Хушқадам Хусравов

  xshqxsrav1Хушқадам Хусравов соли 1993 дар деҳаи Рохарв дар оилаи варзишгар чашм ба олам кушодааст. Ӯ таҳсилро дар мактаби №4-и маркази ноҳия оғоз намуда, аз синфи панҷум онро дар мактаби №16-и деҳаи Бовуд идома додааст.
  Ӯро падарааш, паҳлавони маъруфи диёр  Носир Хусравов аз синни 7 солагӣ ба толори варзишии мактаб-интернати ноҳия бурданд ва мураббии аввалини Хушқадам дар чодаи варзиш падараш мебошад. Бори нахуст дар соли 2007 дар сабқати ҷумҳуриявӣ иштирок карда, аввалин медалли тиллои хешро ба даст овард. Дар ҳамон сол дар мусобиқаи байнанмилалӣ дар шаҳри Брести кишвари Беларус ширкат варзида, ба гирифтани медалли биринҷӣ сарфароз шуд. Аз соли 2007 Хушқадам шомили дастас яккачини самбои Тоҷикистон гашта, тамринро таҳти устодии мураббии шоистаи ҷумҳурӣ ва паҳлавони маъруфи кишвар Муҳаммадшариф Сулаймонов машкварзи идома дод. Соли 2010 хатми баъди мактаби миёна ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов дохил шуд.
  Хушқадам Хусравов дар соли 2011 дар чемпиноати Осиё оид ба самбо дар шаҳри Тошканд кишвари Ӯзбекистон соҳиби ҷой аввал ва медоли тилло гашта, унвони қаҳрамонии ин қитъаро ба даст овард. Ҳамон сол дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Ригаи кишвари Латвиё иштирок намуда, медали биринҷии ин сабқатро ба кишвар оварданд. Баъдан дар соли 2012 дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба гирифтани медали тилло ва роҳхат ба мусобиқоти байнанмилалӣ мушарраф гардид. Пас аз он дар ҳамон сол дар мусобиқаи Наврӯзи байналмилалӣ медали тиллоро касб кард. Ин сол барои Хушқадам соли бобарор анҷом ёфт. Баъди ин мусобиқот дар дар чемпионати қиъаи Осиё бори дуввум, дар шахри Тошканд соҳиби медали тилло гардид.
  xshqxsravХушқадам дар соли 2013 боз қаҳрамони ҷумҳурӣ шуда, ба мусобиқоти байналмилали роҳхат гирифт. Ин сол ҳам барои ӯ соли пурбаракате буд ва ӯ дар сабқати ҷаҳонӣ ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб шуд. Ҳамон сол дар чемионати Осиё дар шаҳри Сеули Корея бо гирифтани медали тилло барои бори саввум қаҳрамони Осиё гашта, дар чемионати ҷаҳон дар шаҳри Афини Юнон чемиони ҷаҳон дар байни ҷавонон шуда, дар сабқати ҷоми ҷаҳонӣ дар шаҳри Маскави Русия бо гирифтани медали тилло ба унвони Устоди дараҷаи байналмилалӣ сазовор шуд.
 Соли 2014 дар сабқати ҷумҳуриявӣ  ҷои якум, дар мусобиқаи наврӯзӣ ҷои аввал, сабқати байналмилалӣ дар вазни 60кг ҷои якумро касб кард. Дар ҳамон сол дар чемионати Осиё дар шахри Тошканди Узбекистон бо касби медали тилло бари ҷаҳорум чемпиони Осиё шуд ва дар чемионати ҷахон дар шаҳри Наритаи кишвари Ҷопон ба гирифтани медали биринҷӣ дар байни калонсолон мушарраф гардид.
  Дар соли 2015 дар чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо дар вазни 60кг ва дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Хуҷанд дар вазни 60кг соҳиби медали тилло гашт. Дар марҳилаи якуми ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шахри Мински Беларус ба гирифтани мелали биринҷӣ, дар марҳилаи дуввум дар шахри Маскави Русия ба гирифтани медали тиллоӣ, дар марҳилаи севвум ба гирифтани медали нуқра ва лдар марҳилаи чаҳорум дар шаҳри Атирави Қазоқистон ба гирифтани медали биринҷӣ сарфароз гардид.
  Хушқадам Хусравовро дар соли 2015 байни варзишгарони олам беҳтарин варзишгари дунё дар вазни 62кг шуд. Дар соли 2016 дар сабқати ҷумҳуриявӣ чой якум гирифта, танҳо дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар шахри Маскав ширкат намуда, медали биринҷии ин сабқатро ба даст овард. Дар марти соли 2017 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо бори дуввум дар вазни 66кг Қаҳрамони Тоҷикистон шуда, барои ширкат дар сабқатҳои байналмилалӣ роҳхат гирифт.
  Хушқадам ният дорад дар солҳои оянда зинаҳои баланди варзиширо тасхир намуда, ному эътибори кишвару диёрро ба иртифоъ барад. Ӯ дар ду намуд – самбо ва ҷудо тамрину баромад карда, мо дар интизори муваффақиятҳои навини ӯем ва истеъдоду маҳорати паҳлавононияш моро ба ин мутмаин месозад. Вале мутаассифона, мушкили умдаи паҳлавонони ҳамдиёр надоштани сарпарасту имдоди молӣ мебошад. Хушқадамро низ сарпарасте мебояд то шароите барои баромад намуданаш дар мусобиқоти байналмилалӣ фароҳам оварад, дар акси ҳол ӯ наметавонад ҳунару истеъдоди хешро аз кишвар берун барад ва мо дуогӯем, ки касе Хушқадамро сарпарасту муттакӣ гардаду ӯ бо пирӯзиҳои хеш моро шод гардонад.
  Ниҳоятан, Хушқадам Хусравов шоми 11 ба 12 ноябри соли 2018 дар шаҳри Бухарести Маҷористон тавонист парчами кишварро дар арсаи паҳлавонӣ парафшон кунад ва сари мухлисону ҳамватану ҳамдиёронро ба осмон расонад. Ӯ Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо шуд. Пас аз Саидмӯъмин Раҳимов ва Беҳруз Хоҷазода савумин қаҳрамони ҷаҳон аз ҷумҳурӣ ва нахустин ноҳияву вилоят дар ин навъи варзиш аст.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.