Ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Баёз Гандумов

  gandmbayozБаёз Гандумов соли 1965 дар деҳаи Жамаги ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1982 маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи Крупскаяи шаҳри Кофарниҳон гирифта, соли 1983-1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Соли 1986-1989 курсанти Омӯзишгоҳи милитсияи шаҳри Душанбе. Солҳои 1989-1990 дар Шӯъбаи корҳои дохилии Иоҳияи марказии шаҳри Душанбе кор кардааст. Соли 1990 бо фармони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба шаҳри Роғун ба кор таъин шуда, то декабри соли 1992 дар Шӯъбаи номбурда кору фаъолият доштааст. Аз сабаб нотинҷ шудани вазъияти Тоҷикистон, моҳи декабри соли 1992 ба ноҳияи Ванҷ меояд. Соли 1993 ба Шӯъбаи корҳои дохилии ВМКБ аз нав оғози кор намуда, баъди як сол бо фармони шӯъбаи корҳои дохилии ВМКБ ба ноҳияи Мурғоб ба ҳайси сардори шӯъбаи паспортдиҳӣ таъин шуд. Соли 1995 ба вазифаи сардори Шӯъбаи кофтуковӣ, ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоб гузаронида мешавад. Июни соли 2001 Б.Гандумовро ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ даъват карда, ба вазифаи мудирии шӯъбаи кофтукови ҷиноятӣ таъин намуданд. Аз моҳи январи соли 2003 подполковник Б.Гандумов чун корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ВМКБ дар вазифаи муовини сардори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии Раёсати корҳои дохилии Ҳукумати ВМКБ кору фаъолият дорад.

Илҳомуддин Раҳмонов

  ilhomrahmonИлҳомуддин Раҳмонов 14-уми январи соли 1962 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, соли 1979 таҳсили мактаби №4-ро дар зодгоҳаш ба итмом расонидааст. Солҳои 1980-1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат дошт. Дар сохтмони шаҳрҳои Байкалу Амурсаҳмгузорӣ намуда, барои фаъолияти намунавӣ тибқи Укази Президиуми Шӯрои Олии СССР бо медали «Барои сохтмони БАМ» мукофонида шудааст.
  Солҳои 1982-1987 Илҳомуддин Раҳмонов дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии (феълан миллӣ) Тоҷикистон таҳсил намуд. Баъди хатми он фаъолияти касбии ин мутахассиси ҷавон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба тариқи зайл идома ёфтааст: солҳои 1987-муҳандиси техникаи бехатарии Раёсати корҳои ислоҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1989-1991-муфаттиши ирокуратураи ноҳияи Мурғоб ва Рушон,1991-1992-ёрдамчии прокурори шаҳри Орҷонкизеобод (феълан шаҳри Вахдат).
  Илҳомуддин Раҳмонов солҳои 1993-2003 дар прокуратураи шаҳри Душанбе дар вазифаҳои прокурори Раёсати тафтишотӣ, муовини сардори Раёсати тафтишотӣ, сардори шӯъбаи прокуратураи шаҳр ва ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошта, мушовири адлияи дараҷаи аввал Илҳомуддин Раҳмонов аз соли 2003 инҷониб дар вазифаи муовини сардори Раёсати ташкилии кор ва назорати иҷрои он дар прокуратураи Генералӣ кору фаъолият мебарад. Хизмати бенуқсону намунавиаш бо чандин мукофоту ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Қамар Мирумадов

  qamarmirҚамар Мирумадов 17 августи соли 1960 дар деҳаи Убгои деҳшӯрои Жовид таваллуд шудааст. Соли 1977 мактаби миёнаи №17-и ноҳияи Ванҷ, сипас соли 1983 Донишкадаи омӯзгории ш.Қӯрғонтеппаро бо ихтисоси муаллими математика хатм намудааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1987-1988 дар курси олии кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ш.Свердловск таҳсил ва соли 1995 бошад мактаби олии КБД хатм намуд. Аз соли 1988 то соли 1992 дар вазифаи сарваколатдори фаврӣ ва сардори БКҶ ШКД ноҳияи Колхозобод кор кард.
  Полковник К.Мирумадов аз соли 1996 то соли 2002 ҷонишини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фрунзе ва аз моҳи октябри соли 2002 инҷониб вазифаи сардории Шӯъбаи кофтукови ҷиноии РУД-и ш.Душанберо ба ӯхда дорад. Соли 2001 К.Мирумадов бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Спитамен дараҷаи 1” мукофотонида шудааст. Ӯ аълочии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Саламшо Ҳомидов

  salimhamidСаламшо Ҳомидов 28 майи соли 1959 дар деҳаи Рави ноҳияи Ваиҷ таваллуд ёфтааст. Баъди анҷоми таълими мактаби миёнаи №15 Жовид соли 1976 дар китобхонаи ҳамин мактаб оғозӣ шуғли меҳнат намуд. Солҳои 1977-1982 донишҷӯи факултаи сохтмони гражданӣ- саноатии Донишгоҳи политехникии пойтахт. Сипас фаъолияташ ин зайл сурат гирифтааст: 1982-1987 сармуҳандиси шуъбаи сохтмони вилояти Қӯрғонтеппа, 1987-1995-корманди Шӯъбаи мубориза алайҳи дуздии моликяти давлати (ОБХСС) (феълан Управленияи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ-УБЭП). Аз соли 1995 то алҳол корманди полиси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори гурӯҳи тафтишоти хизматии Раёсати мубориза бар зидди корупсияи полиси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Фармон Шарипов

  farmonsharifПолковники адлия Ф.Шарипов 24 маи соли 1959 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 1987 то соли 1993 дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз моҳи июли соли 1993 дар мақомоти прокурагураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳоло дар вазифаи муовини прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе кору фаъолият дорад. Ф.Шарипов корманди фахрии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Одинамаҳмад Ёров

   yorodonaПолковники КБД О.Ёров 12 декабри соли 1956 дар деҳаи Водхуд таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна, соли 1979 факултаи филологияи руси ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраевро хатм кардааст. Солҳои 1979-1980 муаллими мактаби миёнаи №7-и Ванҷ, солҳои 1980-1982 дастурдиҳандаи кумитаи комсомоли ноҳияи Ванҷ, аз соли 1982 дар Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон кору фаъолият дошт. Соли 1983 мактаби олии Кумитаи бехатарии давлатиро дар ш.Минск хатм намуд.
  О.Ёров то охири ҳаёт сардории Шӯъбаи кумитаи бехатарии ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Дарвоз ва Аштро ба ӯхда дошт. 6 маи соли 1999 риштаи умри полковники КБД О.Ёров ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Дар давраи кору фаъолияти касбии хеш ӯ худро роҳбари кордону соҳибтаҷриба, ватандӯсти фидокор ва рафиқи мушфиқу ғамхор нишон додааст. Фаъолияти намунавии ӯ аз тарафи мақомоти давлатӣ борҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Диловар Вазиров

  vazirdilovrДиловар Вазиров полковники милиса, сарвари шӯъбаи ташкилоти корҳои махфӣ-тахлилии Управленияи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  Пас аз хатми мактаби миёна, солҳои 1972-1974 дар хизмати ҳарбӣ, сипас дар факултаи физика Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (1974-1979), таҳсил намудааст. Баъди хатми он фаъолияти кориаш дар самти ҳифзи ҳуқуқ ин тавр сурат гирифтааст: 1979-1983- Управленияи корҳои дохилаи ш.Душанбе, шӯъбаи ноболиғони корҳои дохилаи ноҳияи Марказӣ ба ҳайси инспектори минтақавӣ оид ба корҳои ноболиғон, солҳои 1983-1984-инспектори гурӯҳи профилактикаи кофтукови ҷиноии ноболиғони шӯъбаи корҳои дохилии (ШКД) ноҳияи Фрунзе, 1984-1986-корманди амалиётҳои фаврии Шӯъбаи кофтукови ҷиноии (ШКҶ) ноболиғони Управленияи корҳои дохилаи (УҚД) шаҳри Душанбе, 1986-1988-корманди калони амалиётҳои фаврии кофтукови ҷиноятии назди ШКД ноҳияи Фрунзе, 1988-1990-муовини сарвари 111КД ҳамин ноҳия, 1991-1992-муовини сарвари ШКҶ-и ноҳияи Фрунзе ва корманди калони Саруправленияи назди ШКД оид ба корҳои фаврӣ-кофтуковӣ, беяроқкунии гурӯҳҳои силоҳдори ғайриқонунӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткории хатарнок дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1992-1993-идораи ВКД ҶТ, 1993-1994-корманди Управленияи кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ ва сарвари гурӯҳи ШКҶ-и УКД ш.Душанбе, 1994-1995-корманди калони амалиётҳои фаврии махсуси ШКД-и шӯъбаи УКҶ дар назди ВКД ҶТ, 1995-2002 муовини сардори шӯъбаи махфию таҳлилӣ оид ба корҳои Управленияи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ. Аз соли 2002 инҷониб вазифаи сарварии шӯъбаи махсуси таҳлилии корҳои Управленияи мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори (УБНОН) ВКД ҶТ-ро ба дӯш дорад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Туронқлибек Мирумадов

  tronqliТуронқлибек Мирумадов 15октябри соли 1954 дар деҳаи Убго деҳшӯрои Жовиди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1971 баъди гирифтани маълумоти миёна дар мактаби рақами 4-и ноҳияи Ванҷ ва хатми факултаи математикаи Институти педагогии ш.Душанбе (1976) фаъолияти меҳнатиаш ин тавр сурат гирифтааст: солҳои 1976-1980 муаллими мактаби миёна, 1980-1982 вазифаи мушовирии Ҳукумати ноҳияи Коммунистии вилояти Қӯрғонтеппаро ба зимма дошт.
  М.Мирумадов аз соли 1982 инҷониб дар Вазорати бехатарии ҶТ кору фаъолият дорад. Аз ҷумла аз соли 1983 то соли 1985 дар ҳайати гурӯҳи мақдуди қувваҳои мусаллаҳи Шӯравй дар Ҷумҳу- рии Афғонистои хизмат кардааст. М.Мирумадов бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Афғонистон мукофотонида шудааст. Соли 2003 бофармони Президенти ҶТ бо ордени “Шараф” сарфароз гаштааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Розиқбек Назрибеков

  roziqnazrРозиқбек Назрибеков 10 ноябри соли 1954 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ ВМКБ чашм ба дунё кушода маълумоти миёнаро дар маркази ноҳия гирифтааст. Соли 1971 дар колхози “50-солагии ИҶШС” фаъолияти кориаш оғоз ёфт. Солҳои 1973-1975 дар сафи қӯшунҳои ИҶШС хизмат карда, сипас фаъолияти меҳнатиро чун коргар дар Иттиҳодияи маҳсулоти пластмассии ш.Душанбе идома дод. Солҳои 1975- 1981 шунавандаи мактаби олии ВКД ИҶШС дар ш.Тошкент. Баъди хатми он фаъолияти касбияш чунин идома ёфтааст: солҳои 1981-1985 ваколатдори таъҷилии шӯъбаи корхои ҷиноӣ ноҳияи Фрунзеи ш. Душанбе, 1987-1988 сардори Шӯъбаи 2-уми ШКД-и ноҳияи Фрунзеи ш.Душанбе, 1988-1991 ҷонишини сардори ШКДи ноҳияи Файзобод; 1991-1995 сардори ШКД-и ноҳияи Файзобод, 1995- 1997 сардори Управленияи корҳои дохилии ВМКБ ҶТ, 1998-2000 сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи ҶТ, 2000-2002 сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғи ВМКБ, аз соли 2002 то алҳол ҷонишни сардори Управлении мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккили (УБОП) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳама вазифаҳои дар боло номбаршуда, маҳорати баланди роҳбарӣ мардонагӣ ва шуҷоату далерии нишон додааст.
  Солҳои хизмати ӯ дар ин ҷабҳа ба давраи мушкилтарини солҳои ҷанги ҳамватанӣ рост меояд. Ноҳия Файзобод, ки ӯ ифои иазифаи сардории шӯъбаи корҳои дохилиро ба ӯхда дошт, аз руи мавқеи ҷуғрофӣ дар минтақае ҷой гирифта аст, ки тамоми қувааҳои мухолифин ҳангоми тағйири ҷой намудан, маҳз ба воситаи маркази ин ноҳия мегузаштанд. Чандин маротиба саркардаҳои ин дастаҳои ҷудогонаи гурӯҳи зиддиҳукуматӣ кӯшиш намуданд, ки ин ҷоро маркази роҳбарияти худ қарор диҳанд. Вале ба туфайли шуҷоату мардонагии Розиқбек ва ҳамкороне, ки дар атрофаш муттаҳид карда тавонист, нагузоштанд, ки маркази Файзобод ба қароргоҳи дастаҳои мухолифин табдил ёбад.
  Ҳангоми сӯхбат бо намояндагони расмию маъмурии ин ноҳия камина дарёфтам, ки чӣ қадар нотарсӣ, ҷуръату мардонагӣ лозим буд, то ки маркази ноҳия беосеб нигоҳ дошта шавад. Он давраи ҳассосро ҳамкорону шоҳидон ба ёд оварда, бо самимияту ифтихор аз фаъолияту шуҷоати сардори Управленияи корҳои дохилаи Файзобод – Розиқбек Назрибеков ёдовар мешаванд. Гарчи доири фаъолияти ин марди шуҷоъ дар ноҳияи Файзобод ва ВМКБ гуфтаниҳои зиёде дорем, вале ҳаҷми китоб ба ин имкон намедиҳад. Месазад, барои чунин родмардон, алалхусус барои полковник Розиқбек очерки пуррае таълиф намуд, ки муосирон ва авлодон аз хизмати эшон огоҳ бошанд. Ӯ метавонад чун қаҳрамони марказии як очерки таърихӣ ё асари бадеӣ қарор дошта бошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Аҳмад Шарипов

  ahmadsharifАҳмад Шарипов дар деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ 13 октябри соли 1953 ба олами ҳастӣ омадааст. Баъд аз таҳсили мактаби миёна, бо сабаби маҳдудии интихоби касб барои наврасони кӯҳистони Бадахшон, аввал орзуи муаллим шуданро намуда, солҳои 1969-1973 дар омӯзишгоҳи омӯзгории ш.Қӯрғонтеппа таҳсил намуд. Солҳои 1973-1976 як муддат дар ноҳияҳои Колхозобод ва Қумсангир муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кардааст.
  Хизмат дар сафи қувваҳои сарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ барои А.Шарипов солҳои тақдирсоз шуданд ва ҳамон вақт касби ҳуқуқшинос ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат карданро ихтиёр намуд. Соли 1976 ба факултаи ҳукуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1981 хатм намуд. Аз ҳамин сол дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ то ҳол бомуваффақият фаъолият дорад. Солҳои 1981-1992 муфаттиш, сармуфатиши прокуратураҳои ноҳияи Роҳи оҳани ш.Душанбе ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, 1992-1995 прокурори шӯъба дар Прокуратураи генералии ҶТ ифои вазифа кардааст. Фаъолияти минбаъдаи А.Шарипов чунин сурат гирифтааст: солҳои 1995-2000 вазифаи сармуфаттишии Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ-ро адо менамуд, аз соли 2000 инҷониб полковники адлия А.Шарипов дар вазифаи ёрдамчии калони Прокурори генералии ҶТ оиди назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ машғули фаъолият аст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Толибшо Раҳмоншоев

  tolibrahmnТолибшо Раҳмоншоев соли 1952 таваллуд ёфта, дар мактаби миёнаи маркази ноҳия таълим гирифтааст. Баъди хитми мактаби махсус ва олии милиса шуғли ин кори серташвиши ҷавонмардона дорад. Ӯ бевосита аз мактаби шуҷоату диловарӣ дар вақти адои хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон (1982-1983) гузаштааст. Бо ордену медалҳо қадр шудани хизматаш шаҳодати он сабақҳоест, ки ӯ дар ин ҷода гирифтааст.
  Барои нигоҳ доштани сатҳи баланди варзиш заминаи кофӣ ва мӯътамад дорад. Дар мусобиқаҳои гӯштӣ ва бозии баскетбол борҳо ғолиб омадаву ба гирифтани ҳуҷҷатҳои расмии сатҳи баланди варзиш ноил гаштааст. Ҳоло соҳиби рутбаи полковники милиса буда, чун сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ, дар таъмини волоияти қонун, бехатарии шаҳрвандон, низоми идоракунӣ, шароити мувофиқи созандагӣ кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Назмишо Маҷидов

  majidnazmiНазмишо Маҷидов 5 ноябри соли 1951 дар деҳаи Бунаи ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, баъди анҷоми таълими мактаби миёнаи рақами 25 ноҳияи Қабодиён ва адои хизмати ҳарбӣ солҳои 1974-1979 дар факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи давлатии миллӣ) таҳсил намудааст.
  Баъди муддати кӯтоҳи дар мактаби рақами 42 ноҳияи Қабодиён шуғли омӯзгорӣ доштан, мутахасиси ҷавон Н.Маҷидовро соли 1979 ба ҳайси корманди фаврии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кабодиён ба кор гузарониданд. Дар ин умур фаъолияти минбаъдаи ӯ чунин сурат гирифтааст: солҳои 1983-1987-сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШКД ноҳияи Кабодиён, 1987-1992-ҷонишини сардори ШКД, 1992-1998-корманди Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, 1999-2001-ҷонишини сардори ШКД ноҳияи Ғончии нилояти Суғд.
  Аз соли 2001 инҷониб полковник Назмишо Маҷидов ба ҳайси сардори шӯбаи Раёсати кофтуковҳои ҷиноии ВКД. Хизмати бенуқсону намунавии ӯ дар ин самт бо чандин мукофотҳои расмию ифтихорномаҳо қадр гардидааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Азизхуҷа Гардишов

  gardishfАзизхуҷа Гардишов 1 январи соли 1951 дар деҳаи Рохарв, ноҳияи Ванҷ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1968 мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳияи мазкурро хатм намуда, аз соли 1969 то соли 1971 дар сафи қувваҳои Артиши Шӯравй адои хизмат кардааст. Аз соли 1972 то соли 1976 чун корманди корҳои дохила фаъолият дошт. Баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ӯ ҳаёти худро батамом ба мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ пайваст.
  Аз соли 1976 то соли 1979 ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ванҷ, сипас аз соли 1979 то соли 1981 муфаттиши калони прокуратураи ВАБК, аз соли 1981 то соли 1984 муфатиши калони прокуратураи шаҳри Орҷоникидзеобод буд. Қобилияти кордонӣ ва маҳорати касбии ӯро ба назар гирифта, соли 1984 ба вазифаи прокурори ноҳия Комсомолобод, сипас соли 1989 ба вазифаи прокурори ноҳияи Файзобод таъин гардид.
  Аз соли 1992 дар вазифаи сардори шӯъбаи прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди назорати иҷрои қонун аз болои тафтишот ва таҳқиқот дар мақомоти Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, баъдтар, соли 1993 ба вазифаи прокурори ноҳияи Ванҷ таъин шуд. Аз соли 1995-1996 сармуфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас соли 1996 то соли 1997 дар вазифаи муовини аввали прокурори шаҳри Хӯҷанд ва аз соли 1998 то соли 2000 ба ҳайси муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Суғд машғул ба фаъолият буд. Аз моҳи марти соли 2000 то охири ҳаёт вазифаи муовини прокурори вилояти Суғдро ба ҷо меовард.
  Дар давраи фаъолияти меҳнатиаш А.Гардишов худро ҳамчун корманди ҷиддӣ, ташаббускор, болаёқат ва дорандаи дониши чуқури касбӣ нишон додааст. Таҷрибаи пешқадами А.Гардишов бо фармони прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳури тарғиб шудааст.
  Ӯ чун корманди фахрии прокуратураи Генералии ҶумҳурииТоҷикистон, якчанд маротиба ба лавҳаи фахрии Прокуратураи Генералии Иттифоқн Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. А.Гардишев инчунин барои хизматҳои намунавӣ бо Фармони (укази) Президиуми Олии Иттифоқи Шӯравӣ 2 маротиба бо Ифтихорномаҳо қадр гардидааст.Моҳи агусти соли 2003 риштаи ҳаёти ин марди корозмуда ба таври фоҷиавӣ (садамаи автомобилӣ) канда шуд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Туйғун Гулов

  tugnglfТуйғун Гулов соли 1950 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқони миёнаҳол ба дунё омадааст. Соли 1973 Шӯъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1973-1975 дар шаҳри Руставии Гурҷистон ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ хизмат намуд. Аз соли 1975 то 1976 муҳаррири сарредаксияи Садои (радио) тоҷик барои мамолики хориҷӣ ва аз сентябри 1976 то сентябри 1994 дар Вазорати бехатарии ҶТ кор ва хизмат мекунад. Солҳои 1995-1996 корманди калони илмии Маркази тадқиқотӣ-стратегй дар назди Президент, 1996-2001 хизматчии оперативии полиси андози Ко- митети андози назди Ҳукумати ҶТ ва аз феврали соли 2001 инҷониб сармуҳаррир, мудири шӯъбаи кадрҳо ва мудири шӯъбаи коргузории телевизиони ғайридавлатии “Сомониён” шуда машғули фаъолият мебошад.
  Т.Гулов дар соли 1976 баъд аз хатм кардани мактаби такмили ҳайати оперативии органҳои амният дар ш.Москва ба вазифаи кормамди калони оперативӣ дар ноҳияи Шаҳритус таъин мегардад. Июли 1979 дар ҳайати гурӯҳи махсуси “Зенит”-и кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) ИҶШС ба Афғонистон фиристода шуд. Баъд аз иштирок дар амалиёти 27 декабри соли 1979, ки дар натиҷааш Бабрак Кармал ба мансаби Президентии Ҷумҳурии демократии Афғонистон соҳиб гашт, бо Фармони Раиси Шӯрои Олии ИҶШС аз 28 апрели 1980 Т.Гулов (Громов) бо ордени “Ситораи Сурх” мукофотонида шуд. Дар тӯли 9 соли иҷрои вазифа дар ҳайати гурӯҳҳои махсуси КБД ИҶШС “Зенит”, “Каскад”, “Вимпел”, “Омега” ва мушовир будан (1984-1988) дар ҶДА Т.Гулов бо 2 орден ва 7 мсдш! ва Грамотаи қувваҳои ҳавой мукофо-тонида шудааст. У дар давоми 11 соли хизмат дар органҳои бехатарӣ (1976-1987) аз рутбаи лейтенантӣ то полковники КБД расид ва дар синни 44-солагӣ ба истеъфо рафт (1994).
  Т.Гулов курсҳои махсуси истихборотӣ-диверсионӣ (1975), мактаби олии КБД ИҶШС (разведка, 1984)-ро дар ш.Москва ва мактаби олии КБД ИҶШС-ро оид ба ихтисоси контрразведка дар ш.Минск (1977) хатм кардааст. Муддати дар Афғонистон будан соҳаи кор ва фаъолияти Т.Гулов асосан дар вилоятҳои Кобул, Парвон, Мазори Шариф сурат гирифтааст.
  Т.Гулов аз давраи мактабхонӣ (1967) инҷониб бо шеъру шоирӣ низ сарукор дорад. Аввалин шеъру рубоиёт, дубайтиҳо ва қитъаҳояшро дар рӯзномаҳои “Ватан” (Ванҷ) ва “Бадахшони Советӣ”, баъдтар дар рӯзномаҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон “Ба қуллаҳои дониш” чоп намудааст. Аз соли 1969 бо ҳидо- яти Ширин Бунёд ва маслиҳати Басир Расо эҷодиёти назмии ӯ ва тарҷумаҳояш аз шоирони араб ва ИҶШС дар рӯзномаҳои марказии “Маориф ва маданият”, “Тоҷикистони Советй”, “Комсомоли Тоҷикистон” ва ғайра нашр шуданд. Соли 1973 манзумаҳояш, аз ҷумла достони “Суруди ҳаёт” (оид ба барқарор шудани Ҳокимияти шӯроҳо дар Бадахшон) ва назму насри тарҷумаҳояш аз дигар забонҳо ба шакли китоб тартиб дода шуда, ба нашриёт супурда шуд, вале аз сабаби ба хизмати ҳарбӣ ва аз он ҷо ба сафари дарозмуддати хориҷӣ рафтанаш ва беэътиноии кормандони нашриёт ба шакли чопӣ ҳамчун китоби алоҳида дастрас нагардиданд. Ҳоло ӯ аъзои ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони подразделенияи таъиноти махсуси органҳои бехатарии давлатии “Вимпел”-и ш.Москва мебошад. Ӯ ватандӯсти воқеист, ки дар ин дубайтиаш эҳсос мешавад.

То ба рагҳои бадан хун ҷорист,
То маро қудрати ҳарфу сухан аст,
Баҳри ман буду бувад, ҳамчу шиор,
Зиндагӣ хулласи ҳубби Ватан аст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Имомуддии Лоиқов

  emomdloyq25 майи соли 1945 дар деҳаи Седи деҳшӯрои Техарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Бо анҷоми таҳсили мактаби миёна, соли 1962 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи давлатии миллӣ) дохил шуда, баъди хатми он аз соли 1967 ба ҳайси омӯзгор дар мактабҳои Дуршеру Бовуди ноҳияи Ванҷ фаъолияти меҳнатии хешро оғоз намуд. Дере нагузашта (соли 1968) директори хонаи пионерон таъин гардид. Солҳом 1968 -1969 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ адои хизмат дошт. Фаъолияти меҳнатии минбаъдаи Имомуддин Лоиқов чунин ҷараён гирифтааст: 1969 -1971 – нозири Шӯъбаи кор бо ноболи- ғони назди Кумитаи иҷрояи ноҳия, 1971-1973-мудири Шуъбаи умумии Кумитаи иҷроя, 1973-1974-нозири Кумитаи ноҳияи Ва- нҷии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.
  Бо назардошти фаъолияти, ҷиддии касбӣ ва ташкилотчигиаш Имомуддин Лоиқов бо тавсияи кумитаи ноҳиявии ҳизб барои кор ба хадамоти амнияти давлатӣ пешбарӣ шуд. Дар ин ҷода раванди кору фаъолияташ чунин идома ёфт: солҳои 1974-1981-ваколатдор ва сарваколадори фаврии Шӯъбаи вилоятии (ВМКБ) КумиТаи бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати амният) дар ноҳияи Дарвоз, 1981-1983-сарваколатдори фаврии Кумитаи бехатарӣ дар ноҳияи Ишкошим (ВМКБ), 1983-1992-сарваколатдори умури Ам- мияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, 1992-1993-сардори Шуьбаи амнияти умури Бехатарии ВМКБ дар ноҳияи Ванҷ, 1993-1995-сардори котиби раёсати амнияти ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯхда дошт. Солҳои 1995-1996-сардории Шуъбаи бехатарии ноҳияи Ванҷ ба зимааш гузошта шуда буд.
  Хизмати тӯлонӣ, бенуқсон ва ҷасорату мардонагии Имомуддин Лоиқовро дар давраи ҳассоси даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги ҳамватанӣ барои ҳифзи манфиати давлату сохтори конститутсионӣ ба назар гирифта, соли 1996 роҳбарияти Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро барои идомаи хизмат ба вазифаи ҷонишинии сардори хизмати фаврӣ-таъҷилӣ ба марказ даъват намуд. Ин амали хеле ҷиддию масъулиятнокро то соли 2001 бар дӯш дошт. Аз соли 2001 инҷониб ба ҳайси сардори Шӯъбаи кадрҳои Мактаби олии Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҳикистон ба фаъолият машғул аст.
  Имомуддин Лоиқов дар ҷараёни воқеаҳои Инқилобии Ҷумҳурии Афғонистон солҳои 1979-1980 бевосита ширкат дошта, шуҷоату мардонаӣй зоҳир намудааст. Барои ин фаъолияти намунавӣ ӯ бо чандин медалу ифтихорномаҳои роҳбарияти ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Афғонистон мукофотонида шуда буд.
  Полковник Имомуддин Лоиқов барои хизмати тӯлониву намунавӣ бо ҳафт медалу даҳҳо ифтихорномаи сатҳи олии умумиитифоқию ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуда, соҳиби тӯҳфаҳои зиёди хотиравии қимматнок ва мукофотҳои пулӣ гашгааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Азизбек Назрибеков

  azizbegПолковник А.Назрибеков соли 1945 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Аз соли 1967 хизмати касбии ӯ дар шӯъбаи корҳои дохилӣ оғоз ёфтааст. Соли 1975 баъди анҷоми таҳсил дар мактаби олии касбӣ – ВКД ИҶШС ба ҳайси сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон, сипас Ванҷ кору фаъолият намуд. Ҳамчунин дар вазифаи ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ленин адои хизмат дошт.
 Полковник Азизбек Назрибеков дар ҳамаи ин вазифаҳои масъул худро ҳамчун шахси кордону шуҷоъ, ва хоксору ҳалим нишон додааст. Ӯ аз ноҳия яке аз аввалинҳое мебошад, ки дар Академияи ВКД ИҶШС таҳсил намудааст. Хизмати намунавиаш бо чандин медалу ифтихорномаҳои қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Аҳмад Ёғибеков

  Аҳмад Ёғибеков дар деҳаи Ускроғи ноҳияи Вапҷ соли I942 таваллуд шудааст. Аввал дар факултаи забонҳои хориҷии (ииглисӣ) ДДОТ ба номи Т.Г.Шевченко, баъд дар Мактаби олин кумитаи бехатарии ИҶШС дар ш.Москва таҳсил намудаасг. Пас аз хатм, дар ноҳияҳои Ишкошим, Ҷиликӯл, Хоруғ ва ахиран сарвари раёсати КБД-и вилояти Қӯрғонтеппа шуда кор кардааст. Соли 1992 аз тарафи душманони миллат ваҳшиёна ба ҳалокат расонда шуд.

Назришо Эмомов

  emomazrishНазришо Эмомов 15 январи соли 1941 дар деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мактаби миёнаро хатм намуда, дар ҳамон мактаб як сол ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ кор кардааст. Соли 1958 ба факултаи ҳуқуқшиносии собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДДМТ) дохил шуда, соли 1963 онро бо баҳои аъло ба итмом расондааст. Пас аз хатми донишгоҳ то моҳи ноябри соли 1964 ба сифати прокурори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи ҷумҳурӣ фаъолият дошт. Баъди як соли хизмати Ватан, боз ба Прокуратураи ҷумҳурӣ ба кор омада, то соли 1969 дар вазифаи ёрдамчии прокурори ҷумҳурӣ, сипас, то соли 1976 ба ҳайси прокурори ноҳияи Ёвон, аз соли 1976 то соли 1983 прокурори собиқ вилояти Кӯлоб, солҳои 1983-1993 дар вазифаи муовини прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз 3 феврали соли 1995 Н.Эмомов Судяи Суди конститутсионии ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ борҳо вакили халқии Шӯроҳои ноҳиявию вилоятӣ интихоб шудааст.
  Дар тӯли фаъолияти кориаш Н.Эмомов бисёр мутахассисони ҷавони соҳаро тарбия намуда, аз шогирдӣ то ба дараҷаи устодӣ расонидааст, ки аксарн онҳо ҳоло сарварон ва ходимони намоёни мақомоти давлатӣ ва аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд. Чунончи, собиқ прокурори генералӣ, ҳоло Раиси Судн конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.С.Солеҳов, собиқ Раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ, ҳоло Вазири корҳои дохилии ҷумҳурй Ҳ.Ҳ.Шарипов, собиқ муовини аввали Прокурори генералӣ, ҳоло Директори курси такмили ихтисоси кормандони мақомоти тафтишотии прокурорӣ И.Х.Холматов, Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Сайдамиров, сарпрокурори ҳарбӣ, муовини Прокурори генералӣ Ш.Қурбонов, сардорони раёсати прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Ш.Шодиев, С.Д.Ҷамолов, М.Хайруллоев, М.Олимов, прокурори ВМКБ Б.Баҳриев, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ Ш.Х.Ҳабибов, А.Р.Раҳимов, Т.С.Саидов, Ҷ.Ҷ.Ҷиянов, А.Оқилов, Ҳ.В.Воҳидов, В.Ваҳобов ва боз даҳҳо нафари дигар шогирдони ӯ маҳсуб мегарданд.
  Н.Эмомов ба серкории худ нигоҳ накарда, пайваста ба ҷамъбасти илмии таҷрибаи ғании хеш мекӯшад. Ӯ муаллифи даҳҳо мақолаҳои илмию амалӣ оид ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ууқуқ ва тарбия кардани мутахассисони тафтишоту прокурори мгбошад, ки дар маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия нашр гардида, аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Назмишо Назришоев

  nazmishnazrНазмишо Назришоев соли 1937 дар деҳаи Узбаи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1954 таҳсили мактаби миёнаро анҷом дода, соли 1956 ба Университети давлатии Тоҷикистон ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, онро соли 1961 хатм намуд. Аз соли 1962 то 1976 вазифаи сардори корҳои тафтишотии ноҳияи Ёвон ва шаҳри Норак, соли 1976 то 1985 сардори корҳои тафтишотии Управленияи корҳои дохилии вилояти Қӯрғонтеппа, аз соли 1985 то соли 1991 дар вазифаи сардори шӯъбаи корҳои тафтишотии шаҳри Қӯрғонтеппа машғули адои вазифа буд. 27 сентябри соли 1992 дар рафти воқеаҳои шадиди ҷанги ҳамватанӣ ин ҳомии ҳукумати конститутсионӣ, ки тамоми ҳаёт сарбози ҳифзи қонуну шаҳрвандон буд, аз тарафи қотилони миллат ваҳшиёна ба қатл расонда шудааст.
  Хотираи дурахшони полковники адлия Н.Назришоев, ки хизматаш аз тарафи мақомоти олии ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ баҳои баланд гирифтааст, дар дили ҳамкасбону тамоми ҳамдиёрон абадӣ боқӣ хоҳад монд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Саидиброн Баҳромов

  bahrsaidbrСаидиброн Баҳромов 1 майи соли 1935 дар деҳаи Лахши деҳшӯрои Водхуд, ноҳияи Ванҷ, ВАБК (ВМКБ) ба дунё омадааст.Дар синни хурдӣ бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрум гашта, дар хонаи бачагони ноҳияи Ванҷ, шаҳри Хоруғ ва Шаҳринав тарбияву таълим гирифта, ба воя расидааст. Баъди анҷоми хониши мактаби миёна дар Шаҳринав, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ш.Тошканд) дохил шуда, онро соли 1958 хатм намудааст. Аз ҳамин давра фаъолияти касбиаш ба ҳайси корманди ирокуратураи шаҳри Хоруғ оғоз ёфт. Баъди чанд муддати дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина ба сифати сармуфаттиш адои вазифа дошта, ба Ватан баргашта, аз соли 1965 то рӯзи вафоташ (20 августи соли 1988) дар мақомоти Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз ҷумла зиёда аз 10 сол сардории шуъбаи қабулгоҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш доштааст. Ба туфайли ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва дониши мукаммали касбии худ Саидиброн Баҳромов ба эҳтирому самимияти тамоми мақомоти Судии Олии ҶумҳурииТоҷикистон соҳиб гашта, хизматаш бо чандин мукофоту ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Хол Ёров

   xolyorfХол Ёров генерал-майор, мушовири дараҷаи сеюм сардори раёсати ташкилии кор ва назорати иҷрои он дар прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Х.Ёров 5 апрели 1945 дар деҳаи Ғуҷоваси ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расондааст. Солҳои 1971-1976-донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (феълан Донишгоҳи давлатии миллӣ). Фаъолияти касбиаш аз соли 1976 оғоз ёфта, дар вазифаҳои мухталифи мақомоти_Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистоп то ба имрӯз идома дорад. Ӯ дар ин муддат чунии зинаҳои масъули иазифадорӣ аз ҷумла: муфаттиш, ёрдамчии прокурори ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, муовини прокурор, прокурои ноҳияи Ҳисор (солҳои 1990-1992) ва кормандии Раёсати прокуратураи Генералии Ҷумҳуриро ба ӯҳда доштааст.
  Сардори Раёсати ташкилии кор ва назорати иҷрояи он дар прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ёров дар тӯли тамоми фаъолияти кориаш ҳамеша маҳорати калони касби нишон дода, борҳо ба гирифтани мукофоти сатҳи олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ифтихорномаҳои Шӯрои Олӣ ва прокуратураи Генералӣ мушараф гаштааст.
  Корманди фахрии мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Хол Еров тайёр аст, ки боз даҳсолаҳо донишу таҷрибаи мукаммалӣ хешро дар тарбияи насли ҷавон, ки фаъолияти худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшидаанд, омӯзад ва дар таъмини пешравии ҷомеаи демократӣ дар ҷумҳурӣ хизматашро идома бахшад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Нӯъмон Ризвонов

   rizvumonНӯъмон Ризвонов10 июли соли 1932 дар деҳаи Рохарв, ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи ба номи Ленинро дар соли 1950 дар зодгоҳаш бо баҳои аъло ва факултаи химияю биологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Ленинободро соли 1957 низ чунин хатм кард. Аз моҳи августи соли 1957 ба ҳайси муаллими химия ва биологияи мактаби миёнаи номбурда фаъолияти меҳнатии худро огоз намуд.
  24 октябри соли 1958  ӯро бо қарори Бюрои кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ барои кор ба органҳои бехатарии давлатӣ фиристоданд, ки аз он вақт (аз 24 октябри соли 1958) то ин ҷониб дар ин мақомот дар вазифаҳои роҳбарикунанда, дар вилоятҳои Бадахшон, собиқ Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанбе кору фаъолият мебарад.
  Аввалин чекисти касбии ноҳияи Ванҷ Нӯъмон Ризвонов дар мактабҳои ин мақомот дар шаҳрҳои Москва, Киев ва Тошкент солҳои_1962, 1970, 1977 ва 1982 таҳсил ва такмили ихтисос кардааст. Ӯ дорои унвони полковники хизмати бехатарӣ мебошад. Дар давоми хизмату фаъолияташ шогирдони зиёде тарбия ва ба воя расонидааст, ки аз байни онҳо 4 генерал (Саидамир Зуҳуров, Сафаралӣ Сайфуллоев, Мирзоватан Ҳасаналиев, Абдураҳмон Азимов) дар мақомотҳои баланди давлативу ҳукуматии Тоҷикистон кору фаъолият доранд.
  Алҳол Н.Ризвонов дар мактаби Олии Вазорати бехатарии Тоҷикистон ба тарбияи шогирдон машғул буда, ба онҳо мардонагӣ, ростқавлӣ ва дар ҳама ҳолат манфиати Ватанро ҳимоя намудан талқин мекунад. Н.Ризвонов барои хизматҳои намунавиаш бо ордени “Нишони фахрӣ”, 16 медал, нишонҳои сарисинагии “Аълочии Комитети бехатарии давлатии ИҶШС” ва “Қӯшунҳои сарҳадии Комитети бехатарии ИҶШС”, инчунин 5 ифтихорномаи ин мақомоту ҳукумати ИҶШС, аз ҷумла бо расму навиштаҷотҳо, се соати дастӣ, яктоаш аз ҷониби Раиси Комитети бехатарии давлатии ИҶШС Ю.В.Андропов ва бисёр тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр гардидааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Қурбон Шоназаров

  qrbonshonazҚурбон Шоназаров 1 маи соли 1932 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1947 синфи 7-уми мактаби маркази ноҳияи Ванҷро хатм намуда, бинобар набудани имконияти идомаи таҳсил ва вазнинии вазъи оилавӣ, дар экспедитсияи Помир, ки дар ноҳияи Ванҷ фаъолият дошт, шуғли меҳнатии хешро оғоз намуда, то соли 1949 кор кард. Аз соли 1949 то соли 1950 дар колхози “Коммунизм” фурӯшандаи дӯкони савдо, сипас соли 1950 ба шаҳри Хоруғ рафта, дар интернати давлатӣ таҳсил намуда, соли 1953 ба маълумоти миёна соҳиб гашт. Солҳои 1953-1955 шунавандаи мактаби ҳуқуқшиносии шаҳри Душанбе. Баъди хатми он фаъолияти касбиаш ин тариқ сурат гирифт: солҳои 1955-1958 муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ҳамзамон аз курси такмили ихтисоси муфаттишҳои прокуратураи ИҶШС (дар ш.Ленинград) гузашта, аз моҳи декабри соли 1958 то моҳи яинари соли 1961 дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Қалъаи Хумб ифои вазифа намуд. Дар ҳамин вазифа солҳои 1961-1962 дар ноҳияи Рӯшон кор кард. Х,амзамон соли 1962 Донишгоҳи давилатии миллии Тоҷикистонро ба ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, солҳои 1962-1971 прокурории ноҳияи Ғармро баҷо овард. Фаьолияти минбаъдаи Қ.Шоназаров дар вилояти Қӯрғонтеппа сурат гирифт. Солҳои 1971-1977 прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа, 1977-1986 чун муовини аввали прокурори вилояти Қӯрғонтеппа кору фаъолият кардааст.
  Қ.Шоназаров моҳи июни соли 1986 бо фармони прокурори ҷумҳурӣ, ба вазифаи прокурории ноҳияи Ҷиликӯл таъин шуда, то рӯзи вафоташ 27 декабри соли 1992 дар ноҳияи номбурда машғули адои вазифа буд. Ин марди оқилу корозмуда аз бемории фишори хун дар ноҳияи Хӯҷанд вафот карда, дар зодгоҳаш Ванҷ ба хок супурда шудааст.
  Ӯ шахси ниҳоят фурӯтан, босавод, меҳнатдӯст, фарҳангӣ ва инсонпарвар буд. Ба серкориаш нигоҳ накарда, муттасил меомӯхт, ашъори зиёди бузургон аз қабили Хайём, Бедил, Саъдӣ, Х,офиз ва дигаронро аз ёд медонист, ҳини сӯҳбат онро бамаврид ва бо як оҳанги ба худ хоси гӯшнавоз қироат мекард. Хизматҳои намунавии Қ.Шоназаров бо мукофотҳои зиёди сатҳи умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ қадр шудаанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Эмом Раҷабов

  Эмом Раҷабов соли 1915 дар деҳаи Роғи амлокдории Ванҷ дунё омадааст.Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1932 ба сифати деҳқони оддӣ огоз намуда, соли 1936 аз курси котибони колхоз дар ноҳияи Калъаи Хумб гузашта, дар собиқ колхози ба номи К.Маркс ба ҳайси котиб кор кард.
  Солҳои 1937-1943 Э.Раҷабов мудири Шӯъбаи ақди иикоҳи иоҳия, сипас дар органҳои милитсияи Шӯравӣ ифои хи )мт иа мудааст. Баъди хатми мактаби дусолаи (1949-1950) ВКД-и шаҳри Тошкент, солҳои 1950-1973 дар ноҳияҳои Рӯшону Қалъаихумб ва Ванҷ вазифаҳои ҷонишини сардор ва сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияҳои мазкурро ба ӯҳда дошт.
  Э.Раҷабов дар ҳамаи давраи фаъолияти меҳнатию ҷамъиятиаш қобилияти калони ташкилотчигӣ, кордонӣ, масъулиятшиносӣ нишон дода, дар айни замон нисбати ҳамкорону зердастон ғамхорию самимият зоҳир мекард. То лаҳзаҳои охирини ҳаёт (марти соли 1990) қобилияти баланди меҳнатии хешро нигоҳ медошт. Барои хизмати намунавии бисёрсолааш ӯ бо чандин мукофоту ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Хоҷадавлат Давлатов

  davlatxojaХоҷадавлат Давлатов соли 1915 дар деҳаи Убағни деҳшӯрои Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1938 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешавад ва то соли 1947, яъне муддати 8 солу 11 моҳ моҳу 9 рӯз дар хизмати ҳарбӣ ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Соли 1947 маълумоти миёнаро (шабона) дар мактаби миёна ба номи С.М.Киров гирифтааст.
  Хоҷадавлат Давлатов аз соли 1967 дар даъвати 11-ум депутати вилояти Қӯрғонтеппа интихоб шудааст. Аълочии собиқ милитсияи Шӯравиро соли 1963 мушарраф шудааст ва соли 1967 бо ифтихорномаи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардидааст. Х.Давлатов соли 1995 вафот кард. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Даравгаршо Шамсиддинов

  dravshamsdДаравгаршо Шамсиддинов 15 июли соли 1915 дар деҳаи Гишхуни амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби 7-сола дар ҷамоати деҳоти Ванҷ ба ҳайси котиб оғози фаъолияти корӣ намуд. Соли 1937 аз пайи донишандӯзӣ ба шаҳри Сталинобод рафта, мактаби ҳуқуқшиносиро соли 1938 бомуваффақият хатм мекунад. Худи ҳамон сол бо роҳхати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ рафта, дар прокуратураи ноҳия то соли 1942 дар вазифаи муфаттиши халқӣ кор мекунад.
  Қобилияти хуби кориашро ба назар гирифта, ӯро соли 1942 дар прокуратураи ВМКБ ба вазифаи муфаттиши калон таъин мекунанд, солҳои 1947 -1948 сардори шӯъбаи тафтишотии прокуратураи вилоят, 1948-1952 дар прокуратураи ноҳияи Ванҷ ба ҳайси прокурор, 1952-1955 прокурори ноҳияи Файзобод, 1955-1959 прокурории ноқияи Варзобро ба ӯҳда дошт. Ҳамзамон солҳои 1955-1957 курси 2-солаи мактаби ҳуқуқшиносии шаҳри Тошкентро ғоибона хатм мекунад. Солҳои 1959-1964 дар прокуратураи ноҳияи Ванҷ ба ҳайси муфаттиш, 1964-1976 бошад, дар Ҳукумати ноҳияи Ванҷ шуғли кору фаъолият дошт.
  Д.Шамсиддинов дар ҳамаи вазифаҳое, ки кор кардааст, худро ҳамчун шахси кордону болаёқат нишон дода тавонист. Хизматҳои ӯ бо медали “Барои меҳнаи шоён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945”, “Ветерани меҳнат”, чандин ифтихорномаҳои прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудаанд.
  Д.Шамсиддинов инчунин яке аз фарҳангиёни беҳтарини ноҳия ҳисоб меёфт. Ӯ аз олами шеъру суруд ва мусиқӣ хуб огаҳӣ дошт. Қисми зиёди ғазалиёти Ҳофиз, Бедилу Ҷомиро аз ёд медонист ва онҳоро ба оҳанг дароварда месуруд. Ба “Шашмақом” рағбати хоса дошт. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Давлат Абдулзода

  abdlodavltДавлат Абдулзода соли 1913 дар деҳаи Жамаги ҷамоати Язғуломи Ванҷ ба дунё омадааст. Солҳои 1927-1929 дар интернати давлатии Хоруғ таҳсил намуда, соли 1931 дар техникуми мардонаи омӯзгории шаҳри Душанбе хондааст. Дар маъракаи торумор кардани дастаи босмачиёни Иброҳимбек иштирок дошт. Яке аз фаъолони мубориза ба муқобили бесаводӣ (маҳви бесаводӣ) дар Қалъаихумб, узви комсомол аз солҳои 1927-1942, иштирокчии фаъоли ҳаракати колхозӣ.
1 августи соли 1932 то 1 августи соли 1936 дар вазифаҳои омӯзгор, директор дар мактабҳои ноҳияи Қалъаихумб кор кардааст. Соли 1937 ба ноҳияи Ванҷ омада, дар мактаб-интернати бачагона ба ҳайси омӯзгор ва директор ифои вазифа кардааст. Баъди хатми мактаби ҳуқуқшиносӣ аз 8 июли соли 1937 Д.Абдулзода ба кори прокуратура гузашта, аввал дар вазифаи муфаттиши халқӣ, прокурори ноҳияи Ишкошим кор мекунад. Солҳои 1941-1944 прокурори ноҳияи Бартанг, 1944-1945 прокурор муфаттиши додситони ВМКБ, 1945-1952 ҷонишини додситони НМКБ назорат аз болои органҳои милитсия, солҳои 1952-1954 ҷонишини аввали додситони вилоят. Соли 1954 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.
  Фаъолияти минбаъдаи Д.Абдулзода ин тариқ ҷараён гирифт: 20 октябри соли 1954 корманди прокуратураи ноҳияи Куйбишев,  аз 23 декабри соли 1954 муфаттиши ноҳияи Ҳисор ва аз 23 июни соли 1955 прокурори ноҳияи Куйбишев. Солҳои 1963-1973 додситони шаҳри Норак, 23 феврали соли 1975 ба вазифаи инструктори комиҷроияи шаҳри Норак таъин шуда, то охири умр (1977) дар ин вазифа машғули фаъолият будааст. Меҳнати бисёрсола ва намунавии “Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо чандин медалу ифтихорномаҳои мақомоти давлатии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.