Хушбахт Ҳайдаршо

  Хушбахт Ҳайдаршо соли 1959 дар деҳаи Вскроғи ноҳияи Ванҷ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Давраи кӯдакӣ, наврасию булуӯи ӯ ба садҳо ҳазор ҳамсолонаш монанд буд, ки дар ин давраи ҳаёти осоиштаи замони Шӯравӣ, як зайл аз канори модар ба мактаб ва аз онҷо ҳар касе орзуи гирифтани дараҷаи баланди дониш дар дил мепарварид, албатта, ба сӯи мактаби олӣ роҳ мепаймуд ва баъди панҷ соли заҳмати донишандӯзию чашиданҳои лаззати ҷавонӣ, ки дар рафоқату ҳамдилии шарикдарсони ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистону берун аз он зоҳир мегашт, чун мутахассиси дараҷаи олӣ ба он касбе, ки шуғлашро ихтиёр мекард, шурӯъи кору фаъолият намуд.
  Х.Ҳайдаршо шуғли журналистӣ ихтиёр карда буд, чанде пас сеҳри суханофарӣ ӯро вориди олами бадеият гардонд. Ӯ худро дар ҷою побарҷо эҳсос мекард. Аз ҳикоя то ҳикояи дигар қаламаш суфтатару сеҳраш волотар мешуд. Повести ҳуҷҷатии “Сиёҳ ва сафед” (А.Воҳидов “Завлона”, Х.Ҳайдаршо “Сиёҳ ва сафед”, силсилаи “Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон”, – Душанбе: Ирфон, 1990), ки дар он сухан аз тақдири яке аз аввалин журналистони ҷумҳурӣ, муҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Насрулло Абдуллоев меронад, муалиф вазъи сиёсии он давра, муборизаи беамони риёкорони динию дигар душманони сохти шӯравиро ба муқобили равшанфикрони солҳои 30 дар мисоли Насрулло Абдуллоев возеҳ ва воқеъбинона кушодааст.
  Ӯ хурсанд буд, ки он солҳои наҳс бебозгашт гузаштаанду акнун ҷавононро ба воситаи ин сабақҳои таърихӣ ба худогоҳиву худшиносии миллӣ ҳидоят мекунад. У мехост ба офаридани асарҳои эпикӣ, достону роман даст занад. Қаҳрамонҳои оянда китобҳояш ӯро дар хобу дар бедорӣ ором намегузоштанд. Қалам гӯё худаш ҷаҳида дар байни панҷаҳояш қарор мегирад. Вале хайҳот, раванди воқеаҳо чунин сурат гирифт. Гӯё ба ин парвози баланди чашм расид.
  Давраи ҳассоси ибтидои солҳои 90-ум Х.Ҳайдаршоро водор сохт, ки муваққатан ба жанри публитсистӣ гузарад. Ӯ нағз эҳсос мекард, ки замона маҳз фош кардани мақсади он разилони маҳалпарасту курситалаб, он нимчамуллоҳои қаллобе, ки воқеияти Шӯравӣ доирам нуфузашонро танг карда буд, он душманоне, ки аз тақсиму пароканда гаштани Тоҷикистон манфиат меҷустанду ба кӯмаки ҳаммаслакони хориҷии худ умед мебастанд, талаб мекунад. Ӯ акнун аз ҳеҷ чиз намеҳаросид. Ҳарчанд таъқибаш мекарданд, борҳо таҳдидаш мекарданд.
  Дар рӯзномаҳои ҳамонвақтаи иғвоангези худ “журналисти дарборӣ”, “гаравгони коммунистон”, “душмани демократия”, “журналисти бадтарини сол” ва ғайрааш мехонданд, вале ҳамаи ин борони бӯҳтон ӯро далертар мекард. Ӯ медонист, ки тираш ба ҳадаф мерасад. Акнун он разилон ягона роҳи халосиро дар ҷисман нест карданаш медиданд. Оқибат 19 маи соли 1994 ин қасдашон амалӣ шуд. Дили бузургу ҳақиқатталоши Ҳайдаршоро панҷ тири қотили номарди ҳайвонсират аз задан мононд.
  Чунин ҷавонмардоне, ки номашон байрақи мубориза мегардад, намемиранд. Вале афсӯс, садҳо афсӯс, ки дурахши ин ситорае дар қутби адабиёти муосири тоҷик фақат лаҳзае ҷило дода тавонисту халос. Ӯ он қаҳрамононеро, ки дар хаёлаш мегаштанду гӯё имдодталабона хоҳиши ҳарчи тезтар ба рӯи когаз оварданашонро илтиҷо доштанд, абадӣ бо худ бурд. Акнун он касоне, ки Ҳайдаршоро хуб мешинохтанд, он мухлисони сершумораш, он дӯстони ҳамқаламу ҳамяроқаш шукронаи онро доранд, ки он дурахши кӯтоҳи ӯ то андозае барқвору шӯълаафкан буд, ки ҷовидон дар ёдҳо боқӣ бимонад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.