаи таҳлили танқидӣ», «Шарҳи осор ва аҳволи Хоҷа Аҳрори Валӣ», «Идеологияи Нақшбандия», «Назарияи маърифати орифон», «Консепсияи диниву сиёсии Хоҷа Аҳрор» ва ғайраҳо мебошанд. Муаллиф дар ин асарҳо ба ҷанбаи гуманистию ахлоқии таълимоти тасаввуф такя намуда, асли тарбиявию ғояофаринӣ ва инсонофаринии ин таълимотро равшан намудааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки андешаҳои тасаввуфӣ ва ирфонӣ як шохаи таълимоти фалсафию ҷаҳонбинии гузаштагонамон буда, таъсири он дар адабиёт, фарҳанг, зебоишиносӣ, санъат, меъморӣ, ахлоқи ҷомеа ва ғайраҳо муассир будааст. Ғояҳои таҳамулпарварона ва мудоросози ин таълимот дар замони ҷаҳолатхои асримиёнагӣ то андозае пеши роҳи истибдоду табйиз ва беадолативу зулми саросриро гирифта, инсонро дар манзалати инсонӣ нигоҳ медоштанд. Зулму ҷабр ва кушторҳои оммавии Чизгизҳову Темурҳоро ғояҳои инсонпарваронаи ин мактаб хунсо намуда, ҳукуматҳо ва шахсиятҳои ваҳшисирату ваҳшисурати онҳоро барои инсон будан парвариш мекард. Тасаввуфу ирфон дар ин замон рисолати худро дар шикастани девору зиндон ва нафси инсонкуши замон медиданд, то андаке ҳам бошад саодати инсонро таъмин намоянд. Ин матлаб дар мероси яке аз намояндагони аҳли тасаввуф чунин баён шудааст: 

Боз омадам, то даҳрро девору зиндон бишканам,
Ин чархи зулматпешаро чанголу дандон бишканам.

  Маҳз ҳамин ҷанбахо ва ғояҳои волои инсонӣ инъикоси худро дар таҳқиқотҳои Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев пайдо мекарданд. Муҳаммадхоҷаев дар баробари ин таҳқиқотҳо боз ҳамчунин дар таълифоти дастаҷамъонаи «Таърихи алсафаи тоҷик аз замонҳои қадим то асрҳои миёна», «Таърихи фалсафаи тоҷик аз асрҳои миёна то замони нав», «Осори фалсафии Ибни Сино», «Осори фалсафии Носири Хусрав» ва ғайраҳо иштироки бевосита кардаст. Ҷанбаи дигари бисёр муҳимми фаъолияти Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаевро кори педагогӣ ва тайёр намудани кадрҳои нав ташкил медод. Дар зери роҳбарии ӯ зиёда аз бист нафар докторҳо ва номзадҳои илм рисолаҳои илми худро дифоъ намудаанд. Маслиҳату машварат ва кӯмакашро аз ягон нафар толибилму унвонҷӯ ва ё аспирант дареғ намедошт. Қариб ҳама рисолаҳои илмие, ки дар дигар бахшҳои Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ омода ва ҳимоя мешуданд, ҳама аз кӯмак ва дастгириҳои ин марди шариф, меҳрубон, хушаҳлоқ ва дилсӯзи илму маърифат дар канор намондаанд. Ҳама аз хурду бузург то худию бегона ба ӯ на бо нидо ва ибораи «мудир», ё «устод», балки бо ибораи «акаи Аҳмадҷон» муроҷиат ва дархосту мушкилии худро ҳаллу фасл мекарданд.Бо ҳамкорону шогирдон ҳамеша ҳалиму ғамхор ва мушфиқу меҳрубон буд. Соҳиби обурӯву иззат ва қадрдонии коллективи меҳнатӣ ва ҳама ҷамъи кормандон буд.
Ёди ин марди накӯном, инсони донишманду хирадманд ва поктинату покизасиришт ҳамеша дар қалби ҳамкорону шогирдон ва ҳаводорони илму маърифат боқӣ хоҳад монд.

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯи набаранд.

Ғаффор Мирзоев, ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва хуқуқи АИ ЧТ.

Рузномаи “Миллат” №6 (651) 10.02.2016. Ёде аз марди накӯном. (Ба истиқболи 75-солагии зодрӯзи файласуф ва донишманди тоҷик Ахмадчон Мухаммадхочаев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.