Фазоили дуо

Фазоили дуо

Мураттиб Ашраф Акрам

Душанбе 2015

   Дуо яке аз муҳимтарин васоили иртиботи бандагон бо Худованд аст. Дуо беҳтарин тӯша барои охират, муроду мақсуди мӯъминон ва некӯкорон буда, ибодати махсуси рӯзи охират аст. Дуо умеди ёрӣ, такя ба қудрати Худо ва таваккал бар Худованди поку муназзаҳ аст.

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

  Ҳамду ситоиш хоси Худованд аст, Ӯро сано мегӯем, танҳо аз Ӯ ёрӣ меҷӯем ва талаби мағфирату бахшоиш мекунем, аз гумроҳию дарду нохушиҳо ба Ӯ паноҳ мебарем ва гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди барҳақе ҷуз Худованд нест, ягона аст, Ӯро шарике нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст, дуруду саломи Худованд бар ӯву хонадони ӯ, ёрону пайравони ростини ӯ бод!

Фазилатҳои дуо

  Маънои дуо “хондан”, “фарёд кардан”, “даъват кардан” аст. Дар фаҳми динӣ дуо муноҷот ва арзи ҳоҷот ва ҳавоиҷи худро бо Худо дар миён гузоштан аст. Дуо яке аз муҳимтарин васоили иртиботи бандагон бо Худо аст. Дуо ифшои розу ниёзи банда ба Худои таъолост. Дуо аслиҳа ва такягоҳи мусулмон аст. Муҳаммад (с) фармудаанд: “Дуо силоҳи муъмин, сутуни дин ва нури осмонҳову замин аст” (ҳадис аз Ҳоким ба ривояти Алӣ (р). Худованд дар китоби худ фармудаанд: “Маро бихонед, то барои шумо иҷобат кунам” (Мӯъмин 60). Дуо ҳақиқат ва нуқтаи авҷи ибодат аст. Расули Худо (с) фармудаанд: “Дуо ҳамон ибодат аст” (Ҳадис аз Абудовуд ва Тирмизӣ (р). “Ва Худои шумо фармуд: маро бо хулуси дил бихонед, то дуои шуморо мустаҷоб кунам ва онон, ки аз дуову ибодати ман рӯй гардонанд ва саркашӣ кунанд, зуд бо зиллат ва хорӣ ба дӯзах ворид шаванд” (Ғофир: 60).
  Дуо беҳтарин тӯшаи рӯзи охират, беҳтарин муроду мақсуди мӯъминон ва некукорон ба шумор рафта, ибодати махсуси рӯзи охират аст. Дуо умеди ёрӣ ва такя ба қудрати Худо ва таваккал бар Худованди поку муназзаҳ аст. Дуо нишонаи некӯкорон аст. “Худоро ҳам аз роҳи тарс ва ҳам аз рӯи умед бихонед, ки раҳмати Ӯ ба некӯкорон наздик аст” (Аъроф 56). Дуо беҳтарин ва гиромитарин чиз назди Аллоҳи таъолост. Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳеҷ чизе назди Худои таъоло гиромитар аз дуо нест” (Ҳадис аз Тирмизӣ ба ривояти Абуҳурайра (р). Инчунин Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Худованди таборак ва таъоло дорои ҳаёи карим аст ва аз бандаи худ шарм мекунад, ки ҳар гоҳ ду дасташро ба сӯи Ӯ баланд кунад, онро холӣ баргардонад” (Ҳадис аз Абудовуд ва Тирмизӣ ба ривояти Салмони Форсӣ). Дуо мумкин аст мӯъҷиби радди қазо ва тағйири сарнавишт гардад. Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: “Ҳеҷ чиз қазо ва сарнавиштро боз намегардонад, магар дуо ва ҳеҷ чиз ҷуз некӣ, бахшиш ва тоат бар умр намеафзояд” (Ҳадис аз Тирмизӣ ба ривояти Салмони Форсӣ).
  Дуо навъе аз ибодати Худованди бузург аст ва он низ монанди соири ибодот саршори савоб аст. Пайғамбари Худо (с) гуфтаанд: “Дуо мағзи ибодат аст”(Ҳадис аз Тирмизӣ ба ривояти Анас (р). Худованд дар ивази дуои мӯъмин аҷру подош муқаррар намудаву ҳар дуои неку холис мустаҷоб хоҳад буд. Аллоҳи таъоло дуои ӯро иҷобат мекунад, яъне подошашро ё дар ин дунё медиҳад ё барои ӯ дар рӯзи Қиёмат захира месозад. Пайғамбари Худо (с) ин маъниро чунин баён намудаанд: “Ҳеҷ мусулмоне бар замине Худоро ба дуое нахонад магар ин ки Худо дуои ӯро иҷобат кунад, ё ин ки зуд ба ӯ диҳад, ё ин ки барои рӯзи Қиёмати ӯ захира кунад, ё ин ки монанди он шарру баде аз ӯ баргардонад, дар ҳоле, ки дар дуои ӯ гуноҳ ва қатъи раҳме набошад”. Марде аз онҳо гуфт: Агар чунин аст зиёд дуо мекунем. Фармуд: Худованд бештар иҷобат мекунад” (Ҳадис аз Тирмизӣ (р) ва Абудовуд (р).

Дуо кардан ба ғайри Худо  

  Дуо ибодат аст ва муддао бояд фақат Худо бошад, набояд ғайри Худо дигареро дар он шарик намуд. Чунонки Худованд дар  Қуръон ба пайғамбараш Муҳаммад (с) амр намудааст: “Бигӯ (ба мардум): ман монанди шумо одамиям ба сӯи ман ваҳй фиристода мешавад, ки маъбуди шумо ҳамон маъбуди якто аст, пас ҳар кӣ ба дидори Парвардигори худ умед дорад, бояд кори нек кунад ва дар ибодати Парвардигори хеш ҳеҷ касеро шарик накунад (Каҳф 110). Аз ин ҷиҳат дуо як навъи ибодат махсус ба зоти Худост.
  Худованд аз ҳар гуна шарик бениёз аст ва ҳар касе дар коре барояш шарике муқаррар кунад, барояш нописанд аст ва ин дуоро ҳаргиз қабул намекунад. Агар ба ғайри Худованд ба каси дигар дуо кунад, ин кас нидои ӯро ҳаргиз нахоҳад шунид ва дар рӯзи Қиёмат ин касон аз дуокунандагонашон безорӣ меҷӯянд ва ин дуокунандагон дар ҳасрату надомат фурӯ мемонанд ва роҳи биҳишт бар онҳо баста мешавад.
  Худованд ҳамаро изн (иҷозат) дода, ки ҳар соат, шабу рӯз гоҳу бегоҳ, дар хилвату дар ҷилват Ӯро бидуни восита хитоб намоянд. “Бигӯ ман фақат Парвардигорамро мехонам ва аҳадеро шарики Ӯ намекунам” (Ҷин 20).  Дуоҳои ширкангез, куфромез ва мухолифи тавҳид хилофи дастуроти Худованд буда, ваҳдат (ягонагӣ) ва қудрати Ӯро зери суол мебаранд. Модоме ки ҳама касу ҳама ашёро Худо халқ намудаву аҳволу аъмолашон бастаи Ӯву тақдиру сарнавишташон дар дасти Ӯст, чӣ гуна метавон аз махлуқе, ки худ мӯҳтоҷи Худост талаби мададу дархости ниёзе намуд?  “Оё Худованд барои бандаи худ кофӣ нест?” (Зумар 36).
  Ҳар кӣ дар ҳар ҷо, ки бошад, метавонад бо Худо сухан гӯяд ва  Ӯ аз ҳар диле ва ҳар сирре огоҳ аст ва ҳама гуна забону гуфтор бар Ӯ фаҳмост. Барои ин воситае лозим нест. Имону тақво ва зории худ беҳтарин васила мебошад. “Эй мӯъминон аз Худо битарсед ва ба сӯи Ӯ василае биҷӯед” (Моида 35). Худо корсоз, банданавоз, донои роз ва бениёз аст. Худовандро бо асмо ва сифоте, ки худро муаррифӣ намудааст, садо бояд кард, на ба ному асмое, ки лоиқи зоту Ӯ нест. Ҷуз Худо аз касе таваққӯи (умед, чашмдошт) подош набояд дошт.
  Худованди таборак ва таъоло ба фиристодаи хеш Муҳаммад (с) таъкид менамояд, ки вазифаи ту танҳо расонидани дини дурусти Худо ба мардум аст ва ба ҳифозати мардум муваззаф нестӣ. “Мо туро ҳофизи мардум нагардонидем” (Анъом 107). Дар сурате, ки беҳтарини махлуқот, шахси баргузидаи Худованд, сарвари пайғамбарони илоҳӣ, сайиду пешво, ҳабибу раҳнамои мардум тавони ҳифзу ҳимояти бандагонро надошта бошад, кӯмаку мадад хостан, тақозои ҳоҷат намудан аз анбиёву авлиё, имому халифа чӣ суду нафъе дорад?. Дуову илтиҷо фақат ба Худованд махсус буда, ғайри Ӯ касе хондан ба худ зарару зиён овардан аст. “Аҳадеро бо Худо махон” (Ҷин 17).

Шартҳои дуо

  • Тавҳид ва ихлос дар дуо. Аллоҳи таоло Худованди яккаву ягона ва танҳо лоиқи парастиш буда, дигареро ҷуз Ӯ ва ё бо Ӯ тоату ибодат намудан мамнуъ аст, фақат аз Ӯ бояд талаби дуо намуд. Инчунин толиби дуо холисан, сидқан ва самимона аз Худованд талабу илтиҷо кунад. “Бигӯ ман Худои якторо мепарастам ва динамро хос ва холис барои Ӯ гардон” (Зумар 14).
  • Хӯрдан, ошомидан ва пӯшидан аз ҳалол бошад. “Расулуллоҳ (с) аз марде ёд карданд, ки сафари худро тӯлонӣ мекунад ва бо мӯи парешон ва рӯи гардолуд ду дасташро ба сӯи осмон балнд карда,“Худоё!, Худоё!”, мегӯяд, дар ҳоле, ки ғизояш ҳаром, обаш ҳаром, либосаш ҳаром ва тағзияшуда ба ҳаром аст. Пас чигуна Худованд дуои Ӯро мустаҷоб кунад?” (Ҳадис аз Муслим (раҳ) ба ривояти Абуҳурайра (раз). Мусулмон бояд аз ваҷҳи ҳалол маишати зиндагиашро фароҳам созад ва аз ҳарому манҳиёти Худо иҷтиноб варзад, хӯроки ӯ, нӯшоку пӯшоки ӯ бояд аз тарқи меҳнати ҳалол ба даст оварда шавад, вагарна дар акси ҳол аз ӯ дуо ва дигар анвоъи ибодат қабули Парвардигори бузург нахоҳад гашт.
  • Дуокунанда аз Худованд чизҳоеро, ки Ӯ ҳаром ва ноҷоиз қарор додааст, нахоҳад, гуноҳ накунад, ноумедӣ нанамояд, тарки хешовандӣ накунад, ҳуқуқи мусулмононро поймол накунад, зулму тааддӣ (ситам, таҷовуз) накунад.

Одоби дуо

  Одоби дуо зиёд ҳастанд ва дар зер қисмате аз муҳимтарини онҳо оварда шудаст:

  • Дуоро бо ҳамд, ситоиш ва сипоси Худо ва дуруд ба Расули Худо (с) оғоз намуда, бо он анҷом бидиҳад. Пайғамбари Худо (с) касеро, ки қабл аз дуруд фиристодан ба ӯ дар дуо аҷала намуд, фармуд: “Эй намозгузор, аҷала кардӣ. Ҳар гоҳ барои намоз хондан нишастӣ, Худоро ба он чӣ сазовор аст ситоиш кун ва бар ман дуруд бифирист, сипас Худоро дуо кун” . Ба касе, ки Худоро ситоиш намуд ва ба Ӯ (с) дуруд фиристод фармуд: “Эй намозгузор, дуо кун, ки дуоят иҷобат мешавад” (Ҳадис аз Бухорӣ (раҳ) ба ривояти Анас (раз).
  • Дар дуо ва хоҳиш аз Худованд азм ва ирода кунад. Муҳаммад (с) фармудаанд: “Ҳар яке аз шумо дуо кард, дар дуо кардан азм ва ирода кунад ва набояд бигӯяд: – “Худоё, агар хостӣ ба ман деҳ” – , зеро хоҳиши ту барои Худованд нописанд аст” (Ҳадис аз Бухорӣ (раҳ) ва Муслим (раҳ) ба ривояти Анас (раз).
  • Дар иҷобати дуо аҷала (шитоб, саросемагӣ) накунад. Паёмбар (с) фармудаанд: “Дуои он яке аз шумо қабул мешавад, ки аҷала накунад ва нагӯяд: дуо кардам, вале мустаҷоб нашуд”(Ҳадис аз Бухорӣ (раҳ) ва Муслим (раҳ) ба ривояти Абуҳурайра (раз).
  • Дар дуо саҷъ (сухани боқофия) нагӯяд, яъне бо такаллуф дуо накунад ва садои худро баланд накунад. “Худои худро бо тазарруъ ва зорӣ бихонед, ки Худо ҳагиз ситамгорон ва таҷовузкунандагонро дӯст надорад” (Аъроф 55). Ибни Аббос (раз) ба Икрима (раз) гуфт: “Бингар ва аз саҷъ дар дуо дурӣ кун, зеро аҳди ман бо Расулуллоҳ (с) ва асҳоби ӯ чунин буд, ки аз саҷъ дурӣ мекарданд” (Бухорӣ (раҳ) аз нақли Ибни Аббос (раз).
  • Дар ҳоли дуо рӯ ба қибла будан ва баланд кардани ду даст, хусусан дар дуои талаби борон. “Расулуллоҳ (с) дар ҳоли дуо ду дасти худро баланд карданд то он ҷо, ки иддае аз саҳоба монанди Абумусо ва Анас (разияллоҳу ъанҳумо) сафедии зери бағали ҳазратро мушоҳида намуданд” (ҳадис аз Бухорӣ ба ривояти Анас (р). Баланд кардани дастон ҳангоми дуо ба сӯи Парвардигор адабе аз ҷониби махлуқ буда, бо баланд бардоштани дастон банда мӯҳтоҷӣ, ҳақирӣ ва хузуъашро дар баробари Ӯ нишон медиҳад.
  • Хушӯъ ва ҳузури дил ҳамроҳ бо садои кӯтоҳ. “Худои худро бо тазаррӯъ ва зорӣ бихонед” (Аъроф 55). Расулуллоҳ (с) мефармоянд: “Шумо кар ва ғоибро намехонед, балки шунавандаи наздикро мехонед, ки бо шумост” (Ҳадис аз Бухорӣ ва Муслим аз нақли Абумусо (р).
  • Бо илтимос ва зорӣ дуо кардан. Оиша (р) мегӯяд: “Шабе ё рӯзе буд Расулуллоҳ (с) Худоро хонд, сипас Ӯро хонд ва сипас Ӯро хонд”. (Ҳадис аз Бухорӣ ва Муслим (р).
  • Дар дуо кардан ба Худо бо номҳо ва асмои Ӯ тавассул ҷустан. “Худоро номҳои некӯст ва бо онҳо худоро бихонед…” (Аъроф 180).
  • Бо аъмоли нек ва солеҳи худ ба Худо тавассул ҷустан.
  • Дуо кардан бо дуоҳои комил ва ҷомеъ. “Расулуллоҳ (с) дуоеро мустаҳаб медоист, ки комил ва ҷомеъ буд (шомили дунёву охират ва дуое бо ибороти кӯтоҳ ва маънои бисёр) ва ҳазрат дуоҳои ғайри инро тарк мекард” (Ҳадис аз Абудовуд ба нақли Оиша (р).

Вақтҳои иҷобати дуо

  Иҷобати дуо илми махсус ба Худост. “Ҳар гоҳ бандагонам аз ту дар мавриди ман бипурсанд, ман наздикам ва дуои дуокунандагонро ҳар гоҳ маро бихонанд, посух мегӯям” (Бақара 186). Аммо дар оёт ва аҳодис ба вақтҳое ишора шудааст, ки умеди иҷобати дуо дар ин авқот бештар аст ва мустаҳаб аст, ки банда дар он вақтҳо бисёр дуо кунад. Шахси муъмин ин лаҳзаву ҳолоту фурсатҳоро ғанимат шуморад, зеро умеди иҷобати дуо дар ин мавоқеъ бештар аст.

  • Дар вақти саҷда. Расулуллоҳ фармудаанд: “Наздиктарин ҷои банда ба Худо дар ҳоли суҷуд аст, пас дар он бисёр дуо кунед” (Ҳадис аз Муслим ба ривояти Абуҳурайра (р).
  • Дар ҳоли рӯзадорӣ. Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: “Дуои се нафар рад намешавад: рӯзадор ҳангоми ифтор, ҳокими одил ва даъвати мазлум” (Ҳадис аз Тирмизӣ бо ривояти Абуҳурайра).
  • Дуо дар рӯзи арафа. Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Беҳтарин дуо дуои рӯзи арафа аст ва беҳтарин чизе, ки ман ва паёмбарон қабл аз ман гуфтаанд ин аст: “Ло илоҳа илаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд ва ҳува ъало кулли шайъин қадир” (Ҳадис аз Тирмизӣ ба ривояти Амру ибни Шуъайб).Оиша (р) аз Расули Худо (с) ривоят намудаанд, ки дар ин рӯзи бузург Худованд бисёре аз бандагонро аз оташ озод мекунад” (Ҳадис аз Муслим (р).
  • Дуо дар шаби қадр. “Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст” (Қадр 3). Дуову ибодат дар ин шаб баробари ҳазор моҳ ибодат кардан аст. Расулуллоҳ (с) дар посухи Оиша (р), ки пурсид дар шаби қадр чӣ бигӯяд, фармуд бигӯ: “Аллоҳумма иннака афувун туҳиббул ъафва фаъфӣ аннӣ” (“Худоё, ту бахшоишро дӯст дорӣ, пас маро бибахшой ва биёмурз”) (Ҳадис аз Тирмизӣ (р).
  • Дуо ҳангоми сафар. Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: “Се дуо бидуни шак мавриди қабул аст: дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падар ба фарзанди худ” (Ҳадис аз Тирмизӣ ба ривояти Абуҳурайра).
  • Дуо дар байни азон ва иқомат. Муҳаммад (с) фармудаанд: “Дуои байни азон ва иқомат рад намешавад” (Ҳадис аз Абудовуд ва Тирмизӣ ба ривояти Анас (р).
  • Соати иҷобати дуо дар рӯзи ҷумъа. Расули Худо (с) фармуданд: “Дар рӯзи ҷумъа лаҳзае аст, ки агар бандаи мусулмон дар он лаҳза дуо кунад ва аз Худо дархости чизе намояд, Худо ҳатман дуои ӯро иҷобат мекунад” (Ҳадис аз Бухорӣ ва Муслим ба ривояти Абуҳурайра). Имом Нававӣ (раҳ) мегӯяд: “Саҳеҳтарин ривояте, ки дар мавриди ин соат омада дар “Саҳеҳ”-и Муслим аз Абумусои Ашъарӣ (р) аст, ки гуфт: “Аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки фармуд: “Он лаҳза замони байни нишастани имом бар минбар то тамом шудани намоз аст”. Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ (р) аз Расули Худо (с) ривоят намудаанд, ки гуфт: “Рӯзи ҷумъа дувоздаҳ соат аст, ҳар мусулмоне аз Худо масъалат ва дархосте кунад, Худованди азза ва ҷалла ҳатман ба ӯ медиҳад, пас охирин соат пас аз асрро илтимос ва дархост кунед”. Имом Аҳмад (р) аз Абуҳурайра ривоят намуда, ки Расули Худо (с) гуфтанд: “Дар рӯзи ҷумъа соате аст, ки ҳар бандаи мусулмон, ки Худоро бихонад, Худо онро ҳатман иҷобат кунад ва он соати пас аз аср мебошад”. Имом Ибни Қайим (раҳ) гуфтаанд, ки ҳар ду соат замони иҷобат аст, гарчӣ соати поёнии аср махсуси иҷобат мебошад…”.
  • Дуо дар вақти саҳар (севвумин қисмати шаб). Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Худованди таборак ва таъоло ҳар шаб ҳангоме, ки аз се як қисмате аз шаб боқӣ монда, ба осмони дунё фуруд меояд ва мефармоя: чӣ касе маро мехонад то ӯро иҷобат кунам, чӣ касе дархосте аз ман мекунад, то ба ӯ ато намоям, чӣ касе маро истиғфор мекунад, то гуноҳони ӯро бибахшоям” (Ҳадис аз Бухорӣ ва Муслим (р) ба ривояти Абуҳурайра (р).

Касоне, ки дуояшон иҷобат мешавад

  • Дуои бечорагон. “Он кист, ки дуои бечорагони тангдастро иҷобат мекунад ва ранҷу ғами онҳоро бартараф менамояд ва шумо мусулмононро ҷонишинони рӯи замин қарор медиҳад? Оё бо вуҷуди Худои якто худое ҳаст? (Ҳаргиз нест) лекин андаке мардум мутазаккир ва бохабар аз ин ҳақиқатанд” (Намл 62).
  • Дуои мазлум ва ситамдида. Вақте ки Расулуллоҳ (с) Муозро (р) ба Яман фиристод, ба ӯ фармуд: “Аз дуои мазлум бипарҳез, зеро ки байни дуои ӯ ва Худо ҳиҷоб ва пардае нест” (Ҳадис аз Бухорӣ ва Муслим ба ривояти Ибни Аббос (р).
  • Дуои волидайн дар ҳаққи фарзанд.
  • Дуои фарзандони солеҳ ва хидматгузори падару модар.
  • Дуои ҳокими одил ва боинсоф.
  • Дуои мусофир (махсус мусофире, ки ба мақсади хонаи Худо ва ё ба ҳадафи омӯхтани илми шаръӣ сафар мекунад).
  • Дуои рӯзадор дар вақти ифтор ва дар тамоми моҳи рамазон.
  • Дуои мусулмон барои бародари мусулмон, бахусус дуое, ки дар ғайби шахс сурат гирад.
  • Дуои мариз.
  • Дуои мардуми некукор ва солеҳ.

Сабабҳои қабул нагаштани дуо

  • Худовандро шинохтан, аммо ҳаққи Ӯро адо накардан[1];
  • Қуръонро тиловат кардан, аммо ба он амал накардан;
  • Даъвои муҳаббати Муҳаммад (с) кардан ва ба суннати ӯ амал накардан;
  • Аз Худованд ҷаннат хостан, аммо барои духул ба он амал накардан;
  • Даъвои бо шайтон душманӣ доштан, аммо бо ӯ мухолифат накардан[2];
  • Мурданро ҳақ донистан, аммо барояш омода нашудан;
  • Ба касби (пайдо кардани) рӯзии ҳалол маъмур будан, аммо рӯзии ҳалол нахӯрдан ва либоси ҳалол напӯшидан.

Дуоҳо аз Қуръон

  Қуръони карим қонуни ҷовидонӣ ва дастури Худованди бузург аст, ки Ӯ онро барои ислоҳи халқ ва назми (низом, тартиб) ҷаҳон нозил кардааст. Қуръон санади маҳкам ва бурҳони қотеъ буда, аз таҳрифу дигаргунсозӣ маҳфуз мондааст ва ҳифозати он бар Худованд аст. Чуноне ки дар ояти нӯҳуми сураи муборакаи “Ҳиҷр” Худованд таъкид намудаанд: “Ба дурустӣ, ки мо Қуръонро нозил намудем ва ҳамоно онро нигаҳбон ҳастем”. Аз ин ҷиҳат, беҳтарин дуоҳо дуоҳои қуръонанд, ки Худованд аз қавли анбиё нақл намуда, худ дастур додаанд.
  Баъди дуоҳои қуръонӣ дуоҳое, ки аз Расули Худо (с) собит шудаанд, мӯътабар шумурда шуда, дар ҳолоти мухталиф тавассути онҳо Худоро хондан муассиртар хоҳад буд.  

  “Раббано ваҷъално муслимайни лака ва мин зурриётино умматан муслиматан лака ва арино маносикано ватуб ъалайно иннака анта таввобур раҳим” (Парвардигоро, моро фармонбардори худат бигардон ва фарзандони моро уммати фармонбардори худ бигардон ва тарзи ибодоти моро ба мо бинамой ва тавбаи моро қабул фармо, ки фақат Ту тавбапазири раҳим астӣ). (Бақара 128).

“Раббано тақаббал минно иннака антас самиъул ъалим” (Парвардигоро, аз мо бипазир, фақат Ту шунавои донӣ). (Бақара 127).

  “Раббано отино фид дунё ҳасанатан ва фил охирати ҳасанатан ва қино азобан нор” (Бор Худоё, моро аз неъматҳои дунё ва охират баҳраманд гардон ва аз шиканҷаи оташи дӯзах нигоҳ дор). (Бақара 201).

  “Раббано африғ ъалайно сабран ва саббит ақдомано вансурно ъалал қавмил кофирин” (Парвардигоро, ба мо сабру шикебоӣ бубахш, қадамҳои моро дар роҳи дин маҳкам бидор ва бар қавми куофирон пируз гардон). (Бақара 250).

  “Раббанно ло туахизно иннасино ав ахтаъно, раббано ва ло таҳмил ъалайно исран камо ҳамалтаҳу ъалал лазина мин қаблино, раббано ва ло туҳамилно мо ло тоқата лано биҳ ваъфу ланно вағфирлано варҳамно анта мавлоно фансурно ъалал қавмил кофирин” (Парвардигоро, моро ба он чӣ фаромуш ё хато кардаем муохиза (ҷазо, танбеҳ) накун. Парвардигоро, бори гарон бар сари мо чунонки онро бар сари касони пеш аз мо буда ниҳодӣ, манеҳ. Парвардигоро, бар сари мо он чиро манеҳ, ки моро тоби бардошти он нест, гуноҳи моро бубахшой, моро биёмурз ва бубахшой. Туӣ Худованди мо, пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон”). (Бақара 286).

  “Раббано ло тузиғ қулубано баъда из ҳадайтано ва ҳаблано мил ладунка раҳма иннака антал ваҳҳоб” (Оли Имрон 8). (Парвардигоро моро пас аз он, ки ба ҳақ ҳидоят фармудӣ ба сӯи ботил майл мадеҳ ва ба мо аз лутфи хеш раҳмате ато фармо, ки ҳамоно туӣ бахшандаи беивазу миннат).

  “Раббано иннака ҷомиъун носи лиявмил ло райба фиҳ иналлоҳа ло юхлифу миъод” (Парвардигоро, ҳақиқатан ту халқро ҷамъоварӣ дар рӯзе, ки ҳеҷ шакку шубҳае дар он нест (рӯзи қиёмат). Худованд ҳаргиз ба ваъдаи худ хилоф намекунад). (Оли Имрон 9).

  “Раббано иннао оманно фағфирлано зунубано ва қино азобан нор” (Парвардигоро, бо карами худ гуноҳзони моро бубахшой ва моро аз оташи дӯзах нигоҳ дор). (Оли Имрон 16).

“Рабанно оманно бимо анзалта ваттабаънор расула фактубно маъаш шоҳидин” (Парвардигоро, мо ба китобе, ки фиристодаӣ имон овардев ва ба расули Тӯ пайравӣ кардем, пас номи моро дар қатори шоҳидон сабт намо). (Оли Имрон 53).

  “Раббано ағфирлано зунубано ва исрофано фӣ амрино ва саббит ақдомано вансурно ъалал қавмил кофирин” (Парвардигоро, гуноҳони моро ва дар кори худ аз ҳад гузаштани моро ба мо биомурз ва  моро собитқадам гардон ва бар қавми кофирон моро нусрат деҳ). (Оли Имрон 147).

  “Раббано мо халақта ҳозо ботилан субҳонака фақино азобан нор. Раббано иннака ман тудхилин нора фақад ахзайтаҳу ва мо лиззолимина мин ансор. Раббано иннано самиъно мунодиян юноди лилимони ан омину бирабикум фаоманно, раббано фағфирлано зунубано ва каффир ъанно сайиотино ва таввафано маъал аброр. Раббано ва отино ваъадтано ъало русулика ва ло тухзино явмал қиёмати иннака ло тухлифул миъод” (Парвардигоро, ин хилқати азимро беҳуда наофаридаӣ, поку муназзаҳӣ, моро ба лутфи худ аз оташи дӯзах нигоҳ дор. Парвардигоро, ҳар киро ба дӯзах афканӣ, ӯро сахт хор кардаӣ ва ӯ ситамкор буда, ҳеҷ кас ситамкоронро ёрӣ намекунад. Парвардигоро, мо чун садои нидокунандаеро, ки халқро ба имон мехонд шунидем, ки мехонд: “Ба Парвардигори худ имон оред”. Имон овардем. Парвардигоро, аз гуноҳони мо даргузар, кирдори зишти моро бипӯшон ва моро бонекукорон бимирон. Парвардигоро, моро аз он чӣ ба расулони худ ваъда додӣ, ба мо насиб гардон ва рӯзи қиёмат моро расво накун, ба дурустӣ, ки Тӯ хилофи ваъда намекунӣ). (Оли Имрон 191 – 194).

  “Раббано ахриҷно мин ҳозиҳил қарятиз золими аҳлуҳо ваҷъал лано миладунка валиян ваҷъал лано милладунка насиран” (Парвардигоро, моро аз ин қария ва шаҳре, ки мардуми он ситамгаранд, берун бар ва аз назди худ ба мо сарпарасту корсозе ва ёваре муқаррар кун). (Нисо 75).

  “Раббано оманно фактубно маъаш шоҳидин” (Парвардигоро, мо имон овардем, пас номи моро дар зумраи гувоҳони содиқ бинавис). (Моида 83).

  “Рабанно заламно анфусано ва иллам тағфирлано ва тарҳамно ва лакунанна минал хосирин” (Парвардигоро, мо бар хеш ситам кардем ва агар Ту моро набахшоӣ ва раҳмат нафармоӣ аз ҷумлаи зиёнкорон хоҳем шуд). (Аъроф 23).

  “Раббано ло таҷъално маъал қавмиз золимин” (Парвардигоро, моро бо ситамкорони золим ҳароҳ нагардон). (Аъроф 47).

  “Раббано афтаҳ байнано ва байни қавмино билҳаққи ва анта хайрул фотиҳин” (Парвардигоро, дар миёни мову дар миёни қавми мо ба ростӣ ҳукм кун ва Ту беҳтарини ҳукмкунандагон ҳастӣ). (Аъроф 89).

  “Раббано африғ ъалайно сабран ва таваффано муслимин” (Парвардигоро, ба мо сабру шикебоӣ ато фармо ва моро мусулмон бимирон). (Аъроф 124).

  “Раббано ло таҷъално фитнатал лил қавмиз золимин. Ва наҷҷино бираҳматика минал қавмил кофирин” (Парвардигоро, моро лагадкӯби қавми ситамгорон нагардон ва моро ба раҳмату лутфи худ аз шарри кофирон наҷот деҳ). (Юнус 85 – 86).

  “Раббано иннака таъламу мо юхфӣ ва мо нуълину ва мо яхфо ъалаллоҳи мин шайъин фил арзи ва ло фӣ самоъ” (Парвардигоро, мо ба ҳар чӣ пинҳон ва ошкор кунем огаҳӣ ва бар Худо ҳеҷ чизе дар замину осмон пинҳон нест). (Иброҳим 38).

  “Раббано ағфир лӣ ва ли волидая ва лилмуъминина явма яқумул ҳисоб” (Парвардигоро, рӯзе, ки ҳисоб барпо шавад марову падару модари марову мӯъминонро биёмурз). (Иброҳим 41).

  “Рабанно отино мил ладунка раҳматан ва ҳайиъланомин амрино рашадан” (Парвардигоро, Ту ба лутфи худ ба мо раҳмате ато фармо ва дар корҳои мо рушд ва ҳидоятро фароҳам соз). (Каҳф 10).

  “Раббано омано фағфирлано варҳамно ва анта хайрур роҳимин” (Парвардигори мо, мо ба Ту имон овардем, аз гуноҳони моро даргузар ва дар ҳаққи мо лутфу меҳрубонӣ кун ва Ту меҳрубонтарин меҳрубононӣ). (Муъмин 109).

  “Раббано асриф ъанно ъазоба ҷаҳаннама инна азобаҳо кона ғаромо” (Парвардигоро, азоби ҷаҳаннамро аз мо баргардон, ки сахт азобе ва доимӣ аст). (Луқмон 65).

  “Раббано ҳаблано мин азвоҷино ва зурриётино қуррата аъюнин ваҷъално лилмуттақина имомо” (Парвардигоро, аз занону фарзандонамон ба мо рӯшноии чашм бубахш ва моро пешвои аҳли тақво қарор деҳ). (Фурқон 74).

  “Раббано васиъта кулла шайъин раҳматан ва ъилман фағфир лиллазина тобу ваттабаъу сабилака вақиҳим азобал ҷаҳим. Раббано вадхилҳум ҷанноти аднил латӣ ваъадтаҳум ва ман салаҳа мин абоиҳим ва азвоҷиҳим ва зурриётиҳим иннака анта ъазизул ҳаким” (Парвардигори мо, илму раҳмати беинтиҳои ту ҳама оламро фаро гирифтааст, Ту ба лутфу карам гуноҳи ононе, ки тавба карда роҳи ризои Туро паймуданд, бубахшой ва ононро аз азоби дӯзах маҳфуз дор. Парвардигоро, онҳоро ва падарону занону фарзандоне, ки аз онҳо солеҳ бошанд ба бустонҳои доиме, ки ваъда намудаи дохил намо, ба дурустӣ, ки ғолиби боҳикмат астӣ). (Ғофир 7 – 8).

  “Раббано акшиф ъанноал ъазоба инно муъминун” (Парвардигоро, азобро аз мо бартараф гардон, зеро мо имон овардаем). (Духон 12).

  “Раббано ағфирлано ва лиихвонинал лазина сабақуна бил имони ва ло таҷъал фӣ қулубино ғилан лиллазина оману раббано иннака рауфур раҳим” (Парвардигоро, мо ва бародарони моро, ки дар имон овардан аз мо пешдастӣ карданд биёмурз ва дар дилҳои мо нисбат ба имоновардагон ҳеҷ кинаву ҳасад қарор надеҳ, Парвардигоро, ки ту бахшандаву меҳрубон астӣ). (Ҳашр 10).

  “Раббано ъалайка таваккално ва илайка анабно ва илайкал масир. Раббано ло таҷъално фитнатан лиллазина кафару вағфирлано раббано иннака анта ъазизул ҳаким” (Парвардигоро, ба Ту таваккал кардем, рӯ ба сӯи Ту овардем ва бозгашти ҳама ба сӯи Туст. Парвардигоро, моро ба фитна ва имтиҳони кофирон дучор нагардон, моро биёмурз, эй Парвардигори мо, ба дурустӣ, ки ту ғолиби боҳикматӣ). (Мумтаҳана 4 – 5).

  “Раббано атмим лано нурано вағфирлано иннак ъало кулли шайъин қадир” (Парвардигоро, нури моро ба ҳадди камол бирасон ва моро бубазхш, ба дурустӣ, ки ба ҳама чиз тавоноӣ). (Таҳрим 8).

  “Рабби аҷъал ҳаза баладан оминан варзуқ аҳлаҳу минас самароти” (Парвардигоро, ин шаҳрро ҳари амн гардон ва аҳли онро аз меваҷот рӯзӣ деҳ). (Бақара 126).

  “Рабби ҳаблӣ мил ладунка зурриятан тайибатан иннака самиъуд дуо” (Парвардигоро, маро аз назди хеш фарзанди покиза бахшой, ба дурустӣ, ки Ту шунавандаи дуоӣ). (Оли Имрон 38).

  “Рабби ағфирлӣ валиахӣ вадхилно фӣ раҳматика ва анта арҳама роҳимин” (Парвардигоро, маро ва бародари маро биёмурз ва дар раҳмати худ дохил намо, Туи беҳтарин раҳмкунандагон) (Аъроф 151).

  “Рабби иннӣ аъузубика ан асъалака мо лайса лӣ биҳи илмун ва ило тағфирлӣ ва тарҳамнӣ акум минал хосирин” (Парвардигоро, ҳаққо, ки ман ба ту паноҳ мебарам  ба он чизе, ки дониш надорам Туро пурсам, агар маро наёмурзӣ ва раҳмат накунӣ аз ҷумали зиёнкорон бошам”. (Ҳуд 47).

  “Рабби иҷъал ҳазал балада оминан ваҷнубнӣ ва бания аннаъбудал асном” (Парвардигоро ин шаҳро амн гардон, ман ва фарзандонамонро аз он ки ибодати бутон кунем дур нигаҳ дор” (Иброҳим 35).

  “Рабби адхилнӣ мудхала сидқин ва ахриҷнӣ мухраҷа сидқин ваҷъал лӣ мил ладунка султонан насиро” (Парвардигоро, маро дарор, дарун даровардани писандида ва маро берун ор, берунбаровардани писандида ва бароям қуввати ёридиҳанда деҳ). (Исро 80).

  “Рабби арҳамҳумо камо раббайони сағиро” (Парвардигоро, падару модари маро раҳм кун, чунонки дар хурдӣ маро тарбия намуданд). (Исро 24).

“Рабби зиднӣ илмо” (Парвардигори ман, дониши маро афзун кун). (Тоҳо 114).

  “Рабби ишраҳ лӣ садрӣ. Ва ясир лӣ амрӣ. Ваҳлул уқдатан мил лисонӣ” (Парвардигоро, синаи маро бароям бикушо, корамро бароям осон кун, аз забони ман гиреҳ бикушой). (Тоҳо 25 – 27).

  “Рабби ло тазарнӣ фардан ва анта хайрун ворисин” (Парвардигорам, маро танҳо нагузор ва Ту беҳтарини ворисонӣ). (Анбиё 89).

  “Рабби анзилнӣ мунзалан муборакан ва анта хайрун мунзилин” (Парвардигоро, моро фуруд ор ба манзили бобаракат ва ту беҳтарин фурудоварандагонӣ). (Муъминун 29).

  “Рабби фало таҷъалнӣ фил қавмиз золимин” (Парвадигорам, маро дар гурӯҳи ситамкорон дохил макун). (Муъминун 94).

  “Рабби аъузубика мин ҳамазотиш шаётин” (Парвардигорам, маро аз васвасаҳои шайтонҳо дар паноҳат нигоҳ дорӣ). (Муъминун 97).

  “Рабби иғфир варҳам ва анта хайрур роҳимин” (Парвардигорам, биёмурзу бибахшой ва Ту беҳтарин бахшояндаӣ). (Муъминун 118).

  “Рабби ҳаблӣ ҳукман ва алҳиқнӣ бис солиҳин. Ваҷъал лӣ лисона сидқин фил охирин. Ваҷъалнӣ мин варасати ҷаннатин наъим” (Парвардигоро, ба ман ҳикмат ато кун ва маро ба шоистагон даррасон. Барои ман дар миёни ояндагон номи нек қарор деҳ. Маро аз ворисони биҳишти пурнеъматат кун). (Шуаро 83 – 85).

  “Рабби иннӣ заламту нафсӣ фағфир” (Парвардигоро, ман ба худ ситам намудам, маро бубахш). (Қасас 16).

  “Рабби наҷҷинӣ минал қавмиз золимин” (Парвардиго, маро аз қавми ситамкорон наҷот деҳ). (Қасас 21).

  “Рабби нсурнӣ ъалал қавмил муфсидин” (Парвардигоро, маро ба қавми муфсидон нусрат деҳ). (Анкабут 30).

  “Рабби ҳаблӣ минас солиҳин” (Парвардигоро, маро аз солеҳон ато фармо). (Соффот 100).

 “Рабби ибни лӣ ъиндака байтан фил ҷаннати” (Парвардигоро, бароям дар наздат дар биҳишт хонае бино кун). (Таҳрим 11).

  “Рабби ло тазар ъалал арзӣ минал кофирина даёран” (Парвардигоро, аз кофирон аҳадеро ба рӯи замин нагузор). (Нуҳ 26).

  “Рабби ағфирлӣ ва ливолидайя ва лиман дахала байтия муъминан валилмуъминина вал муъминоти ва ло тазидиз золимина илло таборо” (Парвардигоро, ман ва падару модари маро ва ҳар кӣ имон оварда бошад ва занону мардони мусулмонро биёмурз ва барои ситамкорон ҷуз ҳалок чизе наяфзой). (Нуҳ 28).

Оёте, ки хонданашон муфид аст

  “Ҳуваллоҳу лазӣ ло илоҳа илло ҳува, ъолимул ғайби ваш шаҳодати ҳувар раҳмонур раҳим. Ҳуваллоҳул лазӣ ло илоҳа илло ҳувал маликул қуддусус саломул муъминул муҳайминул ъазизул ҷабборул мутаккабир, субҳоналлоҳи ъаммо юшрикун. Ҳуваллоҳул холиқул бориул мусаввиру лаҳул асмоул ҳусно юсаббиҳу лаҳу мо фӣ самовоти вал арзи ва ҳувал ъазизул ҳаким. (Ӯ он Худое аст, ки ҳеҷ маъбуде нест, бағайр аз Ӯ, донандаи ниҳону ошкор, бахшояндаи меҳрубон аст.Ӯ он Худое аст, ки ҳеҷ маъбуде нест, бағайр аз Ӯ, Подшоҳ, Пок, Солим (аз ҳама айбҳо), Амндиҳанда, Нигаҳбон, Ғолиб, Бошавкат, Бузургвор, Худо аз шарик муқаррар кардани онҳо пок аст. Ӯ Худоест Офаридгор, Навпадидоранда, Нигоранда, соҳиби  номҳои нек аст, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, Ӯро ба покӣ ёд мекунад ва Ӯ Ғолиби Боҳикмат аст (Ҳашр 22-24).

  “… Ҳасбияллоҳу ло илоҳа илло ҳува, ъалайҳи таваккалту ва ҳува раббул ъаршил ъазим (…Худо маро бас аст, ба ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест, ба Ӯ таваккал кардам ва Ӯ Худованди Арши Бузург аст (Тавба 129).

Дуоҳо аз суннат

Дуои пеш аз хоб рафтан

  “Бисмикаллоҳумма амуту ва аҳйо” (Ба номат, эй Худо, мемирам ва зинда мешавам). (Ҳадис аз “Муснад”-и Аҳмад).

Дуои вақти аз хоб бедор шудан

  “Алҳамдулиллоҳил лазӣ аҳёно баъда мо амотано ва илайҳин нушур” (Ситоиш он Худоерост, ки моро баъди мурдан зинда агрдонид ва зинда шудан ба сӯи Ӯст) (Ҳадис аз Бухорӣ бо ривояти Абузар (р). “Алҳамдулиллоҳил лазӣ ъофонӣ фӣ ҷасадӣ ва радда ъалая руҳӣ ва азина лӣ бизикриҳ” (Ситоиш он Худоерост, ки ба ман тандурустӣ бахшид ва ҷонаммро ба ман бозгардонид ва ба ман иҷозаи зикрашро дод). (Ҳадис аз Тирмизӣ ба нақли Абуҳурайра).

Дуои пеш аз вузӯъ

  Дар оғози вузӯъ “Бисмиллоҳ” (Ба номи Худо) мегӯянд.

Дуои пас аз вузуъ

  “Ашҳаду ан ло илоҳа илаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ” (Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде ҷуз Худои якто нест ва Ӯ шарике надорад ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст). (Ҳадис аз Муслим аз Уқба ибни Омир (р). Дуои дигар: ”Аллоҳумма аҷъалнӣ мина таввобина ва аҷъалнӣ минал мутаҳҳарин” (Эй бор Худоё, маро аз ҷумлаи тавбагарон ва покизагон бигардон). (Ҳадис аз “Сунан”-и Тирмизӣ (р). Ҳар кӣ баъди вузӯъ аз ин ду дуо яке ёд дошта бошад, бихонад.

Дуои шунавандаи азон

  Шунавандаи азон ҳар он чиро, ки муаззин мегӯяд такрор мекунад, аммо ба ҷои “Ҳай ъалал салот” ва “Ҳай ъалал фалоҳ” мегӯяд: “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи” (Ҳеҷ қудрате мавҷуд нест ба ҷуз кӯмаку ёрии Худо). (Ҳадис аз Бухорӣ бо ривояти Абусаид ва аз Муслим бо ривояти Умар (р).

Дуои баъди азон

  “Аллоҳумма рабба ҳазиҳид даъватит томма вас салотил қоима отил василата вал фазила ва баъсҳу мақоман маҳмудал лазӣ ваъадтаҳ” (Бор Худоё, эй соҳиби дуоҳо ва намозе, ки барпо мешавад, ба Муҳаммад (с) васила (дараест, ки дар биҳишт хоси Муҳаммад (с) аст) ва фазилат ато фармо ва ӯро мақому манзалаи некуе, ки ваъда додаӣ бидеҳ). (Ҳадис аз Бухорӣ бо ривояти Ҷобир ибни Абдуллоҳ).

Дуои баъд аз намоз

  “Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, астағфируллоҳ! Аллоҳумма анта салому ва минкас салому таборакта ё залҷалоли вал икром” (Аз Худо омурзиш металабам (се бор)! Худоё Ту саломӣ ва саломатӣ аз Туст, бобракат астӣ, эй соҳиби бузургӣ ва бахшиш). (Ҳадис аз Муслим бо ривояти Савбон (р).

Дуои ба масҷид рафтан

  “Аллоҳума аҷъал фӣ қалбӣ нуран ва фӣ басари нуран ва фӣ самъӣ нуран ва ъан ямини нуран ва ъан ясорӣ нуран ва фавқӣ нуран ва таҳтӣ нуран ва амомӣ нуран ва халфи нуран ва ъаззам лӣ нуран” (Худоё, дар дилам нуре қарор деҳ, дар чашмам нуре, дар гӯшам нуре, ва самти ростам нуре, аз самти чапам нуре болову поёнам нуре, ва пешу пасам нуре ва бароям нури бузургу баланд қадре қарор деҳ). (Ҳадис аз Муслим бо ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос).

Дуои ба масҷид даромадан

  “Бисмиллоҳи вассалоту васалому ъало расулиллоҳи, аллоҳумма афтаҳ лӣ абвоби раҳматика” (Ба номи Худо, дуруду салом ба расули Худо бод, Худоё дарҳои некӣ ва эҳсонатро бар ман бикушо). (Ҳадис аз Муслим ва ривояти Абуамид).

Дуои аз масҷид баромадан

  “Бисмиллоҳи вассалоту васалому ъало расулиллоҳи, аллоҳумма инни асъалука мин фазлика” (Ба номи Худо, дуруду салом ба расули Худо бод, Худоё, маро аз фазли худ бонасиб гардон). (Ҳадис аз Абудовуд, Насоӣ, Ибни Моҷа).

Дуои аз хона баромадан

  “Бисмиллоҳи, таваккалту ъалаллоҳи, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи” (Ба номи Худо, ба Худо таваккал кардам, ҳеҷ қуввату қудрате бе ёрии Худо пойдор нест). (Ҳадис аз Абудовуд бо ривояти Анас).

Дуои ба хона даромадан

  “Бисмиллоҳи валаҷно ва бисмиллоҳи хараҷно ва ъало раббано тавакално” (Ба номи Худо ворид шудем ва ба номи Худо хориҷ шудем ва ба Парвардигорамон таваккал кардем). (Ҳадис аз Абудовуд (р).

Дуои сафаркунанда

  “Аллоҳумма антас соҳибу фис сафарӣ вал халифату фил аҳли, аллоҳумма инни  аъузубика мин ваъсои сафари ва кобатил мунзари ва суил мунқалаби фил моли ва аҳли вал валади” (Бор Худоё, ту соҳиби (манӣ) дар сафар ва ноиби (манӣ) дар хонавода, Худоё ба Ту паноҳ мебарам аз машаққатҳои сафар ва мақсадҳои бад, аз дигаргунӣ ва бадҳолӣ дар молу хонавода ва фарзанд). (Ҳадис аз “Саҳеҳ”-и Муслим).

Дуои ба восита нақлиёт савор шудан

  “Бисмиллоҳи, алҳамдулиллоҳи, субҳоналаззӣ саххара лано ҳаза ва мо кунно лаҳу муқринин ва инно ило раббано ламунқалибун” (Ба номи Худо, ситоиш Худойрос, поку муназзаҳ аст, он зоте, ки игро барои мо мутеъ ва ром сохт, дар ҳоле, ки мо қудрати ром намудани онро надоштем ва ба дурустӣ, ки мо ба сӯи Парвардигори худ боз мегардем). (Ҳадисро Абудову ва Тирмизӣ аз қавли Алӣ бини Рабиъа нақл намудаанд).

Дуои вақти либос пӯшидан

  “Алҳамдулиллоҳил лазӣ касонӣ ҳазас савба ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувват” (Ситоиш он Худоерост, ки ин либос маро пӯшонид ва бе ҳеҷ қуввату тавоноии ман насиби ман гардонид). (Ҳадис аз Абудовуд бо нақли Муоз (р).

Дуои вақти даромадан ва баромдан ба ҳоҷатхона

  Пеш аз ворид шудан мегӯянд: “Аллоҳумма инно аузубика минал хубси вал хабоис” (Худоё, аз шайтонҳои нару мода ба Ту паноҳ мебарам).(Ҳадис аз Бухорӣ бо нақли Анас). Баъди хориҷ шудан мегӯянд: “Ғуфронака” (Худоё, маро биёмурз).(Ҳадис аз Абудовуд ва Тирмизӣ бо ривояти Оиша (р).

Дуои пеш аз хурок хӯрдан

  Вақти ба хурокхурӣ шурӯъ намудан мегӯяд: “Бисмиллоҳи” (Ба номи Худо). (Ҳадис аз Бухорӣ ва Муслим аз ривояти Умар бини Абусалама(р). Агар инро дар вақти шурӯъ фаромуш намуд,дар охир мегӯяд: “Бисмиллоҳи аввалаҳу ва охираҳу” (Ба номи Худо дар аввал ва охир). (Ҳадис аз Абудовуд, Тирмизӣ ва Ибни Моҷа бо ривояти Оиша (р).

Дуои баъд аз хурок хӯрдан

  “Алҳамдулиллоҳил лазӣ атъаманӣ ҳаза ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувватин” (Ҳамду сано мар Худоеро, ки маро таъом додааст ва рӯзиро бидуни сарф намудани қувват ба ман арзонӣ намудааст). (Ҳадис аз “Сунан”-и Абудовуд).

Дуои атса задан

  Шахсе, ки атса занад мегӯяд: “Алҳамдулиллоҳ” (Сано ва ситоиш бод мар Худоро). Шахсе, ки ӯро мешунавад, бояд бигӯяд: “Ярҳамукаллоҳ” (Худованд туро мавриди раҳмати худ қарор диҳад). Атсазананда дар ҷавобаш ин дуоро мегӯяд: “Яҳдикумуллоҳу ва юслиҳу болакум” (Худованд шуморо ҳидоят кунад ва ҳоли шуморо дуруст бигардонад). (Ҳадис Бухорӣ ва Аҳмад (р).

Дуо барои шахси издивоҷкарда

  “Боракаллоҳу лака ва борака ъалайка ва ҷамаъа байнакумо фил хайр” (Худованд барои ту ва бар ту баракат диҳад ва барои ҳар дуи шумо хайру хубӣ арзонӣ кунад). (Ҳадис аз Абудовуд ва Тирмизӣ (р).

Дуои вақти ҳамбистарӣ шудан бо ҳамсар 

  “Бисмиллоҳи, Аллоҳумма ҷанабно шайтона ва ҷанабиш шайтона мо разақтано” (Ба номи Худо, Худовандо, моро аз шарри шайтон нигаҳ дор ва авлодҳое, ки ба мо ато меунӣ аз шарри шайтон нигаҳ дор). (Ҳадис аз Бухорӣ ва Муслим (раҳ).

Дуои хайру баракат бар матое, ки кас хиридорӣ мекунад

  “Аллоҳумма инни асъалука хайраҳо ва хайра мо ҷабалтаҳо ъалайҳи ва аъузубика мин шаррраҳо ва шарра мо ҷабалтаҳо ъалайҳ” (Эй бор Худоё, ман хайр дар ин чизро ва хайре дар он офаридаӣ мехоҳам ва аз шарри он ва шарре, ки дар он офаридаи ба Ту паноҳ мебарам). (Ҳадис “Сунан”-и Абудовуд (раҳ).

Дуои вақти дохил шудан ба бозор

  “Лоилоҳа илаллоҳу ваҳдаҳу ва ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд, юҳий ва юмиту ва ҳайю ло ямут, биядиҳил хайр ва ҳува ъало кулли шайъин қадир” (Нест маъбуде ба ҷуз Аллоҳ ва Худованди ягона ва якто аст, барои Ӯ ҳеҷ шарике нест ва подшоҳӣ аз они Ӯст ва лоиқи ситоиш Ӯст, зинда мегардонад ва мемиронад ва Ӯст зиндаи абадӣ, ки ҳеҷ намемирад, некиҳо ҳама аз Ӯст ва Ӯ ба ҳама чиз тавоност). (Ҳадис аз “Суннан”-и Тирмизӣ ва “Муснад”-и Имом Аҳмад).

Дуои таъзия

  “Инна лиллоҳи мо ахаза ва лаҳу мо аъто ва куллу шайъин ъиндаҳу биаҷалин мусаммо, фалитасбир валитаҳтасиб” (Касеро, ки мирондааст, аз они Худованд будааст, ҳама чизҳоеро, ки додааст, аз они Ӯст, ҳар чиз дар назди Худованд миъоди муайяне дорад, пас сабр кун, Худованд бароят сабр ва подош медиҳад). (Ҳадис аз Бухорӣ ва Муслим (р).

Дуои зиёрати қабрҳо

  “Ассалому алайкум аҳла даёри минал муъминина вал муслимина ва инно иншоаллоҳу бикум ло ҳиқуна ва ярҳамуллоҳул мустақдимина минно вал мустаъхирина асъалуллоҳа лано ва лакумул ъофията” (Салом бар шумо аҳли диёр аз муъмину мусулмонҳо, бидуни шак мо ҳам агар Худованд хоҳад бо шумо пйваст шудаӣ ҳастем, Худованд гузаштагон ва ояндагони моро мавриди раҳмати худ қарор диҳад, аз Худованд барои худ ва шумо офият (саломатӣ аз азоби дунё ва охират) мехоҳам). (Ҳадис аз Муслим).

Дуои вақти худро дар оина дидан

  “Алҳамдулиллоҳил лазӣ ҳассана халқӣ ва хулқӣ ва зона миннӣ мо шона мин ғайрӣ” (Ситоиш мар Худоерост, ки офариниш ва ахлоқи маро неку сохтааст ва чизҳое, ки ба дигарон айб буда ба ман зинат гардонидааст). (Ҳадис аз Табаронӣ (раҳ).

Дуои вақти дидани моҳи нав

  “Аллоҳу акбар, аллоҳумма аҳилаҳу ъалайно биламни ва имони ва саломата ва исломи ват тавфиқи лимо туҳиббу, раббано ватарзо раббуно ва раббукаллоҳу” (Худо бузург аст, эй бор Илоҳо, тулуи ин моҳро бар мо мояи амну имону саломатӣ ва ислому ва тавфиқ бар он чизе, ки онро дӯст медорӣ ва ба он розӣ ҳастӣ бигардон, Парвардигори мо ва Парвардигори ту Аллоҳ аст). (Ҳадис аз “сунан”-и Тирмизӣ (раҳ).

Дуои вақти шунидани овози раъду барқ

  “Субҳонал лазӣ юсаббаҳур раъду биҳамдиҳи ва малоикату мин хифатиҳ” (Пок аст Худое, ки раъд сано ва ситоиши Ӯро мекунад ва фариштагон аз Ӯ хавфу тарс доранд). (“Мутоъ”-и Имом Молик (раҳ).

Дуои вақти нӯшидани оби Зам-зам

  “Аллоҳумма иннӣ асъалука илман нофиъан ва ризқан восиъан ва шифоан мин кулли доъ, бираҳматика ё арҳама роҳимин” (Худовандо, ман аз Ту илми боманфиат ва рӯзии фарох ва сиҳатӣ аз ҳар дардро мехоҳам, ба раҳмати Ту, эй меҳрубонтарин меҳрубонон). (Ҳадис аз Ҳоким (раҳ).

Дуои аёдати бемор

  “Ло баъса таҳуру иншоаллоҳу” (Боке нест, агар Худованд хоҳад ин бемориро василаи покии гуноҳонат мегардад). (Ҳадис аз “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ба ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос (р).

Дуои талаби шифо барои бемор

  “Асъалуллоҳал ъазима, раббал ъаршил ъазима ан яшфика” (Аз Худованди бузург ва Парвардигори арши бузург металабам, ки шифоят диҳад). (Ҳадис аз Абудовуд ва Тирмизӣ ба ривояти Ибни Аббос).

Дуои талаби шифо

  “Аллоҳумма рабба носи азҳибил баъс, ишфи анта шофӣ, ло шофия илло анта, шифоан ло юғодиру сақама” (Худовандо, Парвардигори мардум, бемории маро дур гардон, шифо деҳ, Туӣ шифодиҳанда, ҷуз Ту шифодиҳандае мавҷуд нест, шифое, ки беморӣ нагзорад). (Бухорӣ бо ривояти Оиша (р).

Дуои ҳимояи кӯдакон аз чашмрасӣ

  “Уъизукум бикалимотиллоҳи томмати мин кулли шайтонин ва ҳома ва мин кулли ъайнин ломма” (Ба калимаҳои комили Худованд аз шарри шайтонҳо, аз заҳри ҳама ҳайвонот ва чашми бади ҳамаи инсонҳо ба шумо паноҳ металабам). (Ҳадис аз Бухорӣ ба ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос (р).

Дуои ақиқа кардан

  “Бисмиллоҳи, Аллоҳу акбар, аллоҳумма минка ва лака ҳазиҳи ақиқату фулон” (Ба номи Худо, Худо бузург аст, Худовандо аз Туст, барои Туст ин ақиқаи…(номи навзод гирифта мешавад). (ҳадис аз “Сунан”-и Байҳақӣ).

Дуои қурбонӣ намудан

  “Бисмиллоҳи ва аллоҳу акбар. Аллоҳума минка ва лака, аллоҳумма тақаббал миннӣ” (Ба номи Худо ва Худо бузург аст. Худовандо (ин қурбонӣ) аз Ту аст ва барои Ту аст, бор Худоё аз мо қабул фармо).

Дуои наҷот ёфтан аз ғаму андӯҳ

  “Аллоҳумма иннӣ аъузубика минал ҳамма вал ҳузнӣ валъаҷзӣ вал касали валбухли валҷубни ва залаъи дайни ва ғалабатир раҷоли” (Эй бор Худоё, ман ба Ту аз ғаму андӯҳ, аз нотавониву касолат, аз тарсу мумсикӣ, аз қарздорӣ ва қаҳри мурдаҳо паноҳ мебарам). (Ҳадис аз Имом Бухорӣ (р).

Дуои рафъи беқарорӣ

  “Ло илоҳа иллаллоҳул ъазимул ҳаким, ло илоҳа иллаллоҳу раббул ъаршил ъазим, ло илоҳа иллаллоҳу рабус самовоти ва раббул ъарзи ва раббул ъаршил карим” (Нест маъбуде ба ҷуз Худои азиму ҳаким, нест маъбуде ба ҷуз Парвардигори ъарши азим, нест маъбуде ба ҷуз Парвардигори осмонҳову замин ва ъарши азим). (Ҳадисро Бухорӣ ва Муслим нақл намудаанд).

Дуои рафъи нооромӣ ва тарс дар хоб

  “Аъузу бикалимотиллоҳи томоти мин ғазабиҳи ва ъиқобиҳи ва шарра ъибодиҳи ва мин ҳамазоти шаётини ва ан яҳзируна” (Паноҳ мебарам ба калимаҳои тамоми Худованд аз зашму ғазаби Худованд ва аз шарри бандагони Худованд ва аз васвасаҳои шайтонҳо ва аз ҳозир шудани шаётин). (Ҳадис аз “Сунан”-и Абудовуд (раҳ).

Дуои илоҷи бехобӣ

“Аллоҳумма ғоратин нуҷуму ва ҳадаатил ъуюну ва анта ҳайю қайюм, ё ҳайю ё қайюму аним ъайнӣ” (Бор Худоё, ситораҳо ғоиб шуданд ва чашмҳо ором гирифтанд, Туи зинда ва худпоянда, эй зиндаи худпоянда чашмҳоро ба хоб бибар). (Ҳадис аз “Муъҷами кабир”-и Табаронӣ (раҳ).

Дуои пешгирӣ аз бемориҳои бад

  “Аллоҳумма иннӣ аъузубика минал бараси вал ҷазоми вал ҷунуни васяил асқом” (Бор Худоё, паноҳ мебарам ба Ту аз мубтало шудан ба песӣ, махав, девонагӣ ва дигар бемориҳои бад). (Ҳадис аз “Муснаф”-и Абушайба).

Дуои сиҳатӣ ва саломатӣ

  “Аллоҳумма иннӣ асаълукал ъафва вал ъофия фиддунё вал охира” (Эй бор Илоҳо, аз Ту дар дунёву охират сиҳатӣ ва саломатӣ мехоҳам). (Ҳадис аз “Сунан”-и Тимизӣ (раҳ).

Дуои дархости ахлоқи хуб

  “Аллоҳуммаҳсанта халқӣ фаҳсан хулқӣ” (Бор Илоҳо, офариниши маро неку сохтӣ, пас ахлоқи маро неку соз). (Ҳадис аз “Муснад”- Имом Аҳмад (раҳ).

Дуои вақти рӯ ба рӯ шудан бо душман

  “Аллоҳуммастур авротино ва омин руъотино” (Эй бор Худоё, айбҳои моро бипӯшон ва тарси моро ба амн бадал кун). (Ҳадис аз “Муснад”-и Имом Аҳмад (раҳ).

Дуои ҷаноза

  “Аллоҳуммағфир лиҳайино ва майитино вашоҳидино ва ғоибино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно. Аллоҳумма ман аҳйайтаҳу минно фааҳйиҳи ъалал ислом ва ман таваффайтаҳу минно фатаваффаҳу ъалал имон” (Худовандо, зиндаву мурдаи моро, ҳозиру ғоиби моро, хурду калони моро ва зану марди моро биёмурз. Худовандо, ҳар кӣ аз моро зинда гардонӣ бо ислом зинда дор ва ҳар касе аз моро мемиронӣ, бо имон мирон”. (Ҳадис аз “Мишкот-ул-масобиҳ”).

Дуои ҷанозаи писари нобилиғ

  “Аллоҳумма аҷъалҳу лано фаратав ваҷъалҳу лано аҷрав ва зухрав ваҷъалҳу лано шофиан мушаффаъан” (Бор Худоё, (Ҳадис аз Абудовуд, Насоӣ ва Тирмизӣ).

Дуои ҷанозаи духтари ноболиғ

  “Аллоҳумма аҷъалҳо лано фаратав ва аҷъалҳо лано ҷрав ва зухрав ваҷъалҳо лано шофиъан мушоффаъатан” (Бор Худоё, ӯро барои мо тӯшаи охират, аҷру захира, шофеъ ва мақбули шафоат гардон). (Аз “Мишкот-ул-масобиҳ”).

Дуои вақти дидани маъюб

  “Алҳамдулиллоҳил лазӣ ъофанӣ мимабталока биҳ ва фаззаланӣ ъало касирин мимман халақа тафзилан” (Ҳамду сипос мар Худоерост, ки маро аз он чизе, ки туро мубтало кардааст, наҷот додааст ва маро бар бисёре аз махлуқоти худ бартарӣ додааст). (Ҳадис аз “Сунан”-и Имом Тирмизӣ (раҳ).

Дуои наҷот аз ширк

  “Аллоҳумма иннӣ аъузубика ан ушрика бика ва ано аъламу вастағфирука лимо ло аъламу” (Бор Худоё, паноҳ мебарам ба Ту аз он ки ба Ту ширк биёрам дониста, ва омурзиш металабам аз Ту ба он, ки ба Ту ширк биёрам нодониста). (Ҳадис аз Аҳмад).

Дуои саҷдаи тиловат

  “Саҷада ваҷҳи лиллазӣ халақаҳу ва шаққа самъаҳу ва басараҳу ва биҳавлиҳи ва биқувватиҳи фатаборакаллоҳу аҳсанул холиқин” (Рӯи ман зотеро, ки ӯро офарида, сурат додааст, саҷда кардааст, зоте, ки чашмҳо ва гӯшҳои ӯро бо тавоноии худ сурох намудаст бобаракат ва беҳтарин офаранда аст Худованд). (“Мишкот-ул-масобиҳ”).

Дуои вақти шунидани овози хурус

  “Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлик” (Бор Худоё, фазлу меҳрубонии Туро хоҳонам”. (“Мишкот-ул-масобиҳ”).

Дуои вақти шунидани овози хар

  “Аъузубиллоҳи минаш шайтинир раҷим” (Паноҳ мебарам ба Худованд аз шайтони рондашуда). (“Мишкот-ул-масобиҳ”).

Дуои наҷот ёфтан аз қарздорӣ

  “Аллоҳумма акфинӣ биҷалолика ан ҳаромика ва ағнинӣ бифазлика ъамман сивока” (Бор Худоё, эҳтиёҷоти маро аз рӯзии ҷалол пурра кун ва аз ҳаром маро раҳоӣ бахш ва аз сӯи худ ба фазлу марҳамати хеш маро бениёз соз). (“Сунан”-и Тирмизӣ).

Дуои наҷот аз одатҳо ва ахлоқи бад

  “Аллоҳумму таҳҳар қалбӣ минан нифоқи ва амалӣ минар риёи ва лисони минал кизби ва ъайнӣ минал хиёнати фаиннака таъламу хоината аъюни ва мо тухфӣ судур” (Эй бор Худоё, қалбамро аз нифоқ, амаламро аз риё, забонамро аз дурӯғ, чашмамро аз хиёнат пок гардон, Туӣ, ки ба хиёнат кардани чашмҳо илм дорӣ ва чизҳое, ки дар синаҳо пӯшида аст, медонӣ). (Ҳадис аз Ҳаким, Тирмизӣ ва Хатиби Бағдодӣ).

Дуои рафъи мушкилот

  “Аллоҳумма ло саҳла илло мо ҷаъалтаҳу саҳлан ва анта таҷъалул ҳазна изо шиъти саҳлан” (Эй бор Худоё, ҳеҷ коре осон намегардад, магар он ки ту онро осон гардонӣ ва Ту агар хоҳӣ мушкилро осон мегардонӣ). (Ҳадис аз “Саҳеҳ”-и Ибни Ҳаббон).

Дуои талаби илм

  “Аллоҳумма иннӣ асалука илман нофиъан ва аъузубика мин илмин ло янфаъ” (Худовандо, ман аз Ту илми пурманфиат мехоҳам ва паноҳ мебарам ба Ту дар илме, ки дар он нафъ набошад). (Ҳадис аз “Сунан”-и Ибни Моҷа).

Дуои миннатдорӣ

  “Ҷазокаллоҳу хайран” (Худованд аҷру подоши некат диҳад).

Дуо барои чизе, ки писанд ояд

  “Аллоҳумма борик фиҳи” (Худовандо дар ин чиз баракат неҳ).

Дуои ҳайрат ва шунидани хабари хуш

  “Субҳоналлоҳ”, “Аллоҳу акбар” (Худованд пок аст, Худо бузург аст). (Тибқи ривоёт вақте ки Муҳаммад (с) хабари хушеро мешунид, барои сипоси Худованд саҷда менамуд).

Дуо дар ҳолати қаҳру ғазаб

  “Аъузубиллоҳи минаш шайтони раҷим” (Паноҳ мебарам ба сӯи Худованд аз шарри шайтони рондашуда).

Дуои дучор шудан бо нохушие

  “Алҳамдулиллоҳи ъало кулли ҳол” (Худовадро дар ҳама ҳол шукру ситоиш мекунам).

Дуои дур шудан аз нияти бад

  “Аъузулибиллоҳи минаш шайтони раҷим ва мин фитнатиҳ, оманту биллоҳи ва расулиҳ” (Аз шайтони рондашуда ва аз фитнаву васвасаҳояш ба Худованд паноҳ мебарам ва ба Худованд ва фиристодаи Ӯ имон меоварам).

Дуо барои падару модар

  “Рабба арҳамҳумо камо раббайони сағиран” (Парвардигоро, ба   падару модарам меҳрубонӣ намо, ҳамчуноне, ки маро дар хурдсолӣ тарбия намудаанд), (Сураи Исро 24).

Дуое, ки гӯяндаашро ба биҳишт мебарад

  “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” (Аз Худо омурзиш металабам ва ба сӯи Ӯ тавба мекунам. (Ҳар рӯзе ҳафтод бор бигӯяд ва ин сабаби омурзиши гуноҳон ва осоиши қалб мешавад. Ҳадис аз Бухорӣ (раҳ) ба ривояти Абуҳурайра (раз) ва Муслим (раҳ) ба ривояти Ибни Умар (раз).

Дуои баъд аз намози субҳ

  “Асбаҳно васбаҳал мулку лиллоҳи валҳамдулиллоҳи ло илоҳа илаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд ва ҳува ъало кулли шайин қадир. Рабба асъалука хайра мо фӣ ҳазал явмӣ ва хайра мо баъдаҳу ва аъузубика мин шарра мо фӣ ҳазал явмӣ ва хайра мо баъдаҳу” (Ба бомдод расидем ва мавҷудоти ҳастӣ ба бомдод расиданд, дар ҳоле, ки онҳо аз мулки Худоянд ситоиш хоси Худост, маъбуди барҳақе нест ба ҷуз Худо, яктосту шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст ва ситоиш барои Ӯст, бар ҳама тавоност. Парвардигоро, ҳар хайре дар ин рӯз аст ва ҳар хайре баъди он аз ту металабам ва аз ҳар шарре, ки дар ин рӯзу баъди он аст, ба Ту паноҳ мебарам (Ҳадис аз Муслим (раҳ) ба ривояти Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз).

Дуои баъд аз намози шом

  “Амсайно вамсал мулкул лиллоҳи валҳамдулиллоҳи ло илоҳа илаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд ва ҳува ъало кулли шайин қадир. Рабба асъалука хайра мо фӣ ҳазиҳил лайлати ва хайра мо баъдаҳо ва аъузубика мин шарра мо фӣ ҳазиҳил лайлати ва хайра мо баъдаҳо (Ба шом расидем ва мавҷудоти ҳастӣ ба шом расиданд, дар ҳоле, ки онҳо аз мулки Худоянд ситоиш хоси Худост, маъбуди барҳақе нест ба ҷуз Худо, яктосту шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст ва ситоиш барои Ӯст, бар ҳама тавоност. Парвардигоро, ҳар хайре дар ин шаб аст ва ҳар хайре баъди он, аз ту металабам ва аз ҳар шарре, ки дар ин шабу баъди он аст, ба Ту паноҳ мебарам (Ҳадис аз Муслим (раҳ) ба ривояти Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз).

Дуое, ки Аллоҳро хушнуд месозад

  “Разайту биллоҳи раббан ва бил исломи динан ва бил Муҳаммади (с) набиян” (Ба Парвардигории Аллоҳ, дини ислом ва паямбарии Муҳаммад (с) хушнудам (Ҳадис аз Абудовуд ва Аҳмад).

  Худоё, ҳарчӣ мо туро бештар дуо мекунем, Ту ҳам бештар иҷобат фармо, иҷобати зуд ва ё андӯхтан ва ё дур кардани бадӣ аз мо, эй Худованди ҷаҳониён! Омин!

[1] Адо накардани ҳаққи Худованд риоят нанамудан ба амру дастуроти Ӯ ва напарҳезидан аз наҳйу мункароти (мамнӯъиёти) Ӯ мебошад.
[2] Яъне, аз кору аъмоли баду зиштӣ шайтонӣ дурӣ ҷустану бо онҳо мухолифат накардан.

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.