Тулфор Қадамов

  Тулфор Қадамов соли 1936 дар деҳшӯрои Техарв чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таълимоти макгаби миёнаро дар интернати ноқияи Рӯшон соли 1953 ба ҷо оварда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории пойтахт ба номи Т.Г.Шевченко (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев) дохил шуд. Баъди хатми он соли 1957 фаъолияти меҳнатиаш ба сифати муаллими мактаби миёнаи зодгоҳаш (ба номи Станиславский) оғоз ёфт. Дере нагузашта, қобиляти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, ӯро соли 1959 мудири қисми таълимӣ ва ҳамин сол директори мактаби номбурда таъин намуданд.
Дар кори ободонии мактаб заҳмати назаррасе ба харҷ додааст. Аз ҷумла, бо қувваи падару модарон ва хонандагони синфҳои болоӣ чандин синфхона сохта, сатҳу саҳни мактабу майдони онро хеле ободу назаррабо гардонд. Ин амали ӯ аз назари роҳбарон пинҳон намонд. Соли 1961 Т. Қадамовро барои ҷонноктар намудани кори ташкилоти комсомолии ноҳия ба марказ даъват намуданд. Солҳои 1961 – 1969 сараввал котиби якуми кумитаи комсомол, баъди чанде муҳаррири рӯзномаи “Ватан”, сипас мудирии шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизбии ноҳияро ба ӯхда дошт.
Солҳои 1969 – 1971 Т. Қадамов савияи дониши сиёсй ва маъмурии худро дар мактаби олии ҳизбӣ сайқал дода, баъди хатми он дар вазифаҳои гуногуни сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолият бурдааст. Аз ҷумла, солҳои 1971 – 1978 ба ҳайси ҷонишини раиси Кумитаи назорати халқии ВМКБ, аз соли 1978 то ба нафақа баромадан (2000) ҳамчун муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ванҷ, раиси Шӯрои депутатҳои халқӣ, роҳбари Дастгоҳи кумитаи иҷроия, ҷонишиии раиси кумитаи иҷроияи Ҳукумати Ванҷ адои вазифа намудааст.
Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатии хеш Т. Қадамов дар инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимой ва фарҳангии ноҳияи Ванҷ ҳиссаи назаррасе гузоштааст. Хизмати намунавии ин собиқадори ҳизбу меҳнат бо чандин медалу ифтихорномаҳоқадр шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.