Усто Зокир

  UstozokirБо вуҷуди пешрафти саноат ва дастрасии маснуоти мухталифи зовутисохт дар кӯҳистон бештар ба асбоби худисохт ниёзманданд, зеро танҳо ҳунармандони маҳаллӣ метавонанд абзори ҷавобгӯ ба шароити маҳалро созанд. Пештар ҳунармандони маъруф дар Ванҷ зиёд буданд, вале имрӯз онҳо ангуштшуморанд. Усто Зокир аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки пешаро аз хурдӣ аз падару падар аз бобо омӯхта, аз устоҳои маъруфи имрӯзи диёр аст. Ӯ устои оҳангар, чӯбтарош, хонасоз, табақу қошуқтарош, осиёбсоз буда, яке аз моҳиртарин ҳунарманданони имрӯзаи Ванҷ маҳсуб мешавад.
  Усто Зокир нақл карданд, ки дар замони ҷавонии онҳо насли ҷавон ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳ дошта, дар назди устоҳои номӣ ҳунар меомӯхтанд ва изҳори нигаронӣ намуд, ки насли ҷавони имрӯза дар нисбати ин ҳунарҳо бетаваҷҷӯҳ аст, устоҳои маъруфу моҳир аз олам гузаштанд, вале авлоду шогирдони эшон пешаи онҳоро идома надоданд, бисёр коргоҳҳо бо даргузашт ва заъфи синнии ҳунармандони маъруф аз кор бозмонданд. Ӯ арз намуд, ки ҳар пеша нозукиҳои худро дорад ва усто онҳоро дар ҳини шогирдию таҷрибаандӯзӣ дар назди устод омӯхта, бо корбурди онҳо дар пеша моҳиру маъруф мегардад. Онҳо аз овони навҷавонӣ ба ҳунармандӣ мароқ дошта, аз устоҳои моҳир пешаро омӯхта, худ ба дараҷаи устои маъруф расидаанд. Аммо имрӯз ҷавонон дар нисбати ин пеша бетафовутанд ва ӯро он нигарон намудааст, ки ҳунармандӣ бо ин ҳол дар оянда, дар диёр хавфи аз байн рафтан дорад.

  Усто Зокир Давлатшоев дар таърихи 4 сентябри соли 1959 дар деҳаи Мдехарв ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №12-и деҳа ба хизмати аскарӣ рафта, дар солҳои 1978-1980 онро дар Қарағандаи Қазоқистон адо намудааст. Баъд аз хизмати аскарӣ ба деҳа баргашта, ба кори ҷамъиятӣ ва ҳунармандӣ пардохтааст. Нахустустоди ӯ падараш, устои маъруфи диёр Усто Собир буда, оҳангарӣ, хонасозӣ, қошуқу табақсозӣ ва дигар ҳунарҳоро аз ӯ омӯхтааст. Дар мавриди хеш Усто Собир ин ҳунарҳоро аз падараш, устои маъруфи диёр Усто Давлатшои Скосмӣ омӯхта, устод гашта буд.
  Усто Зокир натанҳо дар назди Усто Собиру Усто Мулкамон, ки дар замони шӯравӣ пешаи бобоиро пойдор дошта, ҳамроҳ дар коргаҳи Ду оҳангарӣ мекарданд, ёварию шогирдию таҷрибаандӯзӣ карда буд, ӯ дар назди дигар устоҳои номдори замон низ таҷрибаю маҳорат гирифтааст. Бурҳони Набӣ яке аз афроди мӯътабари деҳа устои моҳири осиёбсоз, табақу кафлезтарош буд ва Усто Зокир нозукиҳои ин ҳунарҳоро аз ӯ омӯхтааст. Бо устоҳои ровандӣ, ки осиёбсозони машҳури Ванҷ буданд, шогирдию ҳамкорӣ карда, бо устои маъруфи осиёбсоз Шодии Ровандӣ ҳафт рӯз дар сели Рованд нозукиҳои буридану тарошидани санги осиёро аз худ намудааст.
  Усто Зокир имрӯз коргаҳи ҳунармандии хешро дар назди хона, дар маҳаллаи Перва таъсис дода, ҷиддан ба пешаи бобоӣ шуғл дорад. Бо истифода аз ҷиҳозу дастгоҳҳои ҳозирзамони барқӣ ба сохтани маснуоти оҳанӣ, мисли табару теша, досу арадос, каланду каноҷ (метин), новак, асбоби кандакории чӯб ва ғайра; чӯбӣ, монанди табақу қошуқу кафлез, дару тиреза, юғу испор месозад. Инчунин, сохтани лавозимоту танзими кори осиёбҳо ба зиммаи ӯ буда, хонаи истиқоматӣ месозад. Кафшер ва таъмири мошин низ мекунад. Бародараш Усто Носир устои маъруфи табақу қошуқтарош дар ин коргаҳ бо ӯ ҳамкорӣ мекунад.
  Усто Зокир бо маснуоти сохтааш берун аз Ванҷ маъруф гардидааст. Маснуоти сохтаи ӯро дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ дар маърази тамошо гузоштаанд. Соли гузашта маснуоти ӯро дар Даҳаи фарҳанги Бадахшон дар Суғд, дар шаҳри Хуҷанд ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби хуҷандиён сазовори баҳои баланд гадид. Дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маснуоти ӯ намоиш дода шуд. Маснуоти ӯ намоишу маъракаҳои ноҳиявию вилоятиро зеб дода, барои ин гуна намоишу маъракаҳо ӯро маснуоти зиёд фармоиш медиҳанд. Алъон, фармоишгарони ӯ аз ноҳияҳои Бадахшон, аз Суғду Хатлон хеле зиёд гашта, баъзе аз маснуоти сохтаашро ба кишвари Русистон мебаранд.
  Усто Зокир маҳорати муҳандисӣ дошта, дар ободонии деҳа нақши муҳим дорад. Дар замони шӯравӣ таҳти роҳбарии яке аз афроди мӯътабари деҳа Ширинҷон Ҷӯраев дастаи 22 нафара Ҷӯйбори Тагро аз дараи старғӣ то ба деҳа канда оварданд, ки Усто Зокир дар ин кор ҳамчун муҳандис нақши асосӣ дошт. Ӯ чун шахси боэътимоди мардум 15 сол аст, ки вазифаи раисии деҳаро (Мдехарви Убар) ба дӯш дорад. Таҳти роҳбарӣ ва нақшаи муҳандисии ӯ ҷӯйбори нав аз дараи старғӣ то ба маҳаллаи Ду канда оварда шуд, ки мушкили деҳаи камобро осон намуд.
  Усто Зокир соҳиби 8 фарзанд: панҷ писар ва се духтар мебошанд. Писаронаш Бачаҷон, Бегиҷон, Комрон, Ҷумъахон, Умар ва аз онҳо Бачаҷону Комрон ҳунари устоӣ дошта, Бачаҷон дар кишвари Русистон ба корҳои сохтмонӣ шуғл дошта, Комрон дар коргаҳ падарро ёварӣ карда, маснуоти сохтаи усторо ба намоишгоҳҳо мебарад. Ашраф Акрам.

Расмҳо аз коргаҳи усто:

Ustozokir1

Ustozokir2

Ustozokir3

Ustozokir4

Ustozokir5

Ustozokir6

Ustozokir7

Ustozokir8

Ustozokir9

Ustozokir10

Ustozokir11

Ustozokir12

Ustozokir13

Ustozokir14

Ustozokir15

Ustozokir16

Ustozokir17

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.