Шаъбон Шамсуддинов

  shabonshamsНомзади илмҳои тиббу биология Шаъбон Шамсиддинов 10 декабри соли 1964 дар деҳаи Мудехарви деҳшӯрои Рованд таваллуд шудааст. Соли 1982 дар мактаби рақами 1-и ноҳияи Ванҷ соҳиби маълумоти миёна гашта, ҳамин сол ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд. Баъди як соли таҳсил (1983) ӯ ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуд. Хизматро соли 1985 ба анҷоми расонда, таҳсилашро идома додааст.
  Соли 1989 Шаъбон Шамсиддинов факултаи биологияро бо баҳои аъло хатм карда, барои кор ба Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти гастроентология роҳхат гирифт. Ӯ корро аз лаборанти калон оғоз намуда, соли 1992-1995 ба таҳсили аспирантура гузашт.
  Соли 1996 Шаъбон Шамсиддинов дар зери роҳбарии олими шинохтаи тоҷик доктори илмҳои тиб Ю.Нуралиев ва Ҳ.Сафаров рисолаи номзадии худ “Таъсирнокии физиологии яфшон тархун дар баъзе ҳолатҳои ғайриоддӣ”-ро (“Физиологическая эффективность полынь эспрагон при некоторых экстремальных условиях”) дифоъ намудааст.
  Шаъбон Шамсиддинов иштирокчии якчанд симпозиуму конфронсҳои байналхалқӣ мебошад. Аз чумла соли 1999 дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар симпозиуми байналхалқӣ иштирок дошта, бо маърӯза баромад кардааст.
  Ҳоло Шаъбон Шамсиддинов мудирии лабораторияи клиникии ииститути гастроентологияро ба ӯҳда дорад.Ӯ муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ мебошад, ки ба масъалаҳои мухталифи тибу биология бахшида шудаанд. Корҳои илмии худро Шаъбон Шамсиддинов дар ҳамбастагӣ бо кори таълимӣ пеш мебарад. Ӯ аз соли 1993 то 2002 дар кафедраи физиологияи одам ва ҳайвони факултаи биология ба сифати ҳамкор фаъолияти омӯзгорӣ дошта, ин амалро идома медиҳад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.