Умедулло Урфонов

  UmedulloШуҷоату ҷасорат хоси мардони диёр буда, ҷавонмардони мо имрӯз ҳамчун идомадиҳандаи суннатҳои аҷдодӣ на танҳо дар гӯштингирӣ, балки дар дигар навъҳои варзишӣ бо зуҳури ҳунари воло дар дохилу хориҷи кишвар ному нишон касб кардаанд. Имрӯзҳо анвои мухталифи варзиш рушд намуда, баъзе намудҳои он маъруф гаштаанд, ки ҳаводорони зиёд мутаваҷҷеҳи онҳо мебошанд. Ҷанг бидуни қавоид ҳоло дар олам машҳур гашта, миллионҳо мухлис ва ҳазорон варзишкор ба он шуғл доранд.  Ҷавонмардони мо низ ба ин навъи варзиш таваҷҷӯҳи хоса доранд ва бархе аз эшон дар ин намуди варзиш муваффақ шудаанд.
  Умедулло Урфонов аз ҷумлаи он ҷавонмардон аст, ки дар кишвари Русистон дар байни халқу миллатҳои гуногун шаъну шарафи миллат ва кишвари хешро боло бурда, худ соҳиби дастовардҳои шоиста гаштааст. Ҳунарнамоии ӯ дар Мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар гузаштаи наздик дар шаҳри Остонаи кишвари Қазоқистон гузашт, далели ин гуфтаҳост, ки  ба шарафи Умедулло парчами Тоҷикистон барафрошта шуд. Касби ҷои дуввум дар чунин мусобиқаи муҳим дастоварди бузурге барои ӯ ва боло рафтани эътибори варзишии кишвар буда, мӯҷиби хурсандии мухлису ҳаводору ҳамватану ҳамдиёрон гардид.  
  Умедулло соли 1993 дар деҳаи Садвадг таваллуд шудаст. Пас аз расидан ба синни балоғат ба кишвари Русистон рафта, ба варзиш машғул гардидааст. Мураббии нахустини ӯ бародараш, хатмкардаи Донишгоҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Сибир, Устоди варзиши Русистон дар риштаи самбои ҷангӣ, варзишкору фарзанди шуҷои диёр Сайёд Урфонов мебошанд. Ҳоло таҳти парастории Қаҳрамони ҷаҳон дар намудии панкратион Дмитрий Кром аз шаҳри Омск тамрин дорад.Umedullo1
  Умедулло борҳо дар мусобиқоти ҷанги тан ба тан, панкратион, ММА, греплинг дар вилоятҳои Омск ва Новосибирск қаҳрамон гаштааст. Дар соли 2009 соҳиби медали биринҷии Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонӣ дар байни ҷавонони то 18 сола оид ба панкратион, дар соли 2010 қаҳрамони Минтақаи Федеролии Сибир ва соли 2012 қаҳрамони Русистон шуда, дар шаҳри Омск соҳиби ҷои аввал гаштааст. Инчунин, дар соли 2010 барандаи медали биринҷии Мусобиқаи байналмилалии “Moscow Open” ва дар соли 2014 ғолиби мусобиқаи “Хӯди тиллоӣ”, дар соли 2015 ғолиби мусобиқа барои “Ёдбуди Владимир Забварский” будааст. Дар соли 2012 дар мусобиқаи “Ҷанг дар Қафқоз” дар Хасавюрти Доғистон бар шогирди Ҳасан Нурмугамедови маъруф Мустафо Ринатов ғолиб омада, барандаи ин мусобиқа гардид. Соли 2016 Қаҳрамони Приморйе ва соли 2017 унвони Қаҳрамони Минтақаи Федеролии Шарқи Дурро касб кардааст. Ҳафтае қабл аз Мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар рӯзҳои наздик баргузор гашта буд, намояндаи Қирғизистон Эрлан Токтасуновро дар Бишек мағлуб намуда, дар Мусобиқаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон оид ба ММА сазовори ҷои дуввум гардид.
 Ҳоло Умедулло донишҷӯи соли севвуми Донишкадаи ҳуқуқи шаҳри Омск буда, талош барои касби дастовардҳои бузург дар ҷодаи варзиш дорад. Умедворем, бо хосту имдоди Худованд ин ҷавони қаҳрамон дар оянда моро бо комёбиҳои бештар шодмон намуда, шаъни диёру кишварро дар хориҷ болотар бурда ва дар касби илму ҳаёт муваффақ мегардад. 24.10.2017.

Ифтихорномаҳо:

 Расмҳо:

  1. Мо умедворем, орзу дорем, ки Умедулло кахрамони чахон ва олимпиадаи умумичахони мешавад, ва иншооллох, ки нуфузи давлату миллати азизамонро дар байни дигар халкиятхои дунё боло мебардорм. Рохат сафед, Худо мадатгорат ва голибият ёрат бод амак!

Добавить комментарий для Саид Отменить ответ

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.