Шеърҳои Орзуи Ванҷӣ

Аҷаб шалпарм кар

Аҷаб чанд соли ҳиҷрат шалпарм кар,
Ҷамиҳи бедарак рту парм кар.
Ай як гӯли дабанги садкилоя,
Чнон беҳавсала, мушти парм кар.
Надим бубидма, мн ай кӣ бнолм,
Фалон гфтм! Бзо дур ай дарм кар.
Ва миннат як нволае, ки ёфтм,
Амн як лқмара зори сарм кар.
Бшияст тоқатм тоқ лек чи ҳилоч,
Бшин меган, солост, ки карм кар.
Аҷаб ҷоест ва ин рангу сару рӯ,
Ту вегунай бра, дур ай барм кар.
Хдо мегӯм, ки фарзандма Ватан бар,
Ки инда ғамшарик мех дар сарм кар.

Ванҷм ватанест

Чағораву чкриву самарӯғш ҳалол,
Мо гандагие надийем ай гандакамол.
Овои хнк ай чшмаву тармаву ях,
Дар каф бгиру бкабу дар рӯт бмол.
Хокш чу давои захму хорш боша,
Ҳатто мекна табобатт сахрашамол.
Ҳар решаву шоху навда дора фойда,
Ё вехи шахег боша ё барги бушол.
Ай тутш ҳаловат бар ай севш ҳзур,
Ҳам дӯға бхр давосту ҳам шири камол.
Ванҷм ватанест, ки ҳама чзш покай,
Ай неъмати додагиш магрезу манол.
Ун дардои бедаво ай ҳаҷру ғаман,
Шкронаи Ҳақ бгӯву ай ғайрш нанол.

Тиратар шӣ

Аҷаб рост гфтабин пирони доно,
Ки ҳоли Орзуи Ванҷ тиратар шӣ.
Ба шаҳри ғурбату оворагардӣ,
Ғаму дарди дрнш тмбатар шӣ.
Худо рахматт кна бобои Ёрӣ,
Гапи чансола гфтӣ, нав бадар шӣ,
Брафтан мардми Ванҷ мардикорӣ,
Чи ҳоле бӣ, ки имрӯзмн ба сар шӣ.
Ду се суме, ки ва заҳмат биёфтем,
Нобура бай ҷебак йӯ бадар шӣ.
Бгфтм ва длм ай ғайрати хд,
Чнон оҳе кашим дудм бадар шӣ.
Сарм тов мехра дар млки мардм,
Брам бай Ванҷма, ки ҷунм бадар шӣ.
Зи ношкрийи сангу ову хокш,
Ғаму дарди дрнм тмбатар шӣ. 

Кне ёд

Ҳушу гӯшмун ҳама днболи корай,
Ва ишқу ошқӣ мора чӣ корай!
Ва ин ҳоле, ки мо дорем азизон,
Ҳамеша да сари длмун ғборай.
Ба ҳар дилбар мабанд дл ин хатоест,
Ки ҷмла ғайри ишқ барҳақ шамолай.
Вазад имрӯзу, фардо ях банда,
Сари роҳи ғариб қӯлқи овай.
Кне ёд ай зану фарзанди партов,
Ки ҳар як қатраи ашкшун аловай.

Вамаза бӣ

Ачаб бӣ  вамаза бату атола,
Чойи дар поҷгӣ то ҳалки пиёла.
Садои ғлбку дар сояи бед,
Ҳаҷоиб иштиё ай ҳар нвола.
Шкам нарму на дориву давое,
Дигаша бай Хдо доштем ҳавола.
Набӣ ин ҳолати имрӯзи мардм,
Ки ҳар чи ёфт менан зери дандн,
Йӯ ай Эрон ва ё ай млки Чинай,
Йӯ ҳаром ё ҳалол ё пр зи ҷинай!
Ҳазоро дард имрӯз дар диёрай,
Ай чшму гӯшу бинишн диёрай.
Змине, ки ба сад сол зист одам,
Чу имрӯз дар синни чл ҳоли зорай.
Бхезе ай зарар ҷӯе халосӣ,
Чӣ бангиву чӣ ҳангиву чӣ носӣ.
Мллову маллиму дхтру всто,
Касе ҳаст, ки чу одам мепалосӣ.
Змина кишт кне нуни ҳалолай,
Баракат аст ага дар хуна молай.
Набанде дл ба ҳар моли фрушӣ,
Ки доим дар ғаму андар хрӯшӣ. 

Дар барм бӣ

Ба вахти дард модар дар барм бӣ,
Табиби ҳозиқи дарди сарм бӣ.
Биҳишти бандае Ҳақ офаридӣ,
Ба тифлӣ овчини чшми тарм бӣ.
Ҷавони умаву рафт фасли тифлӣ,
Ба ҳар як мушкила роҳи ҳалм бӣ.
Падар менвохту мевардошт доим,
Вале модар ҳамеша испарм бӣ.
Падар мегфт ай ин гӯшу ва вн гӯш,
Ммачон малҳами гӯши карм бӣ.
Аку имруз намудем рӯ ба ҳиҷрат,
Бфамим модарм бому дарм бӣ.

Кнда мегарда

Надунистм, ки дар ҳиҷрат,
Дли мо кнда мегарда.
Тамоми нафси олам,
Дар тани мо знда мегарда.
Шароба бин, кабоба бин,
Ки медат пеши по ҳар рӯз,
Бкн чшмота хов бгрез,
Ки ёр дармунта мегарда.
Бкн ҷам пайсайе ёфтӣ,
Равон кн баҳри фарзандон,
Ки ҳоли ту дар ин маҳфил,
Қадам номунта мегарда.

Бкн ҳиммат

Касе дар зндагӣ сарш гарангай,
Бдун прғайрату номусу нангай.
Агар мега касе парво надорм,
Ана у лавдаву дангу гарангай.
Ба заҳмат гар найёвӣ лкмаи хд,
Нуни мфт дар шкамбт қоқи сангай.
Наги миннат, бкн ҳиммат ба днё,
Чроғе дуда дора хирарангай. 

Оли ту бгӯ

Ай чшмаву сарчшма,
Ту ов мехӯрдӣ.
Ай деги сари поҷгӣ,
Палов мехӯрдӣ.
Гоҳе, ки зи гшнгӣ,
Длт танг мешӣ,
Як тикаи клчара
Ва ов т мехӯрдӣ.
Оли ту бгӯ, ватан хубай ё ҳиҷрат?
Бале, ватан, ки бекина тов мехӯрдӣ. 

Хдта нига дор

Зи сардиву зи тарс хдта нига дор,
Дрӯғу бухлу кинара бвардор.
Бкн пеша нмозу зикру некӣ,
Шавӣ ай лаззати ҳмрт хабардор. 

Меган

Мора меган шмо ай култур дуре,
Ва ришу бруту сияву бенуре.
Клтур, ки арақ бошаву хшрӯӣ зино,
Эй бехабаро, ба амри Аллоҳ кӯре! 

Лӯвӣ да ёдт камай

Ҳарчиваркира, ки хурӣ лӯвӣ дар ёдт камай,
Дл ба ғурбат, ки бастӣ фкри авлодт камай.
Клчаи қрзмб фровун дар мағоза ранг ва ранг,
Фкри ҳар як соҳати ин ҳмри барбодт камай.
Девна бош ранги Маҷнун, мун қадам дар куву дашт,
Ворини хоки Ватан озоду ободт камай.
Ай барои насли хд марзи зминта сахт бқап,
Ғайри қавмт дар хиёлу оҳу фарёдт камай.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.