Элчзанҳо

  Дар давраҳои пештар аз ҷумлаи ду-се пиразани пурфайзу баракат ва  кордон ба ҳайси “элч”[1] кафолати чорвои мардумро дар чарогоҳҳои мавсимии кӯхистон мегирифтанд. Элчзанҳои кордону дар меҳнат обутобёфта на аз шабҳои тори кӯҳистон, на аз гармову сармову сад нозу нузи табиати кӯҳистон меҳаросиданд ва пайваста аз субҳи содик то шоми тира меҳнат карда, заҳмат мекашиданд, гову молро меҷӯшиданд, шир гарм мекарданд, дӯғ мекашиданд, қурут мечапиданд[2], равғани маска[3] мебароварданд. Бар зами ҳама ин се вақт хӯроки гарм, аз қабили ширчои сершир бо маска барои сахарнорӣ[4], қурутоб барои нисфирӯзӣ, ширӯған[5] ё ширҷӯш[6] барои хӯроки бегоҳирузӣ барои чӯпонон ҳамеша омода буд ва ҳар як чӯпон баъди адои навбати пода аз тарафи ин кампиракҳои нуронӣ ва бобаракат бо як-ду қурут кадрдонӣ ҳам мешуд.
  Кампиракони нуронӣ вазифаи худро содиқона ва аз рӯи виҷдон адо мекарданд, дар нисбати чорвои мардум дилсӯзона рафтор мекарданд ва дар нисбати чӯпонон дар самти чарондани рама ва талаф наёфтани он сахтгир буданд. Ҳар бегоҳ рамаро пешвоз гирифта, ҳисобу китоб мекарданд ва аксари чорвои мардумро аз рӯи рангу намудашон мешинохтанд. Дар сурати ҷой доштани камбудӣ ва нарасидани як ё якчанд чорво чӯпонро огоҳ мекарданд.
  Баъзан ҳолатҳое мешуд, ки бачоҳи як рӯз чупонирафта чорвои дар навбати пода гумкардаашонро чанд рӯз мекофтанд, аз ин ҷиҳат талафот дар миёни чорвои мардум дар ҳамон давру замон нисбатан камтар буд. Акнун, мутаассифона, ин анъана вактҳои охир қариб, ки аз байн рафтааст, талафот ҳам дар байни молу чорвои мардум сол аз сол бештар гаштааст ва ҳам чупонон дар шароити сахти кӯҳистон дар вақти адои навбати подаашон ба даҳҳо мушкил рӯ ба рӯ мезананд. Азиз Қадамов.

[1] Элч – заноне, ки ба девлох (чарогоҳҳои баланди кӯҳие, ки дар фасли тобистон молу гови деҳотро ба он ҷо мебаранд) барои нигоҳубини чорвои мардум мераванд.
[2] Чапидан – часпонда сохтан.
[3]Маска – равғани чорпо.
[4] Саҳарнорӣ – хӯроки субҳ, субҳона.
[5] Ширрӯған – ширравған, таоме, ки бо ширу равғану нон пухта мешавад.
[6] Ширҷӯш – таоме, ки бо ширу равған ва чапотӣ (навъи нони тунук) пухта мешавад.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.