Юсуф Қудратов

  usfqdratЮсуф Қудратов соли 1909 дар деҳаи Рохарви амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқон Нусайчиев Қудратбек таваллуд шудааст. Ӯ аз хурдсолӣ то давраи 8-солагиаш дар тарбияи падару модараш буд. Ю.Қудратов дар мактаби кӯҳнаи динӣ, дар назди муаллим (муллои кунҷакӣ) Саломатшоев Тӯфабек таҳсил намуда, саводи ибтидоӣ гирифт. Шавқу ҳавсалааш ба омӯхтани асарҳои Ҳофиз, Бедил, Ҷомӣ, Саъдӣ зиёд буд, Дар андак муддат хату савод омӯхта, мустақилона ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти форсу тоҷик машғул мешавад.
  Соли 1923 Аскарони Сурх Қалъаи Ванҷро аз дасти амалдорони Аморати Бухоро озод карданд. Яке аз самараҳои Инқилоби Октябр ба халқи камбағали кӯҳистони Ванҷ кушода шудани мактаби Шӯравӣ буд. Дар ин мактаб 24 нафар фарзандони меҳнаткаш фарогир шуданд, ки яке аз онҳо Юсуф буд. Юсуф дар мактаб хубу аъло хонд, аз ин ҷост, ки ӯро зуд ба сафи комсомол қабул карданд.
  Ю. Қудратов баъди хатми мактаби ибтидоӣ чун талабаи аълочӣ соли 1926 барои хондан дар ш.Душанбе ба мактаби Шӯравӣ фиристода мсшавад. Баъди хатми он, соли 1928 ба Дорулмуаллимини ш.Тошкент роҳхат мегирад. Дар он ҷо бо Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Баҳодур Искандаров, Почоҷонов ва ғайраҳо ҳамтаҳсил буда, дар корҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагии ин донишкада фаъолона ширкат дошт. Баъди хатми дорулмуаллимин, аз моҳи маи соли 1930 дар ноҳияҳои Қалъаихумб ва Ванҷ ба кори омӯзгорӣ машғул шудСоли 1930 мудири хонаи бачагони ноҳияи Қалъаихумб, солҳои 1931-1932 нозири шӯъбаи маорифи ноҳияи Қалъаихумб, 1932-1937 мудирии Курси муаллимтайёркунии ноҳияи Қалъаихумбро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1937-1939 дар шаҳри Душанбе дар техникуми бинокорӣ низ таҳсил намудааст.
  Устоди қариб тамоми муаллимони насли калону миёнаи ноҳияи Ванҷ Ю.Қудратов соли 1939 то соли 1970 дар мактаби ба номи Крупская, ки ҳоло чун мактаби миёнаи ба номи Юсуф Қудратов номгузорӣ шудааст, кору фаъолият мебурд.
  Хизмати дуру дарози ӯро Давлати Шӯравӣ ба назар гирифта, бо мукофотҳои зерин қадр кардааст: 20 октябри соли 1951 бо медали “Барои меҳнати шоён”; 5 августи соли 1960 бо ордени “Ленин”; 18 августи 1965 бо унвони ифтихории “Муаллими хизматнишондодаи ҷумхурӣ”; медал “Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945”.
  Аввалин шуда аз ноҳияи Ванҷ соли 1946 бо нишони “Аълочии маорифи халқ” мукофотонида шудааст. Устод Юсуфов Қудрат дар асоси Қарори Кумитаи ҳизбии ВМКБ ҲК Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ВМКБ аз 13 апрели соли 1970 ба китоби фахрии Кумитаи ВМКБ дохил шудааст. Кору фаъолияти дурахшони Юсуф Қудратов дар таърихи ноҳияи Ванҷ пойдору абадӣ хоҳад монд.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.