Хуршед Зокиров

  Намояндаи паҳлавонони авлодии деҳаи Жамаги деҳшӯрои Язғулом соли 1981 таваллуд ёфтааст. Хуршед Зокиров ба гӯштии миллӣ хеле барвақт, аввал зери роҳнамоии мураббии шинохта Нусратулло Абдуллоев (ёдаш ба хайр) сар карда, минбаъд аз устоди варзиш Элдар Тагиевич нозукиҳои ин ҳунарро омӯхтааст.
  Ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ дастболо гаштааст. Аз ҷумла дар Эрон ҷои севвумро сазовор шудааст.
  Хуршед Зокиров аз соли 1994 инҷониб дар аксари мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар вазни 58 кг ғолиб омадаву соҳиби ҷоизаҳои аввал гаштааст. Ҳамаи ин шаҳодатест аз умедбахшии фаъолияти ин ҷавон дар ҷодаи варзиш. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев). 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.