Шӯрвои дегпоҷгӣ

  DegpojgiВа гфти бобии Члчлӣ мазаву тазаи авқоти ай гӯшти чорвои рӯи куву пуштои мо, ки дар ҳавои салқин гаштану ай ови чшмоои хнки доманакувову алафои гногн, ай қабили камчу пӯдинаву пиёзи куӣ, торну савзаи тару тозаи бармоло истемол каргӣ ба клӣ ай дигар минтақоо фарқ мекна. Да вахти тиёр карани хрок ай гӯшти чорвои мо да охирои фасли тирамо, ки ай фарбигӣ чанд қабат гӯшт грфтасту ва қавли мардми таҷоӣ “ғнҷ” шияст, истифодаи ягон консентрати мазадувнда даркор нест.
  Тарзи тиёр карани шӯрво барои маҳракаоо иқа мракаб нест. Тахминан, соҳатои шаши саҳарӣ гӯшти майдакаргӣ, тиёра нмккаргиро да деги тори дегпоҷгӣ мегзорану то ҷӯш умаанша алови дегпоҷгиро аланга медан. Баъди ҷӯшияни шӯрво да дег зардаку пиёзу катшкара да дег партофта, алови дегпоҷгира пасттар мекнан.
  Дар алови паст оста-оста шӯрво пхта, омодаи кашиян мегара. Тарзи пешкаши меҳмуно карани шӯрво дар давроои ҷивонии мо чор каси сари ҳар як табак ва се-чор чапоти бӣ. Ҳозиро тарзи пешкаш кардани шӯрвои барои меҳмуно оста-оста барҳам хӯр, ҷои табақа дӯғовӣ грфтаст. Азиз Қадам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.