Хилватшоҳ Маҳмуд

  mahmudzodaХилватшоҳ Маҳмуд (Хоҷаев Хилватшо Маҳмудович). Чанд ҳарферо қабл аз ошноӣ бо ҳолномаи Хилватшоҳ Маҳмуд аз бахши “Чеҳра”-и Оҷонсии миллии TojNews пешниҳоди Шумо мегардонем, ки бозгӯӣ аз хислатҳои ӯ мекунанд. Хилватшоҳ Маҳмуд пеш аз ҳама рӯзноманигори тавоно ва бар хилофи иддае аз қаламфарсоёни рангбамузд якрӯву покизатинат аст. Дар ин баробар, ба ватанпарасти ҳақиқӣ будани ӯ касе тардид надорад. Чун барои ифтихори тоҷик мубориза мебараду муқаддасоти милливу давлатӣ барояш болотарин арзиш маҳсуб меёбанд. Дорои хислатҳое мебошад, ки таҷассумгари як тоҷики боғурур ва сарбаланд аст. Дар ҳама ҳол мекӯшад, ки хунсардона зоҳир шавад. Самимӣ будан, рӯшод ҳарф задан, сарсупурдагӣ ба пешаву кор дар ҳар маҳфилу коргоҳе, ки фаъолият кардааст, ӯро маҳбуб гардондааст. Онҳое, ки бо ӯ зиёд кор кардаанд, як хислати Хилватшоро ба таъкид ёд мекунанд: вазифаи бар зиммааш гузоштаро бо чӣ арзише набошад, иҷро мекунад. Дӯстонаш ӯро инсони дақиқкор дарёфта, дар дӯстӣ ҷонфидо медонанд. Он чизеро, ки дар бораи шахсият ва талошҳои Хилватшоҳ гуфта мешавад, дар бораи касби ӯ чунин гуфтан осон нест. Чун ба журналистикаи воқеъӣ ҳамчун шахси идорӣ ворид гардида, бештар дар сатҳи роҳбарии расонаҳо фаъолият кардааст. Қобилияти фарқкунандаи тимбилдинг – командасозиро доро аст. Ҳамчунин истеъдоди нотакрори барқарор кардани иртиботро бо гуруҳҳои гуногуни одамон ба ӯ хос медонанд. Ҳарчанд кам менависад, аммо ҷасорат дорад. Ҳамин руҳияи боҷасоратии ӯст, ки дар ҳар расонае, ки муайянкунандаи сиёсати корӣ Хилватшо Хоҷаев аст, ҷасоратро дар фазои корӣ ба вуҷуд меорад.

Ҳолнома Хилватшоҳ Маҳмуд

  Хилватшоҳ Маҳмуд 21-уми январи соли 1972 дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар дабистони №24-и зодгоҳаш анҷом додааст. Сипас, дар мактаби 8-солаи №8-и рустои Ванван таълим гирифта, маълумоти миёнаро бо баҳои “аъло” (ва як баҳои “4” аз фанни ҷуғрофия – шарҳ аз идора) дар мактаби №1 деҳаи Ғуҷоваст ба даст овардааст. Айёми таҳсил дар мактаб ба ҳайси роҳбари Дружинаи пионерӣ, раиси Кумитаи хонандагон ва сарвари Созмони комсомолӣ фаъолияти ҷамъиятӣ дошт. Шурӯъ аз соли 1983 нахустин нигоштаҳои ӯ дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла рӯзномаи ноҳиявии “Ватан”, нашрияи “Бадахшони советӣ”, газетаи “Пионери Тоҷикистон”, маҷаллаи “Машъал” ва баъдан дар “Косомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ва “Паёми Душанбе” ба чоп расидаанд. Пас аз хатми мактаби мутавассита дар соли 1989 ба Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) ба гурӯҳи тарҷумонии шӯъбаи журналистикаи факултаи филология дохил гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ боис гардидааст, ки соли 1992 мисли бисёри сокинони пойтахт тарки Душанбе намуда, ба зодгоҳаш баргардад. Таври маълум, замони шаклгирии шахсият ва даврони муҳим барои ташаккули зеҳнии ӯ, мисли дигар ҳамнаслонаш ба замони ҷанги шаҳрвандӣ рост омадааст. Ӯ аз соли 1992 то соли 1996 бо роҳхати шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ дар макотиби №24 ва №25 (деҳаҳои Поймазору Сунгад) ба ҳайси устоди забон ва адабиёти тоҷику муаллими “Хатти ниёгон” фаъолият кардааст. Тирамоҳи соли 1996 ба пойтахт баргашта, таҳсилашро дар донишгоҳ идома медиҳад. Дар замони донишҷӯӣ, ҳамвора дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вазифаи котиби масъули ин иттиҳодия кор мекард. Соли 1999 донишгоҳро хатм карда, аз соли 2001-ум то соли 2004 менеҷер-коршиноси ширкати “Ҷамаст” будааст. Соли 2004 барои кор ба радиои тозатаъсиси “Русское радио-Ориёно” даъват шуда, аз соли 2005 то соли 2007 роҳбарии бахши иттилоотии ин расонаро ба зимма дошт. Зимнан, дар таъсис ва роҳандозии радиои сирф тоҷикии “Имрӯз” ҳамроҳ бо ҳамандешон нақши муҳим дошта, дар соли 2007 (соли фаъолияти радио) ба ҳайси сармуҳаррири он ифои вазифа кардааст. Баъдан, дар охири тирамоҳи соли 2007 бо ташкил гардидани телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон (ТВ “СМТ”) ба ин телевизиони мустақил ба кор даъват мешавад. Хилватшоҳ Маҳмуд дар СМТ корро дар вазифаи сармуҳаррир шурӯъ карда, то соли 2011 дар ҳамин мансаб кор кардааст. Аз моҳи майи ҳамон сол барои ишғоли вазифаи сармуҳаррир ба хабаргузории “Озодагон” ба кор даъват мешавад. Аз моҳи марти соли 2013 дар вазифаи Директори иҷроияи гуруҳи расонаҳои “Озодагон” кор карда, соли 2014 фаъолияташ дар ин расонаро қатъ кард. Ҳамзамон, дар ин давра ба ҳайси Дабири кулли Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муассиреро пушти сар кардааст. Соли 2014 ба зиёрати Ҳаҷҷ мушарраф гардид. Аз тирамоҳи соли 2014 роҳбари бахши тоҷикии ОИБ “Россия сегодня” дар Тоҷикистонро ба зимма гирифта, январи соли 2016 барои идомаи фаъолият дар ин симмат ба пойтахти Русия – шаҳри Маскав даъват мегардад, зеро ин расона иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро дарёфт карда натавонист. Хилватшоҳ Маҳмуд ҳанӯз дар замони донишҷӯияш узви Конфедератсияи Байналмилалии Журналистон гардида, аз соли 1991 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад Аълочии матбуот дар соли 2008 ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 мебошад. Соли 2010 Барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дониста шудааст. Давраҳои бозомӯзиро дар бахши журналистика ва таҳқиқоти журналистӣ дар кишварҳои Чин, Афғонистон ва Олмону Амрико анҷом додааст. Ба куллияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва 12 давлати аврупоӣ сафар кардааст. Муаллифи беш аз 150 мақола дар матбуоти даврӣ буда, дар таҳияи 4 филми бадеӣ, 12 филми мустанаду телевизионӣ ва даҳҳо барномаҳои вижаи радиоӣ саҳм дорад. Хилватшоҳ Маҳмуд оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад. Ӯ аз нахустин хабарнигорони зодаи ноҳияи аст, ки ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор гардидааст.

  1. Яке аз оилахои бехтарини водии Ванч мебошанд. Рамузи тарбияи хонаводагии Амаки Махмуд шоистаи тахсин аст. Дар ин хонавода сухан аз адаб, дониш ва илму фарханг мегуянд.

  2. Хонаводаи амаки Махмуд дар водии Ванчзамин яке аз бехтаринхо мебошад. Рамузи тарбияти ин хонваодаи мухтарам кобили омузиш аст. Хама вакт фазои ин хонавода саршори мухаббати илму дониш аст. Хилватшохи бародари ман низ аз ин мухаббату самимияту инсонгариву хештаншиноси ба хуби бахра гирифтааст . Умрашон дароз бод !

  3. Аз дустй ва бародарй бо чунин чавонмарди баору номус ва бофархнг хеле хушхолам. Зинда боши акаи Хилватшох.

  4. Хилватшох бародар шумо яке мардони донишманду бо ору номуси Ванчзамин ба шумор меравед иллох доимо сарбаланду хонаобод бошед. Худо нигохбонатон бошад бародари гироми.

  5. К счастью остались такие настоящие журналисты, которые ещё и настоящий Горец и Мужчина. Давно я не помню на территории РТ человека, который бы соответствовал этим параметрам . Я горжусь, что у нас есть такой брат, друг и земляк как ХИЛВАТШО МАХМУД! Спасибо его родителям, что подарили нам такого НАСТОЯЩЕГО ЧЕЛОВЕКА, которым и родина славится и мы гордимся. ХИЛВАТШО, я люблю тебя дорогой и неповторимый наш!!!!

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.