Холиқназари Давлатназар

  Холиқназари Давлатназар (Авазов) яке аз пахдавони намоёни солҳои 70-80-уми асри сипаригашта ҳисоб ёфта, дар ҷиддитарин мусобиқаҳои умумииттифоқӣ, минтақавию ҷумҳурӣ борҳо дастболо гаштааст. Устоди варзиши ИҶШС дар намудҳои мухталифи гӯштӣ бо ғайрату шуҷоати назарраси худ дар байни варзишгарони ҷумҳурӣ ва тамоми минтақа мақоми хоса пайдо кардааст.
  Чунин варзишгари ба нерӯи хеш бовардошта, Холиқназарпаҳлавон дар тамоми мусобиқаҳои сатҳи баланди расмӣ ва ғайрирасмӣ нафақат бартарии ҷисмониашро нишон дода метавонист, инчунин иззату самимияташро нисбати ҳарифон ҳамеша нигоҳ медошт. Дар шахсияти ӯ беҳтарин фазилатҳои инсонӣ мушоҳида мешавад.
  Бисёре аз ҳамдиёрон дар солҳои тангдастии ҷанги ҳамватани (1992-1997) кӯмаки беминнати озуқавиашро дидаанд. Бо туфайли ҳамин ҷавонмардию саховатпешагии Холиқназар ба сипосу эҳтироми баланди ҳамдиёрон ноил гаштааст. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

  1. Зиндаю ҷовид монд ҳаркӣ накӯном зист,Каз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!Агар чӣ имрӯзҳо акаи Холиқназар Авазов дар байни мо нест вале номи нек ва кору пайкораш ҳамеша вирди забони мост.Марди чеҳракушод ва зиндадилу саховатманд буданд акаи Холиқназар.Саховаташ ба якояки мардуми ҷамоати Водхуд он солҳои вазнини 1992-1997 ҳамеша дар хотирам ҳаст.Аз гӯгирд сар карда,намаку шакар,чойи хушк,биринҷу равғану орд оварда ба мардум тақсим кард.Мардумро дидам даст ба дуо бардошта дар ҳаққаш дуои хайр мекарданд ва имрӯз ҳам аз ӯ бо некӣ ном мебаранд.Худованд аҷру подошашро ба ӯ насибгардонад ва Худо раҳмату мағфираташ намояд.Омин!

  2. ПАҲЛАВОНИ САХОВАТПЕША.
    Яке аз фарзандони фарзонаи Ванҷу Бадахшон,марди шуҷою далер,дилсӯзу саховатманд оне.ки дар саросари вилоят ва шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд соҳиби эҳтироми хосу ом буд, бешубҳа Холиқназар Авазов буд.Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба гӯштии юнону румӣ,ҷудою самбо ва гӯштини миллӣ буда,солҳои 70-80-ум майдондор буд.Холиқназар Авазов соли 1960 дар пойтахти кишвар дида ба олам кушодааст.Падари бузургвораш амаки Давлатназар бошад,зодаи деҳаи Лугад буда,бо амри тақдир ба шаҳри Душанбе кӯч карда,дар онҷо зиндагиро ихтиёр кардааст. Айёми кӯдакиаш дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе гузашта,дар ҳаминҷо мактаби миёнаро хатм намудааст.Ӯ баъд донишҷӯи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон шуда,ӯро бо муваффақият хатм намудааст. Ӯ инчунин дар ҳамаи намудҳои гӯштин самбо,ҷудо ва гӯштини миллӣ ҳунарнамоии хуб намуда,соҳиби ҷойҳойи ифтихорӣ гаштааст.Дар майдон нисбати ҳарифонаш соҳибэҳтиром буда аз ҳурмату эҳтироми ҳарифону мураббиён ва ҳамкасбон неку бархурдор буд. Холиқназар дар майдонҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баромад намуда шарафи варзиши тоҷикро баланд бардоштааст.Чанд муддате сарварии Хадамоти гумруки шаҳри Хуҷандро ба зимма доштанд.Мардуми Ванҷ кӯмаки саховатмандонаи ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.Аз гӯгирду,чойи хушк,намак,равғану орд оварда ба мардум дар давраҳои вазнини ҷанги дохилӣ тақсим намуд.Мардум дасти дуо бардошта аз даргоҳи Худо дар ҳаққаш сиҳатию саломатӣ ва баракати коррашро таманно мекарданд. Амрихудо Бандаихудоев маъюби дараҷаи дуюм,нақл кард,ки дар шаҳри Хоруг бемор будаму аз беморхона мураххас шудам.Ба пеши автовокзали шаҳр омадам.Мошин наёфтам.Дар ҳамин вақт мошине манъ карду аз ӯ Холиқназар баромад ва аз аҳволам пурсон шуд.Гуфтам:- Интизори мошинам то хона равам.Ӯ хайрухуш карда рафт.Ним соат нагузашта боз ҳамон мошин пайдо шуд.Ист карду Холиқназар гуфт:-Амрихудо савор шав.Баъд ҳаракат карда омада ба хона расидем.Ҳар қадар илтимос кардам,ки:- Як пиёла чой,гуфт: -Лозим нест.Пурсидам:- Ҳозир куҷо меравед?Гуфт:- Туро расондем бо ба Хоруғ баргашта меравем.Чунин шахс буданд Холиқназар. Худованд аҷру подошашро ба даргоҳаш қабул намояд иллоҳим ва дар биҳишт ҷойгузинаш намояд,омин!Ин паҳлавони саховатпеша,инсони накӯкору шарафманд,ҷавонидалеру бебок ва дилсӯз соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд ҷаҳони фониро падруд гуфт ва дар зодгоҳаш шаҳри нозанини Душанбе ба хок супурда шуд.ёдаш ба хайру хонаи охираташ обод бод!
    Муаллиф:ДАВЛАТМИР ЮНУСЗОДА.

  3. КОШИФСУЛАЙМОНӢ дар бораи акаи ХОЛИҚНАЗАР:Яке аз ҷавонмардҳои далеру бебок буд, ки дар сар то сари Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат дошт.
    Саховатпеша, олиҳиммат ва бениҳоят ғаюр буд.
    Солҳои дар Хуҷандшаҳр иқомат доштанаш қарин будем, ҳар рӯзи ҷумъа бо Меҳрубон Амонов меомаду барои адои намоз рафта, бо ҳам соатҳо сари ғизо менишастему суҳбатҳои ёдмон аз торихи гузаштаи даврони хеш мекард,,(((
    Рӯҳат шоду ёдат гиромӣ ва макони охиратат биҳишти Фирдавс бод акаи Холиқназари овозадор!

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.