Шокарим Ватанов

shokarimvatan Соли 1901 дар деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ  дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз синни 16-солагиаш дар пеши устои оҳангари деҳаи Бунай Лоиқов Нуралӣ шогирд шуда, касби оҳангариро аз худ карда, устои оҳангар мешавад.
  Соли 1926 ба деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз рафта, дар онҷо дар хонаи тағояш Муллогадо истиқомат када, оиладор мешавад ва дар муддвти 13 сол барои мардуми он деҳа ҳамчун оҳангар хизмат мекунад. Баъд аз он ба деҳаи Бунай баргашта дар колхози Фрунзе идомаи касб менамояд.
 Соли 1940 вақти сохтани шаҳрҳои Душанбе Хорӯғ дар ин маърака чун устои оҳангар кору фаъолият кардааст. Соли 1942 бо талаби колхозчиён колхози Сталини деҳаи Рохарв ба деҳаи Рохарв омада, то охири умраш  устои гулдасти оҳангар ба мардум хизмат кадааст. Ин марди  меҳнат устои номӣ, соли 1993 да синни 92 солаги чашм аз ҷаҳон пушид. Меҳнати шоёни  ӯ бо чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.