Тобеъ шудани Ванҷу Дарвоз ба Бухоро

Амалиёти ҳарбии Бухоро ва тобеъ кардани Дарвозу Ванҷ

  Қабл аз он, ки ба сари масъалаи оғози забти Дарвоз аз тарафи қӯшуни амир назари хешро иброз дорем, лозим медонем, ки хонандаи маънирас бо як далели мавҷуда ошноӣ дошта бошад. Тибқи ҳуҷҷати дар Бойгонии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз буда, соли 1876, яъне дар арафаи юриши аввали Худойназар атолиқ, ба Дарвоз аз тарафи Кӯлоб дастаи хеле калон ҳуҷум кардааст. Дар он оварда шудааст, ки дастаи ғосиб аз тарафи ҷавонмардони ванҷӣ, хосатан бо ҷасорати яке аз сокинони Роғ ё Вскроғ Исмоил ибни Додхо ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд. Барои ин ҷасорат ба номбурда тӯҳфаи муносиб дода шуд. Барои дурусттар шинос кардани хонанда, матни асил ва баргардонии ин ҳуҷҷатро бо хатти кириллӣ меоварем: “Ҳазрати воҷиб таоло. Низомал-милла вад-дин соҳиб-ул-ҷуд вал-эҳсон Саид Маҳмудхон Бародарони фалакрифъати гардунмадор ва фарзандони арҷмандбархурдор ва вузарои кофиюр-ройи кифоятосор ва умарои соҳибтадбири шуҷоаткирдори аркони дин ва давлат, аъёни мулку миллати ҷумҳури сакана ва умуми мутаваттинаи қаламрави Ванҷ, хусусан асокин ва амокини Роғ, Взкроғ аз фармони воҷиб-ул-изъон иттилоъ ёфта, бидонанд, ки чун осори хидматгорӣ ва вазоифи ризоҷӯӣ аз ҷабини Исмоил ибни Додхо зоҳиру ҳувайдо гардида, ба ин тариқа ки дар ҷанги боғи Қалъаи Хум, ки миёни дарвозӣ ва кӯлобӣ воқеъ шуд ва далериҳо намуда, аспу аслиҳаи душманро ғанимат гирифта, боз бар болои он чанд маротиб ҳасбу-л-маром хизматҳои шоиста карда. Бинобар он мо ҳам лоиқи тарбият ва муносиби мурувваташ дида, як ҷомаи раъси алоча, ки солиёна амал дошт, маоф намуда, ба худаш бахшидем ва бинобар амалҳояшро маоф намудем. Бояд ки авлоду набоири моро ба авлод ва набоири давлатхоҳи мазкур аз ҳар умур дар бахшидаи мазкур дахлу мудохилат набуда бошад, чун ба тавқеи вақеи манеи рафеи ашрафи аъло музаййан ва муҷалло гардад, эътимод намоянд ва дар аҳд бишносанд”. Санаи 1293/ 1876 -77. Мӯҳр: Маҳмудхон ибни Султон Маҳмудхон.[1]

sanmahmud
Матни асили санад

  Аз матни ҳуҷҷат ду хулоса бармеояд: 1) шояд аз бесару сомонии сиёсӣ дар Дарвози арафаи ҳуҷуми лашкари амир истифода бурда, гурӯҳе аз Кӯлоб, ки ҳанӯз итоат ба амири Бухороро напазируфта, бо мақсади ғоратгарӣ ба ин ҷо ҳуҷум оварда бошад. Маълум аст, ки он вақт Кӯлоб пурра ба тобеъияти Бухоро кашида шуда буд ва ин ҳуҷум бояд расман бо супориши амир сурат мегирифт. Ба ҳар ҳол аз рӯи матни ҳуҷҷат муайян кардани ҳақиқат мушкил аст; 2) шояд дар ин ҳуҷҷат ишора ба ҳуҷуми аввал ва шикасти худи Худойназар атолиқ рафта бошад. Ӯ метавонист ба воситаи қаламрави ҷанубӣ-шарқии бекигарии Балҷувон ё Кӯлоб ба маркази Дарвоз ворид гардад. Аз диди мо хулосаи дуюм ба ҳақиқат наздиктар аст.
  Аз рӯи маъхазҳои мавҷуда ва тибқи баъзе гузоришҳои муҳаққиқони мавзӯъ барои шикасти муқовимати сокинони Дарвоз ва забти қотеъонаи он амири Бухоро таҳти фармондеҳии Худойназар атолиқ се маротиба лашкар кашидааст. Дафъаи аввал соли 1877 бо як эътимоди худбинона ба ғалабаи осон бо як дастаи сарбозони 150 нафара ҳуҷум карда, шикасти сахт хӯрд (шояд матни ҳуҷҷати дар боло ишора гардида) бевосита ба ин амал иртибот дошта бошад). Вале ин ғалаба шоҳи Дарвоз Сироҷуддиншоро рӯҳбаланд карда наметавонист ва ҳаросашро бештар кард. Шоҳ бараъло эҳсос мекард, ки эҳтимолияти ҳуҷуми навбатӣ вуҷуд дорад ва шикасти ногузир ӯро дар пеш аст. Бинобар сабаб ба макри Худойназар, ки гӯё ӯро амир барои маслиҳати беғаразона хондааст, афтида, Сироҷуддиншо ба Шаҳрисабз барои мулокот ба назди амир Музаффар меравад, вале дар он ҷо ӯро асир карда ба Бухоро фиристоданд. Дере нагузашта Худойназар бо лашкари нисбатан пуқувваттари иборат аз 1,5 ҳазор сарбоз ба ҳуҷум гузашт, вале ба муқобилияти сахти мардум дучор шуда ин дафъа низ шикаст хӯрд. Худойназар маротибаи саввум аз ғазаби амир хавф бурда, бо лашкари сер- шумору қатъияти тамом зимистони охири соли 1877-ибтидои 1878 ба самти Қалъаихумб ба ҳаракат даромада, аввал қалъаи хеле мустаҳками Кафтархонаро забт намуда, сипас Қалъаихумбро ба муҳосира гирифт[2]. Аз сафарбар шудани лашкари сершумор, хабари соли 1878 додаи В.Ф. Ошанин шаҳодат медиҳад. «Сарбозҳои зиёде, – навиштааст ӯ, – ки пештар дар қалъаҳои Ҳисор (Регар, Ҳисор, Қаратоғ ва ғайра) ҷойгир буданд, низ ба Дарвоз фиристода шудаанд ва ҳамаи ин вилоят қариб аз қӯшун холӣ карда шудааст»[3]. Дере нагузашта, муаллифи нмбурда, ин зайл вазъиятро дар Қаротегин низ мушоҳида намуда, чунин менависад: «Ҳамаи қӯшуни дар Ғарм ва дигар қалъаҳо ҷойгирбударо зимистони гузашта ба Дарвоз сафарбар намуданд, Худойназар додхо акнун дар он ҷо сарфармондеҳ ҳисоб меёбад… Шоҳи Дарвоз асир афтида, дар Бухоро ба ҳабс гирифта шудааст»[4].
  Ин амалиёти ҳарбии Худойназарро П.А. Кузнетсов чунин баён намудааст: «Амири Бухоро Сайид Музаффархон барои ба ҷазо расонидани Шо Сироҷуддин 18 сол пеш аз тарафи Балҷувон бо сардории Худойназар атолиқ отряди ҳарбӣ фиристод. Отряд тирамоҳ ба ҳаракат даромада ба воситаи ағбаи Полезак ба Тавилдара омада, дар ин ҷо зиёда аз як моҳ қарор дошт. Зимистон (1877-1878.Ҳ.П.) ин отряд аз ағбаи Гишон гузашта, ноайён ва ногаҳонӣ ба Қалъихумб наздик шуд. Сироҷуддиншо қалъаро бе муқобилият партофта, худ ба Ванҷ ва аз он чо ба Қӯқанд ба назди Худоёрхон гурехт. Бухориён ба ҷуз кӯдакони хурдсолаш, ки ба Бухоро фиристода шуданд, дигар тамоми аҳли оилаашро аз дами теғ гузарониданд. Ин юриши (поход) ҳарбии зиёда 5 моҳ идома ёфта, бо назардошти мушкилоти роҳу хунукии зимистон хеле моҳирона анҷом дода шуд. Анҷоми истиқлолияту оғози тобеъияти шоҳигарии Дарвоз ба аморати Бухоро аз ҳамин давра ибтидо гирифт. Акнун шоҳигарии собиқ ба бекигарии аморати Бухоро табдил дода шуд»[5]. Дар ин маълумот низ ба иштибоҳ роҳ дода шудааст: аввало Сироҷуддинхон ба назди хони Қӯқанд нарафтааст, дуввум он, ки хонигарии Қӯқанд хеле пештар, 19 феврали соли 1876 барҳам дода шуда, ба ҷои он, дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон, боз як вилояти нав – Фарғона ташкил ёфта буд[6].
  Дар бораи амалиёти ҷангии лашкари Бухоро ва шоҳигарии Дарвоз дар яке аз ҳуҷҷатҳои идораи маъмурии вилояти Фарғона чунин омадааст:
  «Амир моҳи декабр (1877 – Ҳ.П.) бо сардории Худойназар додхоҳ ба- рои ишғол намудани Дарвоз қӯшун фиристод. Бародари миёнаи Сироҷ (Сироҷуддиншо – Ҳ.П.) Файзхон барои нигоҳ доштани лашкари бухориён ба ағбаи Вахиё бародари хурдӣ Мавҷудхонро бо 300 йигит фиристод, вале сербарфии зимистон онҳоро дар доманаи ағба нигоҳ дошт. Моҳи марти ҳамин сол (1878 – Ҳ.П.) бухориён ба баландии ағба баромада, Мавҷудро ба сафедсанг танг карда шикаст доданд ва худашро асир гирифта, бемамоният Дарвозро (Қалъаихумбро дар назар дорад – Ҳ.П.) ишғол намуданд. Файзхон бо аҳли оилааш ва Сиралӣ (Шералӣ – Ҳ.П.) ба тарафи Шуғнон гурехт. Вале дар роҳ Файзхон аз думболагирии ғосибон дар ҳароси ҷон, аҳли хонаводаашро партофта, бо бародарзодааш Искандархон ва 20 нафар одамони содиқаш пои пиёда дар муддати 21 рӯз худро ба Учқӯрғон расонда, бо ҳимояи намояндагони мо (русҳо – Ҳ.П.) шаби 27 май (1878 – Ҳ.П.) ба Марғелон ворид шуданд»[7].
  Дар асоси маълумоти гирдовардаи хеш, Н.А. Кисляков амалиёти ҷангии лашкари Бухороро барои тасарруфи Дарвоз дар навиштаҳояш хеле ҷолиб инъикос намудааст.
  «Юриши зимистонаи Худойназар ба Дарвоз, – навиштааст муаллиф, – бо мушкилиҳои зиёди худ фарқ мекард, чунки зимистони соли 1877 – 1878 ниҳоят сербарф буд ва бо машаққати зиёде лозим омад ба ағбаи Гишун бароянд. Қӯшунҳои Худойназар дар деҳаҳои Пастелак (Пастайлоқ – Ҳ. П.) ва Сафедсанги доманаҳои шимолии қаторкӯҳи Дарвоз муддати зиёде қарор гирифтанд. Ҷанговарони дарвозӣ кӯшиш намуданд, ки ба амалиёти ҳуҷум гузаранд. Нақл мекунанд, ки шоҳбача Мавҷудхон, писарамаки Сироҷуддинхон аз Дарвоз ба Пастелак ҳаракат намуда, дар он ҷо бо яроқи хеле номукаммали аз камонҳои пилтагии маҳаллӣ, ханҷару найза иборат буда, Худойназарро ба муҳориба кашидааст. Вале аз сабаби нобаробарии яроқи ҷангӣ ва шумораи лашкар Мавҷудхон шикаст хӯрда, ҳангоми рӯ ба гурез ниҳодан аз тарафи одамони Худойназар дастгир мешавад. Дар натиҷа, Дарвоз ишғол карда шуд. Афзалхон ба Фарғона фирор кард. Вале ба лашкари амир пурра тобеъ намудани Дарвоз фақат баъди шикаст додани қӯшунҳои боқимондаи шоҳ дар назди деҳаи Кеврон, ки болотар аз Қалъаихумб дар соҳили Панҷ ҷой дорад, муяссар гардид. Аз тарафи дарвозиён дар ин муҳориба яке аз фармондеҳони (саркардагон) ҳарбӣ Оламиён шуҷоату мардонагии баланд нишон дод. Фақат баъди дар майдони ҳарб ҳалок шудани ӯ, ба бухориён муяссар гардид, ки ғалаба ба даст оранд»[8].
  Аз рӯи маълумоти ин муаллиф чунин хулоса бармеояд: аввало қӯшунҳои шоҳи Дарвоз то ҳадди имкон истиқлолияти мулкашонро ҳифз намудаанд. Дар ин амал табиист, ки ба рӯҳияи озодипарастии ба халқи ин диёр хос такя мекарданд; сониян, мудофиаи Қалъаихумбро Сироҷуддиншо нею Афзалшо ба ӯҳда доштааст; ахиран гӯё муқобилияти сокинони тамоми Дарвоз бо шикасти сарбозони боқимондаи шоҳ бо сардории Оламиёни (дар баъзе хабарҳо Оламгир) шуҷоъ тамоман қатъ шуда, онҳо пурра мутеъ гаштани хешро аз ҳокимияти манғитиён пазируфтаанд.
 Вале аз мантиқи дигар ахбори мавҷуда чунин бармеояд, ки он бозгӯиҳои дар боло иқтибосшуда, ҳарчанд дар ҳоли набудани манбаъҳои нисбатан қавии хаттӣ пурқиммату муҳим бошанд ҳам, ра- ванди воқеаҳоро, натанҳо пурраю мукаммал инъикос карда натавонистаанд, балки дар баёни баъзе ҷузъиёти рӯйдодҳо, ба ихтилофи назар роҳ додаанд.
  Албатта, аз ихтилофоти гуфтаҳои муаллифони ишорашуда, сарфи назар кардану якбора хулосаи аз маҷмӯи ахбори онҳо ба миёномадаро ба хонанда пешниҳод намудан, барои нависандаи ин сатрҳо хеле осонтар мебуд. Вале зарурати кушодани ихтилофи назарҳо дар мавриди ҳаводиси дар он давраи таърихӣ дар шоҳигарии Дарвоз ба вуқӯъ пайваста, аз талаби тадқикоти воқеан илмӣ бармеояд. Ин тарзи муносибат, аз як тараф дараҷаи хизмати ин ё он муаллифро дар омӯзишу таҳқиқи воқеҳо муайян намояд, аз тарафи дигар, ин ихтилофи назар бояд барои хонандагон, алалхусус мутахассисон пинҳон намонад. Билохира, чунин муносибат нисбат ба ахбори сарчашмаҳо ва натиҷаҳои кори тадқиқотчиён таваҷҷуҳи олимонро ба давоми таҳкими масъала фаъолтар менамояд. Аз ин рӯ, ба мо лозим меояд, назари худро ба воқеаҳои давраи охири истиқлолияти шоҳигарии Дарвоз, алалхусус раванди тасхири он, ки аз талаби мантиқии маводи хаттию шифоҳӣ бармеояд, дар шакли хеле кӯтоҳ ба хонанда пешкаш намоем.
  Фармондеҳи қӯшуни амир Худойназар, баъди бемамониат ишғол кардани шоҳигарии Қаротегин гумон мекард, ки фатҳи Дарвоз барояш аз саёҳати омирона беш нахоҳад буд. Беҳуда нест, ки ӯ бори аввал бо дастаи хеле хурду назарногир нияти фатҳи Дарвоз намуда, то ба қаламрави шоҳигарӣ нарасида, зарба хӯрду пас гашт. Бори дуввум бо боварии қавӣ аз асир будани Сироҷуддиншо дар Бухоро ва аз ӯҳдаи мудофиа набаромадани писараш истифода бурданӣ шуда, Худойназар бо лашкари 1,5 ҳазора ҳуҷум кард. Вале ба муқобилияти сахти аҳолии маҳаллӣ дучор шуда, маҷбур шуд, ки ба Қаротегин баргардад. Ахиран бо лашкари бисёрҳазора зимистони солҳои 1877-1878 ба ҳуҷуми қатъӣ гузашт. Эҳтимол асир будани шоҳи Дарвоз ва ё эътирофи тасаллути Бухоро аз тарафи ӯ, ба Худойназар боварии бо лашкари андак ба расмият овардани тобеъияти Дарвозро ҳосил кунондааст. Ба ҳар сурат муқовимати мардумро дар ин маврид сарфи назар кардан, ба Худойназар хеле гарон афтод.
  Дар Дарвоз аз ин хурӯҷи Худойназар пешакӣ огоҳӣ ёфта, қӯшунҳои шоҳ бо сарварии Мавҷудхон, писарамаки Сироҷуддиншо ба ағбаи муш- килгузари Гишун рафта, камин гирифтанд. Бо пайдо шудани сарбозони амир муҳорибаи хеле шадид сурат гирифт. Муҳофизон қӯшуни Худойназарро чанд муддат дар камари кӯҳи Сафедсанг ва Пастайлоқ нигоҳ дошта тавонистанд. Вале нобаробарии қувваҳо муҳофизонро маҷбур сохт, ки ақибнишинӣ кунанд. Ҳангоми дунболагирӣ, якчанд зарба хӯрда, Мавҷудхон асир афтид. Акнун роҳ ба Қалъаихумб кушода буд. Ба муқобилияти ҷиддӣ нигоҳ накарда, қӯшунҳои амир қалъаро ба муҳосира гирифтанд.
  Албатта, набудани шоҳ, ки бешак метавонист мудофиаро қавитар ташкил намояд, бараъло мушоҳида мешуд. Афзалшо, ки дар набудани падараш мулкро идора мекард, натавонист ин мудофиаро қавитар ташкил кунад. Дере нагузашта, ӯ бо ҳамроҳии дастаи муҳофизон қалъаро партофта, ба тарафи Ванҷ ақибнишинӣ ихтиёр кард.
  Худойназар Қалъаихумбро ишғол карда, ба думболагирии аскарони шоҳ шитофт. Афзалшои бетаҷрибаро наздик омадани сарбозони амир ва эҳсоси хавфи ҷиддии ба асорат афтодан ба хулосае овард, ки зану фарзандонашро партофта, бо бародарзодааш Искандаршо ва 20 нафар аз одамони содиқаш ба воситаи Шуғнон ба Учқӯрғон равад. Аз он ҷо ӯ бо ёрии намояндагони генерал-губернатории Туркистон ба Марғелони Фарғона муҳоҷират кард.
  Мувофиқи баъзе маълумотҳо Сироҷуддиншоҳ гӯё бо кадом воситае тавонист, ки ҳангоми ақибнишинии сарбозону дигар муҳофизони Дарвоз худро ба диёраш расонад ва сарварии қӯшунҳои шоҳиро ба дасти худ гирифта, ақибнишинии иҷбориро идома диҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки ин хабарро барои бардоштани рӯҳияи муҳофизони озодихоҳи Дарвоз паҳн карда буданд. Дар наздикии деҳаи Кеврон задухӯрди шадиде ба амал омад. Яке аз саркардагони лашкари Сироҷуддиншо Оламиён ё Оламгир ғаюрию шуҷоати баланд нишон дода, тавонист, ки ба ғосибон зарбаи сахт занад. Фақат баъди ҳалок шудани ӯ ба қӯшуни амир муяссар шуд, ки лашкари рӯҳафтодаи шоҳи Дарвозро шикаст ва таъқиботи сарбозони боқимондаро идома диҳад. Дар ин ҷо аз шуҷоати ҷангии дастаи ихтиёрии аз амлокдории Моймай (соҳили чапи Панҷ), ки ба ёрии лашкари шоҳ ба соҳили рости Панҷ гузашта, дар назди Кеврон шикаст хӯрда буданд[9], ёдовар шудан лозим аст.
  Аз ин воқеаҳо саркардагони Ванҷ хабардор шуда бо тезӣ аз ҳисоби ҷавонони умедбахш дастаи калони ихтиёриёни мусаллаҳ ташкил намуда, ба роҳи Дарвоз баромаданд. Ин гурӯҳ бо боқимондаҳои сарбозони шоҳ пайваста, пешравии қӯшуни амирро боз дошта тавонистанд. Дар деҳаи Курговад миёни размандагон задухӯрди хеле пуршиддат рӯй дод. Баъд аз ин иқтидори ҳарбии сарбозони амир ҷиддан заиф гардид. Ба қаламрави Ванҷ нарасида, бо фармони Худойназар, бухориён амалиёти ҷангии худро қатъ намуда, ба Қалъихумб баргаштанд. Аз рӯи ривояти шифоҳии мардум гӯё қӯшунҳои амир то маркази Ванҷ – Қалъаи Рохарв расида, дар наздикии он шикаст хӯрданд ва аз он ҷо ба Қалъаихумб баргаштаанд. Ҷанги муқобили манғитҳоро шоири маъруф ҳамзамону шоҳиди ин воқеаҳо Мулло Ёр, ки худ чанде хизматгузори дарбори Сироҷуддиншо буд, чунин тасвир кардааст:

Кори ӯзбак ҳамагӣ ҳиллаи беҷо бидабас,
Оқибат ҳосили кораш раҳи Вахё бидабас.
Ҷанги Дарвоза бидохтаст Карими катасар,
Ки ба ин омаданаш ахмақи гумро бидабас.
Ҳайфи он рӯзи давидан, ки набим Қалъаихумб,
Агане ай сари кӯ вақти тамошо бидабас.
Нисфи мардум, ки бимурданд таги тири камон,
Сабаби чанди дигар тармаву сармо бидабас.
Мурдаи мардуми Дарвоза ба шоту барамен,
Бурдани мурдаи ӯзбак ба ҷуволо бидаба
Мун будума, ки та Зоғурсира чкмез каран,
Бо чунин тарс, ки андар дили онҳо бидабас.
Амзашун зон, ки паси гулханашон гашта ҳалок,
Ванҷӣ бай манғита як марги муфоҷо бидабас.
Мурдаро бор каран мардуми ӯзбак ба ҷувол,
Ту бигӯӣ ва дилум харбузасавдо бидабас.
Ёрии сурхсар ин байта барое мегуфт,
То буган мардуми Дарвоз, ки мирзо бидабас.

  Албатта, барои хонандаи ба гӯиши ниҳоят ширину гӯшнавози Ванҷу Дарвоз нобалад фаҳмидани мазмуни ин шеър мушкилиҳо дорад. Аз ин лиҳоз барои осон кардани маънои сатрҳои шоир лозим донистем, ки ба хонанда дар шакли луғатномаи хеле оддӣ чунин калимоти лаҳҷавиро шарҳ диҳем: бидабас – будасту бас; катасар – каллакалон; гумро – гумроҳ; набим – набудам; агане – агар не, вагарна; кӯ – кӯҳ; шоту – шатапоя, нардбон, ба маънии тобут омадааст; ҷувол – қанор; чкмез – чакидани пешоб, дар ин ҷо ба маънии аз тарс нигоҳ дошта натавонистани пешоб омадааст; амзашун зон – ҳамин қадар заданд, чунон заданд; бай – барои; марги муфоҷо – марги ногаҳонӣ; вадилум – бо дилам; Ёрии сурхсар – шоир, ки худ зардина буд, ба зардӣ ё сурхии мӯи сараш ишора кардааст.
  Аз мазмуни ин шеъри шоир бармеояд, ки манғитҳо забти Дарвозро хеле пештар дар назар доштаанд. Карим ном касе, ки чун «Карими катасар» ишора шудааст, эҳтимол аз одамони таҳҷоии ба ивази молу пул ба хиёнат даст зада, чун роҳбалад қӯшуни амирро бо сардории Худойназар бо роҳи Вахиё ба сӯи Дарвоз бурдааст. Шоир бо таассуф қайд мекунад, ки ҳангоми ҳуҷуму забти Қалъаихум ӯ дар он ҷо набудааст, вагарна аз қуллаи кӯҳ шуҷоату қаҳрамонии муҳофизони қалъаро наззора мекард. Нисфи мардум агар аз тиру туфанг мурда бошад, нисфи дигар таги барфу тарма монда, ҳалок шудаанд (маълум аст, ки воқеа зимистон руй додааст). Чунин ишораи шоир, ки мурдаи шаҳидони Дарвозро дар тобут мебурданду ғосибон ин имкониятро наёфта, мурдаҳояшонро дар ҷуволҳо андохта саросемавор аз майдони ҳарб мебароварданд ва он ба ҷуволҳои пури харбузаи барои савдо бароварда, шабоҳат дошт, аз шиддати муҳориба гувоҳӣ медиҳад. Мисраи «Ванҷӣ бай манғита як марги муфоҷо бидабас», ба он маънӣ омадааст, сарбозони Ванҷӣ дар ҳифзи Қалъаихумб шуҷоату мардонагӣ нишон додаанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, муҳофизон шикаст хӯрда, ба ақибнишинӣ маҷбур шуданд. Аз ин вазъият бохабар шуда, мардуми Ванҷ оҷилан аз ҳисоби ҷавонони ҳузарб отряди калон ташкил дода ба муқобили лашкари манғит сафарбар намуданд. Ин дастаи муҳофизони Ванҷӣ тавонист, ки дар Курговад ба лашкари Худойназар зарба зада, суръати ҳуҷумашро боздорад. Вале ин барои шикасти ғосибон ҳанӯз басанда набуд. Чӣ тавре, ки дар боло ишора рафт, дастаи ихтиёрии аз Ванҷ омада, ба дунболагирии қариб бемамонияти сарбозони амир хотима гузошт. Гарчанде ақибнишинии боқимондаҳои қӯшуни шоҳ ва дастаи ихтиёриён то Ванҷ идома ёфт, қувваи ғосибон то дараҷае заиф гашта буд, ки маҷбур шуданд, ба Қалъаихумб баргарданд.
  Албатта, аз мазмуни шеър дар куҷо гузаштани задухӯрди ҳалкунандаи дастаи ванҷиёну сарбозони амирро муайян намудан душвор аст. Вале аз ишораи он, ки шоир дар аснои муҳориба дар Қалъаихумб набудааст, ва нисфи марги ғосибон аз зарби тиру шамшери муҳофизон бошад, ва қисми дигарро тармаву сармо ба ҳалокат расондааст, вазъияти ногувор душманро маҷбур кардааст, ки то ағбаи Зоғурсӣ (шоир ағбаи Зоғурсиро, ки дар байни Тавилдараю Кулумбаи Поёну Кулумбаи Боло аст, дар назар дорад), ақибнишинӣ кунад, нишондиҳандаи муҳорибаест, ки дар худи Қалъаихумб гузаштааст. Тармаву сармо низ ба маъное омадааст, ки дар ин давраи муҳориба ҳанӯз хунукиҳои зимистон идома доштаанд. Муҳим он аст, ки шоир ҷасорату мардонагии размандагони ванҷиро ба муқобили ғосибон ба таҳлука афтидани манғитиёну талафоти калони онҳоро хеле моҳиронаю воқеъбинона тасвир намудааст.
  Ба рӯй додани ҷанги пуршиддат дар назди қалъаи Рохарв як ҳуҷҷати муҳим то замони мо расида, равшан гувоҳӣ медиҳад. Тааҷубовар он аст, ки дар он имзову мӯҳри худи Сироҷуддиншо мавҷуд аст.[10]
Матни ҳуҷҷат чунин аст:
«Ҳувал ҳаййул қаййум. Абулмузаффар ва-л Мансур Сайид шоҳ Сулаймоншоҳ баҳодур султон бародаронифалакрифъати гардунмадор ва фарзандони хуршедшавкати саодатшиор ва вузарои кофӣ райъи кифоятшиор ва умарои соҳибтадбири шуҷоаткирдор мирон ва оқсақолони дувоздаҳҳазори Дарвоз, хусусан уммол ва аъёни ҷумҳурисакана ва умуми мутаваттинаи қаламрави Ванҷ и тилоъ ёфта бидонанд, ки аз мабодии тулӯъи офтоби давлати ҳазрати Шоҳнаврӯзмуҳаммад валади Ашӯр аксар ва ағлаб маротиби аяқидат ва ихлос ва маросими ризоҷӯӣ ва ихтисос азҳару минашшамс ба тақдим расонида ва ҷонсупор буда, хусусан дар ҷанги қалъаи Ванҷ дар хидмат моҳиравор шуда, биноъан алайҳи осори мароҳими султонӣ шаммаи макрамати хоқониро партавфурӯзи аҳволи мумӣ гардонида хоки хонаи падарашро куллан ва тамоман маъа оби рӯди қаламрав, ки воқеъ аст дар Сардараи Гӯшхон маъоф ва марқуъулқалам гардонида, арзонӣ доштем. Сабили сиғору кибори ҷумҳурисакана ва умуми мутаваттинаи ҳазораи Ванҷ ва бад-ин муҷиб муқаррар шумурда ва таъйин дониста аз фармони воҷибулазъон таҳаррури таҷовуз нур занад ва авлоду набойири моро бар авлоду набойири мумайиилайҳи дахле ва мудохилате набошад. Чун ба тавқеъи рақеъи рафеъимунийъи аъло музаййин ва муҷалло гардад, эътимод намоянд ва дар аҳд шиносанд”. Санаи 1286.
  Матни мӯҳрҳо:

  1. Муҳаммад Сироҷхон ибни Султон Маҳмудхон – 1278 (1861/62).

  1. Сулаймоншоҳ ибни Султон Маҳмудхон – 1287 (1870/71).

  2. Сулаймон – 1281 (1865/66)»

  Мазмуни ҳуҷҷат ва мӯҳри Сироҷуддиншоҳу Сулаймоншоҳ гувоҳи он аст (дар муҳри шоҳ санаи 1278 (1861/62) соли валиаҳд эълон шудани Сироҷуддиншоҳ мебошад), ки маҳз аз муҳорибаи зидди манғитиёни дар назди қалъаи Рохарв сурат гирифта, сухан меравад. Дар ин ҷо иштибоҳе буда наметавонад, чунки дар давраи ҳукмронии Сироҷуддиншо, пеш аз ин воқеа, ба қалъаи Рохарв ғосибе аз ҳамсояҳо ҳуҷум накардааст.
  Аз мазмуни ин ҳуҷҷат инчунин бармеояд, ки Сироҷуддиншо худ роҳбарии муқобилиятро дар Ванҷ ба ӯҳда дошта, барои шуҷоату мардонагӣ дар муҳофизати қалъаи Ванҷ аз душманон, яъне манғитиён ба сокини деҳаи Гишхуни Ванҷ Наврӯзмуҳаммад, ки дар масоф захм бардошта буд, хонаву замини падариашро бо обрави (оврави) масофааш дар ҳуҷҷат нишондода ҳадя карда, аз тамоми андоз озод намудааст. Вале асноде, ки баъдан ба мутолиаи хонанда меоянд ин хулосаро рад мекунанд. Саволе ба миён меояд, ки дар ҳоли асоси воқеӣ надоштани ширкати мустақими Сироҷуддиншо дар ҷанги зидди манғит имзою мӯҳри ӯ чӣ гуна дар ин ҳуҷҷат пайдо шудаанд? Албатта, ба ин савол ҷавоб ёфтан ниҳоят мушкил аст. Метавон тахмин кард, ки шояд вақти сафари Бухоро (дар арафаи ҳуҷуми Худойназар) Сироҷуддиншо дар Бухоро маҳтал нашавам гуфта, мӯҳрро ба дасти писараш Афзалшо (чун вориси тахт ҳам буд) додааст, ки то омадан аз номи падар идораи қонуниро дар ихтиёр дошта бошад. Ҳангоми аз тарс фирор кардани Афзалшо аз эҳтимол дур нест, ки мӯҳр дар дасти кадоме аз ҳамсулолагон (Сулаймоншоҳ?) ё ҷанговари шуҷое афтида, онро чун далели боэътимоди гӯё сарварии муқовимати раъиятро ба ӯҳда доштани шоҳ истифода намудаанд. Ин амал бешак воситаи беҳтарини нигоҳ доштани рӯҳияи муборизони озодихоҳонаи мардум ба муқобили манғитиён буда метавонист.
  Мавзӯи муқобилияти шадиду шуҷоати мардуми Ванҷ ба муқобили ғосибони манғит аз назари академик Б. Ғафуров дур намондааст. Ӯ раванди баъди забти Қалъаихумб ҳарчи бештар вусъат ёфтани муқобилияти зидди манғитиён ва алалхусус нақши ванҷиёнро дар он чунин ба қалам додаст: «Вале муборизаи асоратнописандонаи мардуми ин диёр бо ҳамин (забт намудани Қалъаихумб – Ҳ.П.) қатъ нагардид. Ба сарлашкарон ва сарбозони амир барои фурӯ нишондани муқовимати сокинони баъзе маҳалҳои Дарвоз боз ба харҷ додани ҷаҳду кӯшишҳои пур аз заҳмату ранҷ лозим омад. Махсусан аҳолии водии Ванҷ ба муқобили истилогарон бебокона ҷанг мекарданд. Бисёрии онҳо дар қалъаи дастнораси Рошорв (қалъаи Рохарв – Ҳ.П.) ба камин нишаста, ба душман зарбаҳои сахт мерасониданд. Фақат пас аз он ки озуқа ва муҳиммоти қалъанишинон ба охир расид ва ҳамчунин саркардаҳои феодалу ба амир фурӯхташуда, ба таслим қарор доданд, Рошорв дарвозаи худро ба бухороиҳо боз кард»[11]
  Албатта, назари олими номдорро зери шубҳа гузоштан ҷоиз нест, вале исботи ҳақиқати рӯйдоди таърихӣ кушодани воқеъити ҳолро тақозо дорад. Устоди бузургвор Б.Ғафуров ба далелҳое такя доштааст, ки ҳамон вақт ба ӯ дастрас буданд ва тибқи таҳлили мантиқии (дар мавриди набудани далел ё маъхази расмӣ) онҳо ба таслим шудани қалъаи Рохарв ишора кардааст. Маълумоти дар солҳои баъди таълифи тадқиқоти устод ба дастомада, гарчи ба такрор хулосаҳои ӯро таъкид менамоянд, вале пайдоиши маъхази иловагии боэътимод, зарурати хулосабандии навро таҳозо дорад, ки ин аз табиати раванди таҳқиқи илмӣ бармеояд. Аз ин лиҳоз, ба далелҳои боло такя карда, бо назардошти равшан кардани раванди воқеот ба гуфтаҳои аллома Б.Ғафуров чунин нуктаро илова менанамоем: Қалъаи Ванҷро манғитиён гарчи ба муҳосираи шадид гирифта талафоти зиёде дода бошанд ҳам, забт карда натавонистанд. То дараҷаи барояшон хавфовар суст шудани иқтидори ҷангӣ, фармондеҳи қӯшуни амирро ба хулосае овард, ки муҳосираро қатъ карда, боқимондаи сарбозонро ба Қалъихумб баргардонад.
  Ҳамин тариқ, Худойназар ба ҷуз Ванҷ дигар дар тамоми қаламрави шоҳигарии Дарвоз ҳокимияти амирро барқарор намуд. Дар Қалъихумб пойгоҳи муқимии ҳарбии аморатро ташкилу ҷо ба ҷо карда, худ ба Бухоро баргашт. Барои хизматҳояш, бахусус барои таъмин намудани ғалабаи Бухоро аз болои шоҳигарии Дарвоз, гарчи ҳарӯз ин ғалаба пурра набошад ҳам, ӯ ба унвони баланди оталиқ соҳиб гашта, беки Қаротегин таъйин гардид.
  Ванҷ ҳамоно мустақилияти худро нигоҳ медошт. Баъзе намояндагони маъмурияти собиқ шоҳи Дарвоз, ки дар он ҷо ҳокимиятро нигоҳ медоштанд, ахиран ба хулосае омаданд, ки дигар имконияти аз нав ба тахт баргардондани шоҳ ё ворисонаш нест. Онҳо Ванҷро тарк намуда, ба воситаи ағбаи Старғ ба Фарғона (ҳудуди генерал-губернатории Туркистон) кӯч бастанд.
  Аз боби тақдири шоҳи охирини Дарвоз Сироҷуддиншо сухан ронда, бамаврид аст, ба хонанда аз тақдири минбаъдаи зану фарзандонаш, ки ҳангоми ишғол намудани Қалъихумб ба дасти ғосибони манғит афтида буданд, мухтасар маълумот диҳем.
  Дар Бойгонии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (фонди «Қӯшбегии амири Бухоро») бо унвони «Аризаи ҳокими Ҳисор оид ба ҷустуҷӯи аҳли оилаи Сироҷуддин парвоначӣ, сардори шӯриш дар Бухорои Шарқӣ ва фиристодани онҳо бо рикоб» ҳуҷҷате нигоҳ дошта мешавад (дар болои ҷузви баста, ибораҳои ибтидою анҷоми амал бо санадҳои 1295 ҳиҷрӣ ва 1878 милодӣ ишора шудааст), ки то андозае ба чӣ гуна сурат гирифтани тақдири баъзе аз намояндагони хонаводаи шоҳ равшанӣ меандозад.
  Албатта, мухтасар овардани мазмуни аризаи беки Ҳисор (дар ҳуҷҷат чун «ҳоким» ишора шудааст), ба матлаб мувофиқтар аст, вале барои хонандаро бо табиати ғуломонаву тамаллуқкорона ва чоплусии маъмурони аморати Бухоро, инчунин ҳирси шавҳатпарастии худи амир каме ҳам бошад, бо далели расмӣ шинос намудан, бозгӯии пурраи ин санадро лозим донистем. Дар он омадааст:
  «Ҳувал-фаийоз. Бисмиллоҳи хайрул асмо. Ризоҷӯйи ин ғуломи ҷонсупор, хизматгори фармонбардор замири хайрхоҳ.
  Арзадошт.
Ба зӯр ва борёфтагони остони муродрасони малоикпосбони сикандарнишон, олиҳазрати баҳромсавлати доромартабати нӯшервон маъдалати ҷамҷоҳи анҷумсипоҳ, хуршедкулоҳ, фалакборгоҳ, залли Оллоҳтаъоло, фид-дорийни ал-арзайн халоиқпаноҳ, филоламин носир ул-мила ва шарийъа ва аз-дин хулоса олираҳа ва саъйи, авлоди хазрат сайид ул мурсалин, фурӯғи дидаи ҷаҳони боқӣ, қуввати бозуи мусалмон. Ба сад гуна аҷзу одоби зарравор, билғубори осор, замини адаб бо лаби убудият бӯсида, чунин арза медорам, ки соҳибо, банданавозо, тасаддуқи сари азизи мубораки ҷаноби олиҳазрат соҳибам садҳазорон мартаба шавам. Биҳамдуллилоҳи валмина ба фазл ва карам ва ба ҳамин давлати абадмуддати фирӯзманзалати худододи зафарниҳоди қавибунёд, уламои фузало, сайиди содот, фақири фуқаро, ғариби ғурабо, бевафою бечорагони атрофу ҷавониб.
  Аз рӯи меҳрубонии олӣ кӯчбор (кӯчи асирони хонаводаи Сироҷуддиншоро дар назар дорад – Ҳ.П.) ба Қаротегин будааст. Ҳокими Қаротегин ҳам кӯчи бойи (Дар ҳуҷҷатҳои расмии ба маъмурияти аморат хос буда, Сироҷуддин бештар шоҳ нею чун «бой» ё «парвоначӣ», – яъне ҳамон унвоне, ки амир дар арафаи оғози амалиёти забткорона, ҳангоми намоиши дӯстонааш ба ӯ дода буд, ишора мешавад – Ҳ.П.) мазкури ғуломи фармонбардор аз рӯи хати аморатпаноҳи мазкур, супориши олиро ба ҷои нишон дода, кӯчи бойи мазкурро таъкид ва таҳқиқ намуда, эҳтиёт карда пурсидам[аз] амалдорони Оқсу. Сироҷуддиншо би парво- начии мазкур дар ин вилоёт зан ва як келин дошт. Як зани парвоначии мазкур духтари Мирабдулқодири Мутавафо ва як занаш духтари Сайидбек ишик оқобошӣ мебошад, ки парвоначии мазкур дар вақти ба Дарвоз будан, ишик оқобошии мазкурро ҳабс намуда. Навъе шуда аз ҳабси ӯ баромада махлас ёфта, ба Хӯқанд рафта буд ва парвоначии мазкур бо Салимшо ном писараш ақд намуда. Он вақт духтари мазкур хурд буда, ба ҳадди булуғ нарасида. Писари парвоначии мазкур ба ӯ дастдарозӣ накарда, то ба ҷо бокира мебошад мегӯянд, тасаддуқ шавам. Як келини дигарашро аз тавобеи Дарвозу Вахиё пурсидам. Амалдорон, оқсақолон, мӯйсафедони Дарвоз то Вахиё Ҷаноби Олӣ мавлоямро дуо карда мегӯянд, ки ҳеҷ кадоми моён келини дигари парвоначии мазкурро намедонем, ки ба куҷо бошад.
  Афзалшо ном писари калонии парвоначии мазкур маъа кӯчҳояш дар вақти фатҳи Дарвоз бо ҳамроҳии Маҳмудшо ном амакаш ба хиттаи Хӯқанд рафта будааст. Оламдоро, тасаддуқ шавам, як зани Сироҷуддин бий, парвоначии мазкур, ҳамшираи Сафаралибек ишик оқобошӣ мебошад. Аз давлати саросари хосияти Ҷаноби Олӣ, баъд аз фатҳи вилояти Дарвоз Худойназар бий атолиқи мутавафо ба ҳамин ҳамшираи ишик оқобошии мазкурро, ки зани парвоначии мазкур ба Ҷаноби Олӣ, ҳазрати ғуфронмакони турамарқада арзи ғуломӣ намуда, ба марҳамати олӣ ба ақди худ дароварда гирифта ба Қаротегин бурда, як сол хонаҷой шуда нигоҳ дошта, атолиқи мутавафои мазкур чӣ ранг малол гардида, рухсат карда. Заъифаи мазкур муддати панҷ сол шуда ба Дарвоз омада, ба хонаи акааш ишик оқобошии мазкур нишастааст гуфта амалдорон, оқсақолон, мӯйсафедони Дарвоз.
  Бо ҳамин тариқа шуда буд, мегӯянд ғуломнавозо, онҳо ҳама, ки ба хатти аморатпаноҳ Муҳаммадшариф парвоначии ғуломи шоҳ се зани Сироҷуддиншо парвоначӣ дохил буд. Бинобарон бандаи оҷизи нодону нотавон ба чандин тарси бисёр, ҳамшираи Сафаралибек ишик оқобошии мазкурро ҳамроҳи додараш маъа ду зан ва як келини парвоначии мазкур, ду зани ишик оқобошӣ, як зану як оҷизаи Мирзо Содиқ мирохур ғуломашонро ҷамъ намуда аз давлати Ҷаноби Олӣ ҳазратам ба ҳамаи онҳо дода, одам ҳамроҳ карда, ба аморатпаноҳ Муҳаммад Юсуф бий девонбегии ғуломашон – ҳокими Балҷувон хат карда будам. Душанбе бисту якуми моҳи шаъбон кӯчҳои бой [ва] номбурдагони мазкурро бо ҳамроҳии додарҳояшон ба ҷониби Бухорои шариф фиристода.
  Он чӣ дида ва шунида, худ ба Ҷаноби Олӣ маълум шавад гуфта, аз рӯи ғуломӣ ва нодонӣ арзи бандагӣ намудам. Илоҳи то ҷаҳон бошад, ҳазрати соҳибам ба давлати иқбол саломат буда, шоду хуррам бошанд.
  Омин ё раббул-оламийн Ат-тафсир, ат-тафсир»[12].
  Баъди ҳуҷҷати мазкур дар ҳамин бастаи бойгонӣ боз як ҳуҷҷати дигар бо чунин мазмун омадааст:
  «Ба зурваи борёфтагони остони муродрасони малоикпосбон, сикандарнишони олиҳазрат, баҳромсавлат, дороматлаб, нӯшервон маъдалат, ҷамҷоҳи анҷумсипоҳ, хуршедкулоҳ, фалакборгоҳ, залли оллоҳи таъоло, фиддорин иларзин, халоиқпаноҳ фи оламйин носирул мулла ва шарийъа бад-дин, хулоса олӣ таҳа ва ёсин, авлоди ҳазрати сайидулмурсалин, фурӯғи дидаи ҷаҳони боқӣ, қуввати бозуи мусулмонӣ, ба сад ҳазор гуна аҷзу одоб, зарравор билғуборосор, замини одоб ба лаби убудият бӯсида, чунин арза медорам, ки соҳибо, банданавозо, тасаддуқ шавам сари азизи ҷаноби олиҳазрат. Соҳибам, сад ҳазорон мартаба шавам биҳамдулиллоҳи вал-мина, ба адлу карам ва ҳамин давлати абадмуддати фирӯзманзалат, худодода, зафарниҳод, қавиюлбунёд, уламо, фузало сайиди содот, фақири фуқаро, ғариби ғурабо, беваю бечорагони атрофу ҷавониб, оянда ва раванда ва ғуломонашону сарбозийа дар маъди амни- ят ва фароғат ба осоиши дороманиш буда, ба хотири ҷамъии тамом ва осудагии ҳол ба дуои саломатии зоти мубораки олӣ иттиол доранд. Алалхусус ин ғуломи нодон шабонарӯз дасти дуо ба даргоҳи нодири зулҷалол ва донои кулли ҳол бардошта, саломатӣ ва бақои давлати фатҳнусрати ҳазрати залли илоҳи соҳибам ва мавлоямро талаб намуда, ғайр аз ғуломӣ ва дуогӯӣ ва хизматгорӣ дигар пеша ва андеша ба хотири худ роҳ надода, дуо гирифта, дуо менамоям бо умеди комил. Тасаддуқи сари муборакатон шавам, аз рӯи амри мубораки олӣ аз аморатпаноҳ Муҳаммадшариф парвоначӣ ғуломашон ба ин ғуломи ризоҷӯи хат омад, ки аз ваҷҳи кӯчи бой Сироҷуддин парвоначӣ [супориш ва] меҳрубонии олӣ шуд.
  Ба аморатпаноҳон ҳокими Дарвоз ва Балҷувон ва ҳокими Деҳнав ва Қаршӣ хат кунед, ки кӯчи бойи мазкурро ҳокими Дарвоз ба ҳокими Балҷувон фиристода, ҳокими Балҷувон ба ҳокими Деҳнав расонида, ҳокими Деҳнав ба Қаршӣ расонида, ҳокими Қаршӣ ба Бухорои Шариф мерасонанд. Кӯчи бойи мазкур се зан, ду келини парвоначии мазкур, ду зани Файзулло ишшик оқобошӣ, ду зан, ду писари Шоҳмурод тӯқсабо, як зан, як оҷизаи Мирсодиқ (дар ҳуҷҷати боло Мирзо Содиқ омадааст – Ҳ.П.) мирохур, ҳамин номбурдагон будааст.
  Аз рӯи меҳрубонии олӣ, кӯчи бойи мазкурро одам ҳамроҳ карда ба ҳокими Балҷувон фиристонид. Аз даруни кӯчи мазкур чаҳор зан ва чаҳор писари Сӯфишоҳ ишик оқобоши ва Шоҳимардон туқсабои мазкур ба Қаротегин будааст. Ҳокими Қаротегин ҳам кӯчи бойи мазкурро ҳамроҳ карда мефиристонанд.
  Ҷаҳонпаноҳо, тасаддуқ шавам, хати аморатпаноҳ парвоначии мазкур ғуломашонро одами ин ғуломи ризоҷӯй гирифта овард, ки ғуломи хайрхоҳи фармонбардор аз рӯи хати аморатпаноҳи мазкур супориши олиро бо ҷону дил қабул намуда, дафъатан амалдорон, оқсақолон, мӯйсафедони ин вилоро ҷамъ намуда хати парвоначии мазкур ғуломашонро нишон дода, кӯчҳои мазкуронро таъкид ва таҳқиқ намуда, эҳтиёт карда пурсидам. Амалдорон, оқсақолон, мӯйсафедони ин вило ғуломашон ҷаноби олиро дуоҳо намуда мегӯянд, ки Сироҷуддин би парвоначиии мазкур дар ин вило се зан ва як келин дошт. Як зани парвоначии мазкур духтари Абдулқодири мутавафо ва як занаш духтари Муҳаммадшариф махдум ном мебошад, тасаддуқ шавам. Як келини парвоначии мазкур духтари Саидбек ишик оқобошӣ мебошад, ки парвоначии мазкур дар вақти ба Дарвоз буданаш ишик оқобошии мазкурро ҳабс намуда, навъе шуда аз аҷси ӯ баромада махлас ёфта ба Хӯқанд рафта буд. Он ҳин дуҳтари ишик оқобошии мазкурро парвоначии мазкур ба Салимшо ном писараш ақд намуда. Он вақт духтари мазкур хурд буда, ба ҳадди булуғ нарасида. Писари парвоначии мазкур ба ӯ дастдарозӣ накарда. Пас то ҳол бокира мебошад мегӯянд, тасаддуқ шавам. Ва як келини дигарашро ҳарчанд Вахиёро пурсида тараддуд куно- нидам, амалдорон, оқсақолон, мӯйсафедони Дарвоз то Вахиё Ҷаноби Олӣ мавлоямро дуо карда мегӯянд, ки ҳеҷ кадомашон келини дигари парвоначии мазкурро намедонем, ки ба куҷо бошад. Афзалшоҳ писари калонӣ бо ҳамроҳии Маҳмудшоҳи амакаш гурехта ба Хӯқанд рафта будаст. Олами мадоро, тасаддуқ шавам, як зани Сироҷуддиншоҳ парвоначии мазкур ҳамшираи Сафаралибек ишик оқобошӣ мебошад. Аз давлати ҳамин ҳамшираи ишик оқобошии мазкурро, ки зани парвоначии мазкур аст, ба Ҷаноби Олӣ, ҳазрати ғуфронмакони навара маркадаҳу арзи ғуломӣ намуда, зани мазкур чӣ ранг малол гардида, рухсат карда. Заифаи мазкур муддати панҷ сол шуда ба Дарвоз омада, то Дарвоз ба ҳамин тариқа шуда буд мегӯянд. Ғуломнавозо, он ҳангоме, ки бо хати настаълиқа сиёҳ (?), ҳамшираи Сафаралибек ишик оқобошӣ мазкур ба шаҳр ҷамъ намуд аз давлат…» (охири ҳуҷҷат дарёфт нашуд – Ҳ.П.)[13].
  Аз ахбори ин аснод чунин хулоса бармеояд: а) ин мактубҳо чанде пас баъди ба амал омадани воқеаҳои Дарвоз навишта шудаанд. Шояд ба амир хабар расонда бошанд, ки на ҳамаи асирагон то дарбори ӯ расидаанд. Аз ин рӯ амр намудаст, ки то ба охир ин масъаларо таҳқиқ намоянд;
б)  фисқу фасод чунон қалби нопоки амирону маъмурони дарборро тасхир намудааст, ки ҳиссиёти шаҳвониро аз рукнҳои аввали давлатдорӣ, ҳалли масоили рӯзмараи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ боло мегузоштанд.
  Баъди забт намудан ва ба воҳиди маъмурии аморати Бухоро яъне бекигарӣ табдил додани шоҳигарии Дарвоз муборизаи мардуми озодихоҳи ин диёр қатъ нашуд. Хавфи авҷ гирифтани муқовимат бар зидди низоми сиёсии манғитиён ҳамеша вуҷуд дошт. Ду писари Сироҷуддиншо, ки ба қаламрави Афғонистон фирор карда буданд, барои халқи Дарвозро ба муқобили низоми амирӣ бархезондан кӯшиш мекарданд. Вале ба сабаби ба ихтиёри қувваҳои ҳифзи сарҳадии Русия гузаштани хати сарҳадии аморати Бухоро ва надоштани қувваи кофӣ охирин намояндагони сулолаи маҳаллии шоҳони Дарвоз нияти худро амалӣ карда натавонистанд.
  Мардуми Ванҷ бошанд, боз ду соли дигар тобеъияти аморати Бухо- роро напазируфта, бо чанде аз маъмурони шоҳи Дарвоз истиқлолияти худро нигоҳ доштанд. Фақат баъди талабҳои асосии онҳоро қабул намудани намояндагони расмии Бухоро, аз ҷумла чанд сол озод будан аз андоз ва ба мирони маҳаллӣ додани ҳуқуқи идоракунӣ, барои чун воҳиди маъмурӣ (амлокдорӣ) дар ҳайати бекигарии Дарвоз будан розигӣ доданд.
  Далеле, ки ванҷиён гарданкашии худро баъди шинохтани ҳокимияти манғития низ идома медоданд, муносибати онҳо ба Давлатдодхоҳ шуда метавонад. Давлат ном амалдор чун аввалин намояндаи аморат дар Ванҷ ба вазифаи додхоҳӣ таъйин гашта буд. Дар муддати ду соли фаъолияташ ӯ худсарию золимиро пеша кард. Сокинони диёр ба амир ариза фиристода бо қатъият талаб карданд, ки ӯро ба ҷазо расонад. Бо фармони амир Музаффар ӯро ба Бухоро даъват намуда, чӯб заданд ва ба зиндон партофтанд. Ба ҷояш Қосим додхоҳ фиристода шуд. Ин амалро Мулло Ёр дар сатрҳои охирини ҳаҷвияи ба ҳамон Давлатдодхоҳ бахшидааш чунин овардааст:

Қатра гар якҷо шавад, Ёри, занад селоб ҷуш,
Худ ба зӯри мардуми Дарвоз мебошам гувоҳ.

  Мавриди ёдоварист, ки дар шеърҳои Мулло Ёр ҳатто воқеаҳое, ки бевосита дар Ванҷ рӯйдодаро ба Дарвоз нисбат медиҳад. Ин бе сабаб нест. Худи нуфузу шинохти шоири баркамол буданаш ӯро водор месохт, ки ҳам худ ва ҳам ашъорашро дар сатҳи маҳалли зодгоҳ муаррифӣ накунад. Ванҷ чӣ дар давраҳои охири шоҳигарии Дарвоз ва чӣ дар давраи бекигарӣ ба хусусият ва мухторияти идоракунӣ нигоҳ накарда, дар доираи аморати Бухоро, чун ҷузъ ё воҳиди маъмурии Дарвоз шинохта мешуд. Дар доираҳои адабии минтақа низ, бо унвони Ёрии Дарвозӣ маълумият пайдо карда буд.
  Тақдири ояндаи Сироҷуддиншо ва дигар наздикони фироркардаашро ҳуҷҷатҳои хеле боэътимоди дар Бойгонии марказии давлатии таърихии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Фонди 1 – Шӯъбаи коргузории Генерал – губернатории Туркистон) мафҳуз буда, хеле равшан инъикос намудаанд. Онҳо ба иштирок доштан ё надоштани ин шоҳи охирини Дарвоз дар муқобилияти зиддиманғитии ҳамдиёрон низ ҷавоби саҳеҳ медиҳанд.
  Чи тавре дар боло ишора рафт, ҳангоми ишғол намудани Қалъаихумб ва думболагирии муҳофизони он, чанде аз наздикони Сироҷуддиншо ба тарафи Фарғона фирор намуданд. Дар рапорти губернатори ҳарбии ви- лояти Фарғона ба унвони генерал-губернатори Туркистон аз 21 сентябри соли 1978 зери рақами 1047 омадааст:
  «14 сентябри соли равон, ба қишлоқи Учқӯрғони уезди Марғелон, 55 зодагони Дарвоз омадаанд, аз ҷумла: бародарзодаи дар уезди Марғелон иқоматдоштаи шоҳи Дарвоз Абдулфайзхон – Абзалхон (Афзалхон – Ҳ.П.) бо 5 бародарони хурдаш, 14 зан ва 35 нӯкарон.
  Аз рӯи аризаашон, ҳамаи онҳо баъди торумор шудани Дарвоз ба қаламрави Афғонистон фирор намуда, аз он ҷо ба Шуғнон рафта, акнун ба ин ҷо омадаанд.
  Ин хабарро расонда аз Шумо, Ҷаноби олимақом, хоҳиш дорам, ки барои ҳар кадом, то пайдо кардани кору ба хоҳиши худ дар вилоят зиндагии муқимиро ихтиёр кардан, барои 50 сӯмӣ кумакпулии яккарата расондан иҷозат диҳед.
  Имзои губернатори ҳарбӣ. 21 сентябри соли 1878. ш. Марғелон»[14].
  Дар ҷавоби худ аз 15 декабри соли 1878 ба ин аризаи губернатори вилояти Фарғона барои кумакпулӣ иҷозат дода, генерал-губернатори Туркистон фон-Кауфман аз ҷумла қайд намудааст: «Ба ҳар кадом 50 сӯми дода, таъкид карда шавад, ки минбаъд онҳо ба ёрии пулии мо умед набанданд»[15].
  Тақдири ояндаи худи Сироҷуддиншоро бошад, дигар ҳуҷҷатҳои бойгонии номбурда равшан месозанд. Аз ҷумла барои озод намудани Сироҷуддиншою наздиконаш аз маҳбаси Бухоро губернатори вилояти Фарғона ба унвони сардори идораи Агентии сиёсии Русия дар Бухоро Н. В. Чариков оид ба гузоштани ин масъала дар назди амири нав – Абдулаҳадхон (1885-1910), ки баъд аз вафоти амир Музаффар (1860- 1885) ба тахт нишаста буд, ду маротиба мактуб навиштааст.
Мактуби аввал, аз 12 ноябри соли 1885 – № 10513, бо чунин мазмун омадаст:
  «Оғои Мӯҳтарам, Николай Валериевич (Чариков – Ҳ.П.)! Истиқоматкунандагони вилояти ба ман боваркардашуда, собиқ шоҳи Дарвоз Абулфайзхон (ин ҷо иштибоҳ рафтааст: номбурда шоҳ набуд – Ҳ.П.) ба ман изҳор кард, ки бародараш Муҳаммад Сироҷхон (собиқ шоҳ Ҳ.П.), 8 сол боз дар Бухоро дар маҳкама ба сифати маҳбус нигоҳ дошта мешавад. Писаронаш Муҳаммад Яҳёхон ва Муҳаммад Рисхон (эҳтимол Ризохон бошад – Ҳ.П.) низ дар ҳамин шаҳр зери назорати политсия зиндагӣ мекунанд. Дар айни ҳол Абулфайзхон барои озод кардану ба шаҳри Марғелон фиристодани номбурдагон дархост пешниҳод намудани маро хоҳиш дорад.
  Инро ба маълумоти Ҷанобашон расонда мехостам аз Шумо пурсам, оё имконияте вуҷуд дорад, ки иҷрокунандаи вазифаи генерал-губернатор ба ҳукумати Бухоро барои ҳалли хоҳиши Абулфайзхон таъсир расонда тавонад. Ба ҳар ҳол номбурда, ба илтифоти амири нав боварӣ дорад.
Бо ҳурмату садоқати бепоён[16]. Имзо.»
  Матни мактуби дуюми губернатори ҳарбии вилояти Фарғона аз 19 ноябри соли 1885, № 10720 ба агенти сиёсии Русия дар Бухоро Н. В. Чариков (мардуми таҳҷоӣ ӯро Чоруқов ном мебурданд), чунин аст:
  «Ҷаноби оқои Николай Валериевич! Истиқоматкунандагони вилояти ба ман боваркардашуда, зодагони Дарвоз Маҳмудхон ва Муҳаммад Афзалхон, ба ман муроҷиат намуда иброз доштанд, ки бародари аввал ва падари дуюм, Муҳаммад Сироҷуддинхон, собиқ ҳокими Дарвоз, ки қариб 9 сол пеш аз тарафи амир ба Бухоро бурда шудааст ва то кунун дар ҳабс аст. Аз ин рӯ мудохилаи ҳукумати моро барои озод намудану ба уезди Марғелон, ки дар ин ҷо аҳли оилааш зиндагӣ ба сар мебарад, фиристодан хоҳиш доранд.
  Илова ба мактубе, ки 12 ноябри моҳи ҷорӣ таҳти рақами 10513 ба Ҷанобашон ирсол доштам, эҳтиромона хоҳиш мекунам аз имконияти дар ихтиёр дошта истифода бурда, дархостатонро ба ҳукумати Бухоро аз лиҳози ба ҷо овардани хоҳиши ин ду аҳли Дарвоз дареғ надоред.
  Бо ҳурмату садоқати бепоён: – имзо»[17].
  Аз матни ҳуҷҷати дигар бармеояд, ки дархости дар ду мактуби губернатори ҳарбии вилояти Фарғона ба сардори Агентии сиёсии Русия дар аморат оид ба ба таври расмӣ озод намудани собиқ шоҳи охирини Дарвоз – Сироҷуддин ирсол шуда, ба ҳадаф расидааст.
11декабри соли 1885 рӯйхати 5 нафар бо фармони амир Абдулаҳад аз маҳбусии 8 сола 9 декабри соли 1885 озодшудагони Дарвоз ба дасти намояндаи Русия дар Бухоро – Н. В. Чариков расид. Дар ҳуҷҷат номи ин озодшудагон ба тариқи зайл сабт гаштааст:

  1. Сӯфишо ишикоғобошӣ,

  2.  Файзулло ишикоғобошӣ,

  3.  Шарифмурод мирохур,

  4. Мирзоназар,

  5. Сироҷуддин парвоначӣ .

  Дар ҳуҷҷати дигаре, ки дар дастгоҳи идораи генерал-губернатори Туркистон (Тошканд) 23 декабри соли 1885 (№ 720) барои расондан ба дасти губернатори вилояти Фарғона тайёр шудааст, омадааст:
  «Бо супориши генерал-губернатори Туркистон, ки аз натиҷаи мактубҳои губернатори Фарғона аз 12 ва 19 моҳи ноябр зери рақамҳои 10513 ва 10720 бармеояд, ифтихормандам, хабар диҳам… собиқ ҳокими Дарвоз Муҳаммад Сироҷуддин рӯзи 9-ми моҳи равон аз маҳбас озод карда шуд ва изҳор дошт, ки барои иқомати доимӣ дар Бухоро мемонад. Амири Бухоро бо унвони парвоначӣ ӯро ба хизмат гирифта, ба хонаю маъош таъмин намуд. Ҳамроҳи Сироҷуддин парвоначӣ чунин ашхоси дар назди ӯ буда: Сӯфишо ишикоғобошӣ, Файзулло ишикоғобошӣ, Шоҳмурод мирохур ва Мирзоназар озод гардиданд» .
  Аз мазмуни ин ҳуҷҷатҳо бармеояд, ки Сироҷуддиншо ҳангоми ҳуҷум ва забти Дарвоз аз тарафи қӯшунҳои амир зери фармондиҳии Худойназар дар маҳбаси Бухоро нигоҳ дошта мешуд. Вале эҳтимолияте ҷой доштанаш мумкин аст, ки ҳангоми амалиёти ҳарбии қӯшуни амири Бухоро зери фармондиҳии Худойназар наздикони дарбор ин ҳақиқатро аз мардум пинҳон дошта, овоза паҳн кардаанд, ки Сироҷуддин бо кадом воситае аз маҳбас раҳо ёфта ё гурехта омадаасту шахсан ба муқовимати раъияташ роҳбарӣ мекунад. Ин худ ягона роҳи дурусти сафарбар кардани мардуми Дарвоз бар зидди аморати манғития буда метавонист. Маҳз хамин овозаи гӯё ҳузури шоҳ (ша) дар мамлакат ва роҳбарии амалиёти зидди қӯшунҳои манғитияро ба даст гирифтанаш буд, ки муқобилияти халқро қавитар гардонда, хаёли чокари амир – Худойназарро ки бовариаш ба бемамоният ишғол кардани Дарвоз қавӣ буд, ботил сохт. Ҳатто ҳамин ғалабаи анҷоми мантиқии худро наёфтаи (қалъаи Ванҷро ишғол карда натавониста, баргаштанд) манғитиён барояшон хеле гарон афтод. Сабаби аз тарафи амир дуру дароз дар маҳбас нигоҳ доштани шоҳ Сироҷуддинро низ дар хавфи гарданкашӣ ва исёни мардуми ин диёр бояд ҷуст.
  Ба саволе, ки чаро Сироҷуддиншо баъди аз маҳбас озод шудан ба Фарғона ба назди боқимондаи аҳли хонаводааш нарафта, дар Бухоро иқомати доимӣ ихтиёр намудааст, ба сабаби набудани далели мӯътамад ҷавоби аниқу саҳеҳ додан мушкил аст, таҳлили раванди воқеаҳо чунин тахминро тақозо мекунад, ки амири нав аз мадди назари худ дур кардани собиқ шоҳи Дарвозро хавфнок дониста, бо вазифаю хона таъмин намуда, дар Бухоро нигоҳ доштааст. Албатта, бадгумонии амирро Сироҷуддин бараъло пай бурда бошад ҳам, чун шахси аз нозукиҳои сиёсат бохабар, медонист, ки дар чунин вазъият нияти мухолифат кори бемаънист. Дар ақибгоҳи амир қувваи қавитару шикастнопазир – намояндаи расмии ҳукумати Русия – генерал-губернатори Туркистон мавҷуд аст. Ӯ барои ин вассали итоаткори худ, яъне амири Бухоро, тайёр аст ҳамагуна ёрӣ расонад. Барои ҳамин Сироҷуддин ба тақдир тан додани худро авлотар донист.
  Дар бораи чи гуна ҷараён гирифтани ҳаёту фаъолияти минбаъдаи Сироҷуддиншо маълумоти дигаре дар даст надорем. Аз рӯи базе хабарҳо ӯ соли 1889 дар Бухоро вафот кардааст. Писараш Афзалшо – ягона намояндаи сулолаи шоҳони Дарвоз, дар Учқӯрғони вилояти Фарғона зиндагии муқимӣ ихтиёр намудааст.
  Яке аз охирин намояндагони хонадони сулолаи шоҳони Дарвоз Мулло Садруддин валади Ҷалолуддин, ки дар доираҳои адабии охири асри XIX – ибтидои асри XX бо тахаллуси Маҳзун, чун шоири баркамол машҳур буд, бо кадом воситае ҷон ба саломат бурда, дар ватани аҷдодӣ зиндагию фаъолият дошт. Амир Абдулаҳад дар Дарвоз мондани Мулло Садриддинро хавфнок дониста, ӯро расман ба Чорҷӯйи Туркманистони ҳозира муҳоҷир кардааст[18]. Тақдири ояндаи ӯ маълум нест. Табиист, ки дар ғурбат шоири ҳассос ба зиндагии дилхоҳу мӯътадиле ноил шудан наметавонист.
  Сокинони Дарвоз, ки зӯран тобеи амирони манғит шуда буданд, муқобилиятро ҳамоно идома медоданд. Баъди ғасби диёр, дере нагузашта, бо мақсади қатъи ҳукмронии онҳо шӯриш бардоштанд. Ошӯб дар амлокдории Моймай сар шуд, вале Худойназар атолиқ дар назди деҳаи Кеврон ба шуришчиён зарба зада онро хобонд. Сарбозони амир баъди пахши ин қиёми халқ чанд рӯз ба таъқибу қатли бераҳмонаи шӯришчиён машғул буданд. Яке аз ҳамсӯҳбатони Одил Маҷлисов – Мулло Абдураҳмони 95-сола аз деҳаи Ғӯмай (соли 1954 дар шаҳри Душанбе вафот намудааст), ки он вақт 19-солаю шоҳиди воқеа будааст, таъқиботу куштори сарбозони амирро дар муддати се рӯзи баъди пахши шӯриш чунин шарҳ додаст: Одамонеро, ки баъзан ҳатто дар гӯрҳои кӯҳна худро панаҳ карда буданд, ёфтаву ба қатл расондаанд. Вале ин ҳолат бадбинии сокинони озодихоҳи диёрро комилан нашикаст. Муқобилияти шадид се моҳ, яъне аз моҳи март то охирҳои майи соли 1878 идома дошт.
 Олими рус В.Ф.Ошанин аз сокинони маҳаллӣ оид ба идомаи муқобилияти аҳолии Дарвоз маълумот гирифта, қайд намудааст, ки амир аз ноилоҷӣ аз ҳисоби гарнизонҳои Ҳисору Қаротегин дар Қалъаихумб дар давраҳои аввал то 5 000 сарбозро нигоҳ медошт1. Баъди каме муътадил шудани вазъ шумораи онҳоро то 1300-1500 кам кард. Муқовимати мардум бар зидди низоми амирӣ дар тӯли ҳукмронии манғитиён ҳама вақт ба мушоҳида мерасид.
  Мантиқан баъди расман тобеъ кардани Дарвоз раванди амалиёти низомии аморати Бухоро барои ба қаламрави худ ҳамроҳ кардани мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ, ки аз охири солҳои 60-ми асри XIX оғоз шуда буд, анҷом ёфт. Вале чӣ тавре дар боло ишора рафт, амалан, Ванҷ боз дар муддати ду соли баъди ғасби Дарвоз мустақилияти худро нигоҳ дошта тавонист.
  Баъди пурра бемадор гаштани қӯшунҳои амир бо фармони Худойназар атолиқ сарбозон ба Қалъаихумб баргардонда шуданд. Акнун, ки шоҳигарии Дарвоз, чун ҷузъи маъмурии аморати Бухоро ба бекигарии Дарвоз табдил ёфт, барои Ванҷро пурра ба доираи тобеъият кашидан, ба ин воҳиди нави маъмурӣ (амлокдорӣ) як навъ мухторият низ раво дониста шуд. Он дар интихоби озоди амлокдор, аниқтараш мири Ванҷ зоҳир мегашт. Дар ҳолате, ки амлокдорони тамоми бекигариҳои Бухороро худи амир, дар баъзе ҳолат бо тавсияи бек таъйин мекард, мири Ванҷ, ки на ба сифати амлокдор, балки бо ибораи хоси маъмурии барои мардум анъанавӣ, дар ҳузури намояндагии миразорони деҳот аз ҳисоби сокинони бонуфузи диёр интихоб мешуд.
  Дар ин ҷо бамаврид аст, ки мухтасар доир ба омилҳои ғалабаи амири Бухоро дар ин минтақаи аз қадимулаъйём тоҷикнишин ибрози назар дошта бошем. Таҳлили воқеъбинона нишон медиҳад, ки ғалабаи амир Музаффар аз болои мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ, алалхусус шоҳигарии Дарвоз ҳаргиз далели маҳорати лашкаркашӣ ва хиради сиёсию маъмурии ӯ набуда, чунин сабабҳои ҳалкунанда доштааст:
  1)Бесарусомонии сиёсӣ, сустии иқтисодӣ, ки ба нигаҳдошти муносибатҳои патриархалӣ-авлодӣ дар ҳамбастагӣ бо муносибату тарзи истеҳсолоти феодалӣ асос ёфта буд, заифӣ ва ба талаби замон мувофиқ набудани иқтидори ҳарбии ин мулкҳои ҳанӯз дар гирдоби фоҷиабори парокандагии феодалӣ ҷойдошта; 1)Ба мувофиқа наомадани ҳокимони мулкҳои Бухорои Шарқӣ барои ҳифзи дастаҷаъмона ва амали якҷояи зидди лашкари аморат; 2)Ба ивази пулу мол ва ваъдаи мансаб аз амир ба хиёнат даст задану тамоми вазнинии ҳифзи диёрро ба гардани мардум партофтани заминдорону маъмурони сарватманду болонишини ин мулкҳо; 3)Аз кадом самте ба амали забткоронаи амир нанигарем, бартарии нақши ҳалкунандаи Русия дар фаъолияти ӯ бараъло ба назар мерасад. Дар он замон Русия ҳанӯз аз ҳалли масъалаи Помир хеле дур буд, шартномаи солҳои 1872-1873 байни Англияю Русия мудохилаи дипломативу харбии Англияро дар минтақа хеле фаъол намуд. Ин давлати абарқудрат Афғонистонро то андозае ба тобеъияти дипломатию сиёсии худ кашида, ба мудохилаи фаъолонаи дипломативу ҳарбӣ дар Помир сафарбар кард. Ҳукуматдорону ҳарбиёни инглис зери ниқоби ҳифзи мустамликаи калонтарину бойтаринашон – Ҳиндустон сиёсати ғаразноки худро дар ин минтақа пиёда месохтанд. Русия бошад, акнун кори ба тасаррруф даровардани Осиёи Миёнаро анҷом дода, ҷиддан ба масъалаи Помир машғул шуданӣ буд. Дар ин марҳала мутлақияти подшоҳӣ ба воситаи вассали худ – Бухоро ҳозир буданашро дар Дарвоз, аз ҷумла Ванҷ таъмин намуда, бо ин амал бояд мавқеи ҳарбӣ-стратегиашро дар мавзеи барои Англия ниҳоят хавфнок, дар доманаи Ҳиндукуш мустаҳкам мекард. Барои иҷрои ин нақша ҳукумати марказии Русия ба воситаи намояндаи ҳарбиву маъмурии худ генерал-губернатори Туркистон амалиёти ҳарбии амир Музаффарро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард, ки ин дар фатҳи Дарвоз ва ҳудуди муҳими шарқии ин шоҳигарӣ – Ванҷ аз тарафи амир омили ҳалкунанда буд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
  
[1]   Бойгонии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ. – № 4388.
[2]  Бойгонии Давлатии таърихии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд ЦГИА РУзб). – Ф. 19.
$1-    Оп. 1. – Бастаи (дело) 10684. – В. 4.
[3]  Ошанин В.Ф. Письмо из Каратага // Туркестанские ведомости. – 1878. – № 36.
[4]  Ошанин В.Ф. Письмо из Гарма // Туркестанские ведомости. – 1878. – № 38.
[5]  Кузнецов П.А. Дарвоз. – С.5-6.
[6]  Ниг.: Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик. (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924). – Душанбе, 2001. – С. 30-32.
[7] ЦГИА РУзб. – Ф. 19. – Оп. 1. – Б. 10684. – В. 4.
[8] Кисляков Н.А. Ишан – феодал – Восточной Бухары. – С.7-8. 64
[9] Кузнецов П.А. Дарвоз. – С.6. 66
[10] Бойгонии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ. – № 4394 – 4394а.
[11] Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Китоби дуюм. – Душан- бе, 1985. – С.178.
[12] Бойгонии давлати Ҷумхурии Ӯзбекистон (оянда ЦГИА РУзб). – Ф. И 126. – Қайди (опись) 1. – Ҷузъи нигаҳдошт (Единица хранении). – № 190. – Варақи (Лист) 1.
[13] ЦГИА РУзб. – Ф. И 126. – Оп. 1. – Ед.хр. № 190. – Л. 1а.
[14] ЦГИА РУзб. – Ф. 1. – Оп. 19. – Ед. хр. 644. – Л. 1. 76
[15] ЦГИА РУзб. – Ф. 1. – Оп. 19. – Ед. хр. 644. – Л. 2.
[16] ЦГИА РУзб. – Ф. 1. – Оп. 29. – Ед. хр. 801. – Л. 1.
[17] ЦГИА РУзб. – Ф. 1. – Оп. 29. – Ед. хр. 801. – Л. 2.
[18] Ниг.: Ҳабибов А. Ганҷи парешон. – С.104-105.

  Сарбозони амири Бухоро дар пойгоҳи Қалъаихумб (охири асри XIX) (Аз китоби В.И.Липский, «Горная Бухара. Результаты трехлетнего путешествия по Средней Азии в 1896, 1897 и 1899 гг». – Ч.З., СПб, 1905.):

sarbozbuxori
 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.