Усто Абдулкарим

Ustabdkarim Абдулкарим Қадамов фаолияти меҳнатии хешро ба чорвопарварӣ бахшида, дар замони худ яке аз чорвопарварони беҳтарини ноҳия будааст. Хизматҳо ва заҳматҳои ӯро бо орденҳои Сурхи меҳнат, Меҳнат шоёни , Ветерани меҳнат қадр намуда буданд. Ӯ дар асл ҳунарманди моҳири чармгар буда, дар замони шӯравӣ пайдо гаштани маснуоти саноатӣ ин пешаро барҳам зад ва ӯ ба чорводорӣ вобаст карда шуд. Ӯ чармгарӣ ва усули истеҳсоли ҷойдории чармро аз пешиниён омӯхта буд. Пӯсти ҳайвонро дар зарфи махсуси чӯбин тару хушк карда, молидаву суфта, чунон коркард мекард, ки он мисли матоъ мешуд. Аз пӯсти тайёрнамуда пеш чоруқу пӯстин медӯхтанд ва Усто Абдулкарим дар ин корҳо моҳир будаанд. Нахи дӯзандагиро, ки “врич” меномиданд, низ аз он пӯст борик бурида, тофтаву суфта карда, мегрифт. Дар замони шӯравӣ, ки кафшҳои зовутӣ чоруқро иваз карданд ва ӯ танҳо барои дастмӯзадӯзӣ (дастмӯза – дасткаши чармӣ барои дарави хорбуттаҳо) чарм истеҳсол мекард. Дастмӯзаҳое, ки аз пӯсти сунъӣ ва риштаи капронӣ медӯхтанд, дар муқобили хорҳои тезу сахти хорбуттагон камдошт буда, зуд медариданд. Аз ин ҷиҳат, талабгорони дастмӯзаҳои дӯхтаи ин усто, ки аз чарму нахи аслӣ, бадошту маҳкам буда, солҳо истифода бурда мешуданд, бисёр буд. Ҳатто аз деҳоту дуру наздик ба ӯ фармоиш медоданд. Ӯ барои коргаҳ аз пӯсти буз барои тафсондани оташ дам тайёр мекард.
  Усто Абдулкарим ҳунари сабад ва крчбофӣ (крч – сабади чӯбии бузургтар) дошт. Сабад дар он замон ашёи лозимии мардум буд. Поруи молро бо мошинҳо дар заминҳои кишт мерехтанд ва калхозчизанон бо сабадҳо онро кашонда дар заминҳо тит мекарданд. Аз ин рӯ, ба теъдоди зиёди сабад ниёз доштанд. Крчҳо – сабадҳои бузургтар барои кашондаи коҳи кӯфтаи хирман ба каҳдон ва аз каҳдон ба охурҷаи оғил дар замистон, кашондаи ҳезумпора ва кундачаҳои дарахтон (кндалочк) зарур буд. Усто Абдулкарим яке аз созандагон ва таъмингарони ин ашёи лозимӣ буд. Ӯ сабадҳои майдаро аз чӯби бед ва крчҳоро аз кӯрт мебофт.

  Усто Абдулкарим ба ҷуз ин бандбофи моҳир ҳам буд. Дар гузашта аз пашми ҳайвон банд мебофтанд, ки маснуоти саноатӣ ин пешаро аз байн бурд, вале дар гузашта он пешаи зарурӣ будааст. Ӯро ба ҳашар ва корҳои калхозӣ ба шапатовӣ (тоб додани шохаҳои буттаи кӯрт барои бастани дарзаи ҳезум ва алафу шиғ) даъват мекарданд, ки ин кор ҳам тавон ва маҳоратро тақозо мекунад. Барои хурдон камонғӯлак, лағжа (лижа), чана метарошид. Таъмири пояфзол карда, дар солҳои қаҳтии ҷанги шаҳрвандӣ барои мардум мӯза медӯхт. Чолёбсози бомаҳорат буда, барои хирмангардонӣ чапар мебофт. Устои деворгар буда, оғилу чала (мурғхона) ва каҳдон месохт. Дар шиноснома соли таваллудаш соли 1918 дарҷ шуда, дар соли 2007 аз олам даргузаштанд. Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.