Усто Шайхи Одина

  shaykhodinaУсто Шайхи Одина соли 1923 дар деҳаи Андарбаги ҷамоаи Язгулом дар оилаи косиб усто Одинаи оҳангар ва заргар таваллуд шудааст.
  Шайх аз кӯдакӣ ба касби падараш рағбати зиёде дошт ва ин ҳунарҳоро ба хубӣ омӯхт. То замоне, ки падараш устод Одина дар қайди ҳаёт буд,
  Шайх фақат ба заргарӣ машғул буд. Баъди вафоти падараш бар замми ҳунари заргарӣ касби оҳангарӣ ва дуредгариро низ ба ӯҳда гирифта, устоди комил шуд.   Дар зодгоҳаш деҳаи Андарбаг коргоҳи оҳангарии падару боябош ҳоло ҳам вуҷуд дорад.
Усто Шайх дар ҳудуди ҷумҳурӣ хотамкориашро дар нақшу ороиши шоҳсутунҳо, дару дарвоза, болору тирезаҳои бисту се масҷид нишон додааст. Дар маҳаллаи Мунаввараи пойтахт масҷиде бино кардааст, ки ҳама ороиш ва кандакориашро бо ҳамроҳии писари забардасташ Алиназар анҷом додаанд. Набераҳои усто – Хуршед ва Баҳодур аз паи бобо рафта, устои касбӣ шудаанд ва устобобо онҳоро ба кори мустақил фотеҳа додааст.
  Дар ин замина бояд қайд кард, ки аз сабаби вусъати технологияи ҳозиразамон эҳтиёҷот ба маҳсулоти оҳангарии маҳаллӣ кам шуда, ин шуғли бобоӣ қариб пурра аз байн рафтааст. Вобаста ба талаботи бозор ва индустрияи туризм ҳоло бештар маҳсулоти устоҳои чӯбкор, аз ҷумла кандакориву табақу қошуқтарошӣ, сохтани асбобҳои мусиқии анъанавӣ бештар зери таваҷҷӯҳ мебошад. Алҳол дар ноҳия чанд нуқтаҳои фардии табақтарошӣ фаъолият доранд, ки маҳсулоти бозоргир истеҳсол мекунанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.