Ходимони давлатӣ

  Қувват Холов

  quvatkholҚувват Холов соли 1907 дар деҳаи Потови амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти нахустинро дар назди муллои деҳа гирифта, баъдтар бо саъйи мустақилона донишу фаҳмиши хешро сайқал додааст.
  Баъди ғалабаи Инқилоб, ки имконияти донишандӯзӣ пайдо шуд, роҳбарияти маҳаллӣ лаёқати Қ. Холовро пай бурда, соли 1925 ҳамроҳи чанде аз ҷавонон, аз ҷумла Мирсаид Миршакар ва Даврон Элчибеков барои таҳсил ба мактаби ҳизбӣ шӯравии дар пойтахти навбунёди Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба тозагӣ таъсисёфта фиристоданд. Баъди хатми он, соли 1927 бо роҳхати ҳукумат ба Ховалинг фиристода шуд. Акнун ки амалан фаъолияти маҳнатиаш аз вазифаҳои барои он вақт ниҳоят серташвишу ҷиддӣ сар шуда буд, аз ӯ ҳушёрии сиёсӣ, ҷасурию адолатпешагӣ талаб мекард.
  Солҳо 1927-1929 Қувват Холов раисии суди ноҳияҳои Ховалингу Оби Гарм, сипас солҳои 1929-1933 раисии суди халқии иоҳияи Қалъаихумбро ба ӯҳда дошт.
  Баъди таъсисёбии ноҳияи Ванҷ Қувват Холов солҳои 1933-1946 дар вазифаи ҷонишини мудирияти (сардори) НКВД кор кардааст. Солҳои барқароркунии баъдиҷангӣ аз роҳбарияти вилоят ва ноҳия талаб карда мешуд, ки аз ҳисоби коммунистони таҷрибаи бои ташкилотчигӣ дошта, роҳбарияти хоҷагиҳо мустаҳкам гардонда, ба ин роҳ имконияти истеҳсолиро баланд бардоранд. Дар қатори онҳое, ки роҳбарияти ҳизбӣ барои кори кишоварзӣсафарбар карда шуданд Қувват Холов низ буд. Ӯ соли 1946 ба вазифаи раиси колхози ба номи Қаробоев тавсия дода шуд. Солҳои 50-ум роҳбарияти ҳизбию шӯравии ҷумҳурӣ сиёсати муттаҳид намудани колхозҳо ва дар ин замина ташкил намудани хоҷагиҳои калонтаре, ки имконияти бештари истеҳсолӣ пайдо мекунанд, амалӣ гардонданд. Дар заминаи колхозҳои ба номи Қаробоев, Фрунзе ва “Роҳи Сталин” як хоҷагии калони коллективии ба номи Фрунзе таъсис дода шуд. Қувват Холов солҳои 1954- 1956 вазифаи муовини раиси ин колхозро ба ӯхда дошт. Дар оянда солҳои 1956-1961 фаъолияти ин марди корозмуда ба ҳайси котиби масъули хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ сурат гирифт. Дар ҳамаи вазифаҳое, ки ба зиммааш мегузоштанд, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ хизмат кардааст, то рӯзи охирини ҳаёт (30 апрели соли 1988) чун узви фаъоли ҷомеа донишу маҳорати хешро сарфи рушду нумӯи ноҳияи азизаш намуда, бо ин номи некашро дар сафҳаи таърихи ноҳияву хотири авлодон гузоштааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Иқбол Самиев

  iqbolsamiИқбол Самиев соли 1912 дар деҳаи Бовуди амлокдории Ванҷ ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз солҳои наврасӣ оғоз ёфт.
  Қобилияти ташкилотчигиаш буд, ки соли 1930 ӯро ба котибии аввали ячейкаи комсомолии Ванҷ интихоб намуданд. Аз ҳисоби ҷавонон бригадаи махсуси корӣ ташкил дода, дар сохтмони шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ (қисмати Комсомолобод -Помир) фаъолияти баланди ташкилотчигй ва меҳнатй нишон додааст. Шоҳидон борҳо аз ҷуръату мардонагии он, ки дар ҷойҳои хавфноку касногузар (аз ҷумла овринги Тиёқпартов), дар ҷое, ки дигарои ҷуръати ба поён назар кардан ҳам надоштанд аз миёнаш ресмон баста, худро алвонҷ дода маводи таркандаро ҷой мекард. Баъд онро таркопда роҳ мекушоданд.
  Дар солҳои мудҳипш Ҷанги Бузурги Ватанй Иқбол Самиев чун корманди масъули ҳизб ҳамдиёронро бо ибрати шахсии хеш рӯҳбаланд намуда, нишондиҳандаҳои истеҳсолиро ба сатҳи намунавӣ мебардошт. Ҳаҷми маҳсулоти барои ҷабҳа пешбинишуда торафт меафзуд. Дар солҳои баъдиҷангӣ тамоми фаъолияту маҳораташро барои пешбурди маорифи ноҳия сарф кардааст. Бо ташаббуси ӯ сол аз сол сафи донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳисоби ҷавонони маълумоти миёна гирифтаи Ванҷ, ки дар байни онҳо духтарон хеле фаъол буданд, зиёд мешуд. Садоқати худро нисбат ба пешрафти маорифи ноҳия дар солҳои сарварии мактаби миёнаи рақами 16-ро ба ӯҳда доштанаш низ бараъло нишон додааст. Ӯ дар солҳои охири ҳаёт низ, ки саломатиаш сусту бемориаш тӯлонӣ буд, фаъолияти меҳнатии намунавии худро суст накардааст. Моҳи ноябри соли 1990 дили ин мард аз задан бозистод. Вале хотираи некаш дар қалбу эҳсоси ҳамдиёронаш абадист. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Муҳаммадхоҷа Хоҷаев  

  mhmadkhojaМуҳаммадхоҷа Хоҷаев соли 1914 дар деҳаи Рохарви амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ҳарчанд аз хурдӣ дар назди мулло савод бароварда бошад ҳам, вале саводи ибтидоии ҳақиқиро дар курси маҳви бесаводӣ ва аввалин мактаби ноҳия гирифтааст. Соли 1929 ба сафи комсомол дохил шуда, чун анъана ба сифати кишоварз ҷиддан ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намуд.
  Шавқи донишандӯзӣ ӯро соли 1930 ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе бурдааст. Соли 1934 онро бо нишондиҳандаҳои аъло ҷамъбаст карда, ба зодгоҳ баргаштанӣ шуд. Вале зарурияти ҷиддии ноҳияи Қалъаихумбро ба ихтисосмандони маориф ба назар гирифта, ӯро бо роҳхати вазорат ба он ҷо фиристоданд. М.Хоҷаев солҳои 1934 – 1935 ба сифати муаллими мактаби маркази ноҳия, сипас солҳои 1935 – 1937 масъулияти нозирии шӯъбаи маорифи ноҳияи Қалъаихумбро ба ӯҳда дошт.
  Фаъолияти меҳнатии М.Хоҷаев, ки соли 1938 ба ноҳияи худ – Ванҷ омадааст, чунин сурат мегирад: солҳои 1938 – 1941, 1942 – 1944 мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, 1944 – 1947 мудири щӯъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи ҳизбии ноҳия, солҳои 1947 -1949 дар мактаби ҳизб таҳсил намудааст, 1950 – 1951 котиби кумитаи ҳизби ноҳия, 1951-1958 муовини раиси кумитаи иҷроояи Шӯроидепутатҳои халқии ноҳия, 1958 – 1961 сармуҳаррири газетаи ноҳиявии “Ҳақиқати Ванҷ”, 1963 -1973 ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ванҷ.
  Фақат номоварии оддию ниҳоят сатҳии вазифаҳое, ки М. Хоҷаев ба ӯҳда доштааст, бешак аз ҳисси баланди масъулитшиносии ин корманди ниҳоят фаъоли ноҳия гувоҳӣ медиҳад. Самимияти он нисбати ҳамкорон, хоксорию фурӯтаниаш нисбати тамоми ҳамдиёрон, хушлаҳнию зарофатгӯиҳояш ҳеҷ гоҳ серталабию ҷиддияти расмии корашро халалдор намекарданд. Ба туфайли ҳамин хислатҳои нек ӯ ба баландтарин ҳурмату эҳтиром ноил гашта аст.
  Фаъолияти меҳнатии тӯлонӣ ва намунавии М. Хоҷаев бо мукофотҳои зиёди давлатӣ, ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои сатҳи олии ҳизбӣ ва шӯравӣ қадрёб шудааст. Ҳама хизмату амалаш хотирмон буд ва дар хотирҳо хоҳад монд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. 

Валӣ Хусравов

  Валӣ Хусравов соли 1918 дар деҳаи Мурғуттаи амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз колхозчии оддӣ сар карда, то вазифаҳои масъули ҳизбию шӯравӣ расидааст.
  Солҳои 1935 – 1943 муаллим ва мудири мактаб, 1944 – 1947 котиби дуюм ва якуми кумитаи комсомол, 1952 – 1957 мудири шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи ҳизбии ноҳия, сипас раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи халқ ва аз моҳи марти соли 1967 то охири ҳаёт (4 феврали соли 1971) мудири шӯъбаи маданияти кумитаи иҷроияи ноҳияи Ванҷ шуда кор кардааст.
  Ҳисси масъулиятшиносии касбӣ, рафтори ҷиддӣ нисбат ба вазифа, ифтихори беандоза ба диёр доштани ин марди асилро ҳамдиёрон хуб эҳсос намуда, самимияти худро нисбаташ пинҳон намедоштанд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ширинҷон Дамдоров

  shrinjdamdorШиринҷон Дамдоров 23 апрели соли 1939 дар деҳаи Бунаи ноҳияи Ванҷ дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1956 завқи идомаи дониш ӯро ба факултаи забонҳои хориҷии (шӯъбаи инглисӣ) Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев) овард. Баъди хатми донишкада, соли 1960 фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси муаллими фанни забони хориҷӣ (инглисӣ) дар мактабҳои деҳаи Бунаӣ ва маркази ноҳияи оғоз ёфтаву идома дошт.
  Солҳои 1962 – 1964 директори мактаби рақами 13-и деҳаи Бунай, солҳои 1964 – 1965 хизмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ, 1965 – 1969 идомаи хизмати сарварии мактаби миёнаи рақами 3-и деҳаи Бунай дошта, баъд чунин тағйири вазифа намудааст: солҳои 1969 – 1970 мудири кабинети методии шӯъбаи маорифи халқи ноҳияи Ванҷ, 1970 – 1972 дастурдиҳандаи (инструктор) шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия, 1972 – 1987 раиси деҳшӯрои депутатҳои халқии Жовид, 1987 – 1993 мудири шӯъбаи маорифи халқи ноҳия, 1993 – 1995 муовини раиси Шӯрои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1995 – 1999 раиси ҷамоати деҳоти Жовид. Аз соли 1999 нафақахӯри шахсӣ.
  Дар тамоми давраи иҷрои ин вазифаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносии Ширинҷон Дамдоров аён будаву бо туфайли ом дар назди ҳамдиёрон эътибори хоса пайдо намудааст.
  Заҳмати тӯлонӣ ва намунавии Ширинҷон Дамдоров бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва чандин медапу ифтихорномаҳои ҳизбию шӯравӣ ва давлатӣ қадр шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Мирзомуддин Раҷабов

  mirzomdrajabМирзомуддин Раҷабов 7 декабри соли 1935 дар деҳаи Роғ, деҳшӯрои Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш баъди хатми мактаби миёна, соли 1952 ба сифати муаллими мактаби 7-солаи ба номи Молотов оғоз ёфт.
  Соли 1954 шавқи донишандӯзӣ Мирзомуддини ҷавонро ба даргоҳи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бурд. Баъди хатми факултаи физикаю математика (шӯъбаи физика) ба макони тавлид баргашта шуғли омӯзгорӣ намуд.
  Фаъолияти меҳнатии М.Раҷабов баъди хатми донишкада чунин ҷараён гирифтааст: солҳои 1958 – 1959 муаллими мактаби меёнаи рақами 5 (ба номи Ленин), 1959 – 1966 ҷонишини сарвари мактаби номбурда, 1966 – 1967 дастурдиҳандаи (инструктор) кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ, 1967- 987 мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ.
  Қобилияти ташкилотчигии Мирзомуддин Раҷабовро ба назар гирифта, сарварони кумитаи ҳизбӣ ӯро барои аз нав ба корҳои ҳизбию шӯравӣ баргаштан тавсия намуданд. Солҳои 1987-1989 дар вазифаи мудири шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи ҳизбии ноҳия, 1989 – 1991 котибии совхози “50-солагии СССР”, 1991-1993 директории совхози “50-солагии СССР”, 1993 – 1996 сарварии маркази шуғли аҳолии ноҳия, 1996-1997 ҷонишинии раиси хоҷагии “Меҳнат”-ро ба дӯш дошта, дар ҳама ҳолат санъати баланди роҳбарӣ нишон додааст.
  Дар давоми фаъолияти кории хеш М. Раҷабов борҳо ба депутатии Шурои ноҳияи Ванҷ, аъзои кумитаи иҷроияи ВМКБ, депутатии Шурои депутлтҳои халқии ВМКБ, аъзогии кумитаи ҳизбии ноҳия, аъзогии кумитаи вилоятии ҳизб интихоб шудааст.
  Барои хизмати тӯлонӣ ва намунавӣ борҳо бо мукофотҳои давлатӣ, медалу ифтмхориомаҳои сатҳи олии ҳизбию давлатӣ сарфароз гаштааст. 
  М. Раҷабов дорандаи унвони ифтихории “Аълочии маорифи ИҶШС” мебошад. Ҳоло ин марди корозмуда, нафахӯри дараҷаи давлатӣ мисли пештара аз меҳнат дурӣ намеҷӯяд. Ҳарчанд барои давлати пирӣ рондан тамоми шароит барояш муҳаёст, вале дар боғи калони мевае, ки дар як ҷои санглоху назарногир бо заҳмати хеш бунёд намудааст пайваста кор мекунад. Лаззати зиндагиро ӯ маҳз дар меҳнат мебинад. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Идрис Нӯъмонов

  idrisnumonИдрис Нӯъмонов соли 1935 дар деҳаи Мудехарв (Дуршер) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Солҳои 1954 – 1958 дар факултаи забону адабиёти Донишкадаи шаҳри Душанбе ба номи Т.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев), таҳсил кардааст. Солҳои аввал баъди хатми он дар мактаби ҳаштсолаи деҳаи Ғуҷовас ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуд.
  Маҳорати баланди омӯзгорӣ ва ташкилотчигии И.Нӯмоновро ба назар гирифта, роҳбарият ӯро ба мудирии Шӯъбаи тағриботу ташвиқоти ҳизби комунистии ноҳияи Ванҷ тавсия намуд. Солҳои 80-ум роҳбари ташкилоти ҳизбии совхози Федченкоро ба ӯхда дошт. Охири солҳои ҳаштодум ӯ аз нав ба кори омӯзгорӣ баргашта. дар вазифаи директории мактаби №12 деҳаи Дуршер кору фаъолият намуд.
  Хизмати садоқатмандонаи ӯро ба назар гирифта хоҷагии деҳқонии деҳаи Ширговад, Дуршер ва Старғро ба унвони ӯ номгузорӣ намуданд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Тулфор Қадамов

  tlforqadamТулфор Қадамов соли 1936 дар деҳшӯрои Техарв чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таълимоти макгаби миёнаро дар интернати ноқияи Рӯшон соли 1953 ба ҷо оварда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории пойтахт ба номи Т.Г.Шевченко (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев) дохил шуд. Баъди хатми он соли 1957 фаъолияти меҳнатиаш ба сифати муаллими мактаби миёнаи зодгоҳаш (ба номи Станиславский) оғоз ёфт. Дере нагузашта, қобиляти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, ӯро соли 1959 мудири қисми таълимӣ ва ҳамин сол директори мактаби номбурда таъин намуданд. Дар кори ободонии мактаб заҳмати назаррасе ба харҷ додааст. Аз ҷумла, бо қувваи падару модарон ва хонандагони синфҳои болоӣ чандин синфхона сохта, сатҳу саҳни мактабу майдони онро хеле ободу назаррабо гардонд. Ин амали ӯ аз назари роҳбарон пинҳон намонд. Соли 1961 Т. Қадамовро барои ҷонноктар намудани кори ташкилоти комсомолии ноҳия ба марказ даъват намуданд. Солҳои 1961 – 1969 сараввал котиби якуми кумитаи комсомол, баъди чанде муҳаррири рӯзномаи “Ватан”, сипас мудирии шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизбии ноҳияро ба ӯхда дошт.
  Солҳои 1969 – 1971 Т. Қадамов савияи дониши сиёсй ва маъмурии худро дар мактаби олии ҳизбӣ сайқал дода, баъди хатми он дар вазифаҳои гуногуни сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолият бурдааст. Аз ҷумла, солҳои 1971 – 1978 ба ҳайси ҷонишини раиси Кумитаи назорати халқии ВМКБ, аз соли 1978 то ба нафақа баромадан (2000) ҳамчун муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ванҷ, раиси Шӯрои депутатҳои халқӣ, роҳбари Дастгоҳи кумитаи иҷроия, ҷонишиии раиси кумитаи иҷроияи Ҳукумати Ванҷ адои вазифа намудааст.
  Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатии хеш Т. Қадамов дар инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимой ва фарҳангии ноҳияи Ванҷ ҳиссаи назаррасе гузоштааст. Хизмати намунавии ин собиқадори ҳизбу меҳнат бо чандин медалу ифтихорномаҳоқадр шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Салимҷон Сурхов  

  salimsrkhСалимҷон Сурхов 9 апрели соли 1955 дар деҳшӯрои Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш бо анҷоми таълими мактаби миёна ба сифати коргари совхози “50-солагии СССР” оғоз ёфт. Баъди адои хизмат дар Артиши Шӯравӣ, соли 1975 шунавандаи курси тайёрии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (Душанбе), солҳои 1976 – 1981 донишҷӯи донишкадаи номбурда.
  Сипас фаъолияти меҳнатии С.Сурхов ин тавр сурат гирифтааст: солҳои 1981 – 1983 саркорманди гурӯҳи таъмирӣ-сохтмонии ноҳияи Ванҷ, 1983 – 1987 дастурдиҳандаи шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизбии ноҳия, 1987 – 1988 нозири (инспектор) кумитаи вилоятии назорати халқӣ, дастурдиҳандаи шӯъбаи саноат, нақлиёт ва молҳои ниёзи мардуми кумитаи ҳизбии ВМКБ, 1988 – 1989 дастурдиҳандаи шӯъбаи иҷтимоӣ-иқтисодии кумитаи ҳизбии ВМКБ, 1989 – 1991 донишҷӯи донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии иҷтимоии шаҳри Киев. Ҳамзамон шунавандаи курси маркази бозори байналмилалӣ (маркетинг), 1991 – 1997 дастурдиҳандаи шӯъбаи иҷтимоӣ-иқтисодии кумитаи вилоят ва ғайра.
  Аз соли 1997 С.Сурхов масъулияти ҷонишинии якуми Ҳукумати ноҳияи Ванҷро ба дӯш дорад. Барои хизмати намунавӣ соли 2000 бо ордени “Дӯстӣ” мукофотонида шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Додихудо Эркаев 

  dodierkaДодихудо Эркаев 23 августи соли 1955 дар деҳшӯрои Рохарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шуда, баъди мактаби миёна омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 39-ро соли 1973 хатм намудааст. Солҳои 1974 – 1976 хизматро дар сафҳои Артиши Шӯравӣ ба ҷо оварда, ба Донишгоҳи педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (факултаи забон ва адабиёти рус) дохил шуда, онро соли 1981 бо дипломи аъло хатм намуд.
  Фаъолияти касбиаш аз мудири мактаби ибтидоии ноҳияи Ванҷ оғоз ёфта, сипас дар вазифаҳои методисти шӯъбаи маориф, ҷонишини директори мактаби калонтарини ноҳия, нозири комиссияи ноболиғон, муовини раиси ноҳия кор кардааст.
  Моҳи майи соли 1992 дар Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Д. Эркаев ба вазифаи муовини раиси комитети иҷроияи ВМКБ интихоб гардид. Ӯ яке аз ташаббускорони қарори кумитаи иҷроияи ВМКБ оиди таъсиси Донишгоҳи давлатӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад.
  Аз соли 1995 инҷониб мудирии шӯъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ кор бо иттиҳодияҳои сиёсй ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ-ро ба ӯҳда дорад. Ба туфайли кордонию ҳисси баланди масъулиятшиносии хеш, Д. Эркаев дар байни ҳамдиёрон самимияту эътибори хоса пайдо намудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.