Хизр Неков

  Хизр Неков соли 1969 18 ноябр дар ноҳияи Ванҷ, водии Язғулом таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, солҳои 1988-1990 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат карда, ба дараҷаи устоди варзиш аз тарафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳимоя кардааст.
  Аз тарафи факултаи филологияи ДДМТ чун донишҷӯ соли 1991 дар Универсиадаи Осиё дар шаҳри Алма-ато оид ба гӯштини тарзи “самбо” ҷои 1-умро ишғол намудааст.
  Солҳои 1993 – 1995 аъзои дастаи яккачини Украина оиди гӯштини тарзи “самбо” буда, дар шаҳри Киев дар чемпионати Украина чои 2-юмро ишғол карда, ба устодии варзиши Украина сарфароз гардид. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.