Ширговад

  Деҳаи Шрговад (дар асноди расмӣ Ширговад) яке аз деҳоти зебоманзари ноҳияи Ванҷ буда, 35 километр болотар аз маркази ноҳия ва 540 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе қарор дорад. Феълан дорои 135 хонавода ва беш аз 900 нафар нуфус дорад. Миллати сокинони деҳа тоҷик, ва пайрави мазҳаби Абуҳанифа мебошанд.

Таърихчаи ном

  Вожаи “Шрговад” ё “Ширговад”-ро мардуми аҳли фаҳм ба таври мухталиф ҳар гунае маънидод мекунанд. Бархе маънии онро гирифта аз вожаҳои тоҷикии “шир” ва “ов” донистаанд ва онро “шири равон”-аш хондаанд. Зеро даргове (мардуми куҳистони Ванҷу Дарвоз рӯди куҳиро чунин номанд), ки аз васати ин деҳи нозанин ҷорӣ мебошад, дар чаҳор фасли сол софу тоза аст ва ба ҳангоми аз боло назар кардан кафкҳои он ба монанди шир сафед менамояд. Аммо ба қавли донишмандону таърихшиносон шакли дурусти номи деҳа “Шрговад” на “Ширговад” мебошад. Шрговад аз ду вожа – “шрг” ва “вад” гирифта шудааст. Донишманд ва забоншиноси тоҷик Умед Ҷайҳонӣ ба ин назаранд: “шрг”-ро ҳамворӣ ва “шрговад”-ро макони ҳамвор гуфта буданд. Ҳамчунин вожаҳо ба амсоли “ширг”, “ширговад”, “ширговадак”, дар қаламрави Дарвози таърихӣ зиёданд. Албатта, ҳама ширгҳо акнун дашту ҳамвор нестанд, вале эҳтимол дорад, ки дар қадим, дар замони номгузорӣ ҳамвор буда бошанд, ё ин ки мардумаш аз ҷое дигар омада ва номи он зодбумашонро ба ин деҳаашон дода бошанд”. Бар зами андешаҳои ҷаноби Ҷайҳонӣ метавон гуфт, ки дар ин қаламрави тоҷикнишини бостонӣ номҳои мавеъоти мазиде бо пешванди шрг ва ё крг ва бо пасванди вад ва ад мавҷуданд. Деҳоти зайл далели гуфтаҳои фавқанд: Шрг, Крговад, Садвадг, Сумгад, Бовид ё (вад) Жовуд… (Идома дорад). Аъзамшоҳи Ширговадӣ.

1 Назар

  1. Оқои Аъзамшоҳ матни Шумо нопурра аст. Лутфан матнро пурра намоед!
    Давоми матнро бесаброна интизорем )

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.