Шхарвак

  Деҳаи Вишхарвак яке аз деҳоти зебоманзари Ванҷи Боло буда, баъди деҳаи Ғуҷоваст ва пеш аз деҳаи Ғӯмаст воқеъ гашта, шомили ҷамоати Рованд аст.
  Баъди ба охир расидани мавзеи Заги Харгади деҳаи Ғуҷоваст Сели Вишхарвак (мардум деҳаро аслан Шхарвак ном мебаранд ва ин мавзеъ дар шеваи мардум «Сели Шхарвак» номида мешавад) оғоз мегардад. Ин мавзеъ ҷои сели дар замони хеле дур омада буда, аз даҳанаи дараи деҳа то соҳили Ванҷоб тӯл мекашад ва аз боло то роҳи мошингард бо ҷо-ҷо бутазорҳои гулхору ангету дарахтони жужу синҷит ва аз роҳи мошингард то сангов бо ҷангали анбуҳи хору ангету беду сафедору жуж пӯшонида шудааст (аммо мутаасифона солҳои охир ин ҷангалзорҳои зебоманзар ҷойи хешро ба даштҳои хушку холӣ иваз намудаистодаанд). Баъди хамбии (ҳамвории) Заги Харгад кӯтали Сели Шхарвак сар мешавад, ки он то ибтидои деҳа давом ёфта, дар интиҳояш дарачаи хурде воқеъ аст, ки баъди он баландӣ оғоз мешавад ва ин мавзеъ Сари Қуртӣ (дар лаҳҷаи мардум «Сари Қртӣ (баландӣ)» ном дорад. Пас аз он деҳа меҳмони хешро бо анбуҳи дарахтони бузургҷуссаи чормағз (нишонаи фарқкунандаи манзараи деҳоти Ванҷи Боло аз деҳоти Ванҷи Поён аслан дарахтони  сершумори баланду бузурги чормағз мебошанд, ки бо ҷуссаи азими худ деҳаҳоро  мепӯшонанд) пешвоз мегирад. Деҳаро роҳи мошингард ба ду қисмат ҷудо намуда,  аз роҳ боло каме нишеб буда, баъди хонаву боғу обчакориҳои мардуми маҳалаи Тор кас баъди тамошои мавзеъҳои марғуби Змини Рег, Чормағзо, Навкал, Загак, Ёдгор, Врзор, Даштаки Мазор, Бувайн, Мазор, Чкризор, Хшдаштак ба сӯи қуллаи Куи Кавӣ раҳсипор мегардад. Қисмати поёни деҳа нисбатан ҳамвор буда, баъди маҳалла мавзеоти сердарахту заминҳои атрофашон бо буттаву хорзорҳо пӯшондаи Боғи Ботаникӣ ва Ҷои Шароф воқеъ гаштаанд. Боғи Ботаникӣ дар замони Шӯравӣ мавзеи илмӣ-тадқиқотӣ буд ва уламои рустанишинос дар он ҷо таҷрибаҳои илмӣ мегузарониданд. Дар поёни деҳа дар соҳили Ванҷоб Ҷангали Шароф воқеъ аст, ки бо вуҷуди канда бурдани дарё қисматҳояшро ҳар тобистон вуҷудияти  хешро аз даст намедиҳад. Баъди ба охир расидани деҳа қад-қади роҳи мошинрав мавзеи паҳну ҳамвори Дашти Вишхарвак оғоз мегардад. Пас аз он мавзеъҳои Рӯбақрмбу Зелолак раҳгузарро ба мавзеи Пуни Ҷангали Вишхарвак (ин мавзеъро Пуни Ҷангали Ғӯмаст ҳам мегӯянд), ки дар замонҳое деҳа ва ҷои зисти мардум будааст ва ба сабаби хавфи тарма онро тарк намудаанд, бурда, ба сӯи Ҷангали Ғӯмаст ба ҷониби ин деҳа гусел мекунад.

Маҳалоти деҳа

  Деҳаи Вишхарвак дорои … хоҷагӣ буда, нуфузаш … нафар аст. Деҳаи мустақил буда, раёсати хешро дорад ва раиси кунунии он Гиёев Содиқ мебошад. Дар деҳа танҳо мактаби ибтидоӣ буд ва солҳои охир он соҳиби мактаби ҳаштсола гаштааст ва масъулияти  мудири мактаб ҳоло ба зиммаи Муҳаббатов Толиб мебошад. Инчунин дар деҳа чанд мағозаи фурӯши мол дар хизмати мардуми онанд. Деҳаро роҳи мошингард мисли бештари деҳоти Ванҷ ба қисматҳои Тору Таг ҷудо намудааст.
  Маҳалаи Таги Таг. Аз ҷониби Ғуҷоваст саршавии деҳа ва пасттарин қисмати он буда, ҷои зисти Мирзоевҳо: Иззатманд, Карим, Мақсад ва Ғӯруковҳо: Гулмаҳмад (Гулмад) ва Валӣ мебошад.
  Маҳалаи Таги Мина. Болотар аз маҳалаи Таги Таг аслан макони истиқомати Муҳаббатовҳо мебошад. Дар ин маҳала Муҳаббатовҳо: Муминҷон, Маҳмадҷон, Бачаҷон (Худованд ӯро биёмурзад), Абдулло сукунат ихтиёр намудаанд.
  Маҳалаи Ферма. Ин маҳала нисбат ба маҳалоти дигари деҳа ҷавонтар буда, дар он ҷо Муҳаббатовҳо: Толиб, Сотим, Зубайд, Файз ва Синонов Дилшод манзили истиқоматӣ бунёд намудаанд.
  Маҳалаи Тор.  Қисмати аз роҳи мошинрав болои деҳа буда, дар ин маҳалла хоҷагиҳои Гиёевҳо: Обидҷон , Маҳмадулло, Содиқ, Ҳабиб, Синонов Рамазон, Муҳаббатов Олим, Ташриповҳо: Неъмат ва Раҳмат, Сафаровҳо: Алӣ Рӯзмоншо, Зеваршо, Сӯҳбатов Савлат, Иброҳимов Мулкамон (Худованд ӯро биёмурзад) ва Дарвешов Одина воқеанд.
  Маҳалаи Дашт. Ин маҳала ҳам дар солҳои охир таъсис ёфта, баъди сохтани пули мошингард байни деҳаҳои Мудехарву Вишхарвак эътибори махсусе пайда намуда, дар он ҷо бозори калон баргузор мегардад ва мағозаҳои доимву ошхонаву тарабхона сохта истодаанд. Сокинони феълии ин маҳала Сӯҳбатовҳо: Баҳром, Табарукшо, Султон, Гиёев Розиқ, Ғӯруков Сайёд буда, нафарони зиёде ҷои сохтмони манзили истиқоматӣ гирифтаанд. Ашраф Акрам (Дар таҳияи мавод Сӯҳбатов Фармон ва Дарвешов Сайфиддин кӯмак расонидаанд).

Расмҳои деҳа:

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.