Ухуввати ҳақиқӣ

  Дар ин даврони инҳитоти ахлоқӣ дар миёни ақрабо меҳру муҳаббат коста ва эҳтиром кам гашта аст.  Бастагон бештар ба ҳам равобити муносиб надоранд. Бародар аз бародару зани бародар, волидайн аз духтару писару хоҳар аз бародару ва баръакс ранҷишу озурдагӣ доранд. Писар “носеҳи” падару додару хоҳар аз бародаранд,  хурд ҳарфи бузургро дар ҳини аз даҳон берун шудан гулӯ мефишурад.
  Мардуми замони пештар қавоиди ахлоқро пос медоштанд ва ёру бародар ба ҳам меҳру улфат доштанд. Ҳикояти ухувати ҳақиқии ду бародарро ҳамчун намунаи ибрат барои насли имрӯза мебояд рӯи қоғаз кашид, ки то дами марг дар ин робита содиқ буданд.
  Сафар ва Қурбон писарони Шарифи Ғуҷовастӣ то охири умр дар ду ҳуҷраи як хона зистанд. Онҳо се писар аз падар буданд ва бародари бузургашон Давлат дунёи фониро дар ҷавонӣ падруд гуфта буд. Сафар бародари калонӣ, яке аз афроди маъруфи деҳа, марди ҳунарманд, деҳқони асил ва хеле тануманд будааст, ки аз ин ҷиҳат “Катасафар” лақаб гирифтааст. Дар тӯли умр шуғли кишоварзӣ дошта, яке аз деҳқонони хубу таҷрибадори деҳа будааст. Дар чармгарӣ, курчу сабадбофӣ, расанбофӣ маҳорат доштааст.
  Қурбон бародари хурдӣ, аз шахсиятҳои маъруфу обрӯманд ва яке аз муаллимони нахустини деҳа, яке аз беҳтарин устодони ноҳия буда, чандин насл аз ӯ таълиму тарбия гирифтааст. Ӯ берун аз деҳа низ соҳибэҳтиром буда, бо меҳамоннавозӣ шӯҳрат доштааст. Дар тӯли умр ба муаллимӣ шуғл варзидааст.
  Ин ду бародар дар давоми зиндагӣ дар хонае, ки бомаш хокӣ, ҳамагӣ роҳраву ду ҳуҷра ва дарҳои рӯ ба рӯ доштанд, бо вуҷуди доштани хонаи алоҳидаи замонавии бомаш шиферпӯш (шояд нахустин хонаи бомаш шиферпӯш дар деҳа буд) бо аёли хеш зистанд. Онҳо тоқати дурии якдигарро надошта, ҳаргиз дар ҳаёт бо ҳам баҳсу ҷидол накардаанд. Ҳангоми бемор шудани яке дигаре кӯдаквор гиря мекардааст. Сафар бародари калонӣ машварату роҳнамудиҳои бародари хурдӣ Қурбонро пазируфта, мубоҳиса намекардаанд.
  Ҳамсарони эшон Зида духтари Аломуддини Шрговадӣ (ҳамсари Сафар) ва Васила духтари Холи Старғӣ (ҳамсари Қурбон) монанди шавҳарон бо ҳам ҷидол накардаанд. Бибии Зида дар интернати деҳа ба ҳайси ошпаз адои хидмат намуда, наслҳои дар ин даргоҳбуда то имрӯз аз ӯ таърифу тамҷид мекунанд. Хоҷагидорӣ ба зиммаи Бибии Васила буда, аз хислатҳои неки ӯ имрӯз ҳам дар деҳа зиёд ёдоварӣ мекунанд. Ин ду хонум ба ҳам хеле меҳру эҳтиром дошта, Бибии Зида Бибии Василаро (ки бузургсолтар будааст) “апа” хитоб намуда, ҳангоми хашму асабонияташ хомӯш нишаста, акси амал нишон намедодааст. Аз ин ҷиҳат, ба ҳам меҳру шафқати хоҳарона доштаанд.
  Чунин тарзи муносибат, албатта, бар фарзандон бетаъсир нахоҳад монд ва онҳо фарзандони ҳамро як медонистанд ва фарзандон ҳар ду мардро “Боба” ва ҳар ду занро “Мума” хитоб мекарданд. Фарзандони эшон, ки имрӯз қариб ҳама “бобиву бибӣ” ҳастанд, он меҳру шавқатро то ба ҳол гум накарда, ба ҳам муносибати хоҳару бародарӣ доранд.
  Худованди мутаъол ҳамаи эшонро, ки дар олам аз хеш нишони неку авлоди хуб гузоштанд, раҳмату мағфират кунаду дар биҳишти барин ҷой диҳад!. Ашраф Акрам.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.